Пайравӣ аз Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ
Рубоӣ (шеъри иборат аз чаҳор мисраъ) навъи адабии бисёр гуворо ва гӯшнавоз буда, дар пояи таронаҳои дилангези мардумӣ ҳанӯз дар замонҳои куҳан падид омадааст. Дар асрҳои X–XI он ифодагари рӯҳи инсон, бузургии он, шукӯҳу шаҳомат ва талхию ширинии ҳаёт бо тамоми мураккабиҳояш гардида буд. Рубоӣ хосияти оҳанрабо дорад: ба сӯи худ мекашад.
Дар рубоиёти Хайём таъсири каломи ноби пири ботадбири олам — Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Панҷрӯдиро мушоҳида метавон кард. Сарфи назар аз он ки устод Рӯдакӣ нидо кардааст: «Бӯи ҷигари сӯхта олам бигирифт», дар миёни ноумедиҳо басе умед дошт ва бо шунидани номи шахси дилхоҳ дилаш аз фараҳ зинда мешуд. Ӯ чун медид, ки дар ин дайри дудар «Як пурсиши гарм ҷуз табаш кам накунад», бо ранҷу алам ба инсон муроҷиат мекунад:
Ҳон, ташнаҷигар, маҷӯй з-ин боғ самар,
Бедистонест ин риёзи ба ду дар.
Беҳуда мамон, ки боғбонат ба қафост,
Чун хок нишаста гиру чун бод гузар.
Ба таҳлили рубоии фавқ намепардозем. Воқеан, гумон мекунем, ки ҳамин сатрҳо ба дили Хайём асар карда, санги гарони бар рӯи чашмаи дилаш қарордоштаро ғелонда ва ин нидоро ба вуҷуд овардаанд:
Чун ҳосили одамӣ дар ин дайри дудар,
Ҷуз хуни дилу додани ҷон нест дигар.
Хуррам дили он, ки як нафас беш набуд,
В-осуда касе, ки худ назод аз модар.
Чаро чунин навмедиву шикоят падид омадааст, дар ҳоле ки Рӯдакиву Хайём чунин панд низ додаанд:
Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ!
Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ!
Дар беҳ зи худе назар макун, ғусса махӯр,
Дар кам зи худе назар куну шод бизӣ.
Рӯдакӣ
Рӯзе, ки гузаштааст, аз ӯ ёд макун,
Фардо, ки наёмадаст, фарёд макун.
Бар н-омадаву гузашта бунёд макун,
Хуш бош кунуну умр барбод макун.
Хайём
Посухи ин шикоятро бояд аз худи онон ҷуст, зеро шеъри ин худовандони сухан бозгӯйи ҳолу рӯҳи замони эшон аст:
Чархи каҷбоз то ниҳон сохт каҷа,
Бо неку бади доира дарбохт каҷа...
Рӯдакӣ
Ин гуна, ки ман кори ҷаҳон мебинам,
Олам ҳама ройгон бар он мебинам...
Хайём
Дар ашъори Рӯдакӣ умед ба оянда чира аст. Ин ғоя дар осори Хайём низ инъикос ёфтааст:
Ҳон, Рӯдакӣ, аз қайди ғам озод бизӣ,
Бо хотири хурраму дили шод бизӣ!
Вайронии худ мангару ободии даҳр,
Вайронии даҳр бину обод бизӣ!
Рӯдакӣ
Гар як нафасат зи зиндагонӣ гузарад,
Магзор, ки ҷуз ба шодмонӣ гузарад.
Зинҳор, ки сармояи ин мулки ҷаҳон
Умр аст, бад-он сон гузаронӣ, гузарад.
Хайём
Миёни андешаҳои «Шоҳнома»-и безаволи ҳамосасарои бузург Абулқосими Фирдавсӣ ва рубоиёти Умари Хайём ҳамоҳангии зиёд мебинем. Мисолҳои зер андешаи пешниҳодкардаи моро тақвият медиҳанд:
Замин гар кушода кунад рози хеш,
Намояд саранҷому оғози хеш.
Канораш пур аз тоҷдорон бувад,
Бараш пур зи хуни ҷавонон бувад.
Фирдавсӣ
Эй чархи фалак, харобӣ аз кинаи туст,
Бедодгарӣ шеваи деринаи туст.
В-эй хок, агар синаи ту бишкофанд,
Бас гавҳари қимате, ки дар синаи туст.
Хайём
Чун бо нияти нек ва дасту дили пок ба Каъбаи дили бузургони гузашта, амсоли Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Хайём, рӯ биоварем, ба лак-лак розҳои нагуфтаву дуррҳои носуфтаи онҳо пай мебарем. Бузургон фармудаанд:
Ба чашми ниҳон дид бояд ҷаҳон,
Ки чашми аёнат набинад ниҳон.
Рӯдакӣ
Хирад ҷӯяд оганда рози ҷаҳон,
Ки чашми сари мо набинад ниҳон.
Фирдавсӣ
Асрори бузург хому нопухта бимонд,
В-ин гавҳари бас шариф носуфта бимонд.
Ҳар кас ба далели ақл чизе мегуфт,
Он нукта, ки асл буд, ногуфта бимонд.
Хайём
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё