Намунаи тарзи навишти ҳуҷатҳо.
Ариза (намуна)
Ба директори мактаби миёнаи № ___-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
аз номи __________________________
сокини ноҳияи Сино, кӯчаи __________________,
хонаи ___, ҳуҷраи ___
Ариза
Аз Шумо хоҳиш менамоям, ки писарам __________________-ро ба синфи панҷум қабул намоед. Мо аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба ноҳияи Сино кӯчида омадем ва писарамро аз мактаби пешина гирифтем.
Имзо: _______________
Ному насаб: __________________
Сана: «___» __________ соли ______
Забонхат (намуна)
Ман, __________________________, роҳбари корхонаи __________________, барои васеъ кардани масоҳати корхона аз бонк ба маблағи 300 000 (сесад ҳазор) сомонӣ қарз гирифтам.
Имзо: _______________
Ному насаб: __________________
Сана: «___» __________ соли ______
Тарҷумаи ҳол (намуна)
Ман, __________________________, 27-уми апрели соли ______ дар шаҳри Душанбе, дар оилаи __________________ таваллуд шудаам.
Соли 2007 ба синфи якуми мактаби миёнаи № 2-и шаҳри Душанбе дохил шудам. Дар оилаи мо панҷ нафар ҳастем. Падарам, __________________, муаллими мактаб аст. Модарам, __________________, низ дар мактаб муаллима шуда кор мекунад. Хоҳару бародарам дар мактаб таҳсил мекунанд, ман бошам, дар Донишгоҳи техникии __________________ таҳсил мекунам.
Имзо: _______________
Ному насаб: __________________
Сана: «___» __________ соли ______
Хислатнома (намуна)
Хислатнома
Ба хонандаи синфи 10-уми мактаби миёнаи № ___-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе — __________________________, соли таваллудаш ______, миллаташ тоҷик.
__________________ даҳ сол боз дар мактаби миёнаи № ___-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таҳсил мекунад. Ӯ хонандаи боинтизом буда, супоришҳоро дар муҳлати муқарраршуда иҷро менамояд. Дар таҳсил фаъол буда, бо баҳои аъло мехонад. Дар корҳои ҷамъиятии синф ва мактаб фаъолона иштирок мекунад.
__________________ хонандаи боадаб аст ва ҳамсинфон, омӯзгорон ва калонсолонро эҳтиром менамояд. Ба фанҳои дақиқ шавқу рағбати зиёд дорад. Дар маҳфилу озмунҳои фаннӣ фаъолона иштирок карда, ҳамеша барои баланд бардоштани дониши худ кӯшиш менамояд. Ӯ узви гурӯҳи назорати тозагии синф аст. Ба варзиш низ шавқи зиёд дорад ва узви дастаи футболбозони мактаб мебошад.
Роҳбари синф: __________________
Имзо: _______________
Сана: «___» __________ соли ______
Табрикнома (намуна)
Муҳтарам(а) __________________________!
Шуморо ба муносибати фарорасии иди Наврӯз самимона табрик мегӯям. Ба Шумо дар ин рӯзҳои зебои баҳорӣ сарбаландӣ, муваффақият, тансиҳатӣ ва хонаободӣ таманно дорам. Бигзор ҳар орзуе, ки доред, ҷомаи амал пӯшад.
Бо эҳтиром, шогирдатон: __________________
Сана: «___» __________ соли ______
Даъватнома (намуна)
Муҳтарам(а) __________________________!
Шуморо аз номи __________________ ба маҳфили намоиши либосҳо даъват менамоем. Чорабинӣ рӯзи __________, соати ______, дар толори Донишгоҳи дизайнерӣ ва рассомӣ баргузор мешавад.
Бо эҳтиром, __________________
Сана: «___» __________ соли ______
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё