МАХСУСИЯТҲО ВА АСОСҲОИ ҲАМКОРИИ БАЙНИ ДАВЛАТҲО ДАР ТИҶОРАТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Яке аз тамоюлҳои асосии рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ ин ба роҳ мондани муносибатҳои байнидавлатӣ ва тиҷорати байналхалқӣ дар самти воридшавии сармоя ба сохтори хусусии мамлакат аст. Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҳамкориҳои муштараки худро бо бисёр мамлакатҳои ҷаҳон ба роҳ монд. Махсусан самтҳои фаъолият бо давлатҳои тараққикарда, аз қабили Федератсияи Россия, Ҳиндустон, Чин ва ғайра хело устувор гардиданд. Дар робита бо ташкил гардидани як қатор корхонаҳои муштарак ва амалӣ шудани савдои байналмилалӣ Тоҷикистон барои баланд бардоштани саҳми тиҷорати худ дар бозори байналмилалӣ талош менамояд. Соли 2012 дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як рўйдоди муҳими таърихӣ ба вуқўъ пайваст. Дар ҷаласаи Шўрои генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо, ки дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария баргузор гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба узвияти Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) пазируфта шуд. Дар ин замина барои рушди муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо мамлакатҳои аъзои СУС шароит ва заминаҳои воқеӣ фароҳам оварда шуданд.
Дар замони муосир тарз ва усулҳои гуногуни гузаронидани тиҷорати байналхалқӣ вуҷуд дорад. Муносибатҳои созишномавӣ дар пешбурди тиҷорати байналхалқӣ дар замони муосир яке аз усулҳои васеъ паҳнгардидаи бароҳмонии муносибатҳои байни корхонаҳои байналхалқию фаромиллӣ бо корхонаҳои хурду миёнаи мамлакатҳои рў ба тараққӣ ба ҳисоб меравад. Ин муносибатҳо ба корхонаҳои хурду миёнаи мамлакатҳои рў ба тараққӣ имконияти бомуваффақият ворид шуданро ба сохтори истеҳсолии ширкатҳои бузург дар бозори ҷаҳонӣ дар асоси истифодаи бартариятҳои тақсимоти байналхалқии меҳнат, яъне махсусгардонии истеҳсолӣ ва кооператсияи истеҳсолӣ фароҳам меоранд. Инчунин, интихоби шаклҳои ташкили тиҷорати байналхалқӣ барои корхонаҳои хурду миёна барои роҳ ёфтан ба технологияҳои муосир, усулҳои пешқадами идоракунӣ, сарчашмаи сармоягузориҳои хориҷӣ, сарфанамоии хароҷоти иқтисодӣ ҳангоми бароҳмонии фурўши маҳсулот ба воситаи истифодаи нуфузу эътибори ширкати байналхалқӣ имконият фароҳам меоранд.
Равандҳои ҳамгироӣ дар иқтисодиёти мамлакат бояд дар заминаи коркард ва иҷрои сиёсати мулоҳизашудаи робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ҷараён ёбанд.
Мақсади чунин сиёсат аз инҳо иборат аст:
- дар Тоҷикистон пайдо кардани равзанаи устуворе дар бозори ҷаҳонӣ нисбати молҳое, ки барои истеҳсоли онҳо дар мамлакат шароитҳои табиӣ ва иқтисодии мусоид мавҷуд аст;
- самаранок истифода бурдани равандҳои ҳамгироӣ барои тезонидани динамикаи афзоиши иқтисодӣ, пурра бартараф сохтани камбизоатӣ ва ба зудӣ баланд бардоштани дараҷаи зиндагии аҳолӣ бо назардошти стандартҳои прогрессивии ҳаёт;
- муваффақ гаштан ба рақобатпазирии молҳои ватанӣ ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар бозори хориҷӣ;
- азнавсозии техникии пурраи иқтисодиёт, зуд тараққӣ кардани соҳаҳои технологияи баланд, инноватсия ва «ноу-хау»;
- ҳамаҷониба тарақкӣ кардани сармояи инсонӣ мутобиқи равандҳои дар ҷаҳон идомаёбандаи ҷараёнҳои иқтисодӣ, инноватсионӣ ва иҷтимоӣ-маданӣ;
- таъмини бехатарии пурраи иқтисодии мамлакат;
- муваффақ гаштан ба дараҷаи устувори захираҳои тиллою асъор, ки барои таъмини истиқлолияти иқтисодӣ ва сиёсии мамлакат асоси боэътимоди монетариро ташкил медиҳанд;
- муваффақ гаштан ба тавозуни мусбати гардиши савдои хориҷии мамлакат;
- дар охири давраи пешбинишаванда ба кишвари мунтазам тараққикунанда табдил додани Тоҷикистон ва ба клуби даҳаи аввали кишварҳои миёнаи тараққикунанда дохил шудани он.
Сиёсати аз ҷиҳати илмӣ асосёфтаи воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, зиёд намудани иқтидори содиротии мамлакат, ки бояд бо назардошти мазмуни раванди гуфтугузорҳо оид ба дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ба ин ҳадафҳо ҷавоб медиҳанд.
Дар баробари ин, дар системаи робитаҳои иқтисодии байни давлатҳо фаъолияти доду гирифти қарзҳои байналхалқии хориҷӣ ҷойи махсусро ишғол менамояд. Ба таври умумӣ қайд менамоем, ки он фаъолияте ба шумор меравад, ки бо ёрии он давлатҳо метавонанд тахассусоти худро равнақ диҳанд, самаранокии манбаъҳои иқтисодиро баланд бардоранд ва ба ин восита метавонанд ҳаҷми умумии истеҳсолоти худро зиёд намоянд.
Тақсимоти байналхалқии меҳнат ва тақсимоти нобаробари манобеи иқтисодии байни давлатҳо ба зарурати тиҷорати байналхалқӣ оварда расонида, ба махсусгардонии истеҳсоли он маҳсулоте мусоидат менамояд, ки барои истеҳсоли он шароити мусоид мавҷуд аст. Муайян намудани махсусгардонии иқтисоди давлат аз бисёр ҷиҳат ба афзалияти табиӣ ва омилҳои бадастовардаи онҳо вобаста аст. Яъне, аз мавҷудияти манбаъҳои табиӣ, вазъи иқлим ва таҷрибаи истеҳсоли ин ё он маҳсулот вобастагӣ дорад.
Солҳои охир дар бисёри мамлакатҳои ҷаҳон бо усулҳои идоранамоии бозорӣ, гурўҳию маъмурӣ, ҳамчунин мамлакатҳои шароити иқтисодиёти гузариш сохтори нави институтсионалӣ ба роҳ монда шуда, дар системаи муносибатҳои иқтисодии мамлакат ва сохторҳои хусусӣ тағйироти назаррас ба вуҷуд омаданд. Мақсади асосии тағйироти зерин ба ду самт тақсим карда мешавад: тағйироти таносуби тақсимоти даромади миллӣ ба фоидаи даромади соҳибкорӣ ва паст кардани монеаҳои бароҳмонии тиҷорати байналхалқӣ, ки аз он рушди иқтисодӣ ва тағйироти иқтисодии мамлакат вобастааст. Асоси муносибатҳои дуҷонибаи давлатию тиҷорати байналхалқиро васеъкунии муҳит барои гардиши озоди сармоя ва воридшавии он ба соҳаҳое, ки чунин имкониятро дар ибтидо надоштанд, ташкил мекунанд. Тоҷикистон дар раванди ҳамкориҳои дуҷониба барои тақвият додани муносибатҳои иқтисодӣ, ба роҳ мондани тиҷорати байналмилалӣ, тиҷорати наздисарҳадӣ як қатор чорабиниҳои заруриро амалӣ намуд.
Ҳамкории хоҷагидории давлатию тиҷорати байналхалқӣ имконияти ҳавасмандгардонии сармояи хориҷиро ба сохторҳои давлатӣ таъмин намуда, проблемаи буҷаи давлатиро камтар гардонида, қисми асосии таваккалиятро ба дўши сохторҳои соҳибкории хориҷӣ равона намуда, объектҳои хусусии давлатиро ҳимоя мекунад.
Дар шароити имрўза ҳамкории давлатию тиҷорати байналхалқӣ дар сохторҳои иқтисодӣ, соҳаҳои инфрасохторҳои истеҳсолӣ (энергетика, нақлиёти роҳи оҳан, хоҷагии автомобилӣ, роҳҳои ҳавоӣ, (фурудгоҳҳо), қубурҳои газ, хоҷагидории коммуналӣ ва ғайра) фаъолият карда истодааст. Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тоҷикистон то 1 апрели соли 2018 68 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ фаъолият намуда истодаанд, ки самтҳои гуногунро дар бар мегиранд. Ҷалби сармоя ва ҳамкориҳои судманд бо институтҳои байналмилалии сармоягузорӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор рафта, дар ин замина барои ба роҳ мондани ҳам тиҷорати байналмилалӣ ва ҳам тиҷорати дохилӣ шароитҳои мусоид фароҳам меорад.
Бояд гуфт, ки тараққиёти раванди ҳамкории давлатию тиҷорати байналхалқӣ бо якчанд омилҳои асосӣ муайян карда мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо барои ба роҳ мондани тиҷорати байналхалқӣ давлат метавонад аз санад ва созишномаҳои ба имзорасида истифода намуда, бо ҷалби бахши хусусӣ чунин намуди тиҷоратро роҳандозӣ намояд. Чунин раванд ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусиро тақвият мебахшад ва, аз ҷониби дигар, барои рушди минбаъдаи тиҷорати байналмилалӣ заминаҳои воқеиро фароҳам меорад. Нақши давлат дар тиҷорати байналмилалӣ калон аст. Як қатор вазифаҳое, ки ба дўши давлат вогузор мегарданд, тақозо менамоянд, ки дар мавриди ба тасвиб расонидани шартномаҳои ҳамкорӣ, пешниҳод намудани кафолатҳои бонкӣ ва дигар намуди кафолатҳо омилҳои асосии танзими муносибатҳои дуҷониба ба инобат гирифта шаванд.
Хусусиятҳои асосии ҳамкории байни давлатию тиҷорати байналхалқӣ чунинанд:
- Маҳдудият дар вақт: аз рўи қоида, ҳамкорӣ дар ташаккулёбии ягон объекти муайян ба вуҷуд меояд, ки онро бояд дар вақти муайян барқарор сохта, амалӣ намоянд.
- Маҳдудият дар муҳит, ки метавонад танҳо барои сохтани (барқарорсозии) объекти муайян пешниҳод карда шавад, (онҳо метавонанд фурудгоҳ, роҳи автомобилӣ ва ғайра бошанд) ва шароити бавуҷудоии рақобатпазирии иқтисоди бозоргониро ба вуҷуд меорад.
Барои ба имзо расонидани ҳар як қарордод рақобати шадид ҳам дар мамлакатҳои тараққикарда ва ҳам дар мамлакатҳои рў ба тараққӣ ба назар мерасад. Рақобати солим дар фазои тиҷорати байналмилалӣ барои ҳавасмандии ҷонибҳои ҳавасманд мусоидат менамояд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тайи солҳои охир дар савдои байналмилалӣ рақобатҳои шадид ба вуҷуд омада истодаанд. Мамлакатҳои тараққикарда ва рў ба тараққӣ бештар дар рақобат устуворӣ нишон дода истодаанд, ки ин аз ҳаҷми васеи маҳсулоти дохилии онҳо, сатҳу сифат ва талаботи ин молу маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ ва рақобатпазир будани онҳо шаҳодат медиҳад.
Хусусиятҳои муосири ҳамкории давлатҳо ва байнидавлатии тиҷорати байналхалқӣ ҳамчунин дар васеъшавии сарҳадҳои ҷуғрофӣ асос меёбад. Дар гузашта онҳо бештар аз ҷониби мамлакатҳои тараққикарда бо миқёси маҳдуд истифода бурда мешуданд. Дар солҳои барқарорсозии муносибатҳои либериалӣ ҳамкории байнидавлатӣ ва тиҷорати байналхалқӣ яке аз унсурҳои асосии хоҷагидории бисёр мамлакати ҷаҳон гаштааст. Зеро давлатҳо барои танзими муносибатҳои бозоргонӣ ва муносибатҳои хоҷагидорӣ роҳҳоеро ҷустуҷў намуда истодаанд, ки барои баланд гардидани иқтидори содиротии молу маҳсулоти онҳо мусоидат менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин замина муносибатҳоро барои ҳам барои содирот ва ҳам барои воридоти молу маҳсулот ба роҳ мондааст, ки ин натиҷаҳои дилхоҳ ба бор оварда истодааст. Масалан, тасмим гирифта шудааст, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулот бо ҷумҳуриҳои ҳамсояи зиёд гардад - бо Федератсияи Россия дар соли 2018 гардиши мол 9 фоиз афзоиш ёфта, зиёда аз 1 миллиард долларро ташкил намуд.
Мақсади ҳар як давлати соҳибихтиёр дар хоҷагии ҷаҳон ин баланд бардоштани неруи содиротии худ ва мустаҳкам намудани мавқеи худ дар бозори ҷаҳонӣ мебошад. Вобаста ба ин Тоҷикистон низ дар сафи аксари мамлакатҳои ҷаҳон дар тиҷорати байналхалқӣ фаъолона ширкат карда, рўз то рўз содироти молҳои рақобатпазири худро зиёд карда истодааст. Тоҷикистон неруи бузурги содиротӣ дошта, беш аз ҳама, қувваи барқ, алюминий, пахта ва маҳсулоти нассоҷӣ ба хориҷи кишвар содир карда мешавад. Агар солҳои шўравӣ танҳо ба кишварҳои узви Иттифоқи Шўравӣ робитаи тиҷоратӣ ба роҳ монда шуда бошад, имрўз Тоҷикистон бо 100 давлати ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ дорад.
Масалан, ҳаҷми содирот дар муқоиса бо соли 2008 21 маротиба афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми бештари содироти мол аз Тоҷикистон ба кишварҳои Туркия, Федератсияи Россия, Эрон, Афғонистон рост меояд. Ҳанўз ҳам имкониятҳои фаровони истифоданашуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр аст. Масалан, метавонем гардиши савдоро бо Ҷумҳурии Исломии Покистон то 500 миллион доллар афзоиш диҳем. Зеро, ҳар қадаре, ки содирот бештар сурат гирад, имконияти бештари воридот ва гардиши тиҷоратӣ ба миён меояд. Дар савдои хориҷӣ аз ҷиҳати содирот бо давлатҳои хориҷ Қазоқистон дар ҷойи аввал меистад ва 27,1 фоизро ташкил медиҳад, дар ҷойи дувум Туркия аст бо 19,5% фоиз, дар воридоти молу маҳсулот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, Федератсияи Россия 32,6% ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 20%-ро ташкил медиҳанд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки барқарор шудани муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ўзбекистон, ки солҳои охир вусъати тоза гирифтанд, омили муҳими рушди устувори на танҳо ин кишваҳо, инчунин минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
Динамикаи афзоиши устувору босуръати тиҷорати мол байни ин ду кишвари ҳамсоя худ гувоҳи рушди беназири муносибатҳои иқтисодию тиҷоратианд, ки маҳз ба шарофати талошҳои пайвастаи сарони ин кишварҳо имконпазир гардид.
Қайд кардан зарур аст, гардиши мол байни Тоҷикистону Ўзбекистон соли 2017 назар ба соли 2015 қариб 7 маротиба афзуда, беш аз 126 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод ва соли 2018 ба 236 миллион доллар расид. Содироти маҳсулот ба Ўзбекистон якуним маротиба зиёд шуд. Дар шаш моҳи соли 2019 гардиши мол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 дарсад (69 миллион доллар) афзуда, $192,6 миллионро ташкил додааст.
Ин ду кишвар имкон доранд, ки солҳои наздик ҳаҷми гардиши солонаи молро ба 1 миллиард доллар расонанд.
Барои рушди савдои хориҷӣ чораҳои сиёсати тиҷоратӣ қабул гардидаанд, ки бо қабули қонуну барномаҳои муайян танзим карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки масъалаи ҳамлу нақли мол бо роҳҳои ҳавоӣ, обӣ ва заминӣ ва нархи боркашонӣ барои рақобатпазирии молҳои содиротӣ гарон буда, он барои рушди соҳа монеа эҷод мекунад. Вазъи содироти хизматрасониҳо бошад, афзалияти бештар дошта, фоидаовар аст.
Ҳамаи ин ҳамкориҳо аз рушди босуботи Тоҷикистон ва мавқеи назаррас пайдо намудани он дар бозори ҷаҳонии тиҷорат ва савдо шаҳодат медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд тартиби муайяни худро дошта, метавонад се дараҷаи гуногунро доро бошад:
- ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти хусусӣ;
- ҳамкорӣ дар сатҳи давлатӣ, ҳангоме ки яке аз субъектонаш ҳокимияти маҳаллию ҷумҳуриявӣ бошад;
- ҳамкории байнидавлатӣ.
Дар адабиёти иқтисодӣ таснифоти гуногуни шаклу намудҳои ҳамкории давлатӣ ва тиҷорат дар соҳаи хоҷагидорӣ вуҷуд дорад. Ба ҳайси нишондиҳандаҳое, ки ба ин ё он сохтор дахл дорад, инҳо баромад мекунанд: муносибатҳои моликиятдорӣ, дараҷа ва шаклҳои иштироки давлат дар лоиҳаҳо ва ниёзи тиҷорат аз давлат.
Созишномаҳо барои пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ дар соҳаҳои иҷтимоию истеҳсолӣ, бо мақсади гирифтани даромад аз пардохтҳои давлатӣ мебошад.
Дар шароити имрўза ташкили корхонаҳои муштарак дар шаклҳои гуногун бо кишварҳои собиқ ИДМ хеле ривоҷ ва равнақ ёфтааст. Солҳои охир таъсиси корхонаҳои муштарак ҳамчун воридшавии сармоя ба кишвар баҳо дода мешавад. Дар ин давра фаъолияти корхонаҳои муштарак на барои ба даст овардани даромад, балки бо мақсади ба бозори ҷаҳонӣ баровардани молу хадамот сурат мегирад.
Бояд гуфт, ки дигар намуди ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва тиҷорати байналхалқӣ, ки дар боло оварда шудааст, дар кишвари мо истифода бурда мешавад.
Дар замони муосир бисёри мамлакатҳои тараққикарда раванди танзимнамоии тиҷорати байналхалқиро ташкил кардаанд. Қисми асосии соҳаҳои иқтисодиро мамлакатҳои аъзои Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (ОЭСР), инчунин аъзоҳои мамлакатҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ ширкатҳои хориҷӣ ва дохилии онҳо ташкилкарда тамоми имтиёзҳову маҳдудиятҳои ба онҳо пешниҳодшаванда якхела мебошанд.
Се дараҷаи асосии фаъолияти унсурҳои танзими байналхалқиро ҷудо кардан мумкин аст: глобалӣ, минтақавӣ ва дутарафа, ки ҳамаи инҳо дар таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд.
Дараҷаи глобалӣ зиёдтар дар шакли қарордоду созишномаҳое, ки дар доираи созмонҳои иқтисодии байналхалқӣ баста шудаанд, пешниҳод карда мешаванд. Масалан: ХБА, СУТ, ҲИД.
Конвенсияи асосии байналхалқие, ки фаъолияти тиҷорати байналхалқиро ба танзим медарорад, ин конвенсияи Париж дар бораи ҳифзи моликияти саноатӣ (соли 1883) ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, як қатор конвенсияҳои батанзимдарории муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ қабул карда шудаанд:
- Конвенсияи Вена дар бораи хариду фурўши маҳсулот, ки якхелагардонии қонуниятҳои миллиро ба танзим медарорад.
- Конвенсияи Сеул дар бораи таъсиси ташкилотҳои байналхалқии суғуртанамоии инвеститсияҳо.
Танзими созишномаҳои байналхалқӣ ин нишондиҳандаи ҷалбшавии давлатҳо ба хоҷагии ҷаҳон мебошад ва аз ду сатҳ ин ҷалбшавӣ вобастагии амиқ дорад: дар сатҳи давлатӣ (ҳукуматӣ) ва сатҳи субъектҳои алоҳидаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ.
Равандҳои ҳамгироӣ дар сатҳи байнидавлатӣ аз рўи фаъолияти мақсадноки давлат ва ё гурўҳи давлатҳо бо мақсади рушди бисёртарафаи алоқаҳои иқтисодии берунӣ, наздикшавии байниҳамдигарӣ, ҳаракати сармоя байни ҳамдигар фаҳмида мешавад.
Ҳамин тариқ, ҳамгироии минтақавӣ дар ин сатҳ метавонад иқтисодиёти миллии давлатҳои аъзои онро мустаҳкам намояд. Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ воситаи умедбахши устуворнамоии вазъи иқтисодии ин давлатҳо ба шумор меравад. Ва ин марҳила (сатҳ) барои гузариши онҳо ба сатҳи дигари баландтари ҳамгироӣ дар хоҷагии ҷаҳон, ки ҳамгироии ҳаматарафа (байналхалқӣ) ном дорад, шароити мусоид фароҳам меорад.
Дар назарияи муосири ҳамгироии иқтисодии байналхалқӣ панҷ марҳилаи пай дар пайи тараққӣро фарқ кардан мумкин:
- Созишномаҳои имтиёзноки тиҷоратӣ;
- Минтақаи озоди тиҷоратӣ;
- Иттиҳоди гумрукӣ;
- Бозори умумӣ;
- Иттифоқи иқтисодӣ.
Дар марҳилаи аввал, ки давлатҳо қадамҳои аввалинро дар роҳи наздикшавии мутақобила мениҳанд, байни онҳо созишномаҳои имтиёзноки тиҷоратӣ баста мешавад. Чунин намуди созишномаҳо ё байни ду давлати алоҳида ё дар асоси созишномаи дутарафа ё байни иттиҳоди ҳамгироии аллакай амалкунанда ва давлати алоҳида ё гурўҳи давлатҳо ба имзо расанд. Барои танзими ин созишномаҳо ягон мақомоти идоракунии байнидавлатиро созмон намедиҳанд.
Марҳилаи дуюми рушди равандҳои ҳамгироӣ ин минтақаи озоди тиҷоратӣ мебошад. Дар фаҳмиши муосир, ин минтақаи имтиёзнок, ки дар ҳудуди он тиҷорати аз боҷҳои гумрукӣ озоди молҳо амалӣ мегардад.
Натиҷаи ташкили минтақаҳои озоди тиҷоратӣ ба тезутундшавии рақобат дар бозори дохила меоварад, ки ин на ҳама вақт ба сифат ва сатҳи техникии молҳои саноати ватанӣ таъсири мусбӣ мерасонад. Марҳилаи навбатии рушди ҳамгироӣ иттифоқи гумрукӣ мебошад. Иттифоқи гумрукӣ ин созишномаи ду ё зиёда давлат дар бораи барҳамдиҳии боҷҳои гумрукӣ дар тиҷорат мебошад.
Мувофиқи моддаи 14-и Созмони умумиҷаҳонии савдо иттифоқи гумрукӣ ивазкунии якчанд ҳудуди гумрукиро бо ҳудуди ягона пешбинӣ менамояд, ки дар натиҷа ҳамаи боҷҳои гумрукӣ дар дохили иттифоқи гумрукӣ барҳам дода мешаванд ва тарифи ягонаи гумрукӣ нисбати давлатҳои сеюм дохил карда мешавад. Яъне, дар дохили ҳамгироӣ тиҷорати бе боҷи мол ва хадамот ташкил карда мешавад ва инчунин ҳаракати озоди онҳо дар дохили минтақа пешбинӣ карда мешавад. Фарқияти иттифоқи гумрукӣ аз минтақаи озоди тиҷоратӣ дар он аст, ки дар минтақаи озоди тиҷоратӣ бекоркунии пайдарҳами боҷҳои гумрукӣ ва маҳдудиятҳои ғайритарифӣ пешбинӣ гардидааст, Иттифоқи гумрукӣ бошад, тиҷорати бе боҷ ва дохил кардани тарифи умумӣ нисбати давлатҳои сеюм пешбинӣ карда мешавад.
Марҳилаи сифатан баландтари ҳамгироӣ бозори умумӣ мебошад. Дар давраи ҳозира ин марҳилаи рушди ҳамгироӣ дар амалия Иттиҳоди Аврупо татбиқ карда шудааст, ки дар асоси таҷрибаи он хулосаҳо ва баҳодиҳӣ гузаронида мешавад. Гузаштан аз иттифоқи гумрукӣ ба бозори умумӣ ба гурўҳи омилҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ вобастагӣ дорад. Дар ҳудуди бозори умумӣ давлатҳои ҳамгирошаванда созишномаи ҳаракати озоди на фақат мол ва хадамот, балки ҳаракати озоди омилҳои истеҳсолот ва қувваи кориро имзо мекунанд.
Мусаллам аст, ки Тоҷикистон дар қатори давлатҳои пешрафта барои ҳамгироӣ, пешбурди тиҷорати байналхалқӣ ва ба роҳ мондани муносибатҳои мутақобилан судманд ҳавасмандии зиёд дорад, зеро аз сатҳи онҳо пешрафти иқтисодиёти мамлакат, баланд гардидани обрўю эътибори мамлакат дар миқёси ҷаҳонӣ ва, дар ин замина, беҳтару хубтар гардидани сатҳу сифати хизматрасониҳо вобастагии калон дорад.
Ҳамин тариқ, бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва равандҳои амиқи муносибатҳои бозоргонӣ тиҷорати байналмилалии Тоҷикистон дар сатҳе ба роҳ монда шудааст, ки айни замон бештар ба содироти молу маҳсулот, аниқтараш, маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ нигаронида шудааст. Бо саноатикунонии мамлакат ҷанбаҳои дигари содироти молу маҳсулоти саноатӣ ба роҳ монда мешавад ва ин омил самтҳои тиҷорати байналмилалии Тоҷикистонро боз ҳам фарохтар мегардонад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё