Зеҳн

Зарбулмасалу мақолҳои арабӣ

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 октябри 2026 · 2 дақиқа хондан
  1. Забон шамшери буранда асту сухан тири халанда.

  2. Одамиро аз дилу забон мешиносанд.

  3. Хомӯшӣ низ ҷавоб аст.

  4. Касе, ки бисёр қасам хӯрад, бисёр дурӯғ мегӯяд.

  5. Чалаки холӣ садои баланд дорад.

  6. Сирри худро дили худ беҳтар нигоҳ медорад.

  7. Гунги доно беҳ аз аблаҳи сергап.

  8. Чоҳи холӣ бо шабнам пур намешавад.

  9. Шиновариро дар хушкӣ намеомӯзанд.

  10. То коса ба даст нагирӣ, сероб нашавӣ.

  11. Шарики ту – душмани ту.

  12. Хар хар аст, гарчи хазинаи султонро барад.

  13. Хоҳӣ, ки дарахт чапа кунӣ, решаашро коб.

  14. Аслиҳаи заиф шикоят аст.

  15. Аз зиннати қафас парранда сер намешавад.

  16. Хари сер алафро тит мекунад.

  17. Агар дуои саг қабул мешуд, устухон меборид.

  18. Як таҷриба беҳтар аз ҳафт насиҳатнома.

  19. Ёрии сари вақт нишонаи ҷавонмардист.

  20. Рост бигӯ, агарчи он зидди туст.

  21. Дурӯғ дард аст, ростӣ давои он.

  22. Дурӯғ гуфтӣ, онро дар хотир нигоҳ дор.

  23. Бовиҷдон доим дар хоби роҳат аст.

  24. Бо табар риш тарошидан беҳ, ки аз дигарон теғ пурсӣ.

  25. Бо шарофати гул алафҳои бегона ҳам об мехӯранд.

  26. Моҳ ҳам бе доғ нест.

  27. Ҳамин ки бемор шифо ёфт, табибро фаромӯш мекунад.

  28. Ғалаба бар нотавон шикастхӯрӣ аст.

  29. Ду саг як устухонро тақсим намекунанд.

  30. Муҳаббат пардаи айбҳост.

  31. Дӯстӣ бо аблаҳ дарди сар аст.

  32. Дӯст аз дӯст роҳи фоида намеҷӯяд.

  33. Таънаи рӯйирост беҳ аз кинаи рӯйпӯш.

  34. Дили пок доштан беҳ аз ҳамёни пур.

  35. Қарз гирифтан ширин аст, баргардониданаш талх.

  36. Сарват зиёд шавад, дӯстон ҳам зиёд мешаванд.

  37. Бойи хасис мисли хачир аст, тилло мекашонаду каҳ мехӯрад.

  38. Сармоя одамро кӯр мекунад.

  39. Камбағалӣ занҷири шайтон аст.

  40. Ба тани луч ҳар курта мувофиқ аст.

  41. Барои камбағалон кунҷора ҳалвост.

  42. Эҳтиёҷ қулфу тамбаро намедонад.

  43. Касеро кӯҳна нест, нав ҳам нест.

  44. Агар кӯза намешикаст, кулол аз гуруснагӣ мемурд.

  45. Як ғам сабуктар аз дуто.

  46. Агар аз падар мерос намонда бошад, ба амак умед набанд.

  47. Саги аккосӣ намегазад.

  48. Нагӯй, ки «ин ангур аст», то ба сабадат надарояд.

  49. Оташ касеро месӯзонад, ки ба он даст расонад.

  50. То наафтӣ, хестанро ёд нагирӣ.

  51. Ҳар болоравӣ пастравие дорад.

  52. Аввал харҷро ҳисоб кун, баъд даромадро.

  53. Ками доимӣ беҳ аз зиёди дер-дер.

  54. Ба одами сер хӯрок додан зарар расонидан аст.

  55. Одат зӯртар аз таълим аст.

  56. Ҳар кас кӯрпаро ба сӯи худ мекашад.

  57. Хари худ беҳ аз аспи дигарон.

  58. Дузди доно аз маҳаллаи худ дуздӣ намекунад.

  59. Дастпона қимат, даст қиматтар аз он.

  60. Хари зинда беҳ аз файласуфи мурда.

  61. Шутур тилло мекашонад, вале хор мехӯрад.

  62. Кирм дарахти лаби ҷӯйро дӯст медорад.

  63. Некиро бе маслиҳат мекунанд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2