ДИВЕРСИФИКАТСИЯИ САВДОИ БЕРУНА ҲАМЧУН УНСУРИ МУҲИМИ ПАСТ КАРДАНИ ХАВФҲО
Ҳолати кунунии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сатҳи пасти рушди иқтисодиёти миллӣ, вобастагии зиёди давлат аз савдои беруна махсусан, воридоти молу хизматрасониҳо, вобастагии зиёд аз муҳоҷирони меҳнатӣ, ноустуворӣ дар бозори дохилӣ, диверсификатсия карда нашудани иқтисодиёти миллӣ ва ғайраҳо тавсиф дода мешавад, ки ин барои муайян намудани муносибатҳои берунииқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини бехатарии фаъолияти иқтисодӣ ва рушди устувори иқтисодиёти миллӣ замина мегузорад.
Шароити имрўзаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ диверсификатсия намудани савдои берунаи худро талаб менамояд, ки он яке аз самтҳои афзалиятноки таъмини рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд барномаҳо ва ҳуҷҷатҳои хусусияти стратегӣ дошта таҳия гардидааст, ки мақсади асосии ташкил намудани онҳо таъмини рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолии мамлакат ба ҳисоб меравад. Яке аз ин барномаҳо «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ба ҳисоб меравад.
Дар барномаи мазкур тамоми ҷанбаҳои мусбӣ ва манфии савдои берунаи ҷумҳурӣ ба таври пурра аз нуқтаи илмӣ-назариявӣ асоснок карда шудааст ва хусусиятҳои диверсификатсиякунонии савдои берунаи ҷумҳуриро дар бар мегирад.
Дар Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 барои ташкили шароити мусоиди баамалбарории сиёсати берунииқтисодии давлат ва баланд бардоштани рақобатпазирии молҳои ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва берунӣ, зиёд намудани ҳаҷми содирот, кам кардани ҳиссаи молҳои истеъмолӣ дар сохтори воридоти ҷумҳурӣ, заминаҳо коркард гардидааст.
Барои ба даст овардани натиҷаи мусоид дар доираи барномаи мазкур як қатор вазифаҳои стратегӣ гузошта шудааст, аз ҷумла:
● ба таври назаррас кам кардани вобастагӣ аз маҳсулоти воридотии асосии озуқаворӣ;
● таъмини болоравии истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ тавассути андешидани тадбирҳо ҷиҳати мусоидат ба содиротивазкунандагону сармоягузорони эҳтимолӣ, инкишофи ҳамкорӣ, занҷирҳои арзиши иловашуда ва гурўҳбандӣ;
● таъсис додани марказҳои муосири логистикӣ ва васеъ кардани долонҳои байналмилалии коммуникатсионӣ, нақлиётӣ ва иқтисодӣ;
● ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ кардани хизматрасониҳои роҳи оҳан, автомобилӣ, ҳавоӣ ва намудҳои дигари нақлиётӣ.
Барои амалӣ гардонидани барномаи мазкур тибқи таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ, зарурати танзими давлатии амалӣ намудани воридотивазкунӣ ва ҳавасмандгардонии содирот дар мамлакат пеш меояд.
Дар шароити муосир ягон давлати дунё аз муносибатҳои берунииқтисодӣ ҷудогона намебошад. Истифода бурдани сиёсати воридотивазкунӣ ин маънои онро надорад, ки давлат пурра молҳои воридотиро иваз намояд.
Воридотивазкунӣ, пеш аз ҳама, бояд барои ба даст овардани натиҷаҳои муҳими иқтисодиёти давлат равона шуда бошад, аз ҷумла:
-
кам кардани вобастагӣ аз воридот ва ба таври мувофиқ мустаҳкам намудани бехатарии фаъолияти берунииқтисодии ҷумҳурӣ;
-
самаранок истифода бурдани иқтидори иқтисодиёт;
-
саноатикунонӣ ва диверсификатсия намудани иқтисодиёт;
-
баланд бардоштани сатҳи худтаъминкунии саноатӣ ва озуқаворӣ;
-
зиёд намудани шуғлнокии аҳолӣ, паст намудани сатҳи бекорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолӣ аз ҳисоби ташкили ҷойҳои нави корӣ;
-
таъмини шароити мусоид барои истеҳсолоти содиротӣ;
-
кам намудани бақияи манфии савдои беруна ва зиёд намудани захираҳои асъорӣ.
Барои ҳавасманд гардонидани содирот амалинамоии мақсадҳои
гузошташудаи барномаи мазкур метавонад ҳиссаи худро гузаронад ва онҳо барои манфиатҳои иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди он мувофиқ мебошанд.
Яке аз таконҳои асосие, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 қайд карда шудааст, ин алоқаманд будани ҷумҳурӣ аз воридоти якчанд намуди молҳои озуқаворӣ мебошад, ки онҳо барои таъмини бехатарии миллии озуқавории ҷумҳурӣ таконҳои муайяни манфиро ба вуҷуд оварда истодаанд. Ин, пеш аз ҳама, зарурати воридивазкуниро айнан дар комплекси агросаноатӣ пешниҳод менамояд. Айнан рушд додани истеҳсолоти озуқаворӣ барои истеҳсолоти дохилии ҷумҳурӣ афзалияти калон дорад. Масалан, гўшт ва маҳсулоти гўштӣ, маҳсулоти ширӣ ва тухм, инчунин дигар намуди маҳсулоти озуқаворие, ки барои талаботи ҳаррўзаи аҳолӣ зуруранд.
Чӣ хеле ки қайд кардем, айни замон дар ҷумҳурӣ се барномаи стратегӣ таҳия гардида, ҳар яктои онҳо бевосита ба сиёсати воридотивазкунӣ ва мусоидат ба содирот вобаста мебошанд. Самаранокии барномаҳои мазкур, пеш аз ҳама, аз бомуваффақият ба амал баромадани қисмҳои он вобаста мебошад. Воридотивазкунӣ ва рақобатпазирии молҳои ватанӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ, сифати аъло ва нархи мувофиқи онҳо ҳамавақт беҳтар намудани сатҳу сифати технология ва ҳаҷми истеҳсолотро дар асоси талаботи ҷаҳонӣ талаб менамоянд. Вобаста ба ин барои ба даст овардани натиҷаи мусоид аз содироти маҳсулоти саноатӣ маҷмўи маҳсулотҳоро бояд дар дохили мамлакат вобаста ба талаботи бозори ҷаҳонӣ истеҳсол намуд. Барномаи мазкур бояд ба он асоснок карда шуда бошад, ки давлат содироти он молҳоеро ҳавасманд гардонад, ки барои амалӣ намудани сиёсати воридотивазкунӣ дар соҳаҳои гуногун барои иқтисодиёт бартарияти дарозмуҳлатро таъмин намоянд.
Қайд кардан лозим аст, ки барои амалӣ гаштани сиёсати воридотивазкунӣ ва мусоидат ба содирот ба мо зарур аст истеҳсолот ва соҳаҳои иқтисодиётро равнақ диҳем. Вобаста ба ин, дар шароити муосир яке аз соҳаҳои муҳим барои ба амал баровардани воридотивазкунӣ ва паст намудани сатҳи таъсири таконҳои беруна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саноати хўрокворӣ ба ҳисоб меравад, ки бевосита ба хоҷагии қишлоқ алоқаманд мебошад. Хоҷагии қишлоқ яке аз соҳаҳои ояндадори мамлакат ба ҳисоб рафта, барои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ мусоидат менамояд.
Чӣ хеле ки маълум аст, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 73%-74%- и аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ менамояд. Рушди муҳоҷирати меҳнатӣ мисоли намоёни паст будани самаранокии комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ шуда метавонад, ки аз ҳисоби рушд накардани хоҷагии қишлоқ ва қобилияти таъмин карда натавонистани аҳолии қишлоқ бо ҷойҳои корӣ шаҳодат медиҳад. Пас, зарурати рушди фаъолонаи ҳамаи самтҳои хоҷагии қишлоқ ва истеҳсолоти он муаммои афзалиятнок аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳое мавҷуд мебошанд, ки қобилияти дарозмуҳлати таъмини бозори дохилӣ ва самтҳои гуногуни соҳаи содиротиро доранд, аз ҷумла:
1. Энергетика. Соҳаи энергетика яке аз соҳаҳои муҳими ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки дар оянда аз ҳисоби содироти он қобилияти таъмини қисми асосии даромади ҷумҳурӣ эҳтимол карда шудааст. Аз рўи маълумотҳои омории Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои зиёди гидроэнергетикиро дорост ва дар бозорҳои ИДМ ҳамчун содиркунандаи қувваи барқ баромад карда метавонад. Мувофиқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати амалӣ гаштани лоиҳаи минтақавии электроэнергии CASA-1000 содироти электроэнергия аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Афғонистон ва Покистон дар солҳои 2019-2020 дар ҳаҷми 133-136 млн. долл. ИМА имконияти зиёд намудани даромади давлат пешбинӣ карда шудааст. Мувофиқи таҳлилҳо талабот ба электроэнергия дар оянда меафзояд ва соҳаи мазкур метавонад ҳамчун соҳаи содироти ояндадори ҷумҳурӣ гардад.
2. Комплекси металлургия. Содироти алюминий дар шароити имрўзаи Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии таъминкунандаи даромади буҷети давлатӣ ба ҳисоб меравад. Аммо, вобаста ба кам шудани талабот дар бозорҳои ҷаҳонӣ дар солҳои охир нархи алюминий паст рафта истодааст. Масалан, дар соли 2008-ум нархи 1 тонна алюминий дар бозори ҷаҳонӣ (Биржаи металлҳои лондонӣ) 2570 долл. ИМА муқаррар карда шудааст. Дар соли 2015-ум бошад, 1 тоннаи он бо нархи 1491 долл. ИМА хариду фурўш карда шудааст, ки нисбат ба соли 2008-ум нархи он ба маблағи 1079 долл. ИМА паст гардидааст.
Тавре ки Президенти мамлакат зимни Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда буданд: “Ҳамагӣ 3% аз ҳаҷми умумии содироти алюминий дар дохили мамлакат коркард мегардад”. Вобаста ба ин, бояд қайд намуд, ки алюминий аз ҷумҳурӣ ҳамчун ашёи хом содир карда мешавад. Ба мо зарур аст, ки онро дар дохили ҷумҳурӣ коркард намуда ба таври маҳсулоти тайёр (металлҳои ранга, консентратҳо ва дигар намуди маҳсулотҳои аз алюминий тайёршаванда) ба бозорҳои ҷаҳонӣ пешкаш намоем.
Инчунин, содир намудани дигар намуди молу маҳсулотҳои дар дохили ҷумҳурӣ коркард ва тайёркардашаванда ба монанди:
-
сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо; - ангури тару хушк;
-
гелос;
-
лимон;
-
маҳсулотҳои органикӣ;
-
маҳсулотҳои ширӣ;
-
соҳаи туризм;
-
хизматрасониҳои нақлиёти транзитӣ;
-
хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ ва дигар молу хизматрасониҳое, ки хусусияти фоиданок ва ояндадори онҳо дар Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 пешбинӣ гардидааст, лозим мебошад.
Бояд қайд намуд, ки ҳамаи маълумоту гуфтаҳои дар боло овардашуда ба таври пурра дар шароити ҷаҳонишавӣ бехатарии фаъолияти берунииқтисодии ҷумҳуриро таъмин карда наметавонад. Вобаста ба ин, диверсификатсия кардани самтҳои соҳавии муносибатҳои берунаи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити имрўза аҳамияти аввалиндараҷа доранд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ дар соли 2015-ум ба ҷумҳурӣ ба маблағи 471,0 млн. долл. ИМА сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ворид гардида, ба 5,9%-и ММД баробар гардида, соли 2016-ум 5,1%, соли 2017-ум 4,9% ва соли 2018-ум 4,3%-и ММД- ро ташкил намудааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми зиёди сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, ҳамчун саноати истихроҷи маъдан, энергетика, алоқа, сохтмон ва дигар соҳаҳо равона карда мешавад. Соҳаҳое, ки ба такрористеҳсолот нигаронида шудааст, ҳиссаи сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ дар онҳо кам мебошад, ки ин соҳаҳо дар шароити хозира ба таври пурра таъмин шудан бо технология ва таҷҳизоти ҳозиразамонро талаб менамоянд. Норасоиҳои мазкур дар соҳаҳои қайдгардида рақобатнопазир будани ашёҳои хоми содиршавандаро дар бозорҳои ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад.
Чӣ хеле ки олими ватанӣ А.А.Исмоилов қайд менамоянд: «Агар давлат диққатро барои устувор гардонидани иқтисодиёт ҷалб намояд, он гоҳ лозим аст, ки дар сатҳи қонунӣ ташкил намудани иқлими мусоиди сармоягузорӣ, махсусан барои сохтори аграрӣ, ки ҳамчун соҳаи асосии иқтисодиёти ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, лозим мебошад. Соҳаи хоҷагии қишлоқ аз аввал соҳаи камдаромад ва камҷалбкунандаи сармоя мебошад, аммо дар шароити имрўза рушди иқтисодиёти давлат бештар аз рушди хоҷагии қишлоқ вобаста мебошад, бинобар ин, масъалаҳои сармоягузорӣ дар хоҷагии қишлоқ нақши муҳимро дар рушди устувори иқтисодиёт ва таъмини он мебозад».
Мақсади асосии ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ дар соҳаҳои муайяни иқтисодиёти миллии мамлакат ба даст овардани технологияи муосири истеҳсолӣ, дар сатҳи байналмилалӣ тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, рушди мунтазами соҳаҳои иқтисодиёт, муваффақ шудан ба боварии сармоягузорон ва мустаҳкам намудани мавқеи истеҳсолоти ватанӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.
Қайд кардан лозим аст, ки дар самти диверсификатсиякунонии савдои берунаи ҷумҳурӣ на фақат зиёд кардани намудҳои молҳои содиротӣ, балки диверсификатсия намудани муносибатҳои минтақавии савдои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зарур мебошад. Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 120 давлати ҷаҳон муносибатҳои берунииқтисодии худро ба роҳ мондааст. Аммо, дар байни онҳо як қатор давлатҳое мавҷуданд, ки ба молҳое, ки дар ҷумҳурӣ истеҳсол мегардад, ё ин ки базаи истеҳсолии ояндаро дорад, талабот пайдо карда истодаанд, ба монанди давлатҳои Аврупои Ғарбӣ.
Дар солҳои охир шарикҳои асосии савдоии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатҳои Аврупои Ғарбӣ, махсусан Швейтсария, Нидерландия, Италия баромад карда истодааст. Давлатҳои номбаршуда ба маҳсулотҳое талабот пайдо карда истодаанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври пурра қобилияти истеҳсоли минбаъдаи онҳоро дорад, аз ҷумла: алюминий, пахта ва дигар маҳсулотҳои саноатӣ ва озуқаворӣ.
Аз давлатҳои Осиё шарикҳои асосии савдоии Тоҷикистон дар Осиёи Шарқӣ Хитой ба ҳисоб меравад, ки дар ҷаҳон яке аз давлатҳои воридкунандаи ашёи хом, аз ҷумла, саноати истихроҷи маъдан ва химикӣ, пахта, металлҳои сиёҳу ранга, ашёҳои хоми чармӣ ва дигар маҳсулотҳо мебошад. Хитой аз Ҷумҳурии Тоҷикистон меваҳои тару хушкро бештар харидорӣ менамояд, ки дар бозори дохилии Хитой аз рўи нарх ва сифат рақобатпазир мебошад.
Аз кишварҳои Шарқи Наздик ва Аврупои Шимолӣ бошад, давлатҳои Араб (АМА), аз ҷумла, Исроил, Миср, Алжир, ки онҳо ба маҳсулотҳои алюминий, нахи пахта, озуқаворӣ талаботи зиёд доранд. Мувофиқи ақидаҳои мутахассисони соҳавӣ нархи пахта дар солҳои охир баланд шуда истодааст. Масалан, дар соли 2016-ум барои фунти пахта 65 $, соли 2017-ум 75 $, соли 2018-ум 80 $ муқаррар шудааст. Дар солҳои охир эҳтимолияти то 100-110 $ баландшавии нарх барои фунти пахта мавҷуд мебошад. Дар хариду фурўши ангур низ чунин ҳолат мушоҳида карда мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нархи як кг ангур дар атрофи 0,30-0,50 $ хариду фурўш карда мешавад. Дар давлатҳои Араб бошад, як кг ангур бо нархи 4,5 - 5,0 $ хариду фурўш карда мешавад, ки ин қобилияти ҷалбкунандаи савдоиро ба вуҷуд меорад. Инчунин, ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба бо Эрон имкониятҳои дурнамоӣ дорад. Эрон талаботи устувор ба маҳсулоти озуқаворӣ, аз ҷумла, меваҳои тару хушк, мағз ва донагиҳо, консерваҳо, инчунин, нахи пахта, симҳои алюминий ва дигар маҳсулотро дорад.
Бояд қайд намуд, ки Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз шарикҳои асосии савдоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар самти содирот ва ҳам воридот ба ҳисоб мераванд. Федератсияи Россия яке аз давлатҳоест, ки бо ҳаҷми калон воридкунандаи маҳсулоти ҷумҳурӣ мебошад. Аз ҷумҳурӣ ба ФР сабзавот, меваҳои тару хушк захираҳои минералӣ ва дигар намуди молҳо содир карда мешавад. Ҷумҳурии Қазоқистон ба таври фаъол маҳсулотҳои хўрокворӣ, инчунин рудҳо ва консентратҳоро харидорӣ менамояд.
Ҳамаи он давлатҳои дар боло гуфташуда шарикҳои асосии савдоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Вобаста ба ин, барои боз ҳам мустаҳкам намудани муносибатҳои берунииқтисодӣ ва бартараф намудани баъзе масъалаҳое, ки дар ин самт монеа пайдо шуда истодааст, ин пеш аз ҳама, ба роҳ мондани асосҳои институтсионалии мусоидат ба содирот, воридотивазкунӣ ва диверсификатсияи савдои берунаро талаб менамояд.
Ҳамин тариқ, дар шароити имрўза муаммоҳои асосӣ, ки дар фаъолияти савдои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида карда мешавад, аз ҷумла:
а) паст шудани талабот ба захираҳои ашёвӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ;
б) сатҳи пасти вазъи қиёсии маҳсулоти содиротӣ дар сохтори содироти ҷумҳурӣ;
в) сатҳи баланди қарзи беруна;
г) бештар ба содироти ашёи хом нигаронида шудани содироти ҷумҳурӣ ва дигар таконҳо;
д) сатҳи пасти рақобатпазирии маҳсулоти содиротӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ.
Хулоса, дар фаъолияти берунииқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор масъалаҳо мавҷуд буда, ҳалли худро талаб менамоянд. Чӣ хеле ки дар боло гуфта шудааст, ҳолати ҳозираи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозорҳои беруна бо рақобатпазирии пасти иқтисодӣ тавсиф дода мешавад. Масъалаҳои баланд бардоштани рақобатпазирии молҳои ватанӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ технологияҳои муосири истеҳсолиро талаб менамояд. Махсусан, дар стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2030-ум чунин масъала низ қайд карда шудааст, ки ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷии дарозмуҳлат аз тарафи давлат барои харидорӣ намудани технологияи ҳозиразамони истеҳсолӣ равона шуда бошад, ки ин натиҷаи худро дар рақобатпазирии молҳои ватанӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва диверсификатсияи муносибатҳои ҷумҳурӣ инъикос менамояд. Вобаста ба ин, хулосаҳои зерин баровардан мумкин аст:
1. Ба роҳ мондани диверсификатсияи фаъолияти берунииқтисодии ҷумҳурӣ оид ба содироти маҳсулотҳо;
2. Дар сатҳи муайян нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои рушди устувори иқтисодиёти кушод, аз ҷумла: диверсификатсияи содиротӣ, сатҳи кушоди иқтисодиёт, қарзи беруна ва сиёсати воридотивазкунӣ бо мақсади таъмини бехатарии иқтисодиёти ҷумҳурӣ;
3. Диверсификатсия намудани сохтори минтақавии содироти маҳсулотҳо (аз ҷумала, семент, алюминий, меваҳои тару хушк ва дигар. маҳсулотҳои ба содирот нигаронидашуда), махсусан ба давлатҳои ИДМ ва Аврупо;
4. Баланд бардоштани таъминнокии сифати маҳсулот, ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгў намудани сифати онҳо ва таъмини рейтинги ҷумҳурӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ.
5. Таъмин намудани шароити мусоид ба истеҳсолкунандагони ватанӣ оид ба баромадан ба бозорҳои калони ҷаҳонӣ ва таъмини ҳуқуқи фаъолияти онҳо.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё