Хайём ва Ибни Ямин
Таъсири Хайёмро ба эҷодиёти Ибни Ямини Фарюмадӣ (1286 - 1368) дар сатрҳои зер аён мебинем. Хайём гуфта:
Дар фасли баҳор агар буте ҳурсиришт,
Як соғари май диҳад маро бар лаби кишт...
Ваё: Ҷомеву бутеву барбате бар лаби кишт... Ибни Ямин аз Хайём мазмунан (нусхабардорӣ) карда: Бо мутрибу май ҳурсириште гар ҳаст, Бо оби равон канори киште гар ҳаст, Беҳ з -ин маталаб, дӯзахи беҳуда макоб, К-он нест, ҷуз ин нест биҳиште гар ҳаст. Калимаву ибороти Ибни Ямин "мутрибу май", "ҳурсиришт", "канори кишт" ва ғайра ҳама хайёмианд - васлгари адабианд. Рубоиёти зерини Ибни Яминро низ метавон баҳрабарӣ аз сарчашмаи илҳом - Хайём ҳисобид:
Гар як нафасат зи зиндагонӣ гузарад,
Магзор, ки ҷуз ба шомонӣ гузарад.
Зинҳор, ки сармояи ин мулки ҷаҳон
Умр аст: бад - он сон гузаронӣ гузарад.
Ва: Хуррам бизию ҷаҳон ба шодӣ гузарон...
Ва: Хуш бош дар ин даме ки ҳастӣ боре.
Ибни Ямин навишта:
Аз умр туро умеди бархурдорӣ,
Гар ҳаст, ғами факр ба дил дар н-орӣ,
Рӯзе, ки диҳад даст ба шодӣ гузарон,
Шояд, ки ҳама умр чунон бигзорӣ.
Рӯзе ки бувад сиҳату асбоби маош,
Зинҳор ғанимат шумуру хуш мебош.
Зеро ки чу вақти фурсат аз даст равад,
3-он пас накунад суд туро гуфтан: "кош!".
Ибни Ямин, ки шоири тавоно буд, ба Хайём хеле эътиқод дошта, бар он ақида аст, ки "бе ранҷ ёфтани коме нест" ва пасон ақидаи риндонаи ӯро дар масъалаи он ки "Кас н-омад аз он ҷаҳон, ки орад хабаре, В -аҳволи мусофирон бигӯяд, чун шуд", ҷонибдорӣ кардааст. Ибни Ямин дар хусуси "хуш мехӯру мебош" қатъӣ ҷонибдору пайрави Хайём аст. Дар ин роҳ дудилагӣ намекунад, намекалавад ва дар ақида устувор аст. Эътиқодманд ва пайрави Хайём будани Ибни Яминро ин рубоии зер ба хубӣ тасдиқ мекунад:
Хуш бош, ки ҷуз ту дигаре нест падид,
В- аз охират, илло хабаре нест падид.
Имрӯз таматтӯе зи дунё бардор,
К- аз ҳолати фардо асаре нест падид.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё