Зеҳн

МЕХАНИЗМҲОИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАНЗИМИ РАВАНДҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ ВА ИҶТИМОӢ ДАР ДЕҲОТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ЗЕ
Зеҳн8 октябри 2026 · 11 дақиқа хондан

Дар натиҷаи ислоҳоти аграрии феълан амалишаванда дар комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаҳои мусбат ва ҳам манфӣ пайдо шуданд, ки аз ҷумла, ба асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии он таъсир мерасонанд. Бахусус, сохтор ва идораи КАС (комплекси агросаноатӣ) ислоҳ шуданд, шаклҳои нави хоҷагидории ба шаклҳои сершумори моликият асосёфта рушд мекунанд. Дар ин миён вазъияти фароҳамшудаи пошхўрӣ ва таназзули комплекси агросаноатии кишвар бо хусусигардонии ғайриоқилонаву саросемавор, беназорат мондани нархҳо ва гум шудани идоракунии амудӣ дар кишвар вобастагӣ дорад. Дар натиҷа, соҳаи бозори озуқаворӣ ҳамчун низоми иқтисодӣ хароб шуда, ҷои хоҷагии мукаммали халқро пораҳои парокандаи алоҳидаи он гирифтанд.

Ҳамаи ин зарурати тағйири куллии механизми хоҷагии тамоми соҳаи кишоварзӣ, ислоҳи усулҳои хоҷагидорӣ ва идораи субъектони бозори аграриро ба миён овард. Масъалаи муҳими дигар - таъмини истифодаи тамоми комплекси усулҳои идоракунӣ, яъне усулҳои иқтисодӣ, ташкилӣ-амрдиҳӣ, иҷтимоӣ ва равонӣ мебошад.

Моҳияти механизми хоҷагии КАС аз маҷмўи фишангу усулҳои ба ҳамдигар алоқаманди таъсиррасонӣ ба истеҳсол, тақсим ва истеъмоли маҳсулот иборат аст.

Аммо то ҳозир назари муназзам ба чораҳои таъсиррасонии давлат ташаккул наёфтааст; татбиқи чораҳои алоҳида ва ғайримуташаккилу бетартиб имкони пешбурди сиёсати мақсадноки кишоварзию озуқавориро таъмин намекунад ва самараи иқтисодии дилхоҳро намедиҳад.

Ба андешаи мо, мавқеъҳои асосии ибтидоӣ бояд зарурати иҷрои тадбирҳои зерин бошанд:

- муайян кардани ҳудуду доираи сиёсати аграрии озуқаворӣ, ки самту ҳаҷми ёрии давлат ба истеҳсолоти кишоварзиро инъикос менамояд;

- барои ояндаи миёнамуҳлат (3-5 сол) муқаррар намудани бахшҳои бозор, ки давлат ба онҳо таъсири танзимкунанда мерасонад ва фишангҳое, ки дар ин маврид истифода мебарад;

  • муайян кардани ҳуқуқ ва масъулияти сохторҳои давлатӣ, ки татбиқи

сиёсати аграрию озуқаворӣ ба зиммаашон гузошта шудааст.
Натиҷаҳои татбиқи ҳадафҳои мазкур бояд дар Ҳисоботи миллии солона

дар бораи натиҷаҳои сиёсати аграрию озуқаворӣ ва ҳолати бахши аграрию озуқаворӣ дарҷ карда шаванд.

Принсипҳои асосии сиёсати аграрию озуқаворӣ бояд чунин бошад:

- дастрасии баробари ёрии давлат барои ҳамаи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ;

- баробарҳуқуқии тамоми шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқии пешбурди хоҷагии қишлоқ;

- ягонагии бозори аграрию озуқаворӣ ва бозори захираҳо барои истеҳсолоти кишоварзӣ дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини шароити баробари рақобат дар бозори аграрию озуқаворӣ;

- мушаххас будани самти тадбирҳои сиёсати аграрию озуқаворӣ ва истифодаи мақсадноки маблағи буҷет;

- кафолатнок будани иҷрои уҳдадориҳо дар назди истеҳсолкунандагони кишоварзӣ ва субъектони бозори аграрию озуқаворӣ.

Ба назари мо, фишангҳои дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони кишоварзӣ ва механизмҳои мушаххаси танзими бозори аграрию озуқаворӣ бояд муайян карда шаванд.

Бо мурури инкишофи муносибатҳои бозаргонӣ ва ба субот омадани муомилоти пул аҳамияти усулҳои ғайримустақим - сиёсати нархгузорӣ, андозбандӣ, қарзӣ, гумрукӣ, ёрии буҷетӣ, низоми суғурта бештар мегардад.

Маблағгузории буҷетии субъектони хоҷагидории КАС тавассути қарзи алоҳидаи буҷетӣ, ҷубронпулӣ барои харидории захираҳои моддию техникӣ, субсидия ва пешпардохтҳо барои харидорӣ ба фондҳои давлатӣ, лизинг, маблағгузории барномаҳои минтақавии рушд ва ҳоказо амалӣ карда мешавад.

Қарзҳоро ба рушди соҳаи асосии КАС хоҷагии қишлоқ дар симои истеҳсолкунандагони кишоварзӣ ба воситаи дастгирӣ бо қарзҳои молӣ ва инвеститсионӣ, инчунин тавассути ёрӣ барои пардохти фоизи қарзи бонкҳои тиҷоратӣ равона кардан лозим аст.

Нархгузорӣ вазифаи мураккаби танзими таносуби нархҳо барои таъмин кардани суботи даромади молистеҳсолкунандагон ва кафолати таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ, таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, инчунин суботи муносибатҳои молию пулиро иҷро мекунад. Ба ибораи дигар, ин фишангҳо бо нархҳои кафолатӣ ҳангоми харидорӣ ба фондҳои давлатӣ, иловапулӣ ба нархи маҳсулот, нархи гарав, нархҳои махсус барои харидани бақияи маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайраҳо маҳдуд мешаванд.

Андоз ва андозбандӣ дар ташаккул ва татбиқи сиёсати андоз таҷассум ёфта, рушди истеҳсолоти кишоварзиро ба воситаҳо ва ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ ба бахши аграрӣ таъмин мекунад.

Дар шароити муосир низоми суғурта ва протексионизми аграрӣ унсури махсусан муҳими рушди босуботи КАС гаштаанд, онҳо маҷмўи тадбирҳои давлатие мебошанд, ки ба ҳавасмандгардонии истеҳсоли ватании маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳимояи бозори дохилӣ аз воридот равона шудаанд.

Биёед, воқеан бинем, ки кадом гурўҳҳои асосии хатарҳо имрўз дар бахши аграрии иқтисодиёт вуҷуд доранд. Аввалан, хатари обу ҳаво, хатарҳои мустақил, объективӣ; баъдан, хатарҳои иқтисодӣ, ки аз сиёсати дуруст ё нодурусти иқтисодии давлат дар нисбати молистеҳсолкунанда бармеоянд; сеюм, хатарҳои марбут ба таъмини амнияти озуқаворӣ.

Мо кўшидем, то чунин роҳеро пайдо намоем, ки индекси нархи захираҳо ва маҳсулоти кишоварзиро дар давоми муддати муайян пайгирӣ намояд.

Аввалан, давлат ба истеҳсолкунандагони кишоварз 50%-и хароҷоти суғуртаро ҳангоми хатарҳои муқаррарӣ ҷуброн мекунад. Баъдан, ҳангоми шароити фавқулодаи обу ҳаво, вақте ки дар ҳудуди як минтақаи калон офатҳои табиӣ рух медиҳанд, ширкатҳои суғурта ҳеҷ гоҳ хисороти ба истеҳсолкунандагони кишоварз расидаро ҷуброн карда наметавонанд.

Мо механизми дигарро пешниҳод мекунем, яъне аз маблағҳое, ки барои дастгирии лизинг пешбинӣ шуда буданд, як қисмашро бевосита ба истеҳсолкунандаи кишоварз барои пардохти тамоми пардохту ё як қисми он, қисми дигари маблағро ба субсидиякунии раванди лизинг дар ҳар сол равон кардан лозим аст. Мо боварии комил дорем, ки дар ин бозор на якто, балки чандин ширкати лизингӣ бояд кор кунанд.

Ҳавасмандгардонии хариди мошину таҷҳизоти нав ҳам сазовори таваҷҷуҳ мебошад. Мо пешниҳод мекунем, ки Реестри давлатии моделу тамғаҳои нав, ки аз озмоиш гузаштаанд ва барои истеҳсоли мусалсал дар давоми се соли охир тавсия дода шудаанд, ҷорӣ карда шавад. Ҳангоми харидани онҳо давлат ба истеҳсолкунандаи кишоварз 30%-и арзишашонро мепардозад. Моҳияти ин навгонӣ ин аст, ки истеҳсолкунандаро на ба техникаи дирўза ба хотири арзонияш, балки ба харидани техника ва технологияи нав, ояндадор, пурмаҳсул ҳавасманд мекунад.

Ба ғайр аз ин, ёрии давлатӣ ба низоми қарздиҳӣ ба соли истеҳсолкунандагони кишоварз, суғуртаи карзҳои истеҳсолкунандагони кишоварзии вазъи молиявияшон ноустувор, низоми суғуртакунии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, зотпарварӣ ва моҳидорӣ, рушди боғпарварӣ, токпарварӣ, таҷдиди фондҳои хоҷагии қишлоқ, тадбирҳои беҳгардонии замин ва ободонии иншооти хоҷагии моҳипарварӣ, таъмини кишоварзӣ бо химикатҳо, рушди кооператсияи қарзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и тозабунёд зарур мебошад.

Воситаҳои фаъол афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, таълими касби бекорон, ҳавасмандкунии соҳибкории хурдро, ки ба соҳибкории калон зам гардида, як қисми кормандони дар ҷараёни таназзул бекормондаро машғул мекунад, дар бар мегирад.

Дар қатори воситаҳое, ки барои муқовимат алайҳи афзоиши бекорӣ пешниҳод карда мешаванд, барномаҳои калони умумимиллӣ, масалан, корҳои ҷамъиятӣ ва сохтмони манзил ҳастанд. Таҷрибаи кишвари мо нишон медиҳад, ки бекорон ба корҳои ҷамъиятӣ рағбати чандон надоранд, тафаккури куҳнае ҳаст, ки давлат боят шахси аз корхона сабукдўш шударо бо ҷои кор таъмин кунад.

Ба ин васила ҳолати муосири иқтисодиёт тағйир додани мавқеи мушкилоти шуғлро дар низоми самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ва тибқи ин воқеият сохтани низоми танзими ин равандро талқин мекунад. Танзими давлатии шуғл бояд барои дурнамои дарозмуддат пешбинӣ гардад. Тамоми тадбирҳо бояд ба барномаи умумииқтисодии танзими рушди иқтисодӣ дохил карда шаванд.

Бо дарназардошти хусусиятҳои вижаи ҳар минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба фикри мо, таҳияи барномаи дастгирии шуғли аҳолӣ барои тамоми кишвар ба мақсад мувофиқ намебошад.

Барномаи минтақавӣ, ки аз маҷмўи чорабиниҳои ба ҳамдигар алоқаманду бо захира таъминшуда иборат аст, ба ташаккули шуғли муносиб ва истифодаи босамари иқтидори меҳнатии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Ҳангоми таҳия кардани он муқаррароти асосӣ (ҳолати мушкилот, мақсад ва вазифаҳо, заминаи меъёрӣ, қарорҳои барномавӣ); чорабиниҳои асосӣ (зербарномаҳо); таъмини молиявӣ; механизми татбиқи амалии барнома (аз ҷумла идоракунӣ); натиҷаи пешбинишаванда бояд муайян карда шаванд.

Дар чунин барнома, махсусан, барои бахши аграрӣ тадбирҳои зеринро пешбинӣ кардан зарур аст:

- оид ба нигоҳ доштани кадрҳои баландихтисос, ҳангоми ивазшавии соҳибмулк, ҳангоми хусусигардонӣ ва муфлисшавии корхонаҳо, аз ҳисоби субсидия ва квотабандии ҷойҳои корӣ бо маблағи Фонди шуғл;

- ташкил кардани ҷойҳои кории нав тибқи самтҳои афзалиятноки рушди КАС ва соҳаҳои дигари фаъолият дар вилоят;

- муҳоҷирати дохилисоҳавии қувваи корӣ дар сатҳи ноҳиявӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ, ҳамдастӣ дар маскуният ва корёбии муҳоҷирон;

- ҳавасмандгардонии шаклҳои мувофиқи шуғл ва шуғли худии хонагӣ, рўзи нопурраи корӣ, режимҳои ғайристандартии кор ва ғайра;

- пурзўр кардани рақобатпазирии кормандон, ба вуҷуд овардани ангезаи рўҳӣ барои бозомўзӣ, ба даст овардани касбҳои иловагӣ ва тахассуси нав;

- истифодаи пурратари воситаҳои фонди ҷумҳуриявии шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷуброн кардани хароҷот ба кордеҳон ва ҳифзи ҷойҳои кории иловагӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ дар шакли қарзҳои бефоиз ва имтиёзнок;

- ҳавасмандгардонии иқтисодии корхонаҳои кишоварзие, ки ҷойҳои кории иловагиро барои ҷавонон ва дигар табақаҳои иҷтимоии аҳолӣ таъсис медиҳанд.

Дар барномаи комплексии минтақавӣ зербарномаҳои зеринро дохил кардан мумкин аст:

- таъмини шуғли табақаҳои суст ҳифзгардидаи иҷтимоӣ: наврасон ва ҷавонон; занони соҳиби фарзандони хурдсол, фарзандони маъюб, модарони танҳо ва серфарзанд; маъюбон, нафақахўрон ва шахсони синни пеш аз нафақа;

  • омўзишубозомўзиикасбӣватакмилиихтисосишаҳрвандонибекор;

  • рушду дастгирии соҳибкорӣ;

  • таъмини шуғли муваққатии шаҳрвандони бекор дар корҳои ҷамъиятии музднок;

  • таъсиси ҷойҳои кории нав, ҳифзу таҷдиди ҷойҳои кории амалкунанда барои шаҳрвандони сабукдўшгардида ва бекор;

  • таъмини шуғл ва ҳифзи иҷтимоии афсарону прапоршикҳое, ки аз сафи Қувваҳои мусаллаҳ озод карда шудаанд;

  • ёрии иҷтимоӣ ба гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ.
    Самти муҳими сиёсати мувофиқгардонии шуғл, нисбат ба равандҳои сабукдўшшавии кормандон бештар хосияти ҷубронӣ дорад, таъсири водоркунандаи давлат ба рушди соҳибкорӣ хоҳад буд.

Дар ин маврид диққати асосӣ бояд ба барномаҳои давлатии дастгирии соҳибкории хурду миёна дода шавад, ки барои сатҳи баланди тахассуси соҳибкорони навор ва дастгирии шуғл дар минтақаҳои қафомонда пешбинӣ карда шудаанд.

Самтҳои асосии рушди низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар вилоят инҳо мебошанд: - эътирофи нақши боризи давлат дар танзими муносибатҳои меҳнатӣ;

  • муайян кардани ҳадди дахолати давлат ва муносибатҳои озоди бозорӣ ба низоми ҳифзи иҷтимоӣ;\

  • маблағгузории бисёрзинаи барномаҳои шуғл;

  • густариши фаъолияти субъектони хоҷагидорӣ дар бахши иҷтимоӣ;

  • муайян кардани афзалияти барномаҳои фаъоли дастгирии шуғл;

  • мусоидат дар мутобиқшавии шаҳрвандон ба бозори меҳнат бо истифодаи ҳарчи бештари иқтидори меҳнатии онҳо;

  • ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои гурўҳҳои гуногуни иҷтимоию демографӣ;

  • ташкил кардани низоми суғурта аз бекорӣ.
    Ҳамин тариқ, масъалаи иҷрошудаи иҷтимоии иқтисодиёт, ки мо гузаронидем, моро ба хулосае меорад, ки самтҳои сиёсати иҷтимоиро аз низоми раҳонидани ёрии иҷтимоӣ (ин мушкилот боқист, вале набояд афзалиятнок бошад) ба сўи фароҳамоварии шароити пул кор кардан ва ҳаёти шоиста барои мардум тағйир бояд дод. Мо рушди фаъолияти инфиродии меҳнатӣ, соҳибкории хурд, ташкилдиҳии корхонаҳои кооперативиро дар назар дорем. Хусусан, эҳё кардани асосҳои кооперативӣ муҳим аст, ки аз анъанаҳои таърихии кишвари мо бармеояд ва аҳамияташро тамоми таҷрибаи ҷаҳонӣ собит кардааст.

Вазифаи иҷтимоии давлат - дастгирии аъзои ғайриқобили меҳнати ҷомеа бояд боқӣ бимонад, вале ҳалли он осонтар мегардад, чунки шумораи одамоне, ки ба чунин кумак ниёз доранд, аз ҳисоби афзоиши теъдоди шуғлмандони бахши воқеии иқтисодиёт кам хоҳад шуд.

Заминаи равиши пешниҳодкардаи моро низоми суғуртакунӣ аз бекорӣ ташкил медиҳад, ки самаранокии худро дар бисёре аз кишварҳои мутараққӣ собит кардааст. Барои ҷорӣ намудани он қонун дар бораи суғуртакунӣ аз бекориро қабул ва фонди махсуси давлатиро барпо бояд кард, ки аз ҳисоби пардохтҳои ҳатмии шаҳрвандони коркунанда (вобаста ба музди инфиродӣ сарфи назар аз хавфи маҳрумшавӣ аз ҷои кор) ташаккул хоҳад ёфт.

Дар сурати фаро расидани ҳолати суғурташуда (аз даст додани ҷои кор) бекор ҳуқуқ ба ёрдампулии суғуртавӣ (ёрдампулӣ барои бекорӣ)-ро мувофиқи ҳаҷми маблағи дар суратҳисоби шахсияш ҷамъомада пайдо мекунад. Ҳангоми баромадан ба нафақа ҳама пули ба суратҳисоби шахсӣ воридкардашуда ба суғурташаванда, дар сурати марги ў ба ворисонаш баргардонида мешавад.

Ҷорӣ кардани низоми суғурта бознигарӣ намудани самтҳои асосии фаъолияти фонди давлатии мусоидат ба шуғлро дар назар дорад. Бахусус, тавсия дода мешавад, ки аз ҳисоби он танҳо барномаҳои фаъол маблағгузорӣ карда шаванд, ки дар бозори меҳнат амалӣ мегарданд, барномаҳои ғайрифаъолро аз ҳисоби фонди суғуртакунӣ аз бекорӣ тамвил кардан мумкин аст.

Бояд гуфт, ки ташаккули фонди мусоидат ба шуғл ва фонди суғуртакунӣ аз бекорӣ низ аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун пешбинӣ карда мешавад. Фонди якум аз ҳисоби пардохтҳои ҳатмии субъектони хоҷагидорӣ новобаста ба шакли моликият, соҳибкорони бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ, пардохтҳо аз маблағи буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, пардохтҳои ихтиёрӣ ва дигар маблағ (аз ҷумла пардохти бонкҳо барои истифодабарии пулҳое, ки дар суратҳисобҳои фонди шуғл маҳфузанд) ташкил дода мешавад. Фонди дуюм аз ҳисоби пардохтҳои ҳатмии шаҳрвандони коркун, пардохтҳои ихтиёрии бонкҳо барои истифодабарии пулҳои озоди фонд гирд оварда мешавад.

Гузариш аз кафолату сатҳи ҳифзи иҷтимоии бекорон тавассути суғуртаи бекорӣ ба ҳифзи дарозмуддат бо иштироки фондҳои давлатӣ, ки низоми ёрӣ ба он равона шуда, барои ҳолатҳои бекории давомноку оммавӣ лозим аст, фаъолияти субъектонеро пешбинӣ мекунад, ки аз имконияти молиявии мувофиқ бархўрдор мебошанд. Дар ҳолати мо нақши кафилони суғуртаро ба муҳлати муайян (аз 3 то 12 моҳ) корхонаҳое бозида метавонанд, ки кормандонашонро бе айби онҳо аз кор сабукдўш кардаанд. Як қисми пул аз маблағҳое, ки аз иҷрои уҳдадории андозбандӣ озод ва ба дастгирии ҳадди ақали рўзгузаронӣ равон карда мешаванд, таъмин мегардад. Ҷиҳатҳои мусбати

ин усул инҳо мебошанд: ҷамъият аз иҷрои уҳдадории ҷустуҷў ва ёфтани ҷои кор барои бекорон озод мегардад; корхона имконияти гардонидани захираҳои муваққатан озодро пайдо мекунад (аз пардохт то ёрдампулӣ); имконияти мустаҳкам кардани корманд барои кор дар корхона боқӣ мемонад. Аммо бояд гуфт, ки ёрии моддӣ чораи муваққатӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, танзими шуғл дар бозори меҳнати соҳаи аграрӣ механизми мураккабу доим таҷдидшавандаест, ки манфиатҳои субъектони бозор - давлат, корхона, кормандро ҳимоя карда, доираи васеи шаклу самтҳои фаъолиятро ба мақсади таъмини шуғли босамар барои ҳама ҷонибҳо истифода мекунад.

Соҳибкории хусусиро мебояд, ки дар афзоиши даромади миллӣ мусоидат намояд, давлат бошад, бо ёрии қонунгузорию андозбандӣ бояд тақсими одилонаи як қисми ин даромадро дар миёни аҳолӣ таъмин кунад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2