Зеҳн

Бадое-ул-вақое-Қисми (охир) 11

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 октябри 2026 · 11 дақиқа хондан

Ҳикояти маймуни ошпаз

Восифӣ мегӯяд:

Мирзо Абӯюсуф ном ҷавони зебое, ки дӯсти ман буд, ба бемории диққи нафас гирифтор шуд. Табибон ҳарчанд ӯро муолиҷа карданд, фоидае набахшид. Охир ӯ чунон лоғар, наҳиф, заифу заҳир шуда хушкид, ки одам аз симояш меҳаросид.

Маро тоқате намонд, ки ӯро бад-он ҳол бинам. Ночор аз Ҳирот сафар ихтиёр карда, як сол ба ҳар тараф гардидам.

Баъд аз бозгашт ба Ҳирот, рӯзе ба бозор баромадам ва ҷавонеро дидам, ки ба чашмам гарм ва шиносо менамуд, аммо ба хотирам нарасид, ки ӯро дар куҷо дидаам.

Чун чашми ӯ ба ман афтод, маро шинохта, салом дод ва пурсид:

— Эй фалонӣ! Куҷо будӣ, кай омадӣ ва чаро маро суроғ намекунӣ?

Аз овозаш шинохтам, ки Мирзо Абӯюсуф аст. Худоро шукрҳо гуфтам, ки ӯ саломатӣ ёфтааст. Ҳамроҳи ӯ ба хонааш рафтем. Ман аз вай кайфияти аҳволаш ва чӣ гуна саломатӣ ёфтанашро пурсидам.

Ӯ гуфт:

— Чун ҳамаи табибон аз саломатӣ ёфтани ман умед канданд, аз табибони ҳозиқ Мавлоно Иззуддин ва Мавлоно Алоуддини табиб маро фармуданд, ки ҳамеша дар сайронгоҳҳо бошам, дар канори обҳои равон, дар боғҳову бӯстонҳо умр гузаронам, дар сояи дарахтони бед ба шӯхиву бозӣ ва айшу тараб машғул шавам ва аз кору ҷое, ки сабаби андӯҳгинӣ мешавад, худро боздорам.

Аммо ман қуввати ҳаракат надоштам. Ночор барои амал намудан ба тавсияи онҳо тахти равоне омода кардам. Ман бар рӯи он мехобидам ва ду ғулом тахти равонро бардошта, маро ба сайри боғот мебурданд.

Рӯзе, ба одати муқаррарӣ, маро ба боғи Ахии заргар, ки беҳтарини боғоти Ҳирот буд, бурданд. Чун обу ҳавои он боғ маро хуш омад, хоҳиш кардам, ки он ҷо бимонам. Яке аз ғуломон барои кори хона рафт ва дигаре барои парасторӣ пеши ман монд.

Чун соате истироҳат кардам, маро майли таом шуд. Ғуломро фармудам, ки мурғеро кушта, тоза карда, бирён кунад. Ғулом мувофиқи фармуда ба ошпазӣ машғул шуд.

Дар ин миён дар дилам шавқи китобхонӣ пайдо шуд. Ман ҳамеша, вақте табъам мехост, «Шабистони хаёл»-ро, ки таълифи Мавлоно Яҳё буд, мутолиа мекардам. Он рӯз китоб дар хона монда буд. Ғуломро фармудам, ки ба хона рафта, онро биёрад.

Ғулом мурғро дар равған бирён карда, дегро бо сарпӯш пӯшонид ва дар оташдон ҳезуме ниҳода, худ ба хона рафт.

Баъд аз лаҳзае боғбони он боғ омад, ки бо вай маймуне ҳамроҳ буд. Он маймун фармоишҳои боғбонро пурра мефаҳмид ва ба амал меовард. Аз ҳаракатҳои он маймун дар дилам нишоту суруре пайдо шуд.

Боғбон ҳаваси маро ба кори маймун дида, дар бораи вай гуфт:

— Шабҳо ба дасти ин маймун шамъ медиҳам. Ӯ онро нигоҳ медорад ва ман ба равшании он корҳои худро анҷом медиҳам. Агар фармоям, дар оташдон оташ дармегиронад ва ҳар чӣ талаб намоям, ҳозир мекунад.

Гуфтам:

— Чӣ мешавад, ки фармоӣ, то омадани ғулом ба оташдони мо ҳезум ниҳода истад?

Боғбон ба маймун ин корро фармуда, худ аз паи кори худ рафт ва маймун ба оташмонӣ машғул шуд.

Дар ин миён дидам, ки маймун замон-замон ба тарафи ман менигарад. Пай бурдам, ки ӯ мехоҳад кореро пинҳонӣ кунад ва мунтазир аст, ки ман ғофил шавам. Бинобар ин, худро ба хоб андохтам ва чунон нишон додам, ки маро хоби сахте бурдааст.

Маймун яқин кард, ки ман хобидаам. Сари дегчаро кушод ва боз барои эҳтиёт ба тарафи ман чашм андохт. Чун дид, ки ман «ҳақиқатан хобидаам», даст ба дегча зада, мурғро бароварду бар рӯи табақ ниҳод ва мунтазири сард шудани он гардид, то бихӯрад.

Дар ин миён ғалевоже аз ҳаво расида, мурғи бирёнро аз табақ бардошт ва ба ҳаво парвоз карда, дар он гирду пеш гардиш намуд.

Маймун ба ҳар тарафе, ки ғалевож мерафт, чашмашро аз вай наканда, ба он тараф медавид. Охир ғалевож аз назар ғоиб шуд. Маймун монанди мотамзадагон дар гӯшае нишаста, дасташро ба миёни абрувони худ ниҳод ва фикр мекард. Гоҳо аз ҷо ҷаста, ба ҳаво менигарист ва гоҳо дар атрофи оташдон навмедона гардиш менамуд.

Баъд аз замоне боз ҳамон ғалевож бо ғалевожи дигар дар ҳаво падидор гашт. Бо дидани онҳо дар ваҷоҳати маймун аломати шодмонӣ пайдо шуд.

Вай ба ҳар тараф ҳаракат карда, буттаи гули ҳамешабаҳорро ёфт. Дар зери он бутта худро пинҳон карда, қисми сурхи баданашро берун гузошт.

Ғалевож аз ҳаво ҷои пинҳоншудаи маймунро дид, ки дар он чизе сурх менамуд. Он чизро гӯшт гумон карда, худро ба болояш партофт, то онро даррабояд.

Чун ғалевож ба замин наздик шуда, ба он «чизи сурх» чанг зад, маймуни чобук бо як ҷастан аз гардани вай гирифт. Сарашро канда, ба ҳаво партофт, парҳояшро канда, тоза кард ва оварда ба дег андохт. Сипас ба оташдон ҳезум мондан гирифт.

Эзоҳ ба бахши пешин

Ғалевож — заған аст, ки онро дар забони зиндаи Хуросон «гӯштрабо» меноманд. Ин парранда ҳамеша дар ҷустуҷӯи гӯшт мегардад. Агар дар ҷое ҳатто латтаи сурхеро бинад, онро гӯшт гумон карда, мебардорад. Ғалевож аз зоғ фарқ дорад.

Идомаи ҳикояти маймуни ошпаз

Мирзо Абӯюсуф мегӯяд:

— Аз дидани он ҳол маро чунон нишоту шодмонӣ даст дод, ки тарсидам, мабодо шодимарг шавам, ва худро аз ханда ба зӯр нигоҳ медоштам.

Ғуломи ошпаз омад ва маро дар ҳолати шодмонӣ дида, тааҷҷуб кард ва аҳвол пурсид. Чун кори маймунро ба ӯ ҳикоя кардам, ӯ низ аз ман камтар шодмон нашуд.

Хулоса, баъд аз он воқеа ҳолати худро бисёр сабук ёфтам ва асари бемориро дар худ ҳис намекардам. Чун боғбон омад, он маймунро аз вай харидам ва ба хонаи худ овардам…

Дар он сол ин маймун ягона дастёру ҳамсуҳбати ман буд. Ман ҳам ӯро хуб тарбия ва парасторӣ мекардам. Хулоса, он маймун сабаби шодмониву нишоти ман шуда, дар натиҷа боиси саломатӣ ёфтанам гардид.

Мавлоно Ҷалолуддин Юсуфи наққош ва лавҳаи ҷавони бабршикор

Восифӣ мегӯяд:

Рӯзи шанбе, ҳафдаҳуми моҳи шаввол — рақами сол хато буд, нақл нашуд — Султон Муҳаммадбаҳодур, яъне Келдимуҳаммадсултон, дар даруни хиргоҳ бар сарири шаҳриёрӣ такя зада нишаста буд. Аркони давлат ҳар яке дар ҷои худ қарор гирифта буданд.

Дар ҳамин вақт Мавлоно Ҷалолуддин Юсуфи наққош, ки дар санъати тасвир маҳорати тамом дошт, омад. Дар дасти ӯ саҳифаи расме буд, ки дар он сурати шаҳриёри найзадори бабршикоре кашида шуда буд.

Ҷавони найзадор сари найзаи худро бар пешонии бабр ниҳода буд ва аспаш аз ҳайбати ҳамон бабр мерамид. Он ҷавони бабршикор дар саҳифаи расм бар болои асп чунон меистод, ки на танҳо дар ваҷоҳати ӯ аломати хавфу бим дида намешуд, балки кас дар симояш чунон осори шуҷоату далерӣ медид, ки ба ғолиб омаданаш бар бабр боварӣ ҳосил мекард.

Хулоса, он расм чунон табиӣ баромада буд, ки бинанда дар он лавҳа ҷавони паҳлавони нотарсеро, ки бар бабр ғалаба карда истодааст; бабри зиндаи ба ғазабомадаеро, ки бо он ҷавон бар сари ҳаёту мамот мубориза мебарад; ва аспи хушсимои чобуку давандаеро, ки бо хоҳиши табиат аз бабр мерамад, ҳама дар ҳаракату ҷавлон медид.

Мавлоно Юсуф ҳамин лавҳаро ба хидмати султон ҳадя намуд. Султон бо дидани ин расм чунон хурсанд шуд, ки мавлоноро бо бахшиши таҳсин ва нисори офарин сарафроз кард.

Сурати хандаовари қозии Ҷодак ва ришкалони занҷабилфурӯш

Восифӣ мегӯяд:

Дар моҳи муҳаррами соли 929-и ҳиҷрӣ Мавлоно Юсуфи наққош ба ҳузури хон сурати хандаоваре фиристод. Ин сурати қозии Ҷодак буд, ки дар ришкалонӣ монанд надошт.

Наққоши санъаткор он расмро чунон кашида буд, ки қомати баланди солхӯрдаи наҳифу лоғари қозӣ монанди ходаи дарози хушкида рост меистод. Сару риши ӯ бар болои он қомат чунон менамуд, ки гӯё сари дарахти пуршохубаргро аз гарданааш бурида, бар сари он хода ниҳода бошанд. Сару рӯи ӯ дар байни он риш монанди канае менамуд, ки дар зери хирмани пашм афтода бошад…

Ба ин муносибат фақирро воқеае ба хотир расид, ки ба хидмати хон арз намудам:

Дар Ҳирот, дар замони Султон Ҳусайн Мирзо, марди ришкалоне буд, ки бар саҳни мадрасаи Гавҳаршодбегим нишаста, занҷабил мефурӯхт. Агар ба риши ӯ бод мевазид, аз он якчанд риш, ки дар калонӣ монанди риши қозии Ҷодак бошанд, ҷудо мешуд.

Шоирони Ҳирот дар тасвири риши ӯ бо обу ранги гуногун шеърҳо гуфта буданд. Рассомон он ришро монанди пари товус бо рангҳои гуногунтоб бар саҳифаи коғаз кашида, пеши назари тамошодӯстон ҷилва медоданд.

Занҷабилфурӯш аз занҷабил бештар ба мардум тамошои риши худро мефурӯхт ва харидоронашро бо тору ҳалқаҳои дарози он дом шикор мекард.

Дар пеши ӯ анбӯҳи тамошобинон ҳеҷ кам намешуд ва, албатта, ҳар яки онҳо то чизе намехарид, аз сояи он риш дур намешуд.

Соли «1528», ки дар қавс омадааст, бо соли 929-и ҳиҷрӣ мувофиқат намекунад; аз ин рӯ, онро дар матни ислоҳшуда наовардам.

Эзоҳ дар бораи санъати рассомӣ

Аз ин ҳуҷҷат чунин маълум мешавад, ки дар асрҳои XV–XVI санъати рассомӣ дар Мовароуннаҳр низ ба ҳамон дараҷае пеш рафтааст, ки дар Хуросон тараққӣ ёфта буд. Он рассомон, чунон ки расмҳои ҷиддӣ ва манзараҳои назаррабо мекашиданд, расмҳои ҳаҷвӣ ва лавҳаҳои хандаовар ҳам эҷод мекардаанд.

Бо вуҷуди шиддати таассуби динӣ ва ҳокимияти уламои мутаассиб, ривоҷ ёфтани санъати рассомӣ санъатдӯстии мардуми он замонро нишон медиҳад.

Идомаи ҳикояти занҷабилфурӯши ришкалон

Ӯ писараке дошт, ки бағоят хушовоз ва нағмапардоз буд. Писарак шеърҳоеро, ки шоирон дар таърифи риши падараш гуфта буданд, омӯхта, рӯбарӯи падар менишаст ва онҳоро бо овози хушу дилкаш мехонд. Бо ин кор бозори «ришфурӯшӣ»-ро гармтару часпонтар мекард.

Як байте, ки аз он абёт дар хотирам мондааст, ин аст:

Аз он ба кандани ришат бувад далерии мо,
Ки ҳаст риши ту доми кулоғгирии¹ мо!

Ҳикояти ришдарози аҳмақ

Восифӣ мегӯяд:

Аз Хоҷа Исмоили Ҳисорӣ нақл мекунанд, ки ӯ дар баландии қомат ва дарозии риш дар олам алам буд. Риши дарози ӯ бар сари қомати баландаш монанди думи қутосе менамуд, ки бар сари дастаи байрақ баста бошанд.

Ӯ шабе китоберо мутолиа мекард. Дар як ҷои он китоб омада буд: «Риши дароз ва қомати баланд аломати аҳмақӣ аст».

Ӯ аз ин аломати аҳмақии худ дар хиҷолат афтод ва дар дил гуфт:

«Риши дарозам бо қомати баландам дар назари мардум ба аҳмақии ман гувоҳӣ медиҳанд. Ҳарчанд қоматро кӯтоҳ карда наметавонам, метавонам қисме аз ришамро нест кунам, то як шоҳиди содиқи аҳмақиам барҳам хӯрад. Дар он сурат, бо як шоҳид дар шариат чизе собит намешавад».

Хоҷа Исмоил бо ин мулоҳиза хост, ки нимаи риши худро бурида, нест кунад. Аммо ҳарчанд ҷустуҷӯ кард, дар хона теғ ё қайчие наёфт. Ӯ мехост ҳар чӣ зудтар худро аз ин гувоҳи аҳмақии худ халос кунад.

Ночор аз бехи риш як қабзаро, ки барои зеби ҷамол нигоҳ доштан мехост, бо мушти худ маҳкам дошт. Қисми зиёдатии ришро, ки нест карданашро лозим медонист, ба болои шуълаи шамъ овард, то онро сӯхта, аз дунё нест кунад.

Рише, ки ҳамеша бо равғану хушбӯиҳо тарбият ёфта буд, бо расидани оташ монанди ҳезуми саланг² якбора даргирифт. Чун шуълаи оташ ба мушти дасти Хоҷа расид, ба сӯзиши он тоб наоварда, беихтиёр ришро сар дод ва дасташро аз оташ дур кашид.

Оташ, монанди он ки ба найистони хушкида расида бошад, дар як лаҳза ба бехи риши равғанхӯрда давид. Дар як чашм пӯшида кушодан тамоми ришро бо мӯйлабу мижгону абрӯ сӯхта, ӯро монанди мӯрчаи дар оташ партофташуда гардонид.

Чун Хоҷа рӯи худро дар оина дид, худ ба худ хандид ва дар дил гуфт:

«Ин коре, ки ман кардам, аҳмақиамро ҳатто дар пеши худам ҳам исбот кард».

Дарҳол қаламро гирифта, давотро пеш кашид ва дар ҳошияи китоб, дар баробари ҷумлаи «Риши дароз ва қомати баланд аломати аҳмақӣ аст», ин суханҳоро қайд кард:

«Мо озмудем ва таҷриба карда дидем, ки ин сухан ҳақ асту рост. Бояд ҳеҷ офаридае дар ин бора ба шакку шубҳа наафтад, вагарна монанди фақир ришу мӯйлабу абрӯю мижгонаш тамоман хоҳад сӯхт.

Хоҷа Исмоили Ҳисорӣ».

Шарҳи вожаҳо

  1. Кулоғ — зоғи даштӣ.
  2. Ҳезуми саланг — як навъ гиёҳи биёбонист, ки дар регзорҳо бисёр мерӯяд ва ҳангоми оташ додан зуд шуълавар шуда, фавран хокистар мегардад. Ширмолпазони Бухоро баъд аз пухтани ширмол як панҷа аз ҳамин ҳезумро дар танӯр дармегиронданд, то бар рӯи ширмол хол афтад. Дар Бухоро одами зуд оташиншавандаро ҳам «ҳезуми саланг» мегӯянд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2