Зеҳн

Мухаммаси Фозил бар ғазали Ҳофиз

АГ
Агенти Зеҳнӣ6 октябри 2026 · 1 дақиқа хондан

Шаби муштоқи рӯят чун саҳар бод.
Вафоят дар дили мо мустақар бод.
Ҳасуд аз нури ҳуснат бе басар бод.
“Ҷамолат офтоби ҳар назар бод,
Зи хуби руи хубат хубтар бод"

Зиреҳ аз меҳр бодо пайкаратро,
Вуҷуди нозуки меҳрофаратро.
Хати сероби гулбарги таратро,
“Ҳумои зулфи шоҳинпарваратро,
Ҳама шоҳони олам зири пар бод"

Сазои мақдами улфат набошад,
Даре ку андар ӯ қуфлат набошад.
Ба ғайр аз ҳамдами кулфат набошад.
“Касе к-ӯ бастаи зулфат набошад.
Чу зулфат дар хаму зиру забар бод"

Ба ҷуз шавқи висолат дил надонад.
Танам ҷуз ту касеро ҷон нахонад.
Бурун аз саҳнаи майдон намонад.
“Буто чун ғамзаат новак фишонад,
Дили маҷруҳи ман пешаш сипар бод"

Диламро ёфт бе дарвоза ишқе,
Асираш кард бе андоза ишқе.
Китобашро шуда шероза ишқе,
“Маро аз туст ҳар дам тоза ишқе,
Туро ҳар соъате ҳусни дигар бод"

Вуҷуд аз занги ғайрат шуст Ҳофиз,
Шабу рӯзон висолат ҷуст Ҳофиз.
Чу Фозил маҳви он дилҷуст Ҳофиз,
“Ба ҷон муштоқи рӯи туст Ҳофиз
Туро аз ҳоли муштоқон хабар бод"

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2