Убайди Зоконӣ - Ҳикоятҳо аз рисолаи Ахлоқулaшроф
Ҳикоят
Яке аз бузургон фарзанди худро... дар аснои васоё фармуда бошад, ки: зй писар! Зинҳор бояд ки забон аз лафзи «наам» гўш дорӣ ва пайваста лафзи «ло» бар забон ронӣ ва яқин донӣ, ки то кори ту бо «ло» бошад, кори ту бо "ло" бошад ва то бар лафзи ту «наам» бошад, дили ту ба ғам бошад...
Ҳикоят
Бузургеро аз акобир, ки дар сарват Қоруни замони худ буд, аҷал даррасид. Умед аз зиндагонӣ қатъ кард. Ҷигаргўшагони худро, ки тифлони хонадони «карам» буданд, ҳозир кард
Гуфт: — Эй, фарзандон! Рўзгоре дароз дар касби мол заҳматҳои сафар ва ҳазар кашидаам ва ҳалқи худро ба сарпанҷаи гуруснагӣ фушурда, то ин чанд динор захира кардаам. Зинҳор аз муҳофизати ин ғофил мабошед ва ба ҳеҷ ваҷҳ дасти ҳирc бад-он маёзед ва яқин донед, ки:
Зар азиз офаридааст худой
Ҳар кӣ хораш накард, хор нашуд.
Агар касе бо шумо сухан гўяд, ки падари шуморо дар хоб дидам, биринҷ ва ҳалво мехоҳад, зинҳор ба макри ў фирефта машавед, ки он ман нагуфта бошам ва мурда чизе нахўрад. Агар ман худ низ дар хоб бо шумо намоям ва ҳамин илтимос кунам, бад-он илтифот набояд кард, ки онро изғос ва аҳлом хонанд. Бошад он дев намояд. Ман он чӣ дар зиндагӣ нахўрда бошам, дар мурдагӣ таманно накунам. Ин бигуфт ва ҷон ба хизонаи молики дўзах супурд.
Ҳикоят
Аз бузурге дигар ривоят кунанд, ки дар муома-лае, ки бо дигаре дошт, ба ду ҷав музояқа152 аз ҳад даргузаронид. Ўро манъ карданд, ки ин муҳаққар 15З бад-ин музояқа намеарзад.
Гуфт: —Чаро ман миқдоре аз моли худ тарк кунам, ки маро як рўз ва як ҳафта ва як моҳ ва як сол ва ҳама умр бас бошад.
Гуфтанд: — Чӣ гуна?
Гуфт: — Агар ба намак диҳам, як рўз бас бошад; агар ба ҳаммом равам, як ҳафта; агар ба фассод154 диҳам, як моҳ; агар ба ҷорўб диҳам, як сол; агар ба мехе диҳам ва дар девор занам, ҳама умр бас бошад. Пас неъмате, ки чандин маслиҳати ман бад-он манут155 бошад, чаро бигзорам, ба тақсир 156 аз ман фавт шавад?!
Ҳикоят
Аз бузурге ривоят кунанд, ки чун дар хонаи ў нон пазанд, як-як нон ба дасти номуборак дар баробари чашми худ дорад ва бигўяд.
Мисраъ
Ҳаргиз халале ба рўзгорат марасо!
Ва ба хозин 157 супорад. Чун бўи нон ба хадам ва ҳашамаш 158 расад, гўянд:
Байт
Ту паси пардаву мо хуни ҷигар мерезем,
Оҳ, агар парда барафтад, ки чӣ шўр ангезем?!
Ҳикоят
Дар ин рўзҳо бузургзодае хирқае ба дарвеше дод. Магар то инон хабари ин воқеа ба ҷамъи падари бузургвораш расониданд. Бо писар дар ин боб итоб мекард.
Писар гуфт: —Ман дар китобе хондам, ки ҳар кӣ бузургӣ хоҳад, бояд ҳар чӣ дорад, исор кунад. Ман бад-он ҳавас ин хирқаро исор кардам.
Падар гуфт:—Эй, аблаҳ! Ғалат дар лафзи исор кардаӣ, ки ба таоҳиф хондаӣ. Бузургон гуфтаанд, ки ҳар кӣ бузургӣ хоҳад, бояд ҳар чӣ дорад, анбор кунад, то бад-он азиз бошад. Набинӣ, ки акнун ҳама бузургон анбордорӣ мекунанд, то бад-он азиз бошанд ва шоире гўяд
Байт
Андак-андак ба ҳам шавад бисёр,
Дона-донаст ғалла дар анбор
Ҳикоят
Ҳам аз бузургони аср яке бо ғуломи худ гуфт, ки аз моли худ пораи гўшт биситон ва аз он таоме бисоз, то бихўрам ва туро озод кунам. Ғулом шод шуд, бирёне сохт ва пеши ў овард. Хоcа бихўрд ва гўшт ба ғулом супурд. Дигар рўз гуфт: — Бад-он гўшт нахудобе музаъфар бисоз, то бихўрам ва туро озод кунам. Ғулом фармон бурд ва бисохт ва пеш овард. Хоcа заҳри мор кард ва гўшт ба ғулом супурд. Рўзи дигар гўшт музмаҳил шуда буд ва аз кор афтода.
Гуфт: —Ин гўшт бифурўш ва пораи равған биситон ва аз он таоме бисоз, то бихўрам ва туро озод кунам.
Ғулом гуфт: -Эй, хоҷа! Бигзор, то ман ба гардани худ ҳамчунон ғуломи ту бошам. Агар ҳар оина хайре дар хотири муборак мегузарад, ба нияти худо, ин гўштпораро озод кун!
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё