Зеҳн

Зарбулмасалу мақолҳои арманӣ

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 октябри 2026 · 6 дақиқа хондан
  1. Бо ҳалқ бошӣ, рӯзи сиёҳ ҳам ид аст.

  2. Молу сарват мисли маъшуқаест, ки имрӯз ҳаст, фардо метавонад аз даст равад.

  3. Қонун барои доро, ҷазо барои бенаво.

  4. Ба камбағал бисёриҳо ақл ёд медиҳанд, аммо касе ба ӯ пул намедиҳад.

  5. Бой хост, ки камбағалро хурсанд кунад: аввал хари ӯро пинҳон кард, сипас ба ӯ кӯмак кард, ки харашро ёбад.

  6. Вақте ки бой ба дӯзах равад, ҳамроҳи худ ях мегирад.

  7. Камбағал гуфт: «Гурба ҷигарпораро хӯрдааст» – бовар накарданд, бой гуфт: «Муш оҳанро хӯрдааст» – бовар карданд.

  8. Камбағал ба нон мӯҳтоҷ аст, аммо бой ба ҳама чиз.

  9. Чун бойро диданд, камбағалро фаромӯш мекунанд.

  10. Урён будан беҳ аз гурусна будан.

  11. Вақте ки нон қимат аст, ҷон арзон аст.

  12. Касе, ки пулро мепарастад, ӯ на имон дораду на эътиқод.

  13. Касе, ки ақл дорад, пул надорад, касе, ки пул дорад, ақл надорад.

  14. Пул мисли оби шӯр аст: ҳар қадар нӯшӣ, боз нӯшидан мехоҳӣ.

  15. Касе, ки пул дорад, сухани аввал аз ӯст.

  16. Пул ёфтан осон, онро нигоҳ доштан мушкил.

  17. Пулҳои муфт ба даст омадаро тӯфон мебарад.

  18. Дар бозор ҳамроҳи мол имонро низ мефурӯшанд.

  19. Даромаду баромад бародаранд.

  20. Қарз мисли уштурбача аст, ҳар қадар нигоҳ дорӣ, ҳамон қадар калон шудан мегирад.

  21. Қарз бояд ба шароити қарзгир мувофиқ бошад.

  22. Дари қарз ҳамеша кушода аст.

  23. Дарахти лаби об зуд калон мешавад, аммо зуд пир мегардад.

  24. Аспи оҳангар бе наъл мегардад.

  25. Чи ба поп диҳию чи гургро ба рама сар диҳӣ.

  26. Ба шайтон бовар куну ба поп не.

  27. Девори рост намеафтад.

  28. Шайтони шинос аз фариштаи ношинос беҳтар аст.

  29. Барои он ки инсонро шиносӣ, бо ӯ ним пуд намакро бояд хӯрд.

  30. То вақте ки чашмаҳо нахушканд, қадри обро намедонӣ.

  31. Об барои худ ҳамеша роҳ меёбад.

  32. Ғарқшуда ба мор ҳам чанг мезанад.

  33. Касе, ки дарёро шино карда гузашта бошад, дар ҷӯйбор ғарқ намешавад.

  34. Жола ҳам дар замини рӯҳонӣ мебораду ҳам дар замини гунаҳкор.

  35. Аз чашмаи хушкшуда об нӯшида намешавад.

  36. Девор, ки афтид, чанг ба ҳаво мехезад.

  37. Оташро бо равған хомӯш карда намешавад.

  38. Палангу оҳу бо як пайраҳа намегарданд.

  39. Гург мӯяшро дигар мекунад, вале хислаташро не.

  40. Осиёб бе ғалла кор намекунад.

  41. Чорпои бе соҳиб – сайди даррандагон.

  42. Чароғ бе равған рӯшан намешавад.

  43. Ҷорӯби нав нағз мерӯбад.

  44. То дарро накӯбӣ, касе онро намекушояд.

  45. Хоҳиши кор – нисфи кор.

  46. Асал бошад, магасҳо ҳатто аз Бағдод ҳам меоянд.

  47. Ба хар райҳон додаанд, ки бӯй кашад, аммо вай онро хӯрдааст.

  48. То он вақте ки доно фикр мекунад, нодон писарашро зан медиҳад.

  49. Шутурро гум кардаанду шутурбачаро мекобанд.

  50. Доно харгӯшро бо ароба ҳам дастгир мекунад.

  51. Яроқи қотил бе соҳиб мемонад.

  52. «Ҷон» гӯйӣ, «ҷон» мешунавӣ.

  53. Кӯр будан беҳтар, ки бо дили сангин.

  54. Аз гул мор заҳр ҳосил мекунаду занбӯр асал.

  55. Як сол некӣ кунию ҳафт сол бадӣ, бетафовут туро одами нек мегӯянд.

  56. Хар хар аст, аммо одамони бадтар аз хар ҳам ҳастанд.

  57. Дар ҳоле ки модари кӯдак худӣ нест, падари худаш ҳам бегона мегардад.

  58. Насиҳатгари ятим бисёранд, аммо касе ба ӯ нон намедиҳад.

  59. Духтар барои падар – моҳтоб, аммо барои модар офтоб аст.

  60. Духтари хуб баҳои ҳафт писарро дорад.

  61. Зан ҷони мард аст.

  62. Хонаи бе зан мисли осиёби бе об.

  63. Зан агар бимирад, хона ятим мемонад.

  64. Об сангро ба рег табдил медиҳад, зан мардро ба мум.

  65. Келину хушдоман ҷанҷол карданд, мард дар байни ду оташ монд.

  66. Дар осмон як офтоб аст, дар хона як нафар саркалон.

  67. Аз ду динор доштан, ду нафар хеш доштан беҳ.

  68. Дар хурсандӣ хешовандон бисёр мешаванд.

  69. Мурғ бо болҳояш мефахрад, одам бо хешонаш.

  70. Касе, ки сухани пирро гӯш кунад, сараш ба санг барнамехӯрад.

  71. Корд дастаашро намебурад.

  72. Кадом ангуштро набурӣ, дардаш як хел аст.

  73. Буз куҷо равад, бузғола ҳам аз қафояш.

  74. Ҳамсояи раҳмдил аз бародари сангдил беҳ.

  75. Ҳамсоя ойинаи ҳамсоя аст.

  76. Агар дар хонаи ҳамсоя оромӣ бошад, дар хонаи ту низ оромӣ аст.

  77. Дӯсти қадим душман намешавад, душмани қадим дӯст намешавад.

  78. Дӯст ба рӯят менигараду душман ба поят.

  79. Одамро аз рӯи дӯстонаш мешиносанд.

  80. Чӯбро дар бешаи худ бур, дӯстро аз деҳаи худ интихоб кун.

  81. Дӯсту душманро дар бадбахтӣ мешиносӣ.

  82. Он чиро, ки нон мекунад, шамшер карда наметавонад.

  83. Дар ҷанг мавиз тақсим намекунанд.

  84. Гурги пир – хандахариши сагон.

  85. Чизеро, ки бод овард, боз бод мебарад.

  86. Бемор ҳамеша ба дар нигоҳ мекунад.

  87. Моли ҳалол ба даст омада, гум намешавад.

  88. Барои муш зӯртар аз гурба ҳайвоне нест.

  89. Бо саг унс бигир, аммо чӯбро аз дастат магузор.

  90. Ҳатто хар ба он роҳе, ки боре дар лой ғӯтида буд, дубора намегузарад.

  91. Бе бонги хурӯс ҳам субҳ медамад.

  92. Мағрурҳо ба якдигар маъқул нестанд.

  93. Аробаи холӣ садои баланд мебарорад.

  94. Ҳар кас ниҳоли худро об медиҳад.

  95. Ба чоҳ бо банди бегона поён нафаро.

  96. Шутур каҷии худро намебинад.

  97. Мастро чунин менамояд, ки ӯ аз ҳама донотар аст.

  98. То вақте ки асп надорӣ, наъл накоб.

  99. Ибодатхонаро ҳоло насохтаанду аллакай гадоҳо қатор.

  100. Ба шаҳри бегона рафтӣ, кулоҳро тарзе гузор, ки мардуми он шаҳр мегузоранд.

  101. Касе, ки бо зоғ дӯстӣ кунад, дар ахлот дармемонад.

  102. Касе, ки дар ҷустуҷӯи хушбахтӣ метозад, ба бадбахтӣ дучор мешавад.

  103. Бадбахт агар ба баҳр равад, оби баҳр мехушкад.

  104. Аз худо талаб кун, вале белро аз даст магузор.

  105. Вақт барои касе, ки қадри онро медонад, ганҷина аст.

  106. Агар сарат кал бошад, кулоҳатро камтар гир.

  107. Ба дарахти бемева касе санг намеандозад.

  108. Сагро барои он нигоҳ медоранд, ки аккос занад.

  109. Дар танӯри пуроташ нон намепазанд.

  110. Ба дандонҳои аспи тӯҳфашуда нигоҳ намекунанд.

  111. Гум шудани гови ҷоҳил дарс аст барои оқил.

  112. Ҳар ду пойро ба як мӯза намеандозанд.

  113. Касе, ки ба сагаш нон намедиҳад, барраашро ба гург хоҳад дод.

  114. Моҳӣ дар баҳр қадр надорад.

  115. Бе борон обхезӣ намешавад.

  116. То ба кӯза ангушт назанӣ, садояшро намешунавӣ.

  117. Ҳар қадаре зиёдтар ба саг санг партоӣ, ҳамон қадар бештар он аккос мезанад.

  118. Моҳигирро аз либоси тараш мешиносанд.

  119. Ҳар қадаре зиёдтар дар оғил бишинӣ, ҳамон қадар бештар аз ту бӯйи ахлот меояд.

  120. Хамир ҳар қадаре зиёдтар бошад, ҳамон қадар нон бештар мешавад.

  121. Ханда ба ҳар кас намезебад.

  122. Парранда дарахтро меҷӯяд, на дарахт паррандаро.

  123. Чанги рама барои чашмони гург муфид аст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2