Зеҳн

Чаро Худованд бандагонашро якзайл наофаридааст? Чаро баъзеҳоро кӯр, баъзеҳоро ланг офаридааст?

ЗЕ
Зеҳн6 октябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Аввалан, Худованд Молики ягонаи коинот аст. Касе наметавонад бо Ӯ сарукор бигирад, ба офаридаҳояш дахолат кунад. Худованд шуморо аз зарраҳои кӯчак халқ карда, ҳуввияти инсонӣ бахшидааст. Шумо, то замоне ки Худованд ҳамаи ин неъматҳоро ба шумо ато кард, бар ивазаш чизе надода будед, ки даъвои ҳақ кунед. Агар шумо бар ивази атои Худо чизе тақдим мекардед, шояд он гоҳ ҳақ медоштед, ки талаб кунед: «Ба ман як чашм не, ду чашм бидеҳ! Як даст не, ду даст!» ва эътироз мекардед: «Чаро ба ман ду пой не, як пой додӣ?» Ҳол он ки шумо ба Худованд чизе надодаед, ки (ҳошо) Ӯро ба беадолатӣ айбдор кунед. Беадолатӣ аз надодани ҳаққи касе бармеояд. Магар мо ба Худо ҳаққе дорем, ки Зоти Ӯро ба беадолатӣ гунаҳгор кунем?

Худованд моро аз ҳеҷ дар сурати одамӣ офаридааст. Агар таваҷҷуҳ кунед, дар атрофи шумо махлуқоти зиёде ҳастанд, ки бо мушоҳидаи онҳо метавонед пай баред, ки ба чӣ неъматҳое мазҳар гаштаед.

Дувум, Худованд баъзан касеро аз пой маҳрум мекунад, вале дар муқобилаш ба ӯ дар охират рӯзии зиёде ато мекунад. Бо маҳрум монондани инсон аз пойи худ, Худованд ба инсон аҷзу заъф ва фақри ӯро эҳсос мекунонад. Агар дар ин сурат Худованд қалби инсонро ба худ мутаваҷҷеҳ сохта, рӯҳи ӯро инкишоф диҳад, пас Ӯ (ҷалла ҷалолуҳу) бо гирифтани чизи кам, ба инсон неъмати зиёд додааст. Воқеан ин нишонаи лутфи Худованд аст, агарчи зоҳиран чунин наменамояд. Мисли он аст, ки Худо касеро шаҳодат насиб мекунад, баъд ба ҷаннат мегузорад. Барои мисол касе, ки дар роҳи рост шаҳид мешавад, ӯ дар маҳкамаи кубро ва дар ҳузури Худо ба мақоме мерасад, ки ҳатто ҷамъи сиддиқон ва солеҳон ба ҷойгоҳи ӯ бо ҳавас менигаранд. Бо наззораи он ҷойгоҳ бисёриҳо мегӯянд: «Эй кош, Худованд дар дунё ба мо ҳам шаҳодат насиб мекард». Аз ин рӯ агар сари чунин инсон аз тан ҷудо шавад ҳам, чизи зиёде аз даст намедиҳад, балки он чӣ дар иваз ба даст меорад, барзиёд аст.

Ҳарчанд ки нодиран баъзе маъюбон аз аҳволи худ изҳори норизоӣ мекунанд, аммо бисёриҳоро чунин норасоиҳо ба Худо наздиктар мекунад. Муҳим он аст, ки дар дили чунин инсонҳо шавқи охират бедор карда шавад. Ҳар гоҳе ки одамони дорои қобилияти маҳдуд ба Худо мутаваҷҷеҳ мешаванд ва дигарон онҳоро дида ибрат мегиранд, он гоҳ ин амал мувофиқи мақсад ва аз рӯйи ҳикмат аст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2