Бадое-ул-вақое-Қисми 10
Нақлҳои Восифӣ дар бораи Улуғбек Мирзо
Восифӣ мегӯяд:
Рӯзе Муҳаммадамини Мирак, ки садри дарбори Султон Муҳаммад буд, ба бандахона омада, гуфт:
— Ҳазрати султон ба мусоҳабати шумо ифтихор менамоянд ва мегӯянд: «Аз хулқи некӯи он кас умед карда мешавад, ки ҳар пагоҳ, баъд аз таом, дар ҳузури мо якчанд ояти Қуръон хонанд. Баъд аз он ҳикояҳо ва нуктаҳое гӯянд, ки панду насиҳатро дар бар гирифта, аз онҳо хурсандии хотир низ ба амал ояд». Низ гуфтанд: «Чун тамоми ҳиммати мо ба пурсиши аҳволи додхоҳон ва мазлумон нигаронида шудааст, бояд дар вақти пурсиш ҳозир шаванд, то бо ёрмандии он шахс ҳукмҳо мувофиқи шариат бароянд».
Восифӣ мегӯяд:
Чун вазифаи ман адои фармоишҳо буд, бо рағбати том илтимосҳоро қабул намудам.
Эзоҳи муаллиф дар бораи интихоби ашъори Ҷомӣ
Шак нест, ки Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз намоёнтарин намояндагони адабиёти тоҷик буда, шеърҳои хубе, ки дар салосат, балоғат ва фасоҳат назир надоранд, бисёр дорад. Ҷомиро шеърҳои «саҳли мумтанеъ» — шеърҳое, ки дар назар сода, осонфаҳм ва равонанд, аммо монанди онҳо эҷод кардан душвор, ҳатто номумкин аст — кам нест.
Бо ҳамаи ин, аз ҷониби Восифӣ интихоб шудани даҳ порчае, ки бинои онҳо бар асоси лафзбозӣ аст, ва мувофиқ афтодани интихоботи Қатилӣ ба чизҳои интихобкардаи Восифӣ ҳаминро нишон медиҳад, ки дар асри XVI хубии шеърро иборат аз лафзбозӣ медонистаанд.
Ҳикояти лаълпораи гумшуда
Фардои он рӯзе, ки ин супориш ба фақир расида буд, ба ҳузур расидам. Аркони давлат ҳар як дар ҷои худ қарор гирифтанд. Хон ба фақир гуфт:
— Машҳур аст, ки дар боби фаросату адолат ва дар илму фазилат монанди Улуғбек Мирзо подшоҳе бар сари тахт нанишастааст. Агар аз хислату фазилати ӯ чизе зикр карда шавад, сабаби хурсандии аҳли маҷлис хоҳад шуд.
Аз рӯи итоат ба амри олӣ маъруз дошта шуд, ки рӯзе касе ба суҳбати Улуғбек Мирзо ҳозир шуд. Баъди ба ҷо овардани расми эҳтиром гуфт:
— Шоҳо! Бандаро ҳоли мушкиле пеш омадааст, ки дар ҳалли он ақли ман, балки ақли ҳамаи хирадмандон ҳайрон мондааст. Он аҳвол ин аст, ки камина аз Ироқ меомадам ва бо ҳамроҳии корвони Хуросон ба тарафи Самарқанд раҳсипор шудам.
Вақте ки корвон бар лаби Ҷайҳун фуруд омад, ман ба гӯшае рафта, либосҳои худро аз тан кашидам. Бо худ лаълпорае доштам, ки онро ба чарме дӯхта, ба бозуи худ овехта будам. Он чармро низ аз бозу кушода, ба болои пироҳан ниҳодам ва барои шустушӯ ба об даромадам.
Чун аз об баромадам, он лаълпораро дар ҷои ниҳодаам наёфтам. Ман яқин медонистам, ки ҳеҷ касе дар он ҷо набуд. Бинобар ин, шарм доштам, ки он чизи гумшударо аз рафиқон бозхост намоям. Инак, ҳол ҳамин аст!
Мирзо ба он кас гуфт:
— Туро дар ин кор як сол сабр лозим аст. Агар дар ин муддат он чиз ба дасти ту дарояд, чӣ хубу чӣ нағз! Вагарна қимати онро ба ту хоҳам дод.
Он мард шукрона карду рафт. Баъд аз он подшоҳ девонро талаб карда, фармуд, ки дар он сол чӣ қадар молиёту андоз додани ҳар як сокини қаламравро ном ба ном навишта диҳад. Девон мувофиқи фармон хизматро ба ҷо овард. Мирзо он рӯйхатро аз назар гузаронида, бо худ нигоҳ дошт.
Чун соли нав расид, боз девонро фармуд, ки ҳисоботи даромади султониро мисли порсола тайёр карда, супорад.
Чун Улуғбек рӯйхатҳои дусоларо бо ҳам муқоиса карда, аз назар гузаронид, дид, ки марде дар Қарокӯл соли гузашта панҷоҳ танга молиёт дода будааст ва ҳамон одам дар соли ҳозира барои молиёт панҷсад танга ба подшоҳӣ супурдааст.
Пас фармуд, ки ҳамон мардро ёфта биёранд ва дар хилват ба ҳузураш дароранд. Мувофиқи фармоиш он касро оварданд. Подшоҳ ба ӯ гуфт:
— Дар молиётдиҳии ту дар байни ду сол тафовути калон аст. Аз ин маълум мешавад, ки ту дар ин сол аз мерос ё аз ягон роҳи дигар маблағи калоне ба даст овардаӣ. Ростӣ пеш ор ва бигӯ, ки он моли бузургро аз куҷо ёфтӣ?
Он мард гуфт:
— Банда бофандаам ва дар Қарокӯл зиндагонӣ менамоям. Рӯзе ба пешаи худ машғул будам, ки аккае омада, бар шохи дарахте рӯбарӯи ман нишаст. Дар минқори ӯ чизе гӯштмонанд буд. Он чиз аз минқори ӯ ҷудо шуда, бар замин афтод.
Гирифта дидам, ки чармпорае будааст, ба шакли тӯмор дӯхта шудааст. Онро кушодам ва дидам, ки лаълпораест монанди офтоб дурахшон. Онро аз бахшишҳои илоҳӣ дониста, фавран ба Самарқанд овардам ва ба ҷавҳаршиносе нишон додам.
Бо дидани он санг ранги рухсори ҷавҳаршинос аз хурсандӣ монанди он лаъл дурахшид ва пурсид:
— Инро аз куҷо ёфта овардӣ?
Ман аз аҳволи ӯ фаҳмидам, ки он чизи пурқимат будааст ва гуфтам:
— Аз куҷо овардани маро пурсуков кардан ба ту чӣ даркор аст? Агар харидорӣ, нархашро муайян кун ва бигир! Вагарна колои маро пас деҳ!
Ӯ гуфт:
— Ба чанд мефурӯшӣ?
Гуфтам:
— Ду ҳазор тангаи хонӣ!
Баъд аз талоши бисёр дар савдо, охир онро ба як ҳазору панҷсад тангаи хонӣ фурӯхтам. Пулашро гирифта, ба бозор рафтам: як ғулом, як канизак ва дигар чизҳои нафис харидам. Асперо низ бо зину лаҷомаш гирифта, он чизҳоро ба Қарокӯл бурдам ва асбоби зиндагонии худро монанди тавонгарон дуруст кардам.
Ҳамсоягон чун диданд, ки аз бечизӣ халос шуда, соҳиби молу ашё гардидаам, аз ман пурсиданд:
— Ин ҳама сарватро аз куҷо ёфтӣ?
Гуфтам:
— Маро дар Самарқанд хеше давлатманд буд. Ӯ фавтид ва ин молу ашё ба тариқи мерос ба ман расид.
Восифӣ мегӯяд:
Улуғбек Мирзо фармуд, ки он ҷавҳаршиносро ҳозир кунанд. Ӯ иқрор шуд ва он лаълпораро аз ҷои пинҳонкардааш бароварда, оварда нишон дод.
Подшоҳ онро гирифта, ба соҳиби аслиаш супурд. Ҷавҳаршиносро бошад, бинобар он ки лаълро аз арзишаш бисёр кам баҳо карда буд, ба ноинсофӣ маҳкум намуда, сарзаниш кард.
Ҳикояти сад тиллои гумшуда
Восифӣ мегӯяд:
Дар ҳузури Султон Муҳаммад, баъд аз нақли ҳикояи лаълпора, боз воқеаи зеринро дар бораи Улуғбек Мирзо маъруз доштам:
Рӯзе шахсе ба назди Улуғбек Мирзо омада, гуфт:
— Шоҳо! Бандаро маблағи ҳазор тилло буд, ки дар ҳамёне андохта, даҳонашро бо мум муҳр карда, ба шахсе амонат супурда будам. Баъд аз чанд рӯз омада, он ҳамёнро талаб намуда, гирифтам. Кушода дидам, ки сад тилло кам шуда, нӯҳсад тилло мондааст. Камомадро аз он шахси амонатнигоҳдор талаб кардам. Ӯ гуфт:
«Дидӣ, ки муҳри мумии ҳамён дар ҷояш буд ва дар он ягон чок ҳам нест. Пас ман сад тиллоро чӣ гуна аз ҳамён мегирифтам? Ту худ фаромӯш кардаӣ: дар сурате ки нӯҳсад ашрафӣ дар ҳамён андохта бошӣ, ҳазор пиндоштаӣ!»
Соҳиби ҳамён ба Улуғбек Мирзо гуфт:
— Ҷаҳонпаноҳо! Ман бешакку шубҳа яқин медонам, ки дар ҳамён ҳазор ашрафӣ буд. Аммо аз он ҷо ки дар ҳамён дигаргуние воқеъ нашудааст ва шоҳид ҳам надорам, намедонам бо чӣ роҳ гирифтани сад тиллоро ба гардани ӯ собит кунам. Аз шумо илтимос дорам, ки мушкили маро осон кунед!
Улуғбек ба ӯ гуфт:
— Баъд аз се рӯз ин ҷо ҳозир шав, ҳоҷатат хоҳад баромад!
Он мард дуо карда рафт.
Улуғбекро гирдболише аз атласи хитоии ҳафтранг буд, ки шабҳо ба он такя карда, мутолиа менамуд. Саҳарии он шабе, ки соҳиби ҳамён арз карда буд, аз хоб бархоста, гирдболишро қадре чок кард ва худ берун рафт.
Баъд аз баромадани Улуғбек канизаки хизматгор даромад, то ҷогаҳро ғундорад. Дид, ки гӯшаи болиши хосса чок шудааст. Бисёр тарсид ва гумон кард, ки барои ин ӯро ҷазо хоҳанд дод.
Канизак ин ҳолро ба шавҳари худ хабар дода, аз вай чораҷӯӣ кард. Шавҳари канизак ба ӯ гуфт:
— Ғам махӯр, ки ман инро дарҳол илоҷ мекунам.
Он мард дӯсте дошт, ки руфӯгар¹ буд ва ғайр аз даридагии пардаи зиндагӣ ҳар чокеро чунон руфӯ мекард, ки ҳаргиз дарзаш маълум намешуд.
Шавҳари канизак он болишро пеши дӯсти руфӯгари худ бурда, руфӯ кунонид, чунон ки ҳаргиз ҷои чок маълум намешуд.
¹ Руфӯгар — касе, ки ҷои даридаи матоъ ё либосро бо ришта чунон барқарор мекунад, ки осори даридагӣ қариб намоён намемонад.
Руфӯ — ислоҳ ва дуруст кардани чоки ягон бофта, бе он ки аз чок асаре боқӣ монад. Ин кор ҳунари махсусест, ки маҳорати зиёд талаб мекунад. Руфӯгар соҳиби ҳамин пеша аст.
Идомаи ҳикояти сад тиллои гумшуда
Канизак хурсанд шуда, он болишро монанди ҳар шаб ба такягоҳи Улуғбек Мирзо гузошт. Мирзо чун дид, ки дар болиш ҳеҷ асари чок намондааст, ба канизак гуфт:
— Саҳари гузашта баногоҳ нохунам ба гирдболиш расида, қадре чок шуда буд. Чӣ тадбир кардӣ, ки ин ба ҳолати аслиаш омадааст?
Канизак чӣ гуна дуруст карда шудани он гирдболишро ҳикоя кард. Улуғбек фармуд, ки он руфӯгарро ба наздаш ҳозир кунанд. Мирзо ба руфӯгар гуфт:
— «Ростӣ — растӣ!» гуфтаанд. Агар рост гӯӣ, аз ҳар гуна ҷазо ва бозхост эмин хоҳӣ шуд. Рост бигӯй, ки дар ҳамин рӯзҳо ягон кас ҳамёни пурашрафиро пеши ту оварда, руфӯ кунонида буд?
Руфӯгар гуфт:
— Чанд рӯз пеш касе ҳамёни пурашрафиеро оварда, дар пеши ман як тарафашро чок зад ва аз он сад тилло бароварда гирифт. Даҳ ашрафӣ аз он маблағ ба ман дод ва аз ман руфӯ кардани он чокро хоҳиш кард. Ман монанди аввалаш руфӯ карда додам ва ӯ ҳамёнро гирифта бурд. Дар ин бора дигар чизе намедонам.
Улуғбек он шахсро талаб намуда, овард. Бо гувоҳӣ додани руфӯгар он шахс ба хиёнати худ иқрор кард. Улуғбек он маблағро аз вай ситонда, ба соҳибаш дод. Ҳақ ба ҷояш қарор гирифт.
Ҳикояти амонат ва қозии хиёнаткор
Восифӣ мегӯяд:
Рӯзе шахсе пеши Улуғбек Мирзо омада, гуфт:
— Банда ба сафари Рум тайёрӣ медидам. Маро панҷ ҳазор тилло аз ҳоҷат берун буд. Хостам он маблағро ба соҳибдиёнате супорам ва ҳангоми бозгашт аз сафар аз вай талаб намуда, бигирам.
Ҳарчанд фикр кардам, ғайр аз қозии замонамон дигар каси соҳибдиёнате ба хотирам наомад. Он маблағро дар офтобае андохта, пеши қозӣ бурдам ва ба ӯ амонат супурдам.
Чун аз сафар бозгашта, аз қозӣ он амонатро талаб кардам, гуфт:
«Ту магар девона шудаӣ, ки ба ман туҳмат мекунӣ? Ман туро ҳаргиз надидаам ва намешиносам. Баъд аз ин, агар пеши ман омада, ин гуна ҳарфҳо занӣ, мефармоям, ки зада, дандонҳоятро бишикананд ва забони туҳматгаратро аз қафои сарат бароранд!»
Баъд аз гуфтани ин воқеа он кас аз Улуғбек пурсид:
— Намедонам, ки акнун чӣ чора кунам. Шумо ба ман роҳ нишон диҳед!
Мирзо ба ӯ гуфт:
— Фардо ман ба хонаи қозӣ меравам. Дар вақти аз он ҷо баромада, ба асп савор шуданам, ту ин воқеаро ба ман арз кун!
Он шахс рафт. Улуғбек қозиро талаб карда, пеши худ овард ва ба ӯ гуфт:
— Маро нақдина ва ҷавоҳир чунон бисёр ҷамъ шудааст, ки дар хазина намеғунҷад. Ба хотирам расид, ки ин хазинаро дар ҷое гузорам, ки касе надонад, то баъд аз сари ман фарзандонам он молро гирифта, ба ҳоҷати худ сарф намоянд. Агар дар хазина бошад, дар рӯзи вафотам, албатта, тороҷу талаф хоҳад шуд.
Аммо дар ин бора ба касе эътимод надорам ва ҳар касе бошад, баъд аз сари ман мункир хоҳад шуд. Ба хотирам расид, ки ғайр аз шумо каси росткоре дар ин шаҳр нест. Шумо, ки ҷонишини пайғамбаред, дар диёнату амонат ҳеҷ кас ба шумо баробар намеояд.
Муқаррар намудам, ки он молу ашёро дар хонаи шумо амонат гузорам, то баъд аз сари ман ба эҳтиёҷи авлодам ба кор равад. Ин розро танҳо шумо донеду ман. Дигар касе хабардор нашавад.
Қозӣ бо шунидани ин суханон қариб буд, ки аз худ равад ва шодимарг шавад. Аммо ба зӯрӣ худдорӣ кард ва ангушт ба чашм гузошта, ин илтимосро қабул намуд.
Улуғбек ба ӯ гуфт:
— Ман фардо ба хонаи шумо хоҳам рафт. Ҳар ду бо маслиҳат барои хазина ҷоеро муқаррар менамоем ва баъд аз он молҳоро пинҳонӣ бурда, дар он ҷо мегузорем.
Фардои он рӯз Улуғбек ба хонаи қозӣ рафт ва ҳар тарафи ҳавлии ӯро бо диққат аз назар гузаронида, барои хазинагузорӣ ҷоеро муайян намуд.
Вақте ки Улуғбек аз хонаи қозӣ баромада, ба асп савор шуд, он одам пеш омада, бар хок бо ду зону нишаст ва ба Улуғбек арз кард:
— Ҷаҳонпаноҳо! Ман дар хонаи қозӣ амонате гузошта будам…
Қозиро бо дидани он мард ва шунидани ин сухан саросемагӣ рӯй дод ва дар дили худ гуфт:
«Агар инкор кунам, Улуғбек дар ҳаққи ман ба шубҳа меафтад. Мумкин аст, ки дилаш аз ман рамида, он хазинаро дар хонаи ман нагузорад. Беҳтар он аст, ки иқрор шавам».
Қозӣ бо ҳамин мулоҳиза ба он шахс гуфт:
— Ту магар девона шудаӣ? Ин матлабро ба подшоҳ арз кардан чӣ лозим аст? Ту кай омада, амонати худро талаб кардӣ, ки ман надодам?
Баъд аз он қозӣ ба ғуломи худ гуфт:
— Рав, дар фалон ҷо офтобаи сарбастае ҳаст, биёр!
Ғулом офтобаи пурашрафиро овард ва қозӣ онро дар ҳамон ҷо, дар пеши подшоҳ, ба соҳибаш супурда, «росткории худро исбот кард».
Ҳикояти амонат ва дарахт
Восифӣ мегӯяд:
Чун ин ҳикоят ба арз расид, султон ва дарбориёни ӯ ба Улуғбек Мирзо ба ҷиҳати адолату фаросаташ офарин хонданд. Султон Муҳаммад гуфт:
— Боз аз он ҷаноб ҳикояте нақл кунед!
Арз карда шуд:
Рӯзе шахсе ба назди Улуғбек Мирзо омад ва гуфт:
— Подшоҳо! Банда аз Самарқанд ба Бухоро мерафтам. Бо худ ҳамёне доштам, ки дар он як ҳазор танга буд. Чун аз шаҳр ду фарсах — шонздаҳ километр — дур шудам, барои дамгирӣ ва таомхӯрӣ бар лаби обе, дар сояи дарахте нишастам.
Дар вақте ки таом мехӯрдам, ёре аз тарафи саҳро расида омад, ки ба шаҳр мерафт. Ман ӯро таклиф намудам, ки лаҳзае нишаста, бо ман таом хӯрад. Ӯ қабул карда нишаст. Таомро бо ҳам хӯрдем.
Ман фикр кардам, ки бо худ бурдани он ҳамён маслиҳат нест. Бинобар ин, ҳамёнро ба дӯсти худ супурдам, то ба шаҳр бурда, ба хонаи ман диҳад.
Чун аз сафар баргаштам, донистам, ки ӯ он маблағро ба хонаи ман насупурдааст. Пеши вай рафта, маблағи худро талаб кардам. Ӯ гуфт:
«На туро дидаам ва на он дарахтро. Ту магар девона шудаӣ?»
Улуғбек он мардро талаб карда овард ва ҳар ду дар пеши подшоҳ мурофиа карданд. Он мард дар ҷавоб боз гуфт:
— Ман на он дарахтро дидаам ва на ин одамро.
Улуғбек ба муддаӣ фармуд, ки рафта, аз ҳамон дарахт ду-се барг канда биёрад, то ба воситаи он баргҳо воқеаро таҳқиқ кунад.
Баъд аз рафтани ӯ ба дӯсти вай ҳикояте сар кард ва дар вақти гармии ҳикоят аз ӯ пурсид:
— Оё муддаӣ ба пеши он дарахт расида бошад?
Он шахс дар ғафлат монда, гуфт:
— Он дарахт аз шаҳр хеле дур аст. Бояд ҳанӯз нарасида бошад.
Улуғбек хандид ва ба ӯ гуфт:
— Ту нагуфта будӣ, ки «Ман на он касро дидаам ва на он дарахтро»? Пас чӣ гуна донистӣ, ки он шахс ҳанӯз ба он ҷо нарасидааст? Ту ҳарзагӯӣ макун, ростӣ пеш ор ва амонатро ба соҳибаш супор!
Он мард ба иқрор кардан маҷбур шуд ва ҳақро ба соҳиби ҳақ супурд.
Восифӣ ёддоштҳои худро дар бораи Мир Алишер, Биноӣ ва онҳое, ки ба Мир Алишер дахл доштанд, инчунин дар бораи Паҳлавон Абӯсаид ва дигар воқеаҳое, ки дар Хуросон дидаву шунидааст, аз варақи 163 то варақи 238-и «Бадоеъ-ул-вақоеъ» ба тарзе менависад, ки дар суҳбати Келдимуҳаммадсултон ҳикоя кардааст.
Аммо аз он ҷо ки мо порчаҳои муҳимми ин ёддоштҳои муаллифро дар қисми аввал нақл кардаем, дар ин ҷо онҳоро такрор нахоҳем кард. Дар ин қисм он чизҳоро нақл мекунем, ки ба қисми аввал дохил нашудаанд ва аҳамияти таърихӣ ё адабӣ доранд.
Восифӣ дар ин ҷо, ба тартибе ки ба Келдимуҳаммадсултон ҳикоя кардааст, дар бораи Абӯалӣ ибни Сино наваду шаш саҳифа навиштааст. Азбаски бештари он нақлҳо афсона буда, дар як қисми онҳо хатоҳои таърихӣ ҷой доштанд, нақли онҳо лозим дида нашуд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё