Зеҳн

МАХСУСИЯТИ РУШДИ БОЗОРИ КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЗЕ
Зеҳн8 октябри 2026 · 11 дақиқа хондан

Бозори молиявӣ ин ташкили ҳаракати махсуси маблағҳои пулӣ дар хоҷагиҳо аз соҳибони онҳо ба истифодабарандагони онҳо мебошанд. Зарурати объективии амал намудани бозори молиявӣ ин мувофиқат накардани талабот ба захираҳои молиявӣ ва сарчашмаи қонеъ намудани ин талаботҳо дар субъектҳои алоҳида мебошад. Аз ҳамин нуқтаи назар, бозори молиявӣ барои мусоидат намудани маблағҳои пулии муваққатан озод, тақсимкунӣ ва азнавтақсимкунӣ ва самаранок истифодабарии он маблағҳо шароит муҳайё месозад.

Низоми молиявӣ ин муайяннамоии қисматҳои молиявӣ мебошад, ки шакливазкунии маблағҳо дар сармоягузорӣ ва интихоби самтҳои баъдинаи истифодаи он дар соҳаҳои иқтисоди миллиро дар бар мегирад.

Бозори молиявӣ барои иқтисоди бозори муосир ҳамчун «маркази ақлҳо» ба ҳисоб меравад, ки бо иштироккунандагони гуногун ба мисли миёнаравҳои молиявӣ, ки бо фишангҳои гуногуни молиявӣ амалиёт гузаронида ва вазифаҳои мухталифро оид ба хизматҳои ҷараёни иқтисодӣ ва идоракунӣ иҷро менамояд, такя менамояд. Бозори молиявӣ ҳамчун маҷмўи низоми мураккаб ба ҳисоб меравад, ки дар он пул ва дигар активҳои молиявӣ ва уҳдадориҳои иштироккунандагон аз соҳаҳои моддии худ мустақил шуда, имконияти гардиши мустақилонаи худро пайдо менамоянд. Моҳияти бозори молиявӣ бо вазифаҳое шарҳ дода мешавад, ки низоми иқтисодӣ иҷро менамояд.

Бозори молиявӣ, дар навбати худ, аз рўи хусусиятҳои гуногун (аз он ҷумла, аз рўи хусусияти минтақавӣ, аз рўи иштирок ва муҳлати гар-диши фишангҳои молиявӣ, аз рўи дараҷаи ташкилӣ, аз рўи намуди активҳои дар гардишбуда, аз рўи оҷилан амалисозии амалиёт ва ғ.) гурўҳбандӣ карда мешавад, ки аз он ҷумла аз рўи намуди активҳои дар гардишбуда он ба бозорӣ қарзӣ, бозори асъор, бозори тилло ва металлҳои қиматбаҳо, бозори суғурта ва чӣ тавре ки қаблан қайд кардем, бозори коғазҳои қиматнок ҷудо карда мешавад.

Бозори коғазҳои қиматнок ин як қисми бозори молиявӣ мебошад. Таърихи пайдоиш ва тараққии коғазҳои қиматнок аз он гувоҳӣ медиҳад, ки он ҳанўз дар давраҳои асримиёнагӣ дар натиҷаи кашфиёти бузурги географӣ ба вуҷуд омада, ҳангоми тараққӣ ёфтани муносибатҳои савдои байналмилалӣ ва ҷамъиятҳои саҳомӣ ривоҷу равнақ ёфта, мавқеи давлат дар ин ҷараён васеъ буд. Аввалин маротиба коғазҳои қиматнок дар ҷамъиятҳои саҳомии бритонӣ (англисӣ), ки ба савдо сару кор доштанд бо номи компанияи «Ост-Индия» ва «Гудзонов» дар асрҳои XVI-XVII ба вуҷуд омаданд. Новобаста аз оне, ки мувофиқи баъзе сарчашмаҳо ёддоштҳои аввалин дар бораи фурўши коғазҳои қиматнок дар шаҳри Франкфурти давлати Олмон ҳанўз дар охири асри XV вомехўрад. Аниқтараш, соли 1585 савдогарони франкфуртӣ дар бораи ивази қурби воҳиди гуногуни пулӣ маслиҳатҳо намудаанд, ки он ҳамчун соли ташкилшавии биржаи фондии Франкфурт ба ҳисоб меравад.

Бояд қайд намуд, ки брокерҳо, яъне иштирокчиёни касбӣ (профессионалҳо)-и лондонӣ доду гирифтро (сделка) аввалан дар кўча ва каҳвахонаҳо оғоз намуданд, ки онро «бозори кўчагӣ» меномиданд. Аммо бо пешрафти соҳаҳои саноат ва ташкили корхонаҳои коркардабароӣ ва фурўши саҳмия ин бозорҳо мавқеи васеъро гирифтанд. Якумин шуда, дар Бритонияи Кабир соли 1773 биржаи фондии лондонӣ ба вуҷуд омада, дар муқоиса нисбат ба «бозори кўчагӣ», ҳамчун «бозорҳои муташаккил» ба фаъолият шурўъ намуд. Аввалин биржаи фондии амрикоӣ соли 1791 дар ш. Филаделфия ва соли 1792 дар ш. Ню-Йорки ИМА ба фаъолият шурўъ намудаанд, ки дар ниҳояти кор, ба пайдошавии бозорҳои муташаккил замина гузоштаанд.

Маблағгузориҳои бузург ба коғазҳои қиматнок дар миёнаҳои асри XIX ба амал омадаанд. Масалан, дар ҳамон давра дар давлати Олмон бонкҳои универсалии инвеститсионӣ ба вуҷуд омадаанд, ки додугирифтҳо (амалиёт)-ро бо коғазҳои қиматнок ба зимма доштанд. Бонкҳои инвеститсионӣ нақши васеъро дар индустриякунонии чунин мамлакатҳо ба монанди ИМА, Олмон, Шветсия ва дигар мамлакатҳо иҷро намуданд. Бозорҳои муташаккил ба тараққиёти саноату савдо мусоидат намуда, боиси он гардид, ки дар биржаҳо фурўши коғазҳои қиматнок, саҳмияҳо ва вомбаргҳо ба роҳ монда шаванд. Ҳамин тавр, мисолҳои дар боло овардашуда боиси пайдошавии бозорҳои муташаккил ва ғайримуташаккили коғазҳои қиматнок гардидаанд.

Ҳамин тавр, бозори коғазҳои қиматнок гуфта, чунин намуди бозорро меноманд, ки дар он ҷо хариду фурўши коғазҳои қиматнок сурат гирифта, низоми аз сохторҳои ташкилии гуногун ба мисоли эмитентҳо ва инвесторҳо бо якдигар алоқаҳои зичи ахборотӣ ва функсионалӣ доранд. Коғази қиматнок гуфта, ҳуҷҷатеро меноманд, ки ҳуқуқи соҳибӣ доштани онро ҳангоми пешниҳоди он коғаз муайян месозад. Ё бо тарзи дигар, коғазҳои қиматнок ин ҳуҷҷати пулӣ мебо-шад, ки ҳангоми пешниҳоди он ҳуқуқи соҳибӣ доштани онро нисбати он тарафе ки онро ба муомилот мебарорад, инъикос менамояд.

Аммо мутаассифона, имрўзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби мавҷуд набудан ва нисбатан суст тараққӣ ёфтани инфрасохтори он, бозори дуюминдараҷаи коғазҳои қиматнок дар сатҳи даркорӣ вуҷуд надорад. Аз ин ҷост, ки дар шароити ҳозира яке аз масъалаҳои муҳими ташаккулёбии бозори коғазҳои қиматнок ба роҳ мондан ва ҷоннок намудани фаъолияти инфрасохтори он ба ҳисоб меравад. То имрўз аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои қиматнок 16 иҷозатнома дода шудаасту халос. Аз ҷумла, 8 адад иҷозатнома барои фаъолият оид ба пешбурди феҳрист (каталог)-и дорандагони коғазҳои қиматнок, 6 иҷозатнома барои фаъолияти брокерию дилерӣ, 1 иҷозатнома барои фаъолияти маҳфуздорӣ (депозиторӣ) ва 1 иҷозатнома барои фаъо-лияти ташкили савдо дар бозори коғазҳои қиматнок дода шудаанд. Қайд кардан низ бамаврид аст, ки аз фаъолиятҳои касбии дар бозори коғазҳои қиматнок мавҷудбуда, фаъолияти пешбурди феҳрист (каталог)-и дорандагони коғазҳои қиматнок нисбатан инкишофёфта ба ҳисоб меравад. Нишондиҳандаҳои фаъолияти мазкур дар ҷадвали зерин нишон дода шудааст.

Вазифаҳои асосии бозори коғазҳои қиматнок аз инҳо иборат мебошад:

- вазифаи инвеститсионӣ, ё ин ки ташкил ва тақсимоти фондҳои инвеститсионие, ки барои васеъкунии истеҳсолот ва воситаҳои тех-никӣ равона карда мешавад;

- тақсимоти таваккал, бо роҳи ба гардиш даровардани маблағҳо ва амалисозии барномаҳо, ки иштироккунандагони таваккалро ба уҳдаи худ мегиранд;

- баландбардорӣ ва саҳмгузорӣ дар баргардонидани қарзҳо (аз он ҷумла давлатӣ) ва пўшонидани онҳо бо роҳи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматнок;

- вазифаи тақсимоти коғазҳои қиматнок, ки ба субъектҳои бозор имконият медиҳад, ки маблағҳои худро барои ба даст даровардани фоидаи калон таваккал намоянд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон коғазҳои қиматноки давлатӣ дар намуди вомбаргҳои бурднок, вомбаргҳои дохилӣ, векселҳои кўтоҳмуҳлати хазинавӣ фаъолият намуда, барорандаи он Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Солҳои 1992-1993 ва 1996 аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вомбаргҳои дохилӣ бароварда шуд. Қайд кардан бамаврид аст, ки вомбаргҳои дохилии соли 1992 ба муҳлати 10 сол, бо арзиши 250 рубл ва бо даромаднокии 10% бароварда шуд, аммо вомбаргҳои дохилии соли 1993-юм бо арзиши 500 ва 1000 рубл ва бо даромаднокии 20% бароварда шуд. Соли 1996 мувофиқи қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи 23.07.1996 с. «Оид ба барориши вомбаргҳои дохилии давлатӣ» вомбаргҳои дохилӣ бароварда шуд, ки муҳлати он то соли 2000 буд ва дар бозорҳoи Ҷумҳурии Тоҷикистон коғазҳои қиматнок фурўхта шуданд.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фурўши вом-баргҳои дохилӣ дар асоси қонуни «Вомбаргҳои дохилии давлатӣ», ки 23 июли соли 1996 бароварда шудааст, ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ аз ҷониби бонкҳои ваколатдор фурўхта мешавад. Фоизи вомбаргҳои дохилӣ бошад, дар намуди асъори миллӣ пардохта мешавад. Дар бозори коғазҳои қиматнок давлат векселҳои давлатии хазинадориро низ ба фурўш мебарорад. Векселҳои давлатии хазинадорӣ мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи 3 марти соли 1998 «Дар бораи векселҳои давлатии хазинадорӣ» бароварда шуд ва аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фурўш бароварда шуда ва то ин вақт идома дорад.

Мувофиқи санадҳои меъёрии амалкунанда аз соли 2008-ум то ба имрўз 259 ҷамъиятҳои саҳомӣ, аз он ҷумла 119 ҷамъиятҳои саҳомии кушода ва 140 ҷамъиятҳои саҳомии пўшида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад. Ин ҷамъиятҳои саҳомии амалкунанда дар давраи солҳои 2008-2014 барориши саҳмияҳои худро ба маблағи умумии 9,7 млрд. сомонӣ дар Вазорати молия ба қайди давлатӣ гирифта, дар феҳристи ҷамъиятҳои саҳомии вазорат сабт шудаанд. Дар маҷмўъ аз ҳисоби бақайдгирии саҳмияҳо зиёда аз 2,1 млн. сомонӣ маблағ ба буҷети давлатӣ пардохт карда шудааст.

Барои шинос шудан ба рушди бозори коғазҳои қиматнок таҷри-баи як қатор мамлакатҳои пешқадами дунёро мавриди таҳлил қарор медиҳем. Барои ба ин гуфтаҳо боварӣ ҳосил намудан, таҷрибаи баъзе аз кишварҳои тараққикардаро оиди рушди бозори коғазҳои қиматнок дида мебароем. Масалан, дар ИМА қонуни ягонаи федеролӣ оид ба хусусияти мафҳуми «саҳмия» ва ҳуқуқ ба он вуҷуд надорад, ба мисли оне, ки қонуни умумимиллӣ дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ низ вуҷуд надорад ва дар он ҷо мафҳуми «corporation»- «корпоратсия» истифода бурда мешавад. Ҳанўз дар соли 1950-ум кўшиши ба як шакл даровардани қонунҳо дар бораи ширкатҳо ба амал бароварда шуд, ки бо ин мақсад гурўҳи ҳуқуқшиносон қонуни моделӣ (тамсилавӣ) дар бораи корпоратсияҳоро кор карда баромаданд, ки баъзе талаботҳои онҳоро мақомотҳои қонунгузории штатҳо қабул намудаанд.

Корпоратсия метавонанд пўшида бошад, ки мувофиқи қонуни моделӣ (тамсилавӣ) дар бораи корпоратсияҳо миқдори саҳмиядорон аз 50 нафар бояд зиёд набошанд. Дар ин ҳолат фурўши саҳмия баъзе маҳдудиятҳоро доро мебошад. Гап сари он меравад, ки саҳмиядоре, ки хоҳиши фурўхтани саҳмияро дорад, бояд аввалан саҳмияи худро ба корпоратсия пешниҳод намояд ва баъди оне, ки он хариди саҳмияро рад намояд, он гоҳ баъдан ў онро ба шахси сеюм мефурўшад. Дар маҷ-мўъ чунин шакли ташкили корпоратсия дар ИМА кам вомехўрад. Дигар боқимондаҳо бо ном дар шакли корпоратсияи «хусусӣ» ва «умумӣ» (кушода) амал менамояд. Фарқияти корпоратсияи хусусӣ аз умумӣ дар миқдори саҳмияҳо, ки дар дасти як нафар (хусусӣ) ва дар дасти соҳибони бо якдигар алоқаманд (умумӣ) мебошад ва корпоратсияҳои бузурги амрикоӣ асосан ба таври умумӣ фаъолият менамоянд.

Таҷрибаи баъзе аз кишварҳо, аз он ҷумла давлати Британияи Кабир аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар бахши молиявии он тақрибан 5% ММД-и давлат истеҳсол карда мешавад, ки дар он 1 млн. одамон банд мебошанд. Тақрибан, аз се як ҳиссаи шуғлдоштагони ММД ба ҳиссаи ин бахш мувофиқ меояд ва Британияи Кабир дар ҷаҳон аз рўи бақия (сальдо)-и бартариятдоштаи савдои хизматрасониҳои молиявӣ ҷои аввалро ишғол менамояд (25 млрд. фунт стерлинг дар соли 2014). Ташкилотҳои молиявӣ асосан дар шаҳри Лондон ҷойгир шудаанд, ки 60% бозори аввалиндараҷаи вомбаргҳои аврупоӣ ва 70% бозори дуюминдараҷа ба ин ҷо рост меояд.

Ба мисли дигар қонунгузориҳои ИМА, дар қонунҳои бритонӣ низ дар бораи ширкатҳо меъёри муайян, ки ба намудҳои саҳмия тааллуқ дорад, тарзи интиқоли ҳуқуқи моликият барои саҳмия ва ғайраҳо вуҷуд надорад. Ширкатҳо метавонанд, дилхоҳ намуди саҳмияро бароранд ва барои ҳамин ҳам, зимни барориши намудҳои саҳмия на ба қонунҳо, балки ба таҷрибаи андухташуда такя намудан лозим аст. Масалан, саҳмияҳои одӣ бояд ҳатман бо пардохти номиналӣ пурра ва қисман бароварда шавад. Номинали нисбатан паҳншуда дар Британияи Кабир -25, 50 ва 100 пенс мебошад, ки ҷой намудани номинал бо нархи аз номинал поён иҷозат дода намешавад, аммо аз номинал боло ба таври васеъ паҳн карда шудааст. Чун қоида, як саҳмия як овоз дорад, аммо дар баъзе ширкатҳо паст намудани миқдори овозҳо дар ҳолати зиёд намудани миқдори саҳмияҳо низ ба назари эътибор гирифта шудааст.

Уҳдадориҳои қарзии давлатии Британияи Кабир номҳои гуногун доранд ба мисоли: British funds, British Government stocks, British Government negotiable debt. Мафҳуми нисбатан паҳнгардида gilts (ё ин ки gilt-edged securities - «гилтҳо») мебошад. Ба гилтҳо73 % ҳамаи займҳои давлатӣ рост меояд. Дар моҳи марти соли 2012 қарзҳои умумӣ аз рўи гилтҳо 356 млрд. фунт стерлингро ташкил медод, ки ба 94% уҳдадориҳои озоди дар гардишбуда баробар буданд.

Бозори вомбаргҳои Ҷумҳурии Федеролии Олмон аз рўи ҳаҷми қарзҳои вомбаргӣ дар дунё ҳамчун бозори миллӣ ҷои сеюмро баъди ИМА ва Япония мегирад, ки он дар ҳаҷми $ 4,1 трлн. арзёбӣ мегардад. Афзоиши бозори вомбаргҳо дар солҳои 90-уми асри гузашта, дар бисёр ҳолат, ба якҷояшавии Олмон, зарурати ёрии байниякдигарӣ ва ба зиёдшавии буҷети федеролӣ монеъ мегардид. Баъди бардоштани девори берлинӣ дар соли 1989 ҳаҷми қарзҳои ҳукумати федеролӣ ба миқдори 2 баробар зиёд гардид. Дар охири солҳои 90- уми асри гузашта, ба мисли дигар мамлакатҳои пешқадами дунё, кам намудани қарзҳои давлатӣ чӣ ба таври мутаносибӣ ва чӣ ба таври комилан (мутлақо) ба амал омад.

Хусусияти бозори вомбаргии Олмон ин бартарияти вомбаргҳои бонкӣ дар сохтори қарздорон ва саҳми нисбатан ками нархмонии ширкатҳои саноатӣ мебошад. Дар давлати Олмон қариб 90% вомбаргҳо тақдимӣ мебошад, ки онҳо дар бозори биржавӣ ва ғайрибиржавӣ дар гардиш мебошанд. Саҳмияҳои номӣ бошанд, нархмонии биржавӣ надоранд ва танҳо дар бозорӣ ғайрибиржавӣ (бо таври телефонӣ) фурўхта мешаванд.

Ҳамин тавр, таҷрибаи мамлакатҳои пешқадами дунё аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки бозори коғазҳои қиматнок дар ин кишварҳо дар дараҷаи лозимӣ тараққӣ карда, яке аз сарчашмаи даромади аҳолӣ аз ҳисоби хариду фурўш ва мубодилаи намудҳои гуногуни коғазҳои қиматнок сурат мегирад. Мо боварӣ дорем, ки дар ояндаи наздик низ дар ҷумҳурии мо яке аз сарчашмаи даромади аҳолӣ аз ҳисоби хариду фурўш ва мубодилаи коғазҳои қиматнок сурат гирифта, барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва рушди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мусоидат хоҳад намуд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2