Зеҳн

Шаҷара (насабнома).

АГ
Агенти Зеҳнӣ8 октябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Шаҷара¹

Мавлоно Ҷомӣ аз сарзанишу писханди амалдорони олирутба ибо намекард ва кирдорҳои ношоистаи онҳоро ҳамеша фош менамуд. Низомулмулк, ки вазири Султон Ҳусайни Мирзо буд, насаби худро ба асҳоби Пайғамбар ва махсусан ба авлоди амаки ӯ Аббос нисбат дода, шаҷарае тартиб дода буд. Ӯ аз бузургон, қозӣ ва муфтиҳои вилояти Хуросон хоҳиш мекард, ки ба зери он насабнома имзо гузоранд ва дуруст будани онро тасдиқ намоянд.

Рӯзе он шаҷараро назди Ҷомӣ низ фиристоданд. Ҷомӣ ба он имзо нагузошт. Худи Низомулмулк омада, бисёр илтимос кард, ки Ҷомӣ шаҷараро имзо кунад. Ҷомӣ аз рӯйи зарофат ин рубоиро бадоҳатан зери он навишт:

Онро, ки бувад нури набӣ² дар башара,
Ҳоҷат набувад ба тӯлу арзи шаҷара.
В-онро, ки зи рух натобад ин нури сара,
Шаҷра надиҳад ба ғайри лаънат самара.

Чун ин воқеа дар шаҳр машҳур шуд, шиносу ношинос сабаби онро мепурсиданд. Ҷомӣ мегуфт, ки шарафу эътибори инсон на ба аҷдод, сарват ё мансаби ӯст. Қитъаи зерини Ҷомӣ низ он рӯзҳо хеле паҳн шуда буд:

Ҳар писар, к-ӯ аз падар лофад, на аз фазлу ҳунар,
Филмасал, гар дидаро мардум бувад, номардум аст.
Шохи бебар, арчи бошад аз дарахти мевадор,
Чун наорад мевабор, андар шумори ҳезум аст.

¹ Шаҷара — насабнома.
² Набӣ — пайғамбар.

(Аз китоби Аълохон Афсаҳзод, «Абдураҳмони Ҷомӣ».)

Мавлоно Ҷомӣ дар маҷлисе ғазале хонд, ки матлааш чунин буд:

Баски дар ҷони фигору ҷисми беморам туӣ,
Ҳар кӣ пайдо мешавад аз дур, пиндорам туӣ.

Яке аз шайхзодаҳои шаҳр, ки аз балоғат бебаҳра набуд ва даъвои шеъру шоирӣ дошт, ба матлаи ғазали Мавлоно Ҷомӣ эътироз карда гуфт:

— Ҷаноби Мавлоно! Шумо дар ин матлаъ фармудаед: «Ҳар кӣ пайдо мешавад аз дур, пиндорам туӣ». Агар харе ё гове пайдо шавад, чӣ?

Мавлоно Ҷомӣ гуфт:

— Боз пиндорам туӣ.

Рӯзе Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ барои табъозмоӣ хоҳарзодааш Мавлоно Ҳотифиро водор кард, ки чанд мисраъ аз ашъори Фирдавсиро, ки ба сурати ҳаҷв суруда шудааст, истиқбол намояд. Мавлоно Ҳотифӣ пазируфт ва пурсид:

— Он шеър кадом аст?

Ҳазрати Ҷомӣ шеърро ба Ҳотифӣ нишон дод. Он чунин буд:

Дарахте, ки талх аст ӯро сиришт,
Гараш барнишонӣ ба боғи биҳишт.
В-ар аз ҷӯйи хулдаш ба ҳангоми об,
Ба бех ангубин резию шаҳди ноб,
Саранҷом гавҳар ба кор оварад,
Ҳамон меваи талх бор оварад.

Ҳотифӣ шеърро хонд ва ин абётро пешкаш намуд:

Агар байзаи зоғи зулматсиришт
Ниҳӣ зери товуси боғи биҳишт,
Ба ҳангоми он байза парварданаш
Зи анҷири ҷаннат диҳӣ арзанаш,
Диҳӣ обаш аз чашмаи Салсабил,
Бад-он байза дам гар занад Ҷабраил,
Шавад оқибат байзаи зоғ зоғ,
Кашад ранҷи беҳуда товуси боғ.

Мавлоно Ҷомӣ гуфт:

— Нек гуфтаӣ, вале дар ҳар мисраъ як байза гузоштаӣ.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2