Бадое-ул-вақое-Қисми 7
ДАР БОРАИ АЗ АСОРАТ ГУРЕЗОНДАНИ МОҲЧУЧУК АЗ ТАРАФИ ВОСИФӢ
Восифӣ мегӯяд: баъд аз ду рӯзи фалокати амир Ёдгор ба назди амир Шоҳвалӣ рафтам. Дар он ҷо Султонвалӣ — писари Шоҳвалиро дидам, ки гиребони худро пора-пора карда, чунон гириста буд, ки чашмонаш варамида буданд. Чун фақирро дид, фарёд баровард ва гуфт:
— Махдумо! Маро бубахшед ва ҳар ҳаққе, ки бар ман доред, биҳил кунед, ки ман худро мекушам. Шунидам, ки Шайбонихон Моҳчучукро аз хонаи Бегим бурда, ба касе бахшидааст. Маро тоқати фироқи ӯ нест:
Маро сад бор мурдан беҳ, ки як дам зистан бе ӯ.
Гуфтам:
— Эй фарзанд! Дар мусибатҳо ва машаққатҳо сабр бояд кард. Ба ғайр аз сабру таҳаммул ҳоло чорае ҳам надорӣ. Ман Ғиёсуддинро ёфта, бо ӯ машварат мекунам. Аҷаб нест, ки барои халос кардани ӯ роҳе ёбем.
Султонвалиро бо ин гуна суханҳо тасаллӣ дода, аз он ҷо баромадам. Ғиёсуддинро дар бозор дида, воқеаро ба ӯ ҳикоя кардам ва дар бораи халос кардани Моҳчучук фикрашро пурсидам.
Ғиёсуддин гуфт:
— Ман ин воқеаро аз ту беҳтар ва муфассалтар шунидаам. Шайбонихон Моҳчучукро ба Ҳусайнқунғурот додааст. Ӯ дар лаби чоҳи Динорон манзил гирифтааст. Ҳангоми овардани Моҳчучук бо модараш аз Кӯҳандистон, модараш аз асп афтода, пояш шикастааст. Моҳчучук дар хонаи Ҳусайнқунғурот корде дар даст гирифта нишастааст ва мегӯяд: «Ҳар кас пешам ояд, бо ин корд ҳам ӯро мекушам ва ҳам худро».
Ғиёсуддин ҳикояти Моҳчучукро ба ин ҷо расонида, гуфт:
— Ман барои халос кардани он духтар тадбире андешидаам. Аҷаб нест, ки он тадбир мувофиқи тақдир барояд:
Он чӣ саъй аст, ман андар талабаш бинмоям,
Ин қадар ҳаст, ки тағйири қазо натвон кард.
Гуфтам:
— Ба фикри ту, чӣ кардан даркор аст?
Ӯ гуфт:
— Фикри ман бо кори ман якест. Ҳар вақт ки корро сар кардем, медонӣ, ки чӣ кор кардан лозим будааст. Дар ин гуна маврид гуфтугузори бисёр вақтро муфт аз даст медиҳад. «Вақт теғи бурранда аст» гуфтаанд. Бисёр корҳоро вақт ҳал мекунад. Дар ин гуна мавридҳо вақтро аз даст додан мисли он аст, ки дар майдони ҷанг шамшерро аз даст дода бошӣ. Зуд равон шав, ки корро сар кунем!
Мо ҳар ду ба ҷое рафта, либоси деҳқонӣ пӯшидем ва ба ҷониби дарвозаи Малик рафтем. Дар беруни дарвоза бозоре буд, ки боғдорони саҳро ангур оварда, дар он ҷо мефурӯхтанд. Аз он ҷо ду каҷова ангур харидем. Ғиёсуддин якеро бар пушти ман бор кард, дигареро ба пушти худ гирифт ва ба ҷониби лаби чоҳи Динорон равон шудем.
Дар он ҷо ба дари сарое расидем, ки ҷамъе аз ӯзбакон ба он даромада, мебаромаданд.
— Сарои Ҳусайнқунғурот кадом аст? — аз онҳо пурсидем.
— Ҳамин аст! — ҷавоб дод яке аз онҳо.
Ба он ҳавлӣ даромадем. Дидем, ки дар сари суффа марде бо бузургӣ ва ҳашамати тамом нишастааст. Дар рӯ ба рӯйи вай қариб панҷоҳ нафар навкар даст пеш гирифта, мунтазири хизмат истодаанд. Дар пеши айвон хонае буд ва дар он хона зане ба болин такя зада, нолида хобида буд.
Ман ва Ғиёсуддин Муҳаммад каҷоваҳои ангурро пеши суффае, ки Ҳусайнқунғурот нишаста буд, гузошта, ба тарафи он хона давон рафтем. Ба пои он зан афтода, гуфтем:
— Эй валинеъмати мо! Ин чӣ ҳолат аст? Ба пои шумо чӣ рӯй додааст, ки менолед? Чашмони мо кӯр бод, ки шуморо дар ин ҳолат набинем!
Амир Ҳусайн ба мо гуфт:
— Шумо чӣ касонед ва ба инҳо чӣ алоқа доред?
— Мо деҳқонон ва боғбонони ин бегим мебошем, — ҷавоб додам ман ва суханамро давом додам: — Ин кас дар мавзеъи Ғуслон боғе доранд, ки дар хубӣ ва латофат дар тамоми Хуросон монанд надорад. Ҳоло қариб панҷсад ман ангур дорад. Ангурҳо аз ҳад пухтаанд ва қариб аст, ки талаф шаванд.
Ҳусайнқунғурот гуфт:
— Ғам нахӯред, ки он боғ ба мо тааллуқ гирифт ва шумо ҳам аз они мо шудед. Шуморо тарбия ва нигоҳубин хоҳем кард. Аз ангурҳои он боғ шароб андозед!
Бегим ба тарафи мо тез-тез менигарист. Ӯ пай бурда буд, ки мо барои ягон кори муҳим омадаем. Диққат мекард, то фаҳмад, ки мо барои чӣ кор омадаем.
Ман аз хона баромада, як каҷова ангурро ба навкарон тақсим кардам. Каҷоваи дигарро ба хона даровардам ва ба модари Моҳчучук гуфтам:
— Имрӯз инро нӯши ҷон кунед, фардо боз ангур хоҳем овард.
Ангурро аз каҷова баровардам. Моҳчучук дар гӯшаи хона нишаста буд, корде ба даст дошт ва гиря мекард. Ба ӯ оҳиста ва бо ишора гуфтам:
— Бархез, ба ин каҷова даро! Чӣ ҷойи гиря аст? Мабодо Султонвалӣ аз ғами ту худро кушта бошад!
Ӯ ба каҷова даромад. Баргҳои токро аз болои ӯ чидем. Ғиёсуддин Муҳаммад ба ман гуфт:
— Ин каҷоваро гузор, ки ман бардорам. Ту тоқат надорӣ, ки ин бори гаронро ба ин роҳи дур бубарӣ. Ту каҷоваи холиро бардор!
Чунин кардем ва вақти намози аср ба шаҳр расидем. Ман пештар ба хонаи Шоҳвалӣ даромадам. Султонвалӣ мегирист ва маро дида, бо гиребони чок ва синаи ғамнок пеш омад.
Гуфтам:
Мужда, эй дил, ки масиҳонафасе меояд,
Ки зи анфоси хушаш бӯйи касе меояд.
— Ғам нахӯр, ки муродат ҳосил шуд!
Ғиёсуддин Муҳаммад ҳам даромада, каҷоваро бар замин ниҳод ва болои онро аз баргҳо кушод. Моҳчучук монанди офтобе, ки аз зери абр барояд, аз каҷова баромад. Ғулғулаи шодиёнаи аҳли хона ба фалак печид:
Чӣ хуш бошад, ки баъд аз интизорӣ,
Ба уммеде расад уммедворе.
Зани Шоҳвалӣ гарданбанде дошт, ки дар Хуросон монанд надошт. Онро аз гардан бароварда, ба Ғиёсуддин ҳадя кард. Духтаронаш ангуштариҳо ва гӯшвораҳо ба фақир бахшиданд.
ҲИКОЯТ ДАР БОРАИ МАВЛОНО ХАВОФӢ
Восифӣ мегӯяд: чунин ҳикоят мекунанд, ки ҳангоми бино кардани мадраса ҳар рӯз Улуғбек ба сари иморат меомад ва дар қатори коргарон бо дасти худ ба устоҳо хишт медод. Рӯзе касе ҳангоми ин гуна кор аз Улуғбек пурсид:
— Ба наздикӣ бинои мадраса тамом мешавад. Дар ин мадраса киро мударрис таъин хоҳед кард?
— Касе, ки дар ҷамеи улум ва фунун моҳир бошад, дар ин мадраса мударрис хоҳад шуд, — ҷавоб дод Улуғбек.
Дар он вақт касе бо либоси коргарӣ дар миёни тӯдаҳои хишт нишаста буд ва ин гуфтугузорро мешунид. Баъд аз шунидани ҷавоби Улуғбек гуфт:
— Ин тавр бошад, ман дар ин мадраса мударрис хоҳам шуд.
Улуғбек бо шунидани ин сухан аз он шахси коргармонанд тааҷҷуб кард ва аз одамон пурсид, ки ин кас кист.
Гуфтанд:
— Муҳаммад ном дорад ва аз вилояти Хавоф омадааст. Муддатест, ки дар ин шаҳр ба таҳсили илм машғул аст.
Улуғбек он шахсро пеши худ талабид ва аз ӯ дар бораи илмҳои гуногун чизҳо пурсид. Ӯ ба ҳамаи масъалаҳо ҷавобҳои муносиб дод. Чун дониши он шахс мувофиқи даъвояш баромад, Улуғбек ӯро ба ҳаммом фиристод, либосҳои хоси хешро ба ӯ пӯшонид ва назди Қозизодаи Румӣ фиристода, бо худ ҳамдарс кард.
Инак, ҳамин шахс Мавлоно Хавофӣ буд, ки Мавлоно Хоҷагӣ аз авлоди ӯст. Мавлоно Хоҷагӣ ҳам дар аксари улум, хусусан дар илми маониву баён — илми фасоҳату балоғат — шуҳрати тамом дошт.
ЁДДОШТИ ВОСИФӢ ДАР БОРАИ САРМОИ САХТИ САМАРҚАНД, ҚАҲТУ ГАРОНӢ ВА АҲВОЛИ ТАЛАБАГОНИ ФАҚИРИ ХУРОСОНӢ ДАР ОН ЗИМИСТОН
Восифӣ мегӯяд: дар соли 918 (1512) дар Самарқанд зимистон бисёр сахт омад. Чун Офтоб ба бурҷи Қавс расид, гӯё аз он қавс (камон) тирҳои замҳарир ба сари мо ва одамиён меборид:
Сарриштаи офтоби сӯзон,
Шуд шӯшаи ях ба нимрӯзон.
Рӯз аз хунукӣ кашида дарҳам
Худрову намуда кӯтаҳу кам.
Аз сардии об мурғи обӣ
Оварда паноҳ бар кабобӣ.
Дар ин сол дар Самарқанд қаҳтӣ ва гаронӣ ба дараҷае расид, ки халоиқ ба ҷуз қурси Моҳу Офтоб, ки дар дастархони фалак буд, дар дигар ҷой сурати нонро намедиданд. Гуруснагони фақир шабҳо ба ҷойи хӯшаи гандум дар хаёли худ аз хирмани Парвин хӯша мечиданд:
Гуруснашикам бар намад дошт чашм,
Ки ҳамсояи гӯшт будаст пашм.
Дигар воқеаи аҷибе, ки дар ҳамон вақти сармо ва қаҳтӣ ба ман рӯй дод, ин аст: шабе ба хонаи дӯсте ба меҳмонӣ рафта будам. Дузде дар он шаб ба мадраса омада, қуфли дари ҳуҷраро тофта, ҳар чизеро, ки дар он ҷо ёфтааст, бурдааст.
Ба болои ин, даҳ нафар талабаи ғариби хуросонӣ, ки дар ғояти бечизӣ ва парешонӣ буданд, назди ин фақир омаданд ва аҳволи худро ин тавр изҳор намуданд:
— Агар ба ҳоли мо, ғарибон, фикре накунӣ, мо ҳамагӣ аз сармо ва гуруснагӣ талаф хоҳем шуд.
Аммо ман ба ҷуз ба сабру таваккул даъват кардан ва тасаллӣ додани онҳо чораи дигаре надоштам.
Охир ба хотирам расид, ки дар силсилаи Фулодсултон ҷавоне буд дар ғояти саховат ва ниҳояти карам, ки ӯро Миракои шоҳ мегуфтанд. Хостам аз вай барои толибилмони фақир ёрмандие хоҳиш намоям. Ба ин мақсад аҳволи толибилмони ғарибро баён намуда, ба ӯ мактубе навишта фиристодам.
Он мактуб ин аст (бо қадре кӯтоҳ кардан, айнан):
«Сарафрозо, банданавозо!
Маърузи замири мунири офтобтанвир он ки шиддати сармо ва суубати дай¹ ва сахтии сардиҳои зимистон ва хунукиҳои вай ба дараҷае расида, ки хуршеди авҷи торуми² чаҳорум, ки хусрави зарринкулоҳи ховар аст, ҳар шом худро самандарсифат дар оташи шафақ меандозад ва шоҳи мамолики шом, ки моҳи нав аст, дар хокистари сипеҳр ва ахтари анҷум маъман месозад.
Ҳаво, бо он ки ҷуббаи пурпунбаи абрашро дар оғӯш дорад, аз шиддати сармо дам ба дам нафаси сард мекашад. Унсури оташ, бо он ки ҳамеша аз дуд пӯстини самур бар дӯш дорад, аз бурудати ҳаво ларза мезанад:
[Идомаи мактуб дар матни пешниҳодшуда наомадааст.]»
¹ Суубати дай — шиддати зимистон.
² Тавзеҳи «торум» дар матни пешниҳодшуда наомадааст.
Тавзеҳоти дар миёни матни асл омада
- Уюни мудриқа — чашмҳои идроккунанда.
- Нуфуси нотиқа — рӯҳҳо ва ҷонҳо.
² Торум — хона; маҷозан, осмон.
Дар фасли дай чу шуълаи оташ занад алам,
Дорам басе азизтар аз шӯшаи зараш.
З-он оташ аз суубати сармо фасурданист,
К-аз дуд пӯстини самур аст дар бараш.
«Бар раъйи анвари оламорой пӯшида намонад, ки дар чунин фасл, чун ҳарорати сина ва оташи дил дафъи сармо аз сари мо намекунад, аз бараҳнагӣ кори фақирон наздик ба он расида, ки аз хилъати ҳаё низ орӣ¹ гарданд. Чун шеваи лутф ва бандапарварӣ ҷомаест, ки аз ҷомахонаи аҳадияти сатторӣ² бар зоти бузургвори он ҳазрат пӯшидаанд, раҷои восиқ³ ва амали содиқ⁴ аст, ки ин фақирони бесару по ҳар кадом ба пӯстине аз ҷомахонаи карами он ҷаноб сарафроз шуда, пӯшида гарданд. Ҳамеша зоти касирулбаракот⁵ ба хилъати ҳаёт мулаббас⁶ бод…»
Чун Миракои шоҳ ба мазмуни ин мактуб воқиф гардид, фақиронро ба меҳмонӣ талабида, зиёфат кард. Барои камина пӯстини мӯина ва сарупои мувофиқ ва барои ҳар талаба пӯстини барра ва пироҳану тунбон (куртаву лозимӣ) карам фармуд.
Аммо кори толибилмон ба ҷое кашид ва аҳволи онҳо ба дараҷае расид, ки ду тан аз онҳо пӯстинҳои худро фурӯхта хӯрданд ва аз сахтии сармо ҷон «ба ҷонофарин супурда», мурданд.
Мавлоно Алии Балхӣ, ки яке аз ёрони ҷонӣ буд, шабе ба ҳуҷраи фақир омада гуфт:
— Ин толибилмон ҳама ҳалок мешаванд. Дар бораи онҳо чӣ андеша бояд кард?
Гуфтам:
— Ман низ ҳайронам ва чорае намедонам.
— Дар таърифи соли қаҳт, — гуфт ӯ, — ба мадҳи Абӯсаидсултон⁷ қасидае бояд гуфт, то аз вай ба унвони сила — мукофот — чизе рӯяд ва ба он восита сафинаи умри ин фақиронро аз ин баҳри бепоёни сармо ба соҳили фароғат гузаронем ва киштии аҷзи ин афтодагонро аз ин дарёи заххори хунхори қаҳт бар канора орем.
¹ Орӣ — бараҳна.
² Аҳадияти сатторӣ — Худои айбпӯш.
³ Раҷои восиқ — умеди қавӣ.
⁴ Амали содиқ — орзуи рост.
⁵ Касирулбаракот — пурбаракат.
⁶ Мулаббас — либоспӯшида.
⁷ Абӯсаидсултон — набераи Шайбонихон аст, ки аз соли 936 (1530) то соли 939 (1533) ҳукумат кардааст.
Гуфтам:
— Султон Абӯсаид туркест, ки асло форсӣ намедонад, чунон ки мо туркӣ намедонем.
Мавлоно Алӣ гуфт:
— Ман рафиқе дорам, ки имом ва ноиби султон аст. Ӯ мову он қасидаи навишташуданиро ба султон таъриф кунад, кифоя аст.
Ман ин таклифро қабул кардам ва он қасида ҳамон шаб тамом шуд. Он қасида ин аст:
Эй дил, хаёли хом мабар дар пайи таом!
Зеро ки имтило¹ шудаам з-ин хаёли хом.
Зикри фалак ба хайр, ки аз хони ӯ маро
Шамсии меҳр — чошт бувад, қурси моҳ — шом.²
Аз баҳри роҳтӯша зи анҷум карам намуд
Хони куличареза³ ба ман чархи нилфом.
Рангина қурсҳост пайи нони роҳи ман
Дар раҳ нишони пои шутур, ҳосили калом.
Гандум зи ҳар кӣ кас талабад, орд мекунад
Аз зарби мушт рустаи дандони вай тамом.
Бо он ки хун хӯранд шабу рӯз мардумон,
Даври замони ташна ба хуншон бувад мудом.
Дунон намедиҳанд ба кас нимлуқма нон,
Ё Раб, чунон мабод зи дунон ба ғайри ном.
Дорад чу «қарз» сурати «қурс», аз барои он
Як ҳабба кас қарз наёбад зи хосу ом…
Тасбеҳ дона кардаму саҷҷода дом, лек
Анқо шудаст нон, нашавад сайди кас ба дом.
Як дона гандум ар ба замин афганад касе,
Мардум кунанд мӯрсифат бар вай издиҳом.
Бар халқ гӯшти хару хинзир⁴ шуд ҳалол,
Ё Раб, сабаб чӣ буд, ки нон шуд чунин ҳаром?
Хокистаре, ки дар таҳи он пухта шуд кумоч,⁵
Созанд тӯтиёш халоиқ зи эҳтиром.
Ташбеҳи меҳру маҳ ба кумоч ар кунад касе,
Ҳар ду ниҳон шаванд ба хокистари зулом.⁶
Бӯе, ки муртафеъ шавад аз дуди дегдон,
Хуштар бувад зи роиҳаи⁷ мушк дар машом.
Аз ҳеҷ равзане накунад дуд сар бурун,
Ҷуз дуди маргу дуди дили зори мустаҳом.⁸
З-он сон ки мардум аз пайи нон чӯб мехӯранд,
Набвад аҷаб, ки гардадашон иллати ҷузом…⁹
Аз дасти қарзхоҳ чу гандуми ин замон,
Беҳтар зи ғори муш набошад дигар мақом…
Шуд устухони паҳлуи маҳ зоҳир аз ҳилол,
Аз қурси хур наёфт чу якчанд рӯз ком.
Уммеди линги барра кунам рахши рӯҳро
Ҳар лаҳза пойбанди кӣ гардад ба ҷисм ром.
То шоми рӯзи ҳашр нахоҳад тулӯъ кард
Аз матлаи замона ба ғайр аз маҳи сиём…
Эй Восифӣ, ба гуруснагӣ сабр пеша кун!
Зинҳор нон тамаъ макун аз суфраи лиём!
Дорӣ агар тамаъ, ба шаҳе арз кун, ки ҳаст
Бар даргаҳаш чу Ҳотами Той дусад ғулом.
¹ Имтило — бисёр пур шудани меъда; бадҳазмие, ки аз пурии меъда пайдо мешавад.
² Маънии ин мисраъ: Офтоб таоми чоштгоҳӣ ва Моҳ таоми шом аст.
³ Куличареза — кулчача.
⁴ Хинзир — хук.
⁵ Кумоч — нонест, ки кӯчманчиён дар зери хокистар ё реги тафсон мепазанд.
⁶ Зулом — торикӣ.
⁷ Роиҳа — бӯй.
⁸ Мустаҳом — саргашта, ҳайрон.
⁹ Ҷузом — махав.
Қасидаи мазкурро покнависӣ карда, пагоҳонӣ ба Конигил, ки Абӯсаидсултон дар он ҷо хайма зада буд, рафтем ва онро аз назараш гузаронидем. Он подшоҳ бо ёрии он имом барои силаи қасида даҳ сар гӯсфанди фарбеҳ, бист ман орд, маблағи сад хонӣ (600 танга) ва чор дарахт барои ҳезум карам намуд.
Мо он чизҳоро гирифта, ба мадраса овардем ва он зимистонро бо он толибилмони фақир ва чанде дигар аз фақирон ба фароғат гузаронидем.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё