Вазни мағзи сари кӣ вазнитар аст?
Вазни мағзи сари одами миёна аз 1020 то 1970 граммро ташкил медиҳад. Вазни мағзи сари мардон одатан аз вазни мағзи сари занон 100–150 грамм зиёдтар аст. Байни нажодҳои алоҳида, ба гуфтаи муаллифи матн, дар ин бобат фарқияте нест. Дар ҳар сурат, ҷойи аввалро аврупоиён ишғол намекунанд. Вазни миёнаи мағзи сари африқоиёни сиёҳпӯст 1316 грамм, аврупоиён 1361 грамм, аз ҷумла немисҳо 1291 грамм, швейсариҳо 1327 грамм ва русҳо 1377 граммро ташкил медиҳад. Вазни мағзи сари ҷопониҳо 1374 грамм ва бурятиҳои Россия ҳатто 1508 грамм будааст.
Чӣ тавр фаҳмидан мумкин аст, ки мағзи сари аҷдодони қадимаи мо чӣ қадар вазн дошт? Андозаи мағзи сарро аз рӯйи ҳаҷми косахонаи сар муайян кардан мумкин аст. Ҳаҷми косахонаи сар дар маймуни бузургтарини одамшакли ҳозира хурд буда, 440–510 сантиметри мукаабро ташкил медиҳад.
Агар назарияи Дарвинро ба назар гирем, ҳангоми гузариш аз маймуни олӣ ба одами ибтидоӣ мағзи сар хеле калонтар шуд. Ҳаҷми мағзи сари питекантроп 750–900 сантиметри мукааб ва ҳаҷми мағзи сари синантроп 915–1225 сантиметри мукаабро ташкил медод. Ин нишондиҳанда ба ҳаҷми мағзи сари зани ҳозира наздик буд. Ҳаҷми косахонаи сари неандерталҳо то 1325 сантиметри мукааб ва косахонаи сари неандерталҳои аврупоӣ то 1610 сантиметри мукааб мерасид. Ниҳоят, кроманёниҳо воқеан одамони «боақл» буданд: ҳаҷми косахонаи сарашон то 1880 сантиметри мукааб мерасид.
Баъдан рушди мағзи сар рӯ ба коҳиш ниҳод. Кофтуковҳои олимон дар маҳалли пирамидаҳои Мисри қадим имкон медиҳанд, ки ҳаҷми косахонаи сари фиръавнҳо дар тӯли чандин ҳазор сол муқоиса карда шавад.
Дар тӯли 2–3 ҳазор сол, аз давраи ҳукмронии сулолаи якуми фиръавнҳо то сулолаи ҳаждаҳум, ҳаҷми косахонаи сар аз 1414 то 1379 сантиметри мукааб коҳиш ёфтааст. Ин тақрибан ба 1 сантиметри мукааб дар ҳар 200 сол баробар аст. Ҳамин ҳодисаро нисбат ба аврупоиён низ метавон қайд кард: гӯё дар тӯли 10–20 ҳазор сол мағзи сари онҳо ҳам «қоқ» шудааст. Ҳаҷми миёнаи косахонаи сари аврупоиён имрӯз 1446 сантиметри мукаабро ташкил медиҳад.
Оё одамони қадима аз мо оқилтар буданд? Ин ба ҳақиқат чандон монанд нест. Аммо бояд гуфт, ки онҳо метавонистанд мутафаккирони бузург бошанд, зеро ба бисёр кашфиётҳо бояд бо ақли худ мерасиданд.
Дар миёни ҳайвонот мағзи сари наҳангҳо аз ҳама калонтар аст. Вазни мағзи сари наҳанги кабуд 6800 грамм буда, тақрибан панҷ баробари вазни мағзи сари инсон аст. Вазни мағзи сари фили ҳиндӣ 5000 грамм, белухаи шимолӣ 2350 грамм ва делфини афалин 1735 граммро ташкил медиҳад. Чунин муқоиса гӯё ба фоидаи инсон нест.
Аммо на танҳо ҳаҷми мағзи сар, балки ҳаҷми бадани ба он тааллуқдоштаро низ бояд ба назар гирифт. Наҳанги маъмулӣ тақрибан 30 тонна вазн дорад. Фил тақрибан 3 тонна, белуха 300 кило ва одами миёна 75 кило вазн доранд. Як грамм мағзи сари инсон тақрибан 50 грамм вазни баданро идора мекунад. Ҳамин миқдор мағзи сари наҳанг қариб 100 маротиба бештар, яъне 5 килограмм вазни баданро идора мекунад.
Агар наҳангҳои азимҷуссаеро, ки дар уқёнус кам вомехӯранд ва вазнашон аз 100 то 150 тонна аст, муқоиса кунем, як грамм мағзи сари онҳо беш аз 20 килограмм вазни баданро идора мекунад. Ин барои ҳуҷайраҳои асаб бори гарон аст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё