Бадое-ул-вақое-Қисми 2
ЁДДОШТИ ВОСИФӢ ДАР БОРАИ МУАММОӢ ШУДАНИ ХУД ВА РАСИДАНАШ БА ҲУЗУРИ МИР АЛИШЕР
Восифӣ мегӯяд:
— Камина дар синни шонздаҳсолагӣ рӯзе бо ҷамъе аз шуаро ва фузало дар бозори Малики Ҳирот сайр мекардем, ки фитнагари пурошӯб Ҳофиз Ҳусайн, ки ӯро «Ҳофиз Ҳамза» лақаб дода буданд, ба мо вохӯрд. Дар дасти ӯ китобе буд. Фақир пурсидам, ки:
— Он нусха чист?
— Рисолаи муаммои Мулло Сайфии Бухорӣ аст, — гуфт дар ҷавоб Ҳофиз Ҳамза.
Дар он замонҳо ягона мақсади арбоби фазл ва камол манзури назари кимиёасари Мир Алишер гардидан буд ва барои ба он ҷаноб наздик шудан ҳеҷ васила баробари муаммо набуд. Бинобар ин, аз Ҳофиз илтимос намудам, ки он рисоларо ба тариқаи орият — муваққатан барои китобат — карам фармоянд. Ҳофиз ханда карданд ва фармуданд:
«Хормушу гулоб — яъне чӣ?
Гӯши карру рубоб — яъне чӣ?»
Яъне «Ту куҷову фаҳмидани муаммо дар куҷо?» гуфтан аст.
Восифӣ мегӯяд:
— Аз ин зиштгӯӣ ва таъна бар ман ҷаҳон монанди мушхона тираву танг гардид ва гулоби сиришк аз гулобзани дида бар саҳифаи чеҳра борид. Муғаннии ғайрат гӯшаки рубоби ҳамиятро тоб дод, рагҳои ҷони ҳазин монанди тори рубоб ба нолаи зор даромад. Гирён ва нолон ба хона рафтам ва дар гӯшае нишастам ва дари ошноии мардум ба рӯи худ бастам.
Намози дигар ба масҷид рафтам. Баъд аз намоз шахсеро дидам, ки дар гӯшае нишаста ва бар рӯи худ намаде кашида, нолаи ҳазине дорад. Наздики ӯ рафтам ва намад аз рӯи ӯ кашидам. Дидам, ҷавоне буд дар ғояти ҷамол, аммо ранги рӯи ӯ шикаста (парида) ва гарду ғубори ғарибӣ бар гирди рухсораш нишаста... Пеши ӯ нишастам ва аҳвол пурсидам. Гуфт, ки:
— Ман фарзанди Табрезам, маро Абдураҳими Чалабӣ мегӯянд. Маро хоҳиши сафари Хуросон пайдо шуд. Падарам розӣ нашуд. Бе рухсати падар бо маблағе мол ба ин диёр рӯ овардам. Чун ба Хушкруди Соқӣ Салмон, ки дар як фарсахии (ҳашткилометрии) Хуросон (Ҳирот) аст, расидем, аҳли корвон изҳори хушҳолӣ намуданд, ки: «Алҳамдулиллоҳ, аз хавфу хатари роҳ фориғ шудем ва аз тарсу бими роҳзанон эмин гардидем». Ба ҳамин мулоҳиза корвониён эҳтиётро аз даст доданд ва рахт ба сарманзили амон ва фароғат кашиданд (яъне осуда хобиданд).
Иттифоқо, дар ҳамин шаб тоифае аз ҳаромиён (дуздон), ки аз Табрез дар камини мо будаанд ва фурсат металабидаанд, бар сари мо тохт оварданд. Дар ҷанг бар бозуи ман тир расид. Бештари аҳли корвон талаф гардиданд ва ман ба ҳоле, ки аз он бадтар набошад, афтону хезон худро ба ин ҷо расонидам.
Восифӣ мегӯяд:
— Ман гирён шудам ва ба хона рафта, тахти равоне оварда, ӯро бурдам. Дар ҳамсоягии мо ҷарроҳе буд. Ӯро оварда, захми он ҷавонро ба ӯ нишон додам. Ӯ дар андак замоне он захмро ба ислоҳ овард.
Рӯзе он ҷавон ба ман изҳори миннатдорӣ ва шукргузорӣ карда гуфт:
— Ман дар шаҳри Табрез дар ду илм, ки муаммо ва нуҷум аст, байрақи ягонагиро баланд бардошта будам. Ба хотир чунон мерасад, ки аз барои ҳақгузории некиҳои шумо он ду илмро бар саҳифаи хотири шумо нигорам ва аз худ назди шумо ёдгорӣ гузорам.
Восифӣ мегӯяд:
— Ман чун номи муамморо шунидам, хаёл кардам, ки аз олами боло ба номи ман саҳифае нозил шудааст ва гуфтам:
— Эй азиз, маро таҳсили илми муаммо зарур аст. Агар барои осон кардани он кӯшиш фармоед, дар ҳаққи ман ниҳоят лутф ва некии шумо хоҳад буд.
Он ҷавон давоту қалам хоста, ду муаммо навишта ва онро ба фақир таълим кард ва баъд аз он қоидаҳо ва истилоҳҳои фанни муамморо ба тафсил навишта, ба ман хотирнишон гардонид.
Дар ин миён мардуми Ироқ омада, он хоҷазодаро ба таклифи тамом ба ҷониби Ироқ бурданд ва ҷону дили ин меҳнатзадаро бар дасти шаҳнаи меҳнат ва андӯҳ супориданд. Аммо ба ҳиммати он соҳибдавлат каминаро дар фанни муаммо он миқдор қудрат ва маҳорат ҳосил шуд, ки аксари муаммоҳоро, ки мешунидам, ном ногуфта шикофта метавонистам. Ин ҳол дар шаҳри Ҳирот дар миёнаи аҳли муаммо шуҳрати тамом пайдо кард. Кор ба ҷое расид, ки одамон бар болои муаммои беномро кушода тавонистан ва натавонистани ман дар байни худ шарт мебастанд ва аз болои ин фақир гаравро мебурданд.
Чунончи, як муаммоӣ аз Рум ба Хуросон омада буд ва аз ӯ муаммоҳои мушкил нақл мекарданд. Яке аз муаммоҳои ӯ ин аст:
«Фасли баҳору лолаву рӯи нигори мост,
Соқӣ аз баъди ин ду се давр ихтиёри мост».
Яке аз ёрони фақир бо он муаммоӣ ба маблағи сад танга гарав бастааст, ки фалонӣ ин муамморо ном ногуфта мекушояд ва бо ҷамъе ба хонаи ин фақир омаданд.
Иттифоқо, панҷ рӯз буд, ки маро бемории ҳасба (сыпной тиф) воқеъ шуда буд. Он ҷамоат бар сари болини ман нишастанд ва гуфтанд:
— Моро аз бемории шумо хабаре набуд.
Яке аз он ҷамоат изҳор кард, ки онҳо гарав баста омадаанд. Фақир гуфтам, ки он муамморо бихонед. Онҳо гуфтанд:
— Ҳоло маҳалли он гуна корҳо нест. Фикри зиёд сабаби шиддати беморӣ мешавад.
Фақир муболиға кардам, ки он муамморо бихонанд. Чун муаммои мазкур хонда шуд, баъд аз андак фикр гуфтам:
— Аз ин муаммо номи «Сайфӣ» бароварда шуд, намедонам, ки ҳамин аст ё ғайри ин.
Он муаммоиро ҳайрати аҷибе даст дод ва маблағеро, ки бо вай гарав баста буданд, ҳамон ҷо таслим намуд ва фӯтаи яздиеро, ки ба панҷоҳ хонӣ меарзид, ба ин фақир ҳадя кард.
¹ Фарқи муаммо аз чистон дар ин аст, ки дар чистон чизи пинҳон кардашударо ном набурда, бо аломат ва нишонаҳо меёбанд, аммо дар муаммо ном гуфта мешавад ва он номро бо қоидаҳои маълуми ин кор аз он назм ё наср мебароранд. Маҳорати Восифӣ дар ин ҷост, ки ӯ муамморо ҳам ном ногуфта кушода метавонистагӣ шудааст, ки ин ба кам одамон, вай ҳам гоҳо — на бар тариқи давом — муяссар мешавад.
Восифӣ мегӯяд:
— Мавлоно Соҳиби Доро, ки аз ёрони номии амири кабир Низомуддин Алишер буд, ба ин фақир аз ҷониби волида хеши наздик буд. Рӯзе бо падари худ ба хонаи эшон рафтем. Бисёре аз аҳли фазлу камол он ҷо ҳозир буданд. Мавлоно Соҳиби Доро ба падари ин фақир хитоб намуданд, ки:
— Муддате шуд, шунида мешавад, ки писари шумо толибилми хуб, ҳофизи хушхон ва шоири паҳлавон будааст ва ҳар муаммои мушкиле, ки бошад, ном ногуфта мекушодааст.
Баъд аз он ба ман нигоҳ карда, ин муамморо хонданд:
«Он шоҳи ҳусн аз дили маҷрӯҳи ҳар касе
Бинад сипоҳ бесару по ҳар тараф басе».
Ва ҳаллашро талаб карданд. Бо андак фикр гуфтам, ки аз ин муаммо номи «Поянда» мебарояд. Аҳли маҷлисро тааҷҷуби ғарибе рӯй дод. Мавлоно Соҳиби Доро фармуданд, ки:
— Ман ин муамморо шаб гуфтаам ва то ҳол ба ҳеҷ кас нахондаам. Вагарна гумон мекардам, ки шояд шунида бошад. Ниҳояти зеҳни тез ва ғояти зако ҳамин аст.
Чун ба хонаи худ баргашта омадем, баъд аз соате хидматгори Мавлоно Соҳиби Доро омада гуфт, ки хоҷаи ман шуморо металабад. Чун ба хизмат расидам, ҷаноби Мавлоно гуфтанд, ки:
— Ба мулозамати Мир Алишер рафта будам. Одати Мир он аст, ки ҳар рӯз аз фақир «Имрӯз дар шаҳр аз аҷоиб ва ғароиб чӣ дидӣ?» гуфта мепурсанд. Имрӯз, ки пурсиданд, гуфтам: «Шахсеро дидам, ки дар синни шонздаҳ ё ҳафдаҳсолагӣ аст. Ҳар муаммои мушкиле, ки бошад, ном ногуфта мекушояд. Дар толибилмӣ, ҳофизӣ ва шоирӣ ҳам шуҳрати тамом дорад». Мир тааҷҷуби бисёре намуданд ва гуфтанд, ки:
— Ту ӯро имтиҳон кардӣ?
— Бале, имтиҳон кардам, — гуфтам. — Як муаммои мушкилро хондам, фавран шикофт.
Мир ба ман «Чаро ӯро пеши ман наёвардӣ?» гуфта эътироз карданд ва «Фардо биёр» гуфтанд. Ман аз расондани ин хабар пушаймон шудам, чунки суҳбати Мир ҳайратафзо ва даҳшатангез аст. Ба масал, номи касеро дар он ҷо пурсанд, эҳтимол гуфта натавонӣ. Мабодо муаммое хонда шавад ва ту наёбӣ, сабаби шармандагии ман мешавад. Ба ҳар ҳол, ҳозир бош ва пагоҳтар ин ҷо биё, ки ҳазрати Мир мунтазири мулоқоти туанд.
Восифӣ мегӯяд:
— Шаб, ки ба хона омадам, маро ҳолате аҷиб пайдо шуд. Чун моргазида аз паҳлу ба паҳлу меғалтидам ва ором намегирифтам. Падарам аз изтироби ман воқиф шуда, аҳвол пурсид.
— Фардо ба маҷлиси Мир Алишер меравам, намедонам чӣ ҳол мешавад, — гуфтам.
Падарам аввал гирён шуд ва баъд аз он маро тасаллӣ дод. Алқисса, пагоҳонӣ ба хонаи Мавлоно Соҳиби Доро ҳозир шудам. Дар назди Мавлоно ба синни фақир се толибилми дигар ҳозир буданд. Мавлоно Соҳибӣ гуфтанд:
— Ин се шахсро низ назди Мир таъриф кардаам.
Яке аз онҳо муаммоӣ, дигаре шоири қасидагӯй ва саввумӣ маснавиро хуб мегуфт. Алқисса, ба хонаи Мир Алишер рафтем. Чун ба он маҷлиси олӣ расидем, ҳамсуҳбатони Мир менишастанд. Ҳазрати Мир ба ҷониби мо нигоҳ карда ва ба фақир ишорат намуда, аз Мавлоно Соҳиби Доро пурсиданд:
— Ҳарифе, ки муаммои беномро меёбад, ҳамин аст?
— Бале, ҳамин аст! — ҷавоб дод Мавлоно Соҳиби Доро.
— Ман аз мушоҳидаи чашмони ӯ дарёфтам, ки ҳамин аст, зеро ки асари фикр дар вай намоён буд, — гуфтанд Мир Алишер ва баъд аз он ин муамморо хонданд:
«Боғро бин аз хазон бе фарру сарв аз ҷо шуда,
Булбулаш бар ҳам зада минқору ногӯё шуда».
Ва кушодани ин муамморо талаб карданд.
Восифӣ мегӯяд:
— Иттифоқо, ман ин муамморо дар ёд доштам ва ба кадом ном будани вайро медонистам. Дар андеша афтодам, ки худро ба нодонӣ занам ва он номро гӯям ва ин маҷлиси имтиҳони пурхавфро ба осонӣ аз сар гузаронам ё ин ки рост гӯям? Оқибат ростӣ ғолиб омад ва гуфтам:
— Махдумо, ман ин муамморо ёд дорам ва ба кадом ном будани вайро медонам.
Ҳазрати Мир сар дар пеш афганданд ва баъд аз он сар бардошта, ба аҳли маҷлис хитоб карда гуфтанд:
— Азизон, медонед, ки сухани ӯ чӣ маънӣ дорад? Ӯ изҳори қудрат мекунад ва «Ягон муаммоеро, ки ман намедонам, хонед» мегӯяд.
Аммо Мир дар он маҷлис дигар муаммо нахонданд ва ба фақир лутфи бисёре карданд ва ба Мавлоно Соҳиби Доро:
— Мо даъвои ӯро мусаллам доштем, — гуфтанд.¹
¹ Азбаски Восифӣ дар соли 890 ҳиҷрӣ таваллуд ёфта, дар 16-солагӣ ба ҳузури Мир Алишер Навоӣ расида ва инчунин маълум аст, ки Навоӣ дар соли 906 ҳиҷрӣ вафот ёфтааст, маълум мешавад, ки Восифӣ дар соли охирини ҳаёти Навоӣ бо ӯ ҳамсуҳбат шуда будааст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё