Ҷомӣ ва шогирд.
Яке аз бузургзодагони Ҳирот фарзандашро барои омӯзиши забон ба ҳузури ҳазрати Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ бурд. Ҳазрати Ҷомӣ дарси ӯро аз китоби «Сарфи мир» оғоз карданд. Дарси аввалро фаҳмонданд ва баъд ба шогирд, ки роҳаш аз миёни бозорчаи шаҳр мегузашт, таъкид намуданд, ки онро чанд рӯз такрор кунад.
Писар рафт ва бо шавқу дилбастагӣ дарсро хуб такрор карда, дар ҳофизааш ҷой дод. Вақте ба ҳузури устодаш расид, Ҷомӣ ба ҷойи дарс аз ӯ пурсиданд:
— Пешаварон ва мардумони бозор ба чӣ кор машғул буданд?
Шогирд ҷавоб дод:
— Ҳазрати устоди бузургвор, ман ба кори мардум коре надоштам; ҳар кас ба шуғли худ машғул буд.
Ҳазрати Ҷомӣ сар ҷунбонданд ва гуфтанд:
— Ту ҳанӯз дарсатро хуб наомӯхтаӣ. Бирав, боз ҳам хуб бихон!
Писарак шитобон рафт ва чунон ба дарс машғул шуд, ки аз он бештар имкон надошт. Дар роҳи мадраса бо диққат ба дӯкондорону пешаварон нигарист. Дид, ки ҳар кас ба кори худ машғул аст.
Ҷомӣ боз ҳам ба ҷойи дарс аз ӯ пурсиданд:
— Мардум ба чӣ кор машғул буданд?
Ҷавонак бо эҳтиром ҷавоб дод:
— Ман ба онҳо диққат кардам, вале чизи фавқулодае надидам. Ҳама ба касбу кори худ машғул буданд.
Ҳазрати Ҷомӣ ӯро бозпас фиристоданд ва гуфтанд:
— Писарам, боз ҳам бихон ва хуб бихон!
Ин дафъа писарак чунон дар дарс ғарқ шуд, ки ғайр аз он чизе барояш воқеият надошт. Рӯзи дигар, дар бозорча, бо тааҷҷуб дид, ки ҳамаи дӯкондорону пешаварон ва харидорон дарси ӯро такрор мекунанд. Писарак ҳайратзада ба ҳузури устод Ҷомӣ расид ва гуфт:
— Устоди бузургвор, ман дар бозор аҷоиботи аҷиберо дидам. Ҳама дарси маро такрор мекарданд. Ҳатто дӯкондорону харидорон ҳам дарси маро мехонданд!
Мавлоно Ҷомӣ пас аз он ки ба шогирди ҳаяҷонзада гӯш доданд, фармуданд:
— Ҳоло ту дарсатро хуб ёд гирифтаӣ. Ман ба ту дарси нав медиҳам.
Баъд Ҷомӣ ба таълими бузургзода пардохтанд.
Дафъае шоире бо номи Фазлуллоҳ Ҷамолӣ аз Ҳинд ба зиёрати Ҷомӣ омад. Дар нахустин маҷлис ӯ дар ҷойи боло нишаст. Азбаски либосҳои ҷанда дар тан дошт, ин ба яке аз амалдорони он замон — Амир Ҷалоир — хуш наомад. Ӯ гуфт:
— Миёни ту ва саг чӣ қадар фарқ аст?
Ҷамолӣ ҷавоб дод:
— Як ваҷаб.
Ҷомӣ аз тарзи гуфтори ӯ дар ҳайрат монда, пурсид:
— Кистӣ ва аз куҷоӣ?
Ҷавоб дод:
— Фақирам ва аз хоки Ҳинд меоям.
Ҷомӣ боз пурсид:
— Аз ашъори Ҷамолӣ чизе дар хотир дорӣ?
Гуфт:
— Оре.
Сипас ин байтро хонд:
Моро зи хоки кӯят пироҳанест бар тан,
Он ҳам зи оби дида сад чок то ба доман.
Ҷомӣ гуфт:
— Магар худат Ҷамолӣ нестӣ?
Гуфт:
— Бале, ҳастам.
Ҳар ду аз ҷой бархоста, оғӯш кушоданд ва бо ҳам вохӯрданд. Пас аз муддате, ҳангоми суҳбат, Ҷомӣ аз Ҷамолӣ пурсид:
— Аз муаммоҳои Амир Хусрав чизе дар хотир дорӣ?
Ҷамолӣ гуфт:
— Муаммоҳои Амир Хусрав ду навъанд: яке қавлӣ ва дигаре феълӣ.
Ҷомӣ гуфт:
— Қавлӣ зиёд шунидаем, аммо феълӣ чӣ гуна аст?
Ҷамолӣ рост бархост, баъд қоматашро хам кард ва пасон ришашро афшонд. Сипас гуфт:
— Ин муаммои феълӣ аст.
Ҷомӣ каме андеша карда, гуфт:
— Ин муаммо шояд ба номи Идрис бошад. Рост шудан ҳарфи алифро ба ёд меорад, хам шудан — ҳарфи долро. Афшондани болои риш бошад, далолат мекунад, ки гардҳо, яъне нуқтаҳои болои ҳарфҳо, бояд афшонда шаванд. Ҳосили он «Идрис» мешавад.
Ҷамолӣ гуфт:
— Ҳақ асту рост. Фақир ба камоли фаросати ҷаноби Шумо қоил шуд. Дуруст гуфтаанд: «Шунидан кай бувад монанди дидан».
(Аз китоби Аълохон Афсаҳзод, «Абдураҳмони Ҷомӣ».)
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё