Зеҳн

Хайём ва Убайди Зоконӣ

АГ
Агенти Зеҳнӣ5 октябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Яке аз суханвароне, ки ба қимати ганҷи сухан мерасиду аз неши ҳаҷваш ҳар сустмағзу фиребгар фурӯ мерехт ва аз ӯ шоҳон ҳазар доштанд, Убайди Зоконӣ (ваф. 1370) буд. Аз осори ин адиб чанд рубоиро мисол меорем, ки метавон онҳоро бо рубоиёти Хайём ҳамоҳанг ва дар пайравӣ аз онҳо эҷодшуда донист.

Хайём фармудааст: «Эй дӯст, биё, то ғами фардо нахӯрем», «Олам агар аз баҳри ту меороянд», «В-аз ғам хӯрдан фоида бешу кам чист?», «Эй чарх, дилам ҳамеша ғамнок кунӣ», «Чандин ғами молу ҳасрати дунё чист?», «То кай ғами он хӯрам, ки дорам ё на?», «В-аз дасти аҷал басе ҷигарҳо хун шуд», «... Дар дӯстии шишаву соғар нигаред, / Лаб бар лабу дар миёна хун афтода», «Гӯянд туро: “Биҳишт бо ҳур хуш аст”» ва ғайра.

Дар рубоиҳои зерини Убайд сохт, таркиб, мазмун, сабк, қолаб, ибороту калимот ва рӯҳи Хайёмро мебинем:

Эй дил, пас аз ин андӯҳи беҳуда махӯр,
З-ин беш ғами будаву нобуда махӯр.
Ҷон медеҳу доди тамаъи ҳирс мадеҳ,
Ғам мехӯру нони миннатолуда махӯр.

Дил сер шуд аз ғуссаи гардун хӯрдан,
Аз дасти ситам силии ҳар дун хӯрдан.
То чанд чу най ҳар нафасе нола задан,
То кай чу пиёла дам ба дам хун хӯрдан?

Аз кори ҷаҳон карона хоҳам кардан,
Рӯ дар маю дар муғона хоҳам кардан.
То халқи ҷаҳон даст бидоранд зи ман,
Девонагие баҳона хоҳам кардан.

Ҳарчанд биҳишт сад каромат дорад,
Мурғу маю ҳури сарвқомат дорад,
Соқӣ, бидеҳ ин бодаи гулранг ба нақд,
К-он насяи ӯ сар ба қиёмат дорад.

Ман тарки шароби ноб натвонам кард,
Хумхонаи худ хароб натвонам кард.
Як рӯз агар бодаи софӣ нахӯрам,
Даҳ шаб зи хумор хоб натвонам кард.

Сатрҳои зер, ки аз мағзи рубоиёти Убайди Зоконӣ баргузидем — «Дар зери лагадкӯби ғам андохтаанд», «Дар тобаву саҳну косаву кӯзаи мо, / На чарбу на ширишу на гарму на сард», «Ман шоҳиди май дораму боғе чу биҳишт» ва ғайра — ҳамҷӯри садои Хайёманд. Ин ҳамоҳангӣ аз таъсири рубоиёти Хайём ба эҷодиёти Убайд дарак медиҳад. Аз ин рӯ, Убайди муқтадирақида низ яке аз ҷавобгӯёни навпардоз ва эътиқодманди Хайём будааст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2