Зеҳн

Убайди Зоконӣ - Рисолаи дилкушо қисми 1

АГ
Агенти Зеҳнӣ5 октябри 2026 · 6 дақиқа хондан

Ҳикоят

Талҳакро ба муҳимме пеши Хоразмшоҳ фиристоданд. Муддате он ҷо бимонд, магар Хоразмшоҳ риояте, чунон ки ӯ мехост, намекард. Рӯзе пеши Хоразмшоҳ ҳикояти мурғон ва хосияти ҳар яке мегуфтанд. Талҳак гуфт: -Ҳеҷ мурғе аз лаклак зирактар нест. Гуфтанд: -Аз чӣ донӣ? Гуфт: -Аз баҳри он ки ҳаргиз ба Хоразм намеояд.

Ҳикоят

Шахсе даъвои худоӣ мекард. Ӯро пеши халифа бурданд. Ӯро гуфт: —Порсол ин ҷо яке даъвои пайғамбарӣ мекард, ӯро бикуштанд. Гуфт:—Нек кардаанд, ки ӯро ман нафиристода будам.

Ҳикоят

Туфайлиро пурсиданд, ки иштиҳо дорӣ? Гуфт:—Мани бечора дар ҷаҳон ҳамин матоъ дорам.

Ҳикоят

Қазвинӣ24 бо сипаре бузург ба ҷанги малоҳида25 рафта буд. Аз қалъа санге бар сараш заданд ва бишкастанд. Биранҷид ва гуфт: —Эй мардак, кӯрӣ?! Сипаре бад-ин бузургӣ намебинӣ, санг бар сари ман мезанӣ?!

Ҳикоят

Қазвиниро писар дар чоҳ афтод. Гуфт :—Ҷони бобо, Ҷое марав, то ман биравам, расан биёварам ва туро берун кашам.

Ҳикоят

Дари хонаи Ҳаҷӣ бидуздиданд. Ӯ бирафт ва дари масҷиде барканд ва ба хона мебурд. Гуфтанд: —Чаро дари масҷид баркандаӣ? Гуфт: —Дари хонаи ман дуздидаанд ва худованди ин дар дуздро мешиносад. Дуздро ба ман супорад ва дари хонаи худ боз ситонад.

Ҳикоят

Султон Маҳмуд пире заифро дид, ки пуштвораи хор мекашид. Бар ӯ раҳмаш омад, гуфт: —Эй, пир! Ду-се динори зар мехоҳӣ ё дарозгӯше, ё ду-се гӯсфанд, ё боғе, ки ба ту диҳам, то аз ин заҳмат халосӣ ёбӣ? Пир гуфт: —Зар бидеҳ, то дар миён бандам ва бар дарозгӯше биншинам ва гӯсфандон дар пеш гирам ва ба боғ биравам ва ба давлати ту дар боқии умр он со биёсоям. Султонро хуш омад ва фармуд чунон карданд.

Ҳикоят

Шахсе аз мавлоно Азудаддин пурсид, ки чун аст, ки дар замони хулафо мардум даъвои худоӣ ва пайғамбарӣ бисёр мекарданд ва акнун намекунанд? Гуфт: —Мардуми ин рӯзгорро чандон аз зулм ва гуруснагӣ афтодааст, ки на аз худояшон ба ёд меояд ва на аз пайғамбар.

Ҳикоят

Яке аз дигаре пурсид, ки қаляро ба қоф кунанд ё ба ғайн? Гуфт: —Қаляро на ба қоф кунанд ва на ба ғайн. Қаляро ба гӯшт кунанд.

Ҳикоят

Лӯлие бо писари худ моҷаро мекард, ки ту ҳеҷ коре намекунӣ ва умр дар батолат ба сар мебарӣ. Чанд бо ту гӯям, ки муаллақ задан биёмӯз, саг зи чанбар ҷаҳонидан ва расанбозӣ тааллум кун, то аз умри худ бархурдор шавӣ. Агар аз ман намешунавӣ, ба Худо, туро дар мадраса андозам, то он илми мурдареги эшон биёмӯзӣ ва донишманд шавӣ ва то зинда бошӣ, дар мазаллат ва фалокат ва идбор (бадбахтӣ) бимонӣ ва як ҷав аз ҳеҷ ҷо ҳосил натавон, кард.

Ҳикоят

Ҳаҷӣ бар деҳе расид ва гурусна буд. Аз хона овози таъзияте шунид. Он со рафт, гуфт: — Шукрона бидиҳед, то ман ин мурдаро зинда созам. Касони мурда ӯро хидмат ба ҷой оварданд. Чун сер шуд, гуфт: — Маро ба сари ин мурда баред. Он ҷо бирафт. Мурдаро бидид, гуфт: — Ин чӣ кора буд? Гуфтанд: -Ҷулоҳ.60 Ангушт дар дандон гирифт ва гуфт: —Оҳ, дареғ! Ҳар каси дигаре, ки будӣ, дарҳол зинда шоистӣ кард. Аммо мискин ҷулоҳ чун мурд, мурд.

Ҳикоят

Мавлоно Шарафуддини домғонӣ бар дари массиде мегузашт. Ходими масҷид сагеро дар сутуни масҷид печида буд ва мезад. Саг фарёд мекард. Мавлоно дари масҷид бикушод, саг ба дар ҷаст. Ходим бо мавлоно дар моҷаро омад, ки чаро дари масҷид кушодӣ. Ман мехостам, ки сагро бисёр бизанам, то дигар ин ҷо наёяд. Мавлоно гуфт: — Эй, ёр! Маъзур медор, ки саг ақл надорад ва аз беақлӣ дар масҷид меояд. Мо, ки ақл дорем, ҳаргиз моро дар масҷид мебинӣ?!

Ҳикоят

Аъробӣ ба ҳаҷ рафт. Дар тавоф дастораш бирабуданд. Гуфт:—Худоё, як бор, ки ба хонаи ту омадам, фармудӣ, ки дасторам бирабуданд. Агар як бори дигар маро ин ҷо бинӣ, бифармой, то дандонҳоям бишикананд.

Ҳикоят

Асасон шаб ба қазвинии маст расиданд. Бигрифтанд, ки бархез, то ба зиндонат барем. Гуфт: —Агар ман ба роҳ тавонистаме рафт, ба хонаи худ рафтаме.

Ҳикоят

Хатиберо гуфтанд:— Мусулмонӣ чист? Гуфт:Ман марде хатибам, маро бо мусулмони чӣ кор?

Ҳикоят

Туркмоне бо яке даъвӣ дошт. Бастуе пур гаҷ кард ва пораи равған бар сар гудохт ва аз баҳри қозӣ ришват бурд. Қозӣ биситад ва тарафи туркмон гирифт ва қазия чунон ки хотири ӯ мехост, охир кард ва мактубе мусассал ба туркмон дод. Баъд аз ҳафтае қазияи равған маълум кард. Туркмонро бихост, ки дар он мактуб саҳве ҳаст, биёр, то ислоҳ кунам. Туркмон гуфт:— Дар мактуби ман ҳеҷ саҳве нест. Агар саҳве бошад, дар басту бошад.

Ҳикоят

Дузде дар шаб хонаи фақире меҷуст. Фақир аз хоб бедор шуд. Гуфт: — Эй, мардак! Он чи ту дар торикӣ месӯӣ, мо дар рӯзи равшан меҷӯем ва намеёбем.

Ҳикоят

Зарифе мурғе бирён дар суфраи бахиле дид, ки се рӯз пай дар пай буд ва намехӯрд. Гуфт:—Умри ин мурғи бирён баъд аз марг дарозтар аз умри ӯст пеш аз марг.

Ҳикоят

Талҳакро пурсиданд, ки дайюсӣ чӣ бошад? Гуфт: —Ин масъаларо аз қозиён бояд пурсид.

Ҳикоят

Гаронгӯше ба қазвинӣ гуфт: — Шунидам, ки зан кардаӣ? Гуфт:—Субҳоналлоҳ, ту ки чизе нашнавӣ, ин хабар аз куҷо шунидӣ?!

Ҳикоят

Султон Маҳмуд сар ба зонуи Талҳак ниҳода буд. Гуфт:— Ту дайюсонро чӣ бошӣ? Гуфт:—Болишт.

Ҳикоят

Шамсуддин Музаффар рӯзе бо шогирдони худ мегуфт, ки таҳсил дар кӯдакӣ мебояд кард. Ҳар чӣ дар кӯдакӣ ба ёд гиранд, ҳаргиз фаромӯш нашавад. Ман ин замон панҷоҳ сол бошад, ки сураи фотиҳа ба ёд гирифтаам ва бо вуҷуди ин ки ҳаргиз нахондаам, ҳанӯз ба ёд дорам.

Ҳикоят

Аз баҳри рӯзи ид султон Маҳмуд хилъати ҳар касе таъин мекард. Чун ба Талҳак расид, фармуд, ки полоне биёред ва бад-ӯ диҳед. Чунон карданд. Чун мардум хилъат пӯшиданд, Талҳак он полон дар дӯш гирифт ва ба маҷлиси султон омад, гуфт: —Эй, бузургон! Инояти султон дар ҳаққи мани банда аз ин ҷо маълум кунед, ки шумо ҳамаро хилъат аз хизона фармуд додан ва ҷомаи хос аз тани худ барканд ва дар ман пӯшонид.

Ҳикоят

Воизе бар минбар сухан мегуфт. Шахсе аз маҷлисиён сахт гиря мекард. Воиз гуфт: «Эй, маҷлисиён, сидқ аз ин мард биёмӯзед, ки ин ҳама гиря ба сӯз мекунад». Мард бархост, гуфт: — Мавлоно, ман намедонам, ки ту чӣ мегӯӣ? Аммо ман бузаке сурх доштам. Ришаш ба риши ту мемонд. Дар ин ду рӯз сақт шуд. Ҳар гоҳ ту риш меҷунбонӣ, маро аз он бузак ёд меояд ва гиря бар ман ғолиб мешавад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2