Дар базми бодагусорон
Чаро бузургтарин шуаро, амсоли Хайём ва тавонотарин абармардони тавсифкардаи шуарои яздонқудрат дар лаҳзаҳои дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрону «нотавон» монданашон, дар ҳолатҳои дар ҷисми худ гунҷида натавонистан, заминро сахту осмонро баланд пиндоштан, додрасу додхоҳу додгоҳу муаммокушои роз наёфтан, бо фалаку сипеҳру «Яздон» даст ба гиребон шудану таслим нашудан, сари фарозу ғурур паст накардан ва ҳеҷ илоҷе наёфтан ба май рӯй меоранд?
Ба хаёлам, ин саволест, ки то кунун ҳеҷ муҳаққиқи тавоно ҷавоби комил наёфта ё нагуфтааст. Ҷавоби моро низ нуқтаи таммат набояд шумурд. Вале кӯшишест соҳилгузар.
Аввал андаке месайрем дар базми бодагусорон, гӯш медиҳем ба суханони онон. Мебинем, ки муслимин шароби «макрӯҳ» ва «мамнуъ»-ро чаро ин қадар меписанданд, мепарастанд, аз ҷон беш дӯст медоранд ва бо садҳо зеботарин калимоту иборот васфаш мекунанд. Агар касе «луғатномаи май»-ро, саҳеҳтараш, «майномае», «боданомае» омода ва нашр мекард, зеботарин ҳарфҳо (суханон) дар он сабт мегаштанд. Бингаред, ки шуаро чиҳо навиштаанд ва чӣ муроҷиатҳо кардаанд ва ба кӣ, баҳри чӣ?
Май орад шарафи мардумӣ падид,
Озоднажод аз дирамхарид.
Май озода падид орад аз бадасл,
Фаровон ҳунар аст андар ин набид...
Рӯдакӣ
Биёр он май, ки пиндорӣ равон ёқути ноб астӣ
Ва ё чун баркашида теғ пеши офтоб астӣ...
Агар ин май ба абр андар ба чанголи уқоб астӣ,
Аз он то нокасон ҳаргиз нахӯрдандӣ, савоб астӣ.
Рӯдакӣ
Ғизои рӯҳ бувад бодаи раҳиқ, алҳақ,
Ки рангу бӯш занад рангу бӯи гулро дақ.
Ибни Сино
Хуш бо рафиқони якдил нишастан,
Ба ҳам нӯш кардан майи арғавонӣ.
Фаррухӣ
Эй соқӣ, аз он бода, ки осоиши ҷон аст,
Пур кун қадаҳе зуд, ки ҷонам нигарон аст...
Асируддини Авмонӣ
Биёр, соқӣ, он оби софифурӯғ.
Фахруддини Гургонӣ
Биёр, соқӣ, он оби оташхисол.
Сафии Сифоҳонӣ
Биёр, соқӣ, он оби оташмисол.
Итобӣ
Биёр, соқӣ, он оби оташгудоз.
Муҳаммад Сӯфӣ
Биёр, соқӣ, он оби рӯи баҳор.
Толиби Омулӣ
Биёр, соқӣ, он оби оташлибос.
Мулло Абдуннабии Фахруззамонии Қазвинӣ
Аҷоиб ҳамоҳангии мувофиқ ва зебое! Байтҳои пареши зер аз «Хамса»-и Ҳаким Низомӣ (муроҷиат ба соқиву май дар ёди азизони хеш) бори дигар исбот мекунанд, ки баҳрабардорӣ аз ҳамдигар дар адабиёти куҳани мо ҳукми суннати адабиро касб карда будааст. Чунончи, Низомӣ дар достони «Лайлӣ ва Маҷнун», дар боби «Ёд кардани баъзе аз гузаштагони хеш», овардааст:
Соқӣ, майи лоларанг баргир,
Нисфе ба навои чанг баргир.
Он май, ки мунодии сабӯ ҳаст,
Ободкуни сарои рӯҳ аст...
Соқӣ, ба нафас расид ҷонам,
Тар кун ба зулоли май даҳонам.
Он май, ки нахӯрда ҷои ҷон аст,
Чун хӯрда шавад, давои ҷон аст.
Магар ин сатрҳо насиме аз гулзори назми шоҳаншоҳони ҳамаи давру замонҳо дар эъҷози сухан — Рӯдакиву Фирдавсиву Хайём — нестанд?
Рӯдакӣ:
... В-он-к ба шодӣ яке қадаҳ бихӯрад з-ӯй,
Ранҷ набинад аз фарозу на эҳсон.
Фирдавсӣ:
Чу май-т-он ба шодӣ шавад раҳнамун,
Бихусбед, то тан нагардад забун.
Хайём:
Соқӣ, гулу сабза бас тарабнок шудаст,
Дарёб, ки ҳафтаи дигар хок шудаст.
Май нӯшу гуле бичин, ки то дарнигарӣ,
Гул хок шудасту сабза ҳам пок шудаст.
Садои Хайём пайравону ҳамандешони дигаре пайдо кардааст:
Андешаву ғамро набувад ҳастиву тоб,
Он ҷо ки шароб асту рубоб асту кабоб!
Айши абадӣ нӯш кунед, эй асҳоб,
Чун сабзаву гул ниҳед лаб бар лаби об.
Ҷалолуддини Румӣ
Абӯсаиди Абулхайр гӯяд: «В-ин умри гиромӣ ба ҳасорат магузор». Бобо Афзал меафзояд: «Бо зиндадилон нишину бо хушнафасон». Баъди асрҳо Мирзо Ғолиб нидо медиҳад:
Ранҷураму май ба даҳр дармон бувадам,
Нерӯи дилу равшании ҷон бувадам...
Ҳадиси Иқболи Лоҳурӣ бисёр гиромиву гуворост дар баҳси фавқ:
Он чи ман дар базми шавқ овардаам, донӣ, ки чист?
Як чаман гул, як найистон нола, як хумхона май...
Маҳастии Хуҷандӣ дилдори худро ба базми дидор даъват кардааст, ки шодӣ бикун:
Бархезу биё, ки ҳуҷра пардохтаам,
Аз баҳри ту пардае хуш андохтаам.
Бо ман ба шаробеву кабобе дарсоз,
Лекин ҳар ду зи дида, дил сохтаам.
Дар баҳси бода ғаюрӣ, саркашӣ, озодандешӣ, риндӣ, ҷаҳонбарҳамзанӣ, ба коми дил расидан, бо панд хулқи ҷаҳон ба даст овардану дар натиҷа хирмани гул дар оғӯш кашидан ва оқибат сари хасм ба санг кӯбиданро мебинем. Ва шояд Фаррухӣ мардумро барои амалӣ гардонидани ниятҳои волояш ба мубориза даъват карда, гуфта бошад:
Ё мо сари хасмро бикӯбем ба санг,
Ё ӯ сари мо ба дор созад ованг.
Алқисса, дар ин замонаи пурнайранг,
Як кушта ба ном беҳ, ки сад зинда ба нанг.
Яке аз манбаъҳои шодии инсон аз қадимулайём фарорасии баҳор, муждаи маю майгусорӣ ва ба ин васила зудудани доғи сина буду ҳаст. Аз ин ҷост, ки Фирдавсӣ бо фараҳ мегӯяд:
Барӯманду бӯи баҳоре бувад,
Майи сурх чун ғамгусоре бувад.
Ҳаво рост гардад, на гарму на сард,
Замин тозаву осмон ложвард.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё