Зеҳн

Заминаҳои пайдоиши илми сотсиология.

АГ
Агенти Зеҳнӣ7 октябри 2026 · 4 дақиқа хондан

Барқароршавии илми сотсиология давраи дуру дарози таърихӣ дорад, чунки кӯшишҳои дарк намудани характери сохтори ҷамъиятӣ, ба инсоният ҳанӯз дар ибтидои инкишофаш хос буд.
Инкишофи таълимот дар бораи ҳаёти ҷамъиятиро мо дар Юнони қадим дар асарҳои Афлотун ва Арасту дарёфт мекунем. Афлотун диққати худро ба таҳлили васеи иҷтимоии ҷомеаи ғуломдорӣ равона карда, дар сохтори он олим табақаҳои зеринро ҷудо мекунад: «файласуфон» - е, ки давлатро идора мекунанд (ҳокимӣ мекунанд), «сарбозон», ки ҷанговаранд, «косибон», ки шахсони озод ва ғуломон мебошанд.
Нисбат ба Афлотун, ки вазифаҳои иҷтимоиро аз рӯйи меъёрҳои табақабандӣӣ ҷудо карда буд, Арасту меъёрҳои синнусолиро интихоб карда, сохтори иҷтимоии шаҳру давлатии идеалиро тасвир менамояд, ки он аз шаҳрвандони ҷавон (онҳое, ки вазифаи ҳарбиро амалӣ мегардонанд) ва шахсоне, ки бо кори ҷисмонӣ машғуланд (заминдорон ва косибон), иборат буд. Ғуломон ба ақидаи Арасту, ин унсури зарурии сохтори иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд. Арасту аввалин мутафаккире буд, ки принсипҳои асосии таъсир ва этиқоди иҷтимоиро кор кардааст.
Дар давраи эҳё масъалаи муносибатҳои инсонҳоро дар ҷомеа Т. Мор, Н. Макиавеллӣ, М. Монтен дида баромадаанд. Ин масъала нисбатан хубтар дар замони нав, дар асарҳои Ж. Ж. Руссо, Д. Дидро, Т. Гоббс ва дигарон мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Андешаҳои иҷтимоии ин мутафаккирон боис гашт, ки институтҳои иҷтимоии ҷомеаи анъанавӣ аз байн раванд. Диққати махсусро, хусусан, асарҳои Ш. Монтескё ҷалб мекунад. Дар асараш «Мулоҳизаҳо оиди сабабҳои бузургӣ ва пошхурии Римиҳо» (1734) Монтескё чи гуна тамаддунҳо мустаҳкам мешаванд, ба авҷи аълои худ мерасанд ва аз байн мераванд, дида мебарояд. Дар асараш «Оиди рӯҳи қонунҳо» (1748) ӯ рафтори инсонро дар сохтори ҷомеа шарҳ додаст. Аз нуқтаи назари сотсиология беҳтарин идеяе, ки Монтескё пешниҳод намудааст, принсипи тақсимоти ҳокимият дар давлати буржуазӣ - демократӣ мебошад.
Сотсиология ҳамчун дониши илмӣ замоне ба вуҷуд омад, ки тарзи зиндагии муқаррарии мардум ба шароитҳои нави иҷтимоӣ рост намеомад. Умуман, ба вуҷуд омадани сотсиология ҳамчун илми нав дар бораи ҷомеа ин натиҷаи норозигии куллӣ аз фалсафаи асри XVIII буд, ки зери таъсири инқилоби бузурги франсавӣ (1789) ба миён омад. Бо суръати баланд инкишоф ёфтани ҷомеаи буржуазӣ ба тасаввуротҳои анъанавии фалсафию иҷтимоӣ мувофиқ намеомад. Тарзи ҳаёт, робитаҳои рӯзмара миёни одамон, ки аз рӯйи анъана буданд, тағйир ёфт, аз нав тақсимкунии ҳокимият ба вуҷуд омад ва низоми идоракунии иҷтимоӣ душвор гашт. Фикру андешаҳое, ки нисбати инсон ва сохтори иҷтимоӣ вуҷуд дошт, зери омӯзиши дубора қарор гирифт. Дар ин айём тадқиқотҳои зиёди амалӣ (эмпирикӣ) дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа оғоз шуданд.
Яке аз аввалинҳое, ки истифодабарии усулҳои илмҳои табиатшиносиро барои дарки хаёти ҷомеа ҷонибдорӣ мекард, файласуфу муаррихи франсавӣ Клод Анри де Сен - Симон (1760 - 1825) буд. Ҳамроҳи ӯ аз соли 1817 то солӣ 1824 ба сифати котиби шахсии ӯ О. Конт кор мекард.
Дар соли 1822 Сен - Симон ва Конт «Нақшаи корҳои барои аз нав ташкилкунии ҷамеа зарур» - ро омода сохтанд. Идеяи асосии ин нақша он буд, ки бояд илме ташкил кард, ки ба мушоҳидаҳои объективӣ асос ёбад ва мувофиқи усулҳои илмҳои табиатшиносӣ, хусусан, физика кор карда шавад. Сараввал илми навро дар бораи ҷомеа Конт физикаи иҷтимоӣ ном гузошт. Ба монанди қисматҳои физика Конт ин илмро ба «статикаи иҷтимоӣ» ва «динамикаи иҷтимоӣ» ҷудо кард.

Баъдтар дар соли 1839 Конт дар ҷилди чоруми асари шашҷилдаи худ «Курси фалсафаи позитивӣ» ба ҷои мафҳуми физикаи ичтимоӣ мафҳуми нав – сотсиологияро истифода кард. Ӯ ин мафҳумро аз ду калимаи мустаъқили лотинии societas – ҷомеа ва юнонии logos – таълимот ба вуҷуд овард. Сабаби иваз кардани мафҳуми физикаи иҷтимоӣ он буд, ки асосгузори омор, математик ва физики белгиягӣ А. Кетле (1796 - 1874) дар асараш «Физикаи иҷтимоӣ ва ё таҷрибаи тадқиқи қобилиятҳои инсон» физикаи иҷтимоиро танҳо ба тадқиқи омории ҳаёти ҷамъиятӣ мансуб медонад. Лекин аз рӯйи фаҳмиши Конт сотсиология набояд илми шарҳӣ - тасвирӣ, балки назариявӣ бошад.
То пайдоиши илми сотсиология ҷомеа ба воситаи методҳои абстрактӣ ва содалавҳона омӯхта мешуд. Пас аз он, ки ҷомеашиносон кӯшиш намуданд ҷомеаро ба воситаи усулҳои илмӣ (намунаи ин дар илмҳои табиатшиносӣ истифода мешуд) омӯзанд, сотсиология ҳамчун илми мустақили ҷомеашиносӣ ба вуҷуд омад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2