Зеҳн

Бадое-ул-вақое-Қисми 9

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 октябри 2026 · 20 дақиқа хондан

Радифи ин қасида омада яксар гули сероб

То намояд роҳ булбулро сӯи гулзор гул,
Пораҳои ҷомаи худ баст бар ҳар хор гул…

Баргҳояш дар талош афтода бар болои ҳам,
Резаи зар кард азбас дар чаман исор¹ гул.

Дар чаман ҳар сӯ набошад лолаҳо, к-оташ задаст
Ошёни булбулонро аз сари озор гул.

Дар чаман мехонд булбул ин ғазал вақти саҳар,
Дар гиребон чок зад аз шавқ ошиқвор гул:

То задӣ, эй сарви раъно, бар сари дастор гул,
Аз тафохур суд сар бар гунбази даввор гул.

Барги гул набвад, ки хунолуднохунҳо басе
Дорад аз рашки рухат дар синаи афгор гул.

Нест бар рухсори гул шабнам, ки аз шармандагӣ
Дар арақ шуд пеши ту, эй сарви хушрафтор, гул!..

Васфи рӯят мекунад булбул, аз он рӯ гаштааст
Пой то сар гӯш, дорад гӯш бар гуфтор гул.

Ғунча кард аз мушт хунолуд рухсораш, магар
Кард пеши оразат даъвии ҳусн изҳор гул…

¹ Исор — дар ин ҷо ба маънои бахшиш.


Чун ин қасидаро покнависӣ карда, бар коғазҳо бардоштам, дар дил гуфтам: «Бояд ба ҳузури Хоҷа Ҳошимӣ рафта, инҳоро аз назари олӣ гузаронам» ва ба тарафи сарои волои он раҳсипор гардидам.

Дар роҳ яке аз ходимони Хоҷа ба ман рост омад ва гуфт:

— Панҷ рӯз аст, ки Хоҷа мунтазири ҳузури шумоанд ва чашм дар роҳ доранд. Агар дар рафтан шитоб кунед, муносиб аст.

Бо суръати тамом ба он мақом расидам ва баъд аз мулоқот қасидаҳоро аз назари кимиёасарашон гузаронидам. Он ҷанобро фараҳмандие даст дода, аз роҳи лутф ва меҳрубонӣ ба фақир гуфтанд:

— Дар ин чанд рӯз, ки мо аспи кӯшишро дар ин майдон тохтем, охир як қасида аз он қасидаҳо чизи дигаре насохтем. Ин коре, ки шумо кардед, аз ҳеҷ шоире то ҳол ба вуҷуд наомадааст.

Дар ин вақт хабар расид, ки Убайдуллохон аз Қаршӣ омада, ба Бухоро даромада ва бар тахти салтанат нишастааст. Хоҷа бо шунидани ин хабар рӯ ба дарбор оварданд ва фақирро ҳамроҳи худ бурданд.

Пас аз ҳикояти ҳамсуҳбат шудани Восифӣ бо Убайдуллохон, Восифӣ нақл менамояд, ки ӯ бо талаби хон вақте чанд дар манзили Хоҷа Ҳошимӣ истиқомат карда будааст. Дар ин хусус Восифӣ мегӯяд:

Убайдуллохон ба зудӣ боз озими айлоқи Қаршӣ шуд. Чун Хоҷа Ҳошимӣ хонро гусел карда омад, ба фақир гуфт:

— Фармони хон содир шуд, ки то бозгашта омаданашон аз Қаршӣ, бошишгоҳи шумо фақирхонаи ин камина бошад.

Ночор дар он остон буданро қарор додам.

Мушоара ва назирагӯии Восифӣ дар хонаи Хоҷа Ҳошимӣ

Хонаи Хоҷа Ҳошимӣ ҷамъомадгоҳи арбоби фазлу камол буд. Ҳар рӯз ҷамъе аз шоирони Бухоро он ҷо ҷамъ мешуданд. Одати Хоҷа он буд, ки ҳар рӯз ба ҳузури шуаро байте мехонданд ё ғазалеро дар миён меандохтанд ва шоиронро ба ҷавобгӯӣ ва пайравӣ ба он байт ё ғазал даъват мекарданд.

Рӯзе гуфтанд:

— Табъро бекор набояд гузошт ва ӯро кор бояд фармуд. Коҳилии табъ ба кунд шудани зеҳн сабаб мешавад.

Баъд аз он фармуданд:

— Фақир аз ғазалиёти Хисрави Деҳлавӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Котибӣ ва дигарон нӯҳсад ғазал интихоб карда гирифтам. Ба хотир мерасад, ки ёрон илтимоси маро қабул фармуда, ба он ғазалҳо ҷавоб гӯянд ва пайравӣ намоянд.

Аҳли маҷлис дасти қабул бар сина ва ангушти итоат бар дида ниҳода, он ғазалҳоро навишта гирифтанд, то ҳар кадом ба якчанд ғазал ҷавоб гӯянд. Қарор доданд, ки ҳар рӯз ҳар яке аз онҳо ғазале аз назари Хоҷа гузаронад.

Яке аз наздикони Хоҷа ба камина гуфт:

— Ғарази Хоҷа дар назирагӯӣ имтиҳони шумост.

Ночор фақир ҳам якчанд ғазалро пайравӣ кардам ва он ғазалҳо инҳоанд:


Ба ҳам каш, эй мусаввир, сурати Лайливу Маҷнунро,
Ба ин сурат зи ҳиҷрон вораҳон Лайлии маҳзунро.

Намехоҳам парешонии ман бар рӯи рӯз афтад,
Худоро, бар узори худ маяфкан зулфи мушкинро…

Тамошо гар кунӣ тӯфони сели ашки мо, гӯӣ,
Ки «Пиндорам зи олам об бурда рӯди Ҷайҳунро».

Гирифтам ин ки оҳу ноларо дар дил ниҳон дорам,
Зи мардум чун тавонам дошт пинҳон чашми пурхунро?

Чу васфи лаъли сероби ту гӯяд Восифӣ, ҳар сӯ
Зи гӯши худ бурун оранд хубон дурри макнунро.


Маҳ даъвои хубӣ чу ба он моҳлиқо кард,
Ӯро фалак охир аҷаб ангуштнамо кард.

Бо дарду ғаму меҳнату андӯҳ қаринам,
То гардиши айём маро аз ту ҷудо кард…


Моҳи тобон баҳри даъво шаб ба кӯи ёр рафт,
З-ин фиол охир чунон гардид, к-аз девор рафт.

Гуфтам: «Аз ҷаври ту хоҳам рафт аз кӯи ту», гуфт:
«Ҳамчу ту бисёр ин ҷо омаду бисёр рафт»…

Гуфтам: «Эй ҷон, рафт дар ишқи ту ақлу ҳушу ҷон!»
Гуфт: «Ин дам, Восифӣ, сӯи ман о! Ағёр рафт».


Рӯи зардам диду з-он лаб бӯсае кард илтифот,
Оре, оре: «Ҳар ки зар дорад, хӯрад оби набот».

Гардани худро ба тори зулфи он дилдор банд,
Гар ҳамехоҳӣ, ки ёбӣ аз парешонӣ наҷот…


Шамъ бар ёди қадат чун рӯ ба дидор оварад,
Сурати сарве зи дуди дил падидор оварад.

Сар ба ҳам оранд дар бӯстон дарахтон сар ба сар,
Бод аз сарви қадат ҳар гаҳ ки ахбор оварад.


Сурат кашад рақибам аз он симтан ҷудо,
Ҳар дам ба сурате кунад ӯро зи ман ҷудо…

Дар бар марост пираҳани сабр чок-чок,
То гаштаам аз он бути гулпираҳан ҷудо.

Гуфтам, ки «Рӯзу шаб паи қатлам бувад рақиб»,
Гуфто, ки «Зинҳор, набош зи ман ҷудо!»

Бар мо тараҳҳуме, ки ғарибему нотавон,
Баҳри ту гаштаем чунин аз ватан ҷудо!


Меравам аз кӯи ту бо ҷони пурғам, хайр бод!
Бо дили пуроташу бо чашми пурнам, хайр бод!

Аҳли оламро зи ман гар буд дар хотир ғубор,
Ман зи олам меравам, бар аҳли олам хайр бод!

Он парӣ дар вақти рафтан аз сари меҳру вафо
Восифии хастаро мегуфт ҳар дам: «Хайр бод!»


Орӣ чу ба гӯшам паи роз он лаби чун нӯш,
Аз ханда даҳонам расад он дам ба баногӯш…

Сад захми хадангат ба тану дил наҳаросад,
З-он новаки дилдӯз чу гардид зиреҳпӯш…

Эзоҳҳо ба бахши пешин

  1. «Бар рӯз афтодани чизе» — киноя аз овоза ёфтан ва фош гардидани он чиз.
  2. Шоир дар ин байт, ғайр аз маънии зоҳирӣ, ин маъниро ҳам ифода кардааст.

Восифӣ ин байтро дар тасвири ҳоли ғарибонаи худ гуфтааст.

Ҳасан — Хоҷа Ҳасани Деҳлавӣ, ки дар шеър шогирди Хисрави Деҳлавӣ буд. Ин шеър дар ҷавоб ва назираи ғазали Ҳасан гуфта шудааст.

«Ҳар ки зар дорад, хӯрад оби набот» — зарбулмасале дар Бухорои пештара буд, ки дар мавриди комёбии тавонгарон мегуфтанд. Оби набот навъе ҳалвои бағоят гуворо дар Бухоро буд.


То зулфи ту, эй шӯхи ситамгор, гиреҳ шуд,
Сарриштаи кори мани бемор гиреҳ шуд…

Азбаски задам дар ғами ишқи ту дами сард,
Чун жола маро ашк ба рухсор гиреҳ шуд.¹

Набвад аҷаб ар Восифӣ аз ишқи ту нолад,
Чун орзуяш дар дили афгор гиреҳ шуд.


Захми дил аз новаки он дилнавоз аст ин ҳама,
Ё ба сӯи ӯ диламро дида боз аст ин ҳама?

Кам нагардад нози ту аз нолаву афғони ман,
Чун туро, эй нозанин, асбоби ноз аст ин ҳама!

Лаб ниҳӣ ҳар лаҳза баҳри роз бар гӯши рақиб,
Бар лаб омад ҷони ман, охир чӣ роз аст ин ҳама?..

Восифиро сояи сарви қадат бар сар фитод,
З-он миёни ишқбозон сарфароз аст ин ҳама…

¹ Ин байт нишон медиҳад, ки Восифӣ аз табииёт, аз ҷумла аз табдил ёфтани бухор, борон, жола, барф ва монанди инҳо ба якдигар бар асари тағйироти ҳавоӣ хабардор будааст.


Баъд аз навиштани сию чор ғазали худ Восифӣ мегӯяд:

— Рӯзе дар маҷлиси Хоҷа Ҳошимӣ ҷамъе аз шоирони бузурги Бухоро ҳозир буданд. Дар он маҷлис Мавлоно Наими Нишопурӣ, ки дар рикоби Убайдуллохон меҳмон буд, аз айлоқи Қаршӣ ташриф овард. Хоҷа ӯро таъзиму такрими бисёре карданд ва дар аснои суҳбат аз он кас пурсиданд:

— Алҳол дар Хуросон аз арбоби фазлу камол пешво ва саромади шуаро кист?

Мавлоно Наим гуфт:

— Мирҳоҷии қасидагӯй аст, ки «Унсӣ» тахаллус мекунанд. Шоирони қасидагӯй ба пешравии он кас дасти таслим бар сина ниҳодаанд ва камина худро аз шогирдони он шахс мешуморам.

Хоҷа пурсиданд:

— Аз ашъори он кас дар хотир доред?

Мавлоно Наим гуфт:

— Он кас ба даҳ ғазал аз ғазалҳои Хисрави Деҳлавӣ ҷавоб гуфтаанд, ки ҳамаи онҳо бо он ғазалҳои Хисрав дар пеши фақир ҳозир аст.

Хоҷа илтимоси хондани он ғазалҳоро намуданд. Мавлоно Наим ҳар як ғазали Хисравро бо ҷавоби Унсӣ якҷоя мехонд. Ёрон бо шунидани ҳар ғазал наъраи «Таҳсин!» ва «Офарин!»-ро аз самими қалб ба чархи барин мерасониданд.

Баъд аз хонда шудани он ғазалҳо Хоҷа ба Мавлоно Наим хитобан гуфтанд:

— Чил рӯз аст, ки ёрони мо дар ҷавоби ғазалҳои шоирони гузашта шеър машқ мекунанд ва варзиш менамоянд. Акнун хеле маҳорат пайдо кардаанд. Муносиб он аст, ки ба ин ғазалҳо ҷавоб гӯянд ва ба Хисраву Унсӣ пайравӣ намоянд!

Аҳли маҷлис ин фармоиши Хоҷаро қабул намуданд ва он ғазалҳоро навишта гирифта, ба ҷавобгӯӣ даромаданд. Камина ҳам ба он ғазалҳо ҷавоб гуфтам…

Восифӣ ҳамаи он ғазалҳои Хисраву Унсиро бо ҷавобҳои худ дар ёддошташ қайд кардааст. Мо ба тарзи намуна якчанд байт аз онҳо меорем:

Хисрави Деҳлавӣ

Чаман чун бӯи ту дорад, ба бӯят дар чаман мирам,
Ба ёди қадди ту дар сояи сарву саман мирам.

Унсӣ

Агар дар гӯшаи ғам дур аз он симинбадан мирам,
Халал дар кори ишқ афтад ҳамон рӯзе, ки ман мирам.

Восифӣ

Чу ман бар бевафоиҳои он паймоншикан мирам,
Барафтад аз ҷаҳон расми вафо рӯзе, ки ман мирам.


Хисрави Деҳлавӣ

Даро, эй шохи гул, хандону маҷлисро гулистон кун!
Ба «гуфти талх» чун май ошиқонро масту ғалтон кун!

Унсӣ

Биё, эй сарви хушрафтор, гашти боғу бӯстон кун!
Чу гул аз парда рух бинмову оламро гулистон кун!

Восифӣ

Восифӣ дар охири ғазали ҷавобии худ ба ин ғазал мегӯяд:

Вафову мардумӣ дар Мовароуннаҳр кам бошад,
Агар хоҳӣ, бихез, эй Восифӣ, рӯ дар Хуросон кун!

Сафари Восифӣ аз Саброн ба Фаркат ва аз он ҷо ба Тошканд

Чун ба Тошканд расидам, дидам: он шаҳре буд, ки, ба таъбири худи Восифӣ, «фалаки забарҷадӣ ҳар шом аз барои дафъи газандаш сипанддонаҳои нуҷумро дар оташи шафақ месӯхт ва аз барои роҳу равиши сокинонаш машъали ҷаҳонафрӯзи моҳро меафрӯхт; Баҳроми¹ хуношом аз барои забт ва ҳифзи он қалъа аз кавокиб — ситораҳо — муҳрҳои милтиқ — тирҳои милтиқ² — тайёр менамуд…».

Дар беруни он шаҳр боғе буд аз биноҳои Кайковус, ки Ирамро аз вай дар дил доғест. Ба таъбири Восифӣ, «сафояш аз вафои хубрӯён зеботар ва зебандатар ва ҳавояш аз карашмаи маҳбубон раънотар ва фиребандатар; ҳавзи обдораш аз айни сафо акспазир ва оби оинакирдораш аз сувари туюр ва ашҷор³ назири саҳифаи тасвир…».

Булбули гӯё бар шохсораш ба таърифи баҳораш нафир кашида ва наргиси бино дар канори анҳораш чашми ҳайрат кушода; гулҳои он бӯстони ҷаннатнишон ливои хандаро ба ҳаво меафроштанд ва ғунчаҳои он гулистон монанди наварӯсон аз ҳаё худро аз табассум ба зӯр нигоҳ медоштанд.

Наргиси шаҳло аз бори заъфарон хам шуда, қариб ба замин расида ва гули сурӣ аз ғалаёни хун сурх гардида; бунафша дар атрофи чаман нақшафшони лоҷувардӣ мерехт ва насим аз бӯи хуши он бӯстон мушку анбар мебехт.

Савсани даҳзабон дар пеши гулҳои он гулистон магар васфи боғи Ирам дар миён андохта, ки ҳаракати ҳасо бо мушти насим барои ин беодобиаш лабу даҳони ӯро кабуд сохта…

Сабзаву себарга бар канори ҷӯйбораш барои меҳмонии дилбарони чаман бахмали сабз густурда буд ва сарву аръар дар атрофи ҳавзи рӯҳпарвараш дар назар чун қомати дилбарон ишвагар менамуд.

Ҳар касеро қадам ба дарвозаи он биҳиштовоза мерасид, бӯи ҷон аз ҳавои ҳаётбахшояш мешамид ва аз ҳаяҷони шодмонӣ аз худ рафта, хешро дар оламе медид, ки аз ин пеш надида буд.

Дарахтони мевадораш аз касрати бор чун пирони рӯзгордида пуштхамида ва аз меваҳои навраси шакарбораш дар канори хӯранда шарбати шаҳд чакида; себи беосебаш аз себи ғабғаби дилбарон хабар дода ва рангу бӯи он қувватдиҳандаи дили беморони аз по афтода:

Себро бо зақани ёр баробар карданд,
Ранги ӯ сурх шуду рӯй барафрӯхт ба боғ.

Себ монанди чароғест дурахшон ба дарахт,
Рӯзи равшан ба сари шох кӣ дидаст чароғ?!

Дарахти анораш аз баргу бор шуълаи оташро дар миёни сабзазор нишон дода ва меваи он дарахт дар канори дӯшизагони чаман ёқути руммонӣ⁴ ниҳода.

Эзоҳҳо

  1. Баҳром — дар ин ҷо номи сайёраи Миррих (Марс).
  2. Аз ин ҷумлаи Восифӣ бармеояд, ки дар аввалҳои асри XVI дар Хуросон ва Мовароуннаҳр милтиқ будааст.
  3. Сувари туюр ва ашҷор — суратҳои паррандагон ва дарахтон.
  4. Ёқути руммонӣ — ёқути анорранг.

Чистони анор

Ибни Ямин барои анор ин чистонро некӯ гуфтааст. Мо онро ба тарзи интихоб нақл мекунем:

Чист он гӯйпайкари¹ гардон,
Гоҳ мино² ба рангу гаҳ марҷон?

Гӯӣ ёқутро ҳамемонад,
Баста андар зумуррадин чавгон.

Ранги ӯ ҳамчу гунаи маъшуқ,
Ки рухаш гашта аз ҳаё рахшон!..

Хориҷи ӯ ҳама ақиқи Яман,
Дохили ӯст ҷумла аз иқён³…

Ҳамчу атфол як ба як доранд
Аз зари ноб⁴ дар даҳон пистон…

Фирқа-фирқа нишаста ҳамзону,
Дар бари якдигар хазида чунон,

Ки сари мӯй дарнамегунҷад
Дар миён аз тавофуқи⁵ эшон.

Ҳар гурӯҳе ба гӯшаи дигаранд,
Дар паси пардаи афоф⁶ ниҳон.

Дар миёншон зи зарварақ баста
Пардаҳо дасти қудрати Яздон.

Нозуконанд, лек сахтдиланд,
Худ чунинанд нозукони ҷаҳон.

Ҳар як аз нозукиву лутф чунон,
К-об гарданд бар лабу дандон!

Биниаш ҳамчу чашми Ибни Ямин
Аз газанди замона хунафшон!

Шарҳи вожаҳо

  1. Гӯйпайкар — ҳаппакпайкар, тӯбшакл.
  2. Мино — шишаи шароб.
  3. Иқён — кулӯлачаҳои тилло.
  4. Зари ноб — тиллои холис.
  5. Тавофуқ — ҳамрангӣ, ҳамоҳангӣ.
  6. Афоф — порсоӣ, парҳезгорӣ, худро аз гуноҳ нигоҳ доштан.

Чистони шафтолу

Шафтолуи обдораш дилрабое буд, ки синаи софаш аз чоки гиребонаш менамуд…

Муаллиф — Восифӣ — барои шафтолу чистоне гуфта буд, ки зикраш дар ин ҷо муносиб намуд. Ин чистон ба тарзи интихоб нақл карда мешавад:

Шудам ба боғ барои назораи чаманаш,
Ки буд рашки риёзи наим¹ анҷуманаш.

Зи гӯшае санаме бар дарахт ҷилва намуд,
Ки об дар даҳан омад зи хубии зақанаш…

Нуҳуфта дар шиками он санам бувад тифле,
Ки ҳаст хаставу² бошад ҳамеша сурх танаш.

Чӣ гуна хаста набошад, чунин ки ҳар тарафе
Нишонаҳои сари сӯзан аст дар баданаш?

Висоли он санам ар орзуст, лоларухе
Бубар ба тарфи гулистон ба худ, ба макру фанаш.

Гузор даст ба нармӣ ба себи ғабғаби ӯ!
Бинӯш он чӣ сутудам, зи шарбати даҳанаш!

…

Зи боғи умр хӯрӣ бар, чу бишнавӣ суханаш.

Шарҳи вожаҳо

  1. Риёзи наим — боғҳои биҳишт.
  2. Хаста — дар ин ҷо бо чанд маъно омадааст: бемор; донаки мева; захмдор, яъне касе, ки дар баданаш захмҳои рӯипӯстӣ дорад.

Ба таъбири Восифӣ: «Амрудҳои чинии обдораш гӯё ҷуллоби набот буд, ки қанноди давронаш дар шишаҳои ҳалабӣ карда, митҳараи оби ҳаёт буд, ки Хизри баҳораш аз зулумот оварда…».

Норинҷаш дар латофат гарав аз меваҳои биҳишт мебурд ва турунҷаш монанди беморони сафровӣ зардранг буд, аммо аз шарбати худ беморони сафровиро муолаҷа менамуд.

Анҷири беназираш кӯкнордонаҳоро ба шираи қанд парвариш дода ва ба меҳмонони боғ дар табақи барги худ пеш ниҳода…

Маснавии Восифӣ дар тавсифи Тошканд ва боғҳояш

Нуктае чанд арҷманд шунав!
Сифати мулки Тошканд шунав!

Он диёре, ки хубияш ҳама ҷо
Гашт собит ба мардуми доно.

Ваҳ, чӣ мулке, ки равзаи ризвон¹
Шудааст аз хиҷолаташ пинҳон!

Ҳар ки бошад дар он диёр муқим,
Ёд н-орад дигар зи хулди наим².

Мурдан он ҷо бувад басе беҳтар,
Ки бувад зинда кас ба ҷои дигар…

Бод хокаш ҳамебарад ба фалак,
То кунад тӯтиёи чашми малак…

Оби ӯ ҳамчунон, ки оби ҳаёт
Шуд зи шармаш нуҳуфта дар зулмот.

Хизр аз он об агар хабар медошт,
Сӯи зулмат алам намеафрошт.

Рӯди оби Бурак, ки ҳаст равон,
Салсабилест³ дар риёзи ҷинон⁴.

Дар тагаш сангреза дурри самин,
Дархури гӯшвори ҳури ин…

Насамоти шамоли ӯ марғуб,
Чун дами рӯҳпарвари маҳбуб.

Аз ҳубуби сабош ҷони сақим
Ёфт дар дам шифою гашт салим.

Оташи ӯ чу маҳвашон дилкаш,
Лек чун лаъли дилкаши маҳваш.

Баски хоҳад, ки фитна ангезад,
Шуълаи ӯ нишинаду хезад.

Шуълаҳояш, ки бар фарози сар,
Ҳар яке ҳаст ҳамчу шӯшаи зар.

Хешро дуд з-оташон чу кашид,
Гашт дар лолазор сарв падид…

Ҳар тараф дар навоҳиаш боғест,
Ки аз ӯ дар дили Адан доғест.

Васфи боғоти ӯ кунам бунёд,
Меравад ҷаннату Ирам аз ёд.

Ҳар тараф қад кашида асфедор,
Ҳамчу болои нозпарвари ёр.

Он қаду қомат ар бутон бинанд,
Пеши эшон зи шарм биншинанд.

Чун санавбарқадони симинбар,
Сар кашидаст ҳар тараф аръар.

Сояи баргҳои бед дар об,
Моҳиёнанд банд дар қуллоб…

Сурхгулҳош бар фарози чаман
Ҳаст чун нори водии Айман.

Ғунча к-аз гулбун омада берун,
Хуми сабзест пур маи гулгун.

Ё дили андалеби маҳзун аст,
Ранг баста, дарун пур аз хун аст.

Ваҳ, ғалат кардаам, гули ин боғ
Бар дили андалеб бинҳад доғ.

Булбули ӯ зи шавқ нолон аст,
На зи бедоди гул дар афғон аст.

Хел-хели бунафша дар лаби ҷӯй
Рамаи барраест зангӯламӯй…

Ё зи мулки адам қатор-қатор
Нил оварда корвони баҳор.

Савсан ангуштҳо зи ғунча намуд,
Карда ангуштҳо зи нил кабуд,

Ки манам рангрез дар ҳама боғ,
Нил бошад муносиби саббоғ⁵.

Наргис омад ба боғу чашм расид
Сарвро, дар мараз дароз кашид…

Раста ҳар сӯ гули ҳамешабаҳор,
Ҳаст аз ӯ боғро ҳамеша баҳор.

Ё барои нисори мақдами вард⁶
Ашрафиҳо⁷ чаман парешон кард.

Ганҷи Қорун ба хок мадфун буд,
Сари он ганҷро баҳор кушуд.

Гули хайрӣ ба ҳар тараф сипарест,
Қуббаи ӯ забарҷадӣ гуҳарест.

Баҳри он аст, то шавад з-он ганҷ
Бар сари мо баҳор гавҳарсанҷ.

Лола аст ошёнаи булбул,
К-оташ афганда дар вай аз ғами гул.

Ё бувад ҳоване зи боди сабо,
Дар чаман гаштааст ғолиясо.

Арғувон ҳиндуест карда гуноҳ,
Танаш аз зарби чӯб гашта сиёҳ.

Ҳаст аз захми аз шумор афзун
Бар танаш садҳазор қатраи хун.

Дар чаман пеши ғунчаи занбақ⁸
Шамъи кофур гашта беравнақ.

Шӯшаи нуқра аст гашта аён,
Ки зи ангушти ёр дода нишон.

Наварӯсони боғро меъҷар⁹
Настаран аз ҳаё фиганда ба сар…

Фохта дар чаман даромад маст,
Бар сари шохсори сарв нишаст.

Муждаи гул шунид аз ҳар сӯ,
Ки баровард наъраи «ку-ку»…

Сифати меваҳои ӯ кун гӯш,
Ки даҳанҳо аз ӯст чашмаи нӯш.

Васфи ангураш оварам ба баён,
Ки гарав бурда аз дурри ғалтон:

Соҳибиҳои нозукаш ба назар
Ҳаст чун лаъли нозуки дилбар.

Донаҳои ҳусайниаш бешак
Ҳаст чун дурри қиматӣ ҳар як.

Бобакӣ ҳамчу хӯшаи Парвин
Бар сипеҳри разон намуда, бубин!

Шарҳи вожаҳо

  1. Равзаи ризвон — боғи биҳишт.
  2. Хулди наим — биҳишт.
  3. Салсабил — чашмаи биҳишт.
  4. Риёзи ҷинон — боғҳои биҳишт.
  5. Саббоғ — рангрез.
  6. Вард — гул, ба хусус гули сурх.
  7. Ашрафӣ — тангаи тилло.
  8. Занбақ — номи гул.
  9. Меъҷар — рӯймол ё сарпӯши занона.

Вожаҳои дигари матн: «дурри самин» — марвориди гаронбаҳо; «ҳури ин» — ҳури чашмкалон; «насамот» — насимҳо; «ҳубуб» — вазидани бод; «сақим» — бемор; «шӯша» — порчаи дарозрӯяи филиз; «ғолиясо» — сояндаи ғолия, яъне моддаи хушбӯй; «разон» — токҳо.

Эзоҳ ба тасвирҳои маснавӣ

Восифӣ дар байтҳои боло чаҳор унсур — бод, хок, об ва оташро — бо санъати таносуб дар тавсифи Тошканд овардааст.

Шарҳи вожаҳо аз бахши пешин

  • Ҷуллоб — шарбат.
  • Қаннод — ҳалвогар.
  • Ҳалабӣ — азбаски дар замонҳои пеш шишаҳои хуб дар Ҳалаб сохта мешуданд, шишаи хубро «шишаи ҳалабӣ» мегуфтанд.
  • Митҳара — обдон.
  1. Дурри самин — марвориди пурқимат.
  2. Ҳури ин — зани фарохчашму тансафед, ки чашму мӯяш бағоят сиёҳ аст.
  3. Насамот — хушбӯиҳо.
  4. Ҳубоб — вазиши бод.
  5. Сақим — бемор; зидди «салим».
  6. Шӯша — овезаи ях.
  7. Нори водии Айман — оташест, ки гӯё ба чашми Мӯсо пайғамбар бар сари дарахте намудор шуда буд.

Эзоҳҳо ба тавсифи гулҳо ва токҳо

  1. Саббоғ — рангрез.
  2. Вард — гули сурхи хушбӯй.
  3. Ашрафӣ — тиллои маскук, яъне сикказадашуда.
  4. Ҳинду — дар ин ҷо ба маънои ғуломи ҳиндӣ.
  5. Занбақ — гули ёсуман.
  6. Меъҷар — рӯпӯш.
  7. «Ку-ку» — дар ин ҷо ҳам овози фохта ва ҳам савол аз ҷой: «Ку?», «Куҷост?»
  8. Разон — токҳо; «раз» — ток.

Идомаи маснавӣ дар тавсифи меваҳои Тошканд

Бурда кӯрокиаш¹ гарав аз қанд,
Мекунад бар набот шаккарханд.

Шакар ангури ӯ зи шаккар беҳ,
Ба баҳояш наботу шаккар деҳ!

Ҳар ки дар ҷӯи об харбуза кишт,
Гашт фориғ зи меваҳои биҳишт.

Чун набот омада ба харбузааш
Дар муқобил ба лаззати мазааш,

Мисриён аз сари сиёсату қаҳр
Мекунандаш бурун ба чӯб аз шаҳр.²

Қанд омад чу дар баробари ӯ,
З-он шикастанд мардумон сари ӯ.

Сабзкарҷаш³ баробари ҷон аст,
Ҷон ба пешаш матои арзон аст…

Сабзу нозук чу ҷони ширин аст,
Шеваи нозукони сабз ин аст:

Он ки халқ аз ҳаловати ӯ сӯхт,
Аз «Алишер»⁴ нозукӣ омӯхт.

Сифати меваҳои бӯстонаш
Боз гӯям ба шарҳу дастонаш.

Ҳар анораш, ки норпистонист,
Кони лаъл асту лаъли руммонист.

Ҳуққае пур зи лаълу ёқут аст,
Дилу ҷонро зи қувваташ қут аст.

Сифати ношпотиаш натвон,
Ки зи фикраш шавад пуроб даҳон.

Ҳаст монанди шӯшаҳои набот,
Ё бувад зарфҳои оби ҳаёт.

Чӣ нависам зи хубии себаш,
Ки мабодо зи даҳр осебаш?

Ба занахдони дилбарон монад,
Ҳар касаш дид, дил бар он монад.

Лавҳашоллоҳ⁵ обу ранги биҳӣ,
Ки аз ӯ боғрост рӯ ба беҳӣ.⁶

Ҳаст беҳ з-обии⁷ биҳишти барин,
Ҳаст ризвонии хулд низ бар ин.⁸

Дигар аз меваҳош ҳаст анҷир,
Ки ба хубеш кас надида назир.

Ҳар як аз вай ҳаловати ҷонест,
Сари пистони норпистонест.

Ҳаст аз кони айш арконе,
Ин биноро мабод вайронӣ…

Шарҳи вожаҳо ва ишораҳо

  1. Кӯрак — як навъ ангур.
  2. Дар замонҳои пеш мисриён наботро ба ҷои ришта, ки ҳалвогарони мо истифода мекарданд, ба чӯб мерехтанд. Наботи Миср азбаски беҳтарини наботҳо буд, савдогарон онро ба ҳар тараф мебурданд. Маънии ин байт бар асоси ҳамин ҳодиса аст.
  3. Сабзкарҷ — харбузаи кӯкча.
  4. Харбузаи Алишер — харбузаест, ки ҳоло «Амирӣ» меноманд. Шоир дар ин ҷо калимаи «Алишер»-ро ҳам ба маънои навъи харбузаи маълум ва ҳам ҳамчун номи шоири бузурги ӯзбек кор фармудааст. Машҳур аст, ки табъи Алишер бисёр нозук буд.
  5. Лавҳашоллоҳ — дар ин ҷо ба маънои «Худо аз бадӣ нигоҳ дорад».
  6. Биҳӣ / беҳӣ — дар мисраи аввал номи меваи маълум аст; дар мисраи дуюм ба маънои хубӣ, дурустӣ ва саломатӣ.
  7. Обӣ — номи дигари биҳӣ.
  8. Барин / бар ин — дар мисраи аввал ба маънои баланду бартар; дар мисраи дуюм ба маънои «бар ҳамин».

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2