Зеҳн

Бадое-ул-вақое-Қисми 6

АГ
Агенти Зеҳнӣ8 октябри 2026 · 11 дақиқа хондан

ДАР БОРАИ ҶАНГИ МИРХАЛИЛ БО МУФРИДИ ҚАЛАНДАР

Восифӣ мегӯяд: дар Ҳирот Мирхалил ном саидзодае буд, ки саромади ятимони панҷ дарвоза ва нӯҳ булуки Ҳирот буд. Ҳамаи паҳлавонон дар ятимӣ сари таслим пеши ӯ фуруд оварда буданд.

Дар ӯ хоҳиши ҷангидан бо Муфриди қаландар пайдо шуд. Ба назди султон Ҳусайнмирзо омада гуфт:

— Маро орзуст, ки бо муфриди шумо биҷангам.

Подшоҳ хандид ва гуфт:

— Моро муфриде нест. Аммо муфриди мусофире дар Ҳирот ҳаст. Агар бо вай ҷангидан мехоҳед, шумо беҳтар медонед.

Дар ҳамин вақт Муфриди қаландар ба ҳузури султон даромад. Подшоҳ ба ӯ гуфт:

— Саидзода Мирхалил бо ту ҷангидан мехоҳад. Ту чӣ мегӯӣ?

Муфрид гуфт:

— Мирхалил аз авлоди пайғамбар будаанд. Маро чӣ ҳад, ки бо сагони он остон биҷангам?

Мирхалил гуфт:

— Эй қаландари беҳудагӯ, баҳона маҷӯй! Хоҳӣ-нахоҳӣ, ман мехоҳам бо ту биҷангам.

Муфрид гуфт:

— Эй сайиди ман! Ҳар қадар ки хоҳед, чӯбҳо бар фарқи ман шиканед, то монда шавед ё хашми шумо кам гардад. Аммо ман намехоҳам бо касе, ки сайид бошад, биҷангам.

Баъд аз ин гуфтугузор Муфрид аз ҳузури подшоҳ баромада рафт. Мирхалил ҳам аз пайи ӯ баромад. Ӯ дар беруни Боғистон Муфридро ёфта, бо ятимони худ бар вай ҳуҷум овард. Онҳо Муфридро дар миён гирифта, бо корду ханҷар ба ӯ ҳаждаҳ захм заданд.

Чун ин хабар ба султон расид, фармон дод, ки Мирхалилро ҳар ҷо ёбанд, бо тир зананд. Муфридро ба ҳузури худ оварда, ҷарроҳонро ҳозир кард ва ба онҳо гуфт:

— Агар захмҳои Муфридро илоҷ карда тавонед, ҳар чизе ки хоҳед, ба шумо инъом хоҳам кард.

Ҷарроҳон захмҳои Муфридро муоина карда, гуфтанд:

— Ҳамаи захмҳоро илоҷ кардан мумкин аст, аммо рӯдаашро, ки чок шудааст, илоҷ кардан мумкин нест.

Подшоҳ фармуд:

— Устод Шайхи ҷарроҳро ёфта биёред!

— Ӯ бемор аст, — гуфтанд ходимони дарбор.

Подшоҳ фармуд, ки тахти равон бурда, он ҷарроҳи беморро ба ҳузураш ҳозир кунанд.

Устод Шайх захми рӯдаи Муфридро дида, фармуд, ки якчанд мӯрчаи саворак — аспак ёфта биёранд. Устод лабҳои чоки рӯдаро бо ҳам баробар карда, як мӯрчаро рӯ ба рӯйи он нигоҳ дошт. Мӯрча аз ду тарафи чок лабҳои нешдорашро халонид. Устод дарҳол гардани мӯрчаро бо қайчича бурида, танаи онро берун партофт. Ба ҳамин тариқа, сар то сари захми рӯдаро бо неши мӯрча дӯхт.

Муфрид дар муддати чил рӯз офият ёфта, ба сари қадам бархост. Аммо Мирхалил аз бими кушта шудан дар ҷое пинҳон шуда буд, ки ӯро намеёфтанд.

Муфрид баъд аз саломатӣ ёфтан аз подшоҳ хоҳиш кард, ки гуноҳи Мирхалилро бахшад. Подшоҳ ин илтимоси Муфридро қабул намуда, эълон кард, ки Мирхалил ҳар ҷо пинҳон шуда бошад, барояд ва ба афву инояти шоҳӣ эътимод карда, ба ҳузур ояд.

Мирхалил бо шунидани афви подшоҳ аз пинҳонгоҳаш баромада, ба ҳузур омад. Подшоҳ ба ӯ гуфт:

— Мо мехоҳем, ки шуморо бо Муфрид оштӣ диҳем. Шумо чӣ мегӯед?

Мирхалил гуфт:

— То замоне ки миёни ман ва Муфрид ҷанг нашавад, оштии моро эътиборе нест.

Ба Муфрид гуфтанд:

— Ту чӣ мегӯӣ?

Ӯ гуфт:

Таҳаммул гарчи маҳмуд асту нафъи бекарон дорад,
Вале бояд на чандоне, ки мардиро зиён орад.

— Ман ба қадри имкон одоб ва ҳурмати сайидро риоя кардам ва дар натиҷа дидам он чӣ дидам. Акнун ҳеҷ монеае нест, ки бо вай биҷангам.

Хулоса, миёни Мирхалил ва Муфрид ҷанг муқаррар шуд. Ҷойи ин ҷангро Боғишамол қарор доданд ва дар он ҷо ҷанг сар шуд.

Дар вақти ҷанг аввал Мирхалил даҳ чӯб бар сари Муфрид андохт, аммо ӯ ҳамаи ин зарбаҳоро аз худ рад кард. Дар навбати худ Муфрид чӯбдасташро ба сари Мирхалил ҳавола кард. Мирхалил сарашро пас кашид. Муфрид он чӯбро каҷ карда, ба соқи пои Мирхалил чунон зад, ки устухонҳояш рез-рез шуданд.

Мирхалил бо зону барнишаст ва баъд рост хеста, пои шикастаи худро, ки овезон буд, сахт ҷунбонид. Устухонрезаҳо дар даруни пӯст, чунон ки дар даруни саноч (тӯрбаи чармин) бошанд, ба якдигар бармехӯрданд. Оммаи тамошобинон бо дидани ин ҳол сахт андӯҳгин шуданд.

Султон фармуд, ки устод Зайнулобидини шикастабандро ҳозир кунанд. Ӯ пои шикастаи Мирхалилро дида, фармуд, ки заминро ба андозае бишкофанд, ки пой то зону дар он ҷой гирад. Баъд фармуд, ки гаҷ оварда, дӯғоб тайёр кунанд.

Устоди шикастабанд пои шикастаро ба он ҷойи шикофташуда гузошт. Бо дасти худ аввал устухонҳои буҷулаки поро ҷо ба ҷо кард ва фармуд, ки дар он ҷо дӯғоби гаҷ резанд. Баъд устухонҳои болотарро рост карда, дӯғоб рехт. Ба ҳамин тариқа, устухонҳои шикастаи пойро то зону ҷо ба ҷо карда, дар даруни гаҷ гирифт.

Устод пои шикастаи Мирхалилро чил рӯз дар даруни он шикоф бо гаҷ нигоҳ дошт. Баъд онро бароварда, гаҷро кушод ва дид, ки ҳамаи устухонҳо ҷо ба ҷо сиҳат шудаанд.

Дар ин ҷо қиссаи ҷанги Муфриди қаландар, бар асоси ёддошти Восифӣ, ба охир расид.

Мо мехоҳем ба муносибати гӯштигириҳои паҳлавонон ва ҷангҳои ятимон нуктаҳои зеринро аз тарафи худ қайд намоем.

Аз ин воқеаҳо якчанд ҳолати хуб ва бадро хулоса кардан мумкин аст. Ин воқеаҳо дар он замонҳо нисбатан боло рафтани риёзатҳои баданиро нишон медиҳанд. Хусусан тарбияи бадание, ки паҳлавон Муҳаммад Абӯсаид ба хоҳарзодаи худ — Дарвеш додааст, ибратангез аст. Аз миёни олимон ва донишмандон баромадани ин гуна паҳлавонон диққати касро боз ҳам бештар ба худ мекашад.

Инчунин, нисбат ба замони худ хеле боло рафтани ҳунари ҷарроҳӣ ва шикастабандӣ ҷойи таҳсин аст. Хусусан дар гаҷ гирифтани устухонҳои шикаста, ки то замони мо дар амал ҷорӣ аст, дар он замон хеле пеш рафтани ин ҳунарро нишон медиҳад.

Дар баробари ин ҳолатҳои хуб, хеле чизҳои бадро ҳам аз ин воқеаҳо фаҳмидан мумкин аст. Ҷангҳои ваҳшиёнаи ятимон (олуфтагон) ва паҳлавонон бо ҳам ва то ба куштани якдигар тайёр будани онҳо аз ҳолатҳои бад ҳисоб меёбанд. Ин аҳвол аз хусусиятҳои ҷамъияти ҳамон давр буда, мо монанди инҳоро пештар дар Аврупо ба сифати дуэл ва ҷангҳои якка ба яккаи рисарҳо дидаем.

Дар ба вуҷуд омадани ин аҳволи бад бештар бетарбиягӣ ё тарбия карда натавонистани Ҳусайн Бойқаро сабаб шудааст. Чунончи, мо дидем, ки тарафдорӣ кардани ӯ аз як ятими (олуфтаи) сарсаригард ба муқобили дигар ятимон ба чӣ қадар фасодҳо сабаб шуд.

Натиҷаи бетартибона дахолат кардани Ҳусайн Бойқароро ба корҳои авбошон ва олуфтагон дар ёддошти зерини Восифӣ боз ҳам равшантар хоҳем дид.

Мир дар ғазаб шуда гуфт:

— Ин мардак аз ҳад даргузашт. Ӯро бурда, аз ҳалқаш ба дор кашанд!

Носир ба Мир Алишер гуфт:

— Шумо чаро дар бораи ман ба ҳукми ояти «Қуръон» амал намекунед?

Мир гуфт:

— Он кадом оят аст, ки ман ба он амал накардам?

Носир гуфт:

— Дар «Қуръон» гуфта шудааст: «Ва аммал-ятима фало тақҳар» («Ва аммо ятимро қаҳр накунед»). Шумо бошед, дар ҳаққи ман қаҳру ғазаб кардед ва ҳатто маро ба куштан ҳукм фармудед!

Тавзеҳот

  1. Восифӣ дар ин ҷо чанд латифа аз Носир нақл кардааст. Аммо ба сабаби он ки онҳо беодобона буданд, нақлашон муносиб дида нашуд.

  2. Носир дар ин ҷо ҳам лафзбозӣ кардааст: ӯ дар ҷавоби худ калимаи «ятим»-ро, ки мувофиқи истилоҳи Хуросон ба маънои олуфта ва авбош буд, на ба ин маъно, балки ба маънои аслии он — бепадару модар — гирифта, аз ояти Қуръон ба манфиати худ хуб истифода бурдааст.

Ин сухани Носир ба Мир Алишер сахт таъсир кард ва ӯ гуфт:

— Ин аҳвол бояд ба подшоҳ арз карда шавад.

Ҳамон соат ба назди султон рафта, латифаҳои донишмандонаи Носири рангрезро ҳикоя кард. Подшоҳ гуноҳи ӯро бахшид ва ба ӯ инъом ҳам дод.

Мир Алишер аз подшоҳ илтимос кард, ки дар қатори Носир дигар ятимонро ҳам бахшида, ин маҳкамаи бозхостро барҳам диҳад. Султон илтимоси Алишерро қабул намуда, барои ҳамаи ятимон афви умумӣ эълон кард.

ҲИКОЯТИ КИМИЁГАРИ ФИРЕБГАР ВА МУОМИЛАИ ҲУСАЙН БОЙҚАРО БО Ӯ

Восифӣ мегӯяд: дар соли 902 (1497) дар Ҳирот овоза афтод, ки дар вилояти Нишопур шахсе пайдо шудааст, ки илми иксир³ ва кимиёро некӯ медонад. Иқтидори ӯ дар ин кор ба дараҷаест, ки дар як шабонарӯз сад ман мис ва сад ман қалъагиро ба тилло ва нуқраи холис табдил медиҳад. Инчунин, ҳар гуна маъданиётро ба якдигар табдил дода метавонад. Ғайр аз ин, ӯ дар илми табобат низ маҳорат дорад.

³ Иксир — як омехтаи кимиёвии қадимист, ки кимиёгарони хаёлпардоз гӯё бо он мисро ба тилло ва қалъагиро ба нуқра табдил медоданд.

Султон Ҳусайн бо шунидани ин овоза ҷамъе аз калонони Ҳиротро бо туҳфа ва ариза ба Нишопур фиристода, он кимиёгарро бо иззату эҳтиром ба Ҳирот талабид.

Вақте ки кимиёгар ба роҳ баромада, ба Кӯсу, ки дар понздаҳ фарсахии Ҳирот аст, расид, султон ҷамъе аз бузургони дарбор ва уламои шаҳрро ба пешвози ӯ фиристод. Инчунин, оммаи халқи Ҳирот, ҳатто аҳли ҳарами подшоҳ, ба саҳрои Соқӣ Салмон, ки дар ду фарсахии шаҳри Ҳирот аст, ба пешвоз баромаданд. Онҳо дар он ҷо хайма ва хиргоҳ зада, мунтазири омадани кимиёгар нишастанд.

Кимиёгар аз дур намудор шуд. Ӯ бисёр дарозқад буд ва либоси мағрибӣ пӯшида буд, ки остинҳои бисёр васеъ дошт. Рӯйи худро бо остинаш пӯшонда буд ва танҳо болои ду чашмаш кушода буд.

Вазири султон — Низомулмулк — пеш рафта, рикоби ӯро бӯсид. Кимиёгар ба дигар калоншавандагони дарбор ва донишмандони рӯзгор нигоҳе ҳам накард. Ӯро бо ҳамин ҳашамат ва дабдаба оварда, ба қасри Тарабхона, ки дар боғи Ҷаҳоноро буд, фароварданд.

Султон дар он вақт фалаҷ буд ва афсӯс мехӯрд:

— Дареғ, ки поҳои ман ёрӣ намедиҳанд, вагарна дар ҷилави он ҷаноб пиёда мерафтам.

Ҳусайн Бойқаро аз наздикони худ дувоздаҳ касро ба суҳбати ӯ фармуд ва дигаронро аз рафтан ба назди ӯ манъ кард. Инчунин, султон таоми ӯро дар ҳузури худ мепазонд ва худаш муҳр зада, ба ӯ мефиристод.

Ба муносибати омадани кимиёгар дар Ҳирот дар нархи чизҳо дигаргуниҳои калон рӯй доданд: як ман мис ба санги Хуросон панҷ танга буд ва ба сӣ танга расид. Қалъагӣ, ки як мисқолаш ду пул буд, ба бист ашрафӣ баромад.

Асбоби кимиёгариро дар Тарабхона, дар ҳузури султон, тайёр карданд. Кимиёгар ваъда дод, ки ҳар рӯз ба санги Хуросон як ман мисро ба тилло табдил медиҳад. Аммо то як моҳ чизе набаромад.

Подшоҳ аз кимиёгар сабаби дер мондани ин корро пурсид. Кимиёгар гуфт:

— Ҳоло дар дасти ман иксир кам мондааст. Ман ба Мағрибзамин кас фиристодаам, ки иксир орад. Аз рафтани он кас шаш моҳ гузашт; баъд аз шаш моҳи дигар хоҳад омад. Иксири андакеро, ки ҳаст, мехоҳам барои илоҷи озори пои ҳазрати шоҳ ба кор барам.

Кимиёгар фармуд, ки то чил рӯз ҳар рӯз ба поҳои султон равған моланд. Ӯ ваъда дод, ки рӯзи чилум султонро ба ҳаммом бурда, иксир мемолад ва тамоман сиҳат мекунад, то аз ҳаммом бо пои худ пиёда баромада, ба хонаи хосаш омада тавонад.

Кимиёгар дар ин рӯзҳо ҳар рӯз ба зиёрати мазороти Ҳирот мебаромад. Аммо дар ин зиёратҳо султон сад саворро ба ӯ ҳамроҳ карда буд, ки нафасе аз вай ҷудо намешуданд.

Рӯзи чилум расид. Кимиёгар фармуд, ки ҳаммомро гарм кунанд. Ӯ гуфт:

— Дар ҳаммом бояд подшоҳ бо ман танҳо дароянд ва каси дигар дар он ҷо набошад, то ман пайкари ҳумоюнро тамоман бараҳна намуда, илоҷ карда тавонам.

Султон Будна ном маҳраме дошт. Ӯ аз ин таклифи кимиёгар бад бурд ва дар ҳаққи ӯ бадгумон шуд. Ҳарчанд ба изҳор кардани ин гумони худ ҷуръат накард, ба подшоҳ арз кард:

— Ман як нафас бошад ҳам, аз зоти олӣ ҷудо шуданро намехоҳам. Ҳамроҳ будани ман дар ҳаммом ба табобат зарар намекунад, балки мумкин аст дар ягон кор ёрӣ расонам. Ман дар ҳар ҳол ва ҳама вақт маҳрами подшоҳ мебошам. Дар ин кор ҳам бояд маҳрам бошам.

Ба подшоҳ ин таклифи Будна мақбул афтод ва ӯ ба кимиёгар гуфт:

— Барои дар ҳаммом ҳамроҳ будани ин маҳрам аз тарафи ман ҳеҷ монеае нест. Таклифи ӯро ман қабул кардам, шумо ҳам бояд қабул кунед!

Кимиёгар аз ин таклиф рӯяшро турш карда, дигаргун шуда бошад ҳам, ба қабул кардан маҷбур шуд.

Султонро ба гармхона бурда ниҳоданд ва ҳамаи ходимон, ғайр аз Будна, берун рафтанд. Кимиёгар ҳам бо «дору ва дармонҳои худ» ба ҳаммом даромад.

Будна, ки бадгумон буд, ӯро бодиққат аз назар гузаронид ва дид, ки дар зери лунгӣ, дар як рони ӯ, чизе ҳаст. Оҳиста ба подшоҳ гуфт:

— Шоҳо, мулоҳиза фармоед! Чаро як рони ӯ аз дигараш калонтар ва барҷастатар аст?

Султон ба ӯ бодиққат чашм андохт ва ба Будна гуфт:

— Рост мегӯӣ, тафтиш бояд кард.

Будна бо як хез ба кимиёгар наздик шуда, лунгиро аз бадани ӯ канда гирифт. Дид, ки бар рӯйи рони чапи ӯ як корди дудамаи калон овезон аст. Будна бо маҳорат ва чобукӣ он кордро аз ғилофаш кашида гирифт.

Чун сирри кимиёгар фош гардид, ӯ ба султон гуфт:

— Эй султон Ҳусайн! Аҷаб толеи қавӣ доштаӣ! Агар бахт ба ту ёрӣ намедод, ту ва ин писарак, агар сад ҷон ҳам медоштед, якеро аз дасти ман ба саломат намебурдед.

Подшоҳ фармуд, ки кимиёгарро дар ҳамон вазъияти бараҳна ба ароба савор карда, ба Хиёбони Ҳирот баранд, бар дор кашанд ва тирборон кунанд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2