Зеҳн

Дарси охирини устод

ЗЕ
Зеҳн4 октябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Рӯзе шогирде пас аз солҳои зиёд таҳсил кардан, хондани тафсир, ҳадис ва илмҳои динӣ назди устодаш омад.

Бо хушҳолӣ гуфт:

— Устод, таҳсиламро ба поён расондам. Агар иҷозат диҳед, мехоҳам ба байни мардум равам ва бо илме, ки омӯхтаам, онҳоро ҳидояту иршод кунам.

Устод каме ба ӯ нигаристу гуфт:

— Эй фарзандам, илми ту хуб аст, аммо ҳанӯз як дарс боқӣ мондааст.

Шогирд пурсид:

— Кадом дарс, устод?

Устод гуфт:

— Дарси «одоби муошират». Яъне бидонӣ, ки бо мардум чӣ гуна сухан гуфтан, кай гуфтан, дар куҷо гуфтан ва бо кӣ чӣ гуна рафтор кардан лозим аст. Илм доштан як чиз аст, бо мардум дуруст зиндагӣ кардан чизи дигар.

Аммо шогирд, ки ба дониши худ боварии зиёд пайдо карда буд, гуфт:

— Устод, фикр мекунам ҳамин қадар илм барои ман басанда аст.

Устод табассуме карду гуфт:

— Худат медонӣ, фарзандам. Худованд нигаҳбонат бошад ва роҳатро сафед кунад.

Шогирд савори хари худ шуда, ба роҳ баромад.

Чанд соат роҳ рафт. Вақти намоз фаро расид ва ӯ барои адои намоз ба масҷиде даромад.

Дар масҷид муллое нишаста, барои мардум ваъз мегуфт. Марди сухангӯе буд, аммо ҳангоми хондани баъзе оятҳо ва ҳадисҳо хато мекард.

Шогирди ҷавон, ки нав аз назди устод баромада буд ва илми хуб дошт, чанд бор худро нигоҳ дошт, аммо дигар тоқат карда натавонист.

Дар пеши ҳама гуфт:

— Ҳоҷӣ мулло, шумо оятро хато хондед.

Мулло якбора сукут карду гуфт:

— Астағфируллоҳ! Эй ҷамоати мӯҳтарам, шунидед? Ин ҷавон мегӯяд, ки ман оятро хато мехонам!

Шогирд гуфт:

— Бале, хато хондед.

Мулло фаҳмид, ки агар баҳси илмӣ кунад, шояд мағлуб шавад. Аз ҳамин сабаб ба ҳилае даст зад.

Гуфт:

— Хуб, пас дар ҳузури ҳамин ҷамоат имтиҳон мекунем. Бубинем, кадоми мо бештар медонад.

Дар масҷид тахтае буд. Мулло ба шогирд гуфт:

— Кане, муллоҷон, калимаи «маркаб», яъне харро, дар ин тахта навис.

Шогирд бо хатти зебои арабӣ калимаи «маркаб»-ро навишт.

Мулло бошад, дар зери он расми як харро кашид.

Сипас ба мардум рӯ овард:

— Эй ҷамоати мӯҳтарам! Барои ризои Худо бигӯед, кадоме аз ин ду ба хар бештар монанд аст?

Мардуми одӣ хатти арабиро хонда наметавонистанд. Агар хонда метавонистанд, мефаҳмиданд, ки шогирд номи харро навиштааст ва мулло танҳо расми онро кашидааст.

Аммо мардум ба расм нигоҳ карда, якбора гуфтанд:

— Албатта, расми мулло! Ин навиштаи ҷавон умуман ба хар монанд нест!

Мулло бо пирӯзӣ гуфт:

— Дидед?! Ин одам ҳатто харро намешиносад, баъд омадааст ба ман эрод мегирад!

Ҷамоат ҳам ба ғазаб омад.

— Фитнаангез! — гуфтанд онҳо.

Баъзеҳо ӯро тела доданд, баъзеҳо заданд ва билохира шогирди бечораро аз масҷид берун карданд.

Ҷавон бо либоси ғуборолуду тани кӯфта ба назди устодаш баргашт.

Бо шарм сар ба зер андохта гуфт:

— Устод, ҳақ бо шумо будааст...

Сипас тамоми ҳодисаро нақл кард.

Устод оромона гӯш кард ва гуфт:

— Эй фарзандам, ту се хатои калон кардӣ.

Шогирд пурсид:

— Кадом хатоҳо, устод?

Устод гуфт:

— Якум, хатои як одамро дар пеши мардум ошкор кардӣ. Агар мехостӣ ӯро ислоҳ кунӣ, метавонистӣ дар танҳоӣ бигӯӣ.

— Дуюм, ту дар он ҷо меҳмон будӣ, аммо он мулло соҳиби минбару масҷид ва барои мардум шахси шинос буд. Ту муҳити атрофро нашинохтӣ.

— Сеюм ва аз ҳама муҳим, мардуме, ки масъалаи илмиро намефаҳмиданд, ҳакам ва довари баҳси худ қарор додӣ.

Шогирд хомӯш монд.

Он вақт фаҳмид, ки илм танҳо донистани ҳақиқат нест; донистани роҳи дурусти баён кардани ҳақиқат низ илм аст.

Устод гуфт:

— Биё, фарзандам. Он масҷидро ба ман нишон деҳ.

Онҳо дубора ба ҳамон масҷид рафтанд.

Мулло боз дар миёни мардум нишаста, ваъз мегуфт.

Устод дар охири ҷамоат хомӯшона нишаст. На суханашро бурид, на эрод гирифт. То анҷоми суҳбат сабр кард.

Сипас бархосту гуфт:

— Эй ҷамоати мӯҳтарам! Шумо чӣ қадар хушбахтед, ки чунин муллои бузург доред! Ман ҷойҳои зиёдеро дидаам, аммо чунин олими бузург кам дида мешавад!

Мулло аз ин таърифҳо хеле хушҳол шуд.

Сар ба зер андохта гуфт:

— Астағфируллоҳ... Астағфируллоҳ...

Устод таърифро давом дод:

— Аз чеҳраи муборакашон нур меборад. Ин риши муборакашон ҳам риши одӣ нест! Эй муллои муҳтарам, агар иҷозат диҳед, чанд тор аз ришатон ба ман диҳед, то барои табаррук дар саллаам нигоҳ дорам.

Мулло, ки аз таърифҳо сармаст шуда буд, гуфт:

— Майлаш, бигиред.

Устод чанд тор аз риши ӯ канд.

Мардуми масҷид инро диданд.

Яке гуфт:

— Агар табаррук бошад, ба ман ҳам диҳед!

Дигаре гуфт:

— Ман ҳам мехоҳам!

Сеюмӣ аз ҷояш бархост:

— Мо ҳам бенасиб намонем!

Ногоҳ мардум ба сари мулло рехтанд.

Яке аз ин тараф ришашро мекашид, дигаре аз он тараф.

Мулло фарёд мезад:

— Астағфируллоҳ! Оҳиста! Эй мардум!

Аммо дигар дер шуда буд.

Пас аз чанде мулло бо чеҳраи сурху риши қариб кандашуда нишаста монд.

Устод ба шогирдаш нигоҳ карду табассум намуд.

Дар роҳ шогирд пурсид:

— Устод, шумо чӣ кор кардед?

Устод гуфт:

— Ман ҳамон мардумро истифода кардам, ки ӯ бар зидди ту истифода карда буд. Аммо пеш аз он фаҳмидам, ки бо онҳо чӣ гуна бояд сухан гуфт.

Сипас гуфт:

— Фарзандам, дониш ба танҳоӣ кофӣ нест. Агар илмат бисёр бошад, вале тарзи муошират бо мардумро надонӣ, илм метавонад туро ба мушкил андозад. Ҳақиқатро на танҳо бояд донист, балки бояд донист, ки онро кай, дар куҷо ва чӣ гуна гуфтан лозим аст.

Он рӯз шогирд дарсе омӯхт, ки дар ҳеҷ китобе онро ба он равшанӣ нахонда буд.

Ӯ фаҳмид, ки баъзан як ҷумлаи баҷо аз сад далели дуруст таъсирбахштар аст.

Ва аз ҳама муҳимтар:

Олими ҳақиқӣ касе нест, ки танҳо ҳақро медонад; олими ҳақиқӣ касест, ки медонад ҳақро чӣ гуна ба мардум бирасонад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2