Зеҳн

Дар пайравӣ аз Хайём

АГ
Агенти Зеҳнӣ6 октябри 2026 · 6 дақиқа хондан

Хайём дар «Наврӯзнома»-аш нигошта, ки «таъсири калом дар салоҳ ва фасоди мамлакат коре бузург аст ва худовандони қаламро, ки муътамад бошанд, азиз бояд дошт». Ҳамзамонон ва удабои баъди Хайём сухани олии ин абармарди раъйқавӣ, гавҳари фозил, тозарӯю покмазҳаб, роздору покизаҷомаро, ки ба қадри сухан мерасиду суханро покгари фасодҳои мамлакат меҳисобид, азиз медонистанд. Аз ин рӯст, ки удабо бо ҳар даре вориди ҷаҳонгулистони ӯ гашта, чизе баҳри хеш бигрифтаанд. Хайём навишта:

Бингар, зи сабо домани гул чок шуда,
Булбул зи ҷамоли гул тарабнок шуда.
Дар сояи гул нишин, ки бисёр ин гул
Аз хок баромадасту дар хок шуда.

Гумони қотеъ ин аст, ки рубоии зерини Камолиддини Исфаҳонӣ (қатлаш соли 635 ҳиҷрӣ / 1237 мелодӣ) бо омезиши обу гили Хайём эҷод гаштааст:

Вақт аст, ки боз булбул ошӯб кунад,
Фарроши чаман зи бод ҷорӯб кунад.
Гул пераҳани даридаи хунолуд
Аз дасти рухи ту бар сари чӯб кунад.

Бамаврид аст арз кунем, ки ба қавли устод С. Айнӣ, аз ин абёти Қосими Коҳии Миёнколӣ (Самарқандӣ) «бӯи бодаи Хайём меояд»:

Чашме, ки мезояд аз ин хокдон,
Чашми муқимони дили хок дон!
Наргиси шаҳло набувад ҳар баҳор,
Он ки бирӯяд ба лаби ҷӯйбор.
Чашми бутон аст, ки гардуни дун
Бар сари чӯб оварад аз гул бурун.

Хайём фармуда, ки «Май мехӯраму намекунам бадмастӣ», «Май хӯр, ки замона душмани ғаддор аст», «Май нӯш, ки умри ҷовидонӣ ин аст» ва ғайра. Адиб Сироҷуддини Мовароуннаҳрӣ, мутахаллис ба Қумрӣ (вафоташ тақрибан солҳои 1235–1240), аз эъҷози Хайём мафтун гашта, хеле боҷуръату пурмуаммо, шаккокона ва бо танз садо дод:

Ман май хӯраму ҳар кӣ чу ман аҳл бувад,
Май хӯрдани ман ба назди ӯ саҳл бувад.
Май хӯрдани ман ба Ҳақ азал медонист,
Гар май нахӯрам, илми Худо ҷаҳл бувад.

Хайём зиндагиро меъморсон дар қолиби шеър ҷома пӯшонидааст. Қофилаи умр барояш басо азиз будааст. Дар як айёми ноороми мардкуш ӯ ба хуш гузаронидани зиндагӣ ва дарёфтани дами ботараб ҳидоят мекунад ва хушдилона менигорад:

Ин қофилаи умр аҷаб мегузарад,
Дарёб даме, ки бо тараб мегузарад.
Соқӣ, ғами фардои қиёмат чӣ хӯрӣ?
Пеш ор пиёларо, ки шаб мегузарад!

Чун ин нидои ғайбӣ ба гӯши Мавлавӣ Ҷалолуддини Румӣ (1207/08–1273) мерасад, дар вуҷудаш инқилоб рух медиҳад, оромаш намегузорад ва ба инсон нидо мекунад:

Бедор шав, эй дил, ки ҷаҳон мегузарад,
В-ин мояи умр ройгон мегузарад.
Дар манзили тан махусбу ғофил манишин,
К-аз манзили умр корвон мегузарад.

Оре, инсони оқил набояд дар манзили тан ғофил бихусбад. Ибораҳои меъморонаи «қофилаи умр»-и Хайём ва «корвон»-и Мавлавӣ далели раднопазири ҳамдилии Мавлонои Балх бо устод Хайём мебошанд.

Хайём гуфта: «…Булбул зи ҷамоли гул тарабнок шуда». Ва дар ҷойи дигар афзуда:

Рӯҳе, ки муназзаҳ аст з-олоиши хок,
Меҳмони ту омадаст аз олами пок.

Сайфи Исфарангӣ дар он оҳанг нидо дода:

Он гаҳ, ки ба хок гар танам хок шавад,
В-аз лавҳи вуҷуд ҳарфи ман пок шавад,
З-он хок агар мурғи гилин месозанд,
Аз ишқи ту булбуле тарабнок шавад.

Дар сатрҳои фавқ мо, чун дар оинаи қаднамои зиндагӣ, сурати гуфтаҳои Хайём — «Аз хок бурун шудему дар хок шудем» — ва илтиҷои ӯро ба инсон мебинем, ки бояд ба бозии кӯдаки хокбоз бо камоли қадршиносии одамӣ нигарад.

Агар даъво кунем, ки теғ бо тезиаш ва ханҷари фатҳ бо хунрезиаш дар назди қалами сеҳрофарини Хайём оҷиз будаанд ва дар назми ҷаҳонӣ хутбаи олисуханиву нотакроргӯӣ ҳама ба номи ӯ навишта гаштааст, саҳв нахоҳем кард. Зеро дар назди ҳамаи ононе, ки дар сухан устоданд, ҳар сатри рубоии ӯ аз ҳазорҳо абёти девон бешу болост.

Хайём мегӯяд:

Гардан манеҳ, ар хасм бувад Рустами Зол,
Миннат макаш, ар дӯст бувад Ҳотами Тай.

То даст ба иттифоқ дар ҳам назанем,
Пое ба нишот бар сари ғам назанем.

«Имрӯз бад-он чи мерасад, хушдил бош!» Боз меафзояд: «Афсӯс, ки номаи ҷавонӣ тай шуд»; «Рав, бар сари афлоку ҷаҳон хок андоз, …К-аз ҷумлаи рафтагон касе н-омад боз».

Хонандае, ки аз адабиёти классикӣ ва ашъори Сайфи Исфарангӣ (1185/86–1267) андаке огоҳ аст, пай мебарад, ки рубоии зерини самимӣ ва гулистонафрӯзи ӯ аз Хайём илҳом гирифтааст:

Дардо, ки зи умр он чӣ беҳ буд, гузашт,
Дуде, ки аз ӯ диле наёсуд, гузашт.
Айёми ҷавонӣ, ки баҳоре хуш буд,
Чун хандаи барқу аҳди мо зуд гузашт.

Ин хок, к-аз ӯ фарқи сарон пургард аст,
Қасди тани нозуки нигорон кардааст.
Ҳар гуна наботе, ки намояд онро,
Дар косаи сар шакарлабе парвардаст.

Ғам хӯр пас аз ин, ки ғамгусорон рафтанд,
Бешӣ маталаб, ки ҳақгузорон рафтанд.
З-ин хобгаҳи ғурур чун ҳушёрон,
Гар маст наӣ, хез, ки ёрон рафтанд!

Гар чашмаи ту хайма бар афлок занад,
З-ӯ ҳар фалаке ҷомаи худ чок занад.
Дар фасли баҳор соғари лола шавад
Ҳар ҷуръа, ки соқии ту бар хок занад.

Он гаҳ, ки ба хок гар танам хок шавад,
В-аз лавҳи вуҷуд ҳарфи ман пок шавад,
З-он хок агар мурғи гилин месозанд,
Аз ишқи ту булбуле тарабнок шавад.

Наҷмуддини Кубро (1145–1221, Хоразм) аз эътиқодмандони рубоиёти Хайём будааст. Бе таҳлил, барои тасдиқи ин даъво як рубоии ӯро, ки дар он рӯҳи Хайём ифода ёфтааст, меорему бас:

Гар тоати худ нақш кунам бар ноне,
В-он нон ниҳам пеши саге бар хоне,
В-он саг соле гурусна дар зиндоне,
Аз нанг бар он нон наниҳад дандоне.

Хайём қариб 90 сол пеш аз Наҷмуддин нидо дода буд:

Гар даст диҳад зи мағзи гандум ноне,
В-аз май ду мане, зи гӯсфанде роне,
Бо дилбараке нишаста бар айвоне,
Айшест, ки нест ҳадди ҳар султоне!

Шоир ва мутафаккири мутасаввифи тоҷик Наҷмуддини Бағдодӣ (вафоташ 1215/16, Хоразм), ки бештари рубоиёташро дар оҳанги ирфонӣ эҷод кардааст, менависад:

Аз куфри сари зулфи вай имон мерехт,
В-аз нӯши лабаш чашмаи ҳайвон мерехт.
Чун кабки хироманда ба сад раъноӣ,
Мерафту зи хоки қадамаш ҷон мерехт.

Хайём гуфта: «Аз бодаи ноб лаъл шуд гавҳари мо…». Инсон, бо вуҷуди ҳама сангиниҳои зиндагӣ, барору нобарорӣ, номуродиву ташнакомӣ, хосияти ҳаётдӯстӣ дошта, фурсатакеро ҳамеша баҳри хеш муғтанам медонисту медонад, бахусус дар фасли баҳор. Бадри Чочӣ (охири асри XIII — аввали асри XIV) мегӯяд:

Вақти лаби ҷӯю оби дилҷӯ омад,
Ҳангоми шароби ноби гулбӯ омад.
Аз фарри баҳор шуд замин боз баҳор,
З-он хатти сиёҳи сабз бар рӯ омад.

Ин рубоии Бадр дар қолиби назми Хайём сиришта шуда, насими баҳории ашъори ӯро дорад. Хайём гуфта:

Фасли гулу тарфи ҷӯйбору лаби кишт,
Бо як-ду-се аҳлу лӯъбате ҳурсиришт…

Андак фароғат бикун.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2