Зеҳн

Барнома ва нақшаи тадқиқоти сотсиологӣ

АГ
Агенти Зеҳнӣ6 октябри 2026 · 7 дақиқа хондан

Барои гузарондани тадқиқоти сотсиологӣ лозим аст, ки омодагии хубу ҳаматарафа дида шавад. Дар давраи омодагӣ барнома ва нақшаи тадқиқот тайёр карда мешаванд. Барномаи тадқиқоти сотсиологӣ - ин иншои заминаҳои назариявӣ - методологии таълимоти умумии тадқиқот мутобиқи мақсадҳои асосии корҳои дар пешистода ва фарзияҳои тадқиқот бо нишон додани қоидаҳои амалиёт ва пайдарҳамии мантиқии корҳо барои санҷиши ин фарзияҳо мебошад. Дар барнома масъалаҳои тадқиқот баён карда шуда, предмет ва мақсадҳои он муайян карда мешаванд, тағйирёбандаҳо интихоб карда шуда, мафҳумҳои асосӣ шарҳ дода мешаванд. Самаранокии тадқиқоти сотсиологӣ фоиданокии натиҷаҳои назариявӣ ва амалии он бисёртар аз сатҳи илмии коркарди барномаи тадқиқот вобастаанд.

Барномаи тадқиқоти сотсиологӣ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

  • Вазифаи методологӣ (имконият медиҳад масъалаҳои илмӣ, мақсадҳо, вазифаҳо ва принсипҳои тадқиқот муайян карда шаванд);
  • Вазифаи методӣ (нақшаи мантиқии тадқиқот кор карда мешавад);
  • Вазифаи ташкилӣ (коркарди низоми амиқи тақсимоти меҳнат таъмин карда мешавад, ки он назорати пайдарҳамии гузариши давраҳои асосии тадқиқотро осон мегардонад).
    Барномаи тадқиқоти сотсиологӣ аз ду бахш - методологӣ ва методӣ - амалиётӣ иборат аст. Барномаи тадқиқот бо нақшаи корӣ пурра мешавад, ки дар он давраҳои кор, мӯҳлатҳои гузаронидани тадқиқот дида баромада шуда, ба захираҳо баҳо дода мешавад.
    Бахши методологии барномаи тадқиқоти сотсиологӣ аз унсурҳои зерин иборат аст:
  • Баён ва асоснок намудани масъалаи таҳқиқшаванда;
  • Ҳадафҳо ва вазифаҳои тадқиқот;
  • Муайян кардани объект ва предмети тадқиқот;
  • Таҳлили мантиқии мафҳумҳои асосии тадқиқот;
  • Шарҳи назариявии мафҳумҳо;
  • Пешниҳоди фарзияҳо;
  • Шарҳи амалии мафҳумҳо.
    Коркарди барномаи тадқиқоти сотсиологӣ аз баёни ҳолати ҳалталаб ҳамчун як зиддияте байни дарки талаботи илмӣ - маърифатӣ ё талаботи амалӣ ва надонистани тарзҳои қаноатмандсозии он оғоз меёбад. Мутобиқан мақсади асосии тадқиқот ҳамчун мақсади назариявӣ - ёрирасон (ҷустуҷӯи тарзи умумии ҳалли масъала бо татбиқи он дар амалия) ё мақсади ёрирасон (дар робита бо танзими амалии ҷараёнҳои муайяни иҷтимоӣ) муайян карда мешавад. Мутобиқан бо мақсади тадқиқот вазифаҳои хусусии он баён карда мешаванд. Вазифаҳои тадқиқоти сотсиологӣ - ин маҷмӯӣ нишондодҳои мушаххаси мақсаднок мебошад, ки ба таҳлил ва ҳалли масъалаҳо равона шудаанд. Дар тадқиқотҳои сотсиологӣ барои ҳалли масъалаҳои назариявии илмӣ нигарондашуда вазифаҳои назариявӣ асосӣ буда, вазифаҳои амалӣ ғайриасосӣ мебошанд.
    Дар тадқиқотҳои ёрирасон бошад, баръакс, вазифаҳои амалӣ асосианд. Вазифаҳои асосии тадқиқот ба мақсадҳои он ҷавобгӯ мебошанд, вазифаҳои иловагӣ барои омода сохтани тадқиқотҳои минбаъда, барои ҳалли баъзе вазифаҳои методӣ монда мешаванд.
    Масъаларо баён карда, мақсадҳо ва вазифаҳои тадқиқотро муайян карда, зарур аст, ки объект ва предмети тадқиқот низ аниқ карда шаванд. Дар тадқиқоти назариявӣ - ёрирасон сараввал предмети он аниқ карда мешавад, баъдан объектҳои воқеӣ (омӯзиши онҳо имконият медиҳанд ҳалли умумии масъалаҳо дарёфт карда шавад), дар тадқиқотҳои ёрирасон пеш аз объекти муайяни тадқиқот предмети таҳлил аниқ карда мешавад. Объекти тадқиқоти сотсиологӣ - ҳодиса ё ҷараёне, дорандаи масъалаи иҷтимоӣ (як бахши воқеияти иҷтимоӣ, фаъолияти одамон) мебошад.

Нисбати объекти тадқиқот чунин талаботҳо вуҷуд доранд:

  • Ифодаи амиқи ҳодисаҳо аз рӯи аломатҳои зерин:
    вобастагии касбӣ - соҳавӣ ва маҳдудияти фазоӣ;
  • Маҳдудияти муайяни муваққатӣ;
  • Имконияти ченкунии микдории объект.
    Предмети тадқиқоти сотсиологӣ - тарафҳо, бахшҳо ва хосиятҳои объект, ки ба шакли пурра масъалаи таҳқиқшавандаро бештар ифода мекунанд ва бояд омӯхта шаванд. Интихоби дурусти предмети тадқиқотро масъалагузории амиқ, баёни мақсад ва вазифаҳои тадқиқот ва таҳлили низомии объект муайян мекунанд.
    Дар барномаи тадқиқоти сотсиологӣ ҷойи зиёдро дида баромадани мафҳумҳои асосӣ ишғол мекунад, ки бо ёрии онҳо масъалаи иҷтимоӣ ифода мешавад. Ҷустуҷӯи аҳамиятнокии амалии мафҳумҳо - шарҳи амалӣ ва муайянкунии ин мафҳумҳо ба воситаи нишон додани қоидаҳои ифодакунии аломатҳои мутобиқ муайянкунии амалиётӣ номида мешавад. Шарҳдиҳии амалии мафҳум маънои онро дорад, ки чунин нишондиҳандаеро ёфтан даркор аст, ки бояд ягон ҷиҳати хеле муҳими маънои ин мафҳумро ифода намояд ва бояд ченшаванда бошад. Шарҳдиҳии мафҳумҳои оддитарини дар ин асно бадастомадаро мафҳумҳои амалиётсозӣ меноманд.
    Ҷараёни таҳлили мантиқии мафҳумҳои асосӣ дар тадқиқоти сотсиологӣ аз ду давра иборат аст:
  1. Муайян кардани паҳлӯҳои асосии предмети тадқиқот бо роҳи шарҳи чунин мафҳумҳое, ки метавонанд моҳияти онро пурра ифода намоянд;
  2. Дарёфт кардани маҷмӯӣ мафҳумҳои амалиётсозӣ, ки мафҳуми асосиро дар бар мегиранд.
    Якҷоя бо шарҳи мафҳумҳои асосӣ таҳлили низомии объект пешакӣ ба амал бароварда мешавад, яъне банизомдарории маълумотҳои мавҷудбудаи соҳаи предметии мазкур ва дар муносибат бо объекти мазкур. Мақсади таҳлили низомии пешакӣ - сохтани амсилаи фарзиявии объект ҳамчун низом, дарёфт кардани унсурҳо ва робитаҳои онҳо, ки имконият медиҳанд минбаъд фарзияҳои умумӣ ва хусусии тадқиқот баён карда шаванд.
    Фарзия дар тадқиқоти сотсиологӣ - ин тахмини асоснокшуда оид ба сохтори объекти иҷтимоӣ ва характери робитаҳои байни ҳодисаҳои иҷтимоӣ мебошад.
    Фарзияҳоро чунин тасниф намудан мумкин аст:
  • Аз рӯи дараҷаи умумияти тахминҳо - фарзияҳои заминавӣ ва фарзияҳои натиҷавӣ;
  • Аз рӯи дараҷаи коркардашавӣ ва асоснокшавӣ - фарзияҳои ибтидоӣ ва дуюмдараҷа;
  • Аз рӯи мазмуни тахминҳо оид ба соҳаи предметии масъала - фарзияҳои тасвирӣ ва шарҳдиҳанда;
  • Аз рӯи нуқтаи назари вазифаҳои тадқиқот - фарзияҳои асосӣ ва ғайриасосӣ.
    Дар сотсиология низоми заминаҳои умумӣ ва талаботҳои сохтани фарзияҳо кор карда шудааст:
  1. Фарзия бояд ба принсипҳои ибтидоии назарияи умумисотсиологӣ ҷавобгӯ бошад (яъне санҷидашаванда бошад);
  2. Зарур аст, ки фарзия ба далелҳои маълум ва санҷидашуда зид набошад;
  3. Фарзия набояд мафҳумҳоеро дошта бошад, ки шарҳи амалиро нагирифтаанд;
  4. Фарзия бояд дар сатҳи назариявии донишҳои мавҷуда ва имкониятҳои амалии тадқиқот қарор дошта бошад;
  5. Тахлили мантиқии фарзия бояд дохилан зиддиятнок набуданашро муқаррар кунад.
  6. Барои баланд бардоштани тасдиқшавии фарзия бод тадбирҳои зерин андешида шаванд:
  7. Кӯшиш бояд кард, ки ҳар чӣ зиёдтар фарзияҳои бо ҳам амалкунанда пешниҳод карда шаванд;
  8. Ҳар чӣ зиёдтар нишондиҳандаҳои амалии тағйирёбандаҳои дохилӣ барои ҳар як фарзия нишон дода шаванд.

Бахши методии барномаи тадқиқоти сотсиологӣ аз унсурҳои зерин иборат аст:
• Интихобнамоӣ;
• Асоснок кардани усулҳои ҷамъоварии маълумотҳои амалӣ;
• Усулҳои ҷамъоварии иттилоот;
• Усулҳои коркард ва таҳлили маълумотҳо;
• Нақшаи ташкилии тадқиқот.
Мутобиқи фарзияҳои коркардашуда, мақсадҳо ва вазифаҳои тадқиқот дар ҳар як ҳолати мушаххас стратегияи тадқиқотӣ - нақшаи стратегӣ тартиб дода мешавад. Се тарзи нақшаи стратегии тадқиқот вуҷуд доранд:

  1. Иктишофӣ;
  2. Тасвирӣ (таҳлилӣ);
  3. Озмоишӣ.
    Мақсади нақшаи иктишофӣ – аниқ намудани масъала ва баёни фарзияҳо мебошад. Дар ҳолати мавҷуд набудани тасаввуроти равшан оид ба объекти тадқиқот истифода бурда мешавад. Чунин нақша се давраи корро дар бар мегирад:
  • Кори дақиқ бо ҳуҷҷатҳо;
  • Гузарондани мусоҳиба бо экспертҳо бо мақсади ба даст овардани донишҳои иловагӣ ва баёни фарзияҳо;
  • Мушоҳидаи иктишофӣ.
    Нақшаи иктишофиро аз тадқиқоти озмоишӣ ё пилотажие, ки барои санҷидани методикаи тадқиқот истифода бурда мешавад, фарқ бояд кард.
    Мақсади нақшаи тасвирӣ - ин тасвири ҷиддии хусусиятҳои сифатӣ - миқдории объекти тадқиқот мебошад. Дар он ҳолате истифода бурда мешавад, ки агар донишҳои мавҷуда оид ба объекти тадқиқот имконият медиҳанд, ки фарзияи тасвирӣ баён карда шавад. Гирд овардани иттилоъ аз рӯи нақшаи тасвирӣ дар асоси тадқиқоти интихобӣ ё монографӣ, анкетагузаронӣ ва гурӯҳбандӣ иҷро мешавад. Мақсади нақшаи озмоишӣ - ин муқаррар намудани робитаҳои сабабу натиҷаҳо дар объекти тадқиқот мебошад. Ҳангоми мавҷуд будани донишҳои кофӣ дар соҳаи омӯхташаванда истифода бурда мешавад, ки имконият медиҳад фарзияҳои шарҳдиҳанда пешниҳод шаванд. Усули боэътимодтарин дар ин асно – гузарондани озмоиши иҷтимоӣ мебошад.
    Ғайр аз нақшаи стратегии тадқиқот дар бахши методии барнома тавсифоти усулҳо ва роҳҳои гирдовардаи иттилооти ибтидоии истифодашаванда (пурсиши анкетавӣ, мусоҳиба, мушоҳида ва ғайра), инчунин лоиҳаи интихобнамоӣ (муайян кардани маҷмӯи таҳқиқшавандаи объектҳои иҷтимоӣ) оварда мешаванд.
    Нисбати барномаи тадқиқоти сотсиологӣ чунин талаботҳои умумии методӣ вуҷуд доранд:
  • Зарурати коркарди бахши назариявӣ - методии барнома;
  • Ҳамаи нуқтаҳои барномаро бояд ҳаматарафа ва пухта фикр карда шуда, мутобиқи мантиқи тадқиқот ва равшан баёншуда бошанд;
  • Ҳамаи бахшҳои барнома бояд мантиқан пайдарҳам бошанд;
  • Имконияти ворид кардани тағйиротҳои заруриро дошта бошад.
    Чорабиниҳои амалиётии асосие, ки бо сифати гузаронидани тадқиқот
    алоқаманд мебошанд, дар нақшаи кории тадқиқот инъикос мегарданд.
    Нақшаи корӣ аз барномаи тадқиқот бармеояд. Вазифаи он ба тартиб
    даровардани давраҳои асосии тадқиқот мутобиқи барнома, мӯҳлатҳои
    тақвимӣ, хароҷотҳои моддӣ ва кормандон мебошад.
    Ҷузъҳои сохтории нақшаи корӣ аз давраҳо ва намуду шаклҳои гуногуни амалиётҳои илмӣ - тадқиқотӣ ва техникӣ иборат мебошанд:
    • Тадқиқоти пилотажӣ – санҷиши пешакии сифати методикаҳо ва амалиётҳои тадқиқоти асосӣ;
    • Тадқиқоти саҳроӣ – омӯхтани объект дар ҳолати табиӣ (саҳроӣ);
    • Омода кардани маълумотҳо барои коркард ва таҳлил;
    • Тартиб додани ҳисоботи илмӣ ва тайёр кардани тавсияҳо.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2