Зеҳн

ПАРДОХТПАЗИРИИ БОНК ВА ОМИЛҲОИ ТАЪСИРРАСОН БА ОН: НАЗАРИЯ ВА АМАЛИЯ

АХ
Ахбор3 октябри 2026 · 11 дақиқа хондан

Пардохтпазирии ҷории ташкилоти қарзӣ қобилияти ташкилоти қарзӣ ҷиҳати сари вақт иҷро гардидани уҳдадориҳои он дар назди пасандоздорон ва қарздеҳон мебошад. Пардохтпазирӣ муҳимтарин тавсифи сифати фаъолияти бонк буда, аз эътимоднокӣ ва устувории он дарак медиҳад. Аммо ба сабаби мушкилоти сатҳи макроиқтисодӣ ҳифзи пардохтпазирӣ барои бонкҳои тиҷоратӣ хеле душвор мегардад.

Бо мақсади беҳтаркунонии низоми бонкии кишвар ва бо ин васила, зиёд кардани боварии аҳолӣ ба низом зарур омад то мавзўи пардохтпазирии бонк ва омилҳои таъсиррасон ба он таҳлил карда шавад.

Бо мақсади таъмини саривақтии пардохтпазирии бонк, зарурат пеш меояд то дороиҳо ва уҳдадориҳои бонк ба таври сифатнок диверсификатсия карда шавад. Диверсификатсияи дороиҳо чун меъёри сифати онҳо истифода шуда метавонад, ки он дараҷаи тақсимоти захираҳои бонкро дар бахшҳои гуногуни ҷойгиршавӣ нишон медиҳад.

Дар мақолаи мазкур сабабҳои пайдоиши мушкилот ва роҳҳои бартараф кардани мушкилот дар самти пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ба таври пурра оварда шудааст, ки он метавонад ба хонанда дар ин самт як тасаввуроти рангинеро диҳад. Қайд гардидааст, ки пардохтпазирӣ ба маҷмўи омилҳои дохилӣ ва берунӣ вобастагӣ дорад. Усулҳои арзёбии пардохтпазирӣ ҳисоби коэффисиентҳо ва муқоисаи ҷараёнҳои пулӣ мебошад.

Баҳри дар амал татбиқ кардани механизмҳои нав ва тадқиқоти амиқ аз рўи пардохтпазирӣ барои ташкилотҳои қарзӣ зарур меояд то дар оянда бо таҷриба аз кишварҳои тараққикарда дар мамлакат дар ояндаи наздик дар бораи таҳлили ҳамаҷонибаи пардохтпазирӣ тавассути моделҳои эконометрикӣ тадқиқот бурда мешавад.

Дар шароити рушди босуръати рақобатноки байни ташкилотҳои қарзӣ пардохтпазирӣ нақши муҳимро бозида, барои муайян кардани рейтинги бонк аз тарафи мизоҷон ва ташкилотҳои байналхалқӣ мувофиқ арзёбӣ мегардад.

Дар бисёре аз луғатҳои иқтисодӣ мафҳуми пардохтпазирӣ қариб ки монанданд. Тибқи ақидаи А.Н.Азрилияна, “Пардохтпазирӣ - ин қобилияти давлат, шахсони ҳуқуқӣ ва ё воқеӣ, сари вақт ва пурра иҷро кардани уҳдадориҳои пардохтӣ, ки натиҷаи он аз тиҷорат, қарзҳо ва дигар амалиётҳои характери пулидошта иборат аст, мебошад”. Ба монанди ин чӣ хеле ки А.Б.Борисов қайд менамояд, “Пардохтпазирӣ - ин имконияти давлат, шахсони ҳуқуқиву воқеӣ, сари вақт ва дар ҳаҷми пурра уҳдадориҳои пулии худро, ки дар натиҷа аз тиҷорат, қарзҳо ва дигар амалиётҳои гуногун иборат мебошад, дар бар мегирад”. Тибқи гуфтаи олимони тоҷик Н. Ашуров ва И. Лалбеков, “Пардохтпазирии бонк - аз рўи уҳдадориҳои молиявӣ дар ҳолатҳои зарурӣ ҷавоб додани он аст, яъне, қонеъ намудани талаботи муштариёне, ки амонат ва пасандозҳои худро талаб менамоянд ва бонк бояд дарҳол ин талаботро қонеъ карда тавонад”. Бонк ин амалро дар ҳолате иҷро карда метавонад, ки сармояи хусусиаш кифоя ва ҷобаҷогузории активҳоро мувофиқи муҳлати амонат ва пасандозҳо ба роҳ монда бошад. Аз ин рў, барои таъмини пардохтпазирӣ бонк бояд таносуби се омили асосӣ - сармояи хусусӣ, воситаҳои пулии ҷалбшуда ва ҷобаҷогузории онҳоро риоя намояд.

А. Хонҷонов ва Б. Шарипов низ ба ҳамин монанд мафҳуми пардохтпазирии бонкро шарҳ додаанд.

Бо мақсади таъмини саривақтии пардохтпазирии бонк, зарурат пеш меояд то дороиҳо ва уҳдадориҳои бонк ба таври сифатнок диверсификатсия карда шавад. Диверсификатсияи дороиҳо чун меъёри сифати онҳо истифода шуда метавонад, ки он дараҷаи тақсимоти захираҳои бонкро дар бахшҳои гуногуни ҷойгиршавӣ нишон медиҳад.

Дараҷаи пардохтпазирии ягон дороӣ бо табдилёбии осони ҳамин дороӣ ба шакли пулӣ, инчунин бо қобилияти бетағир нигоҳ доштани арзиши номиналии худ муайян мегардад. Аз рўи дараҷаи пардохтпазирӣ дороиҳои бонк ба гурўҳҳои зерин тақсим мешаванд.

Дороиҳои пардохтпазирии баланд - дороиҳое, ки фавран барои иҷрои уҳдадориҳои бонк истифода бурда мешаванд ё дар наздиктарин фурсат ва бо камтарин хароҷоти фурўш ба воситаҳои пулӣ табдил меёбанд. Дар сатҳи муайян нигаҳ доштани ҳаҷми гурўҳи якуми дороиҳо шарти ҷудонашавандаи таъмини пардохтпазирии бонк мебошад. Ҳиссаи бештари гурўҳи зикршудаи дороиҳои пардохтпазир (захираҳои ибтидоӣ ва иловагӣ) ба бонкҳое зарур мебошад, ки амонатҳои зиёд ва ноустувор доранд ё афзоиши талабот ба қарз дар назар дошта шудааст. Дороиҳои пардохтпазир - дороиҳое, ки дар 30 рўзи наздиктарин ба воситаҳои пулӣ табдил ёфта метавонанд. Фурўши пеш аз муҳлати дороиҳои пардохтпазирии дарозмуҳлат душвор мебошад: маъмулан, онҳоро на пештар аз ду моҳ ва бо хароҷоти зиёд (то 20% аз арзиши онҳо) ба пули нақд табдил додан мумкин аст. Фурўши дороиҳои пардохтпазирии паст ва пардохтнопазир ҳам душвор мебошад. Бозори чунин дороиҳо вуҷуд надорад ё хеле маҳдуд аст.

Ҳар бонк хароҷотеро, ки ба ғайр аз додани фоизҳои амонат ва пасандозҳо сурат мегирад, бояд таҳти назорат гирад, зеро кам кардани хароҷот боиси нигоҳ доштани пардохтпазирӣ ва даромад мегардад.

Ҳар қадар пардохтпазирии дороиҳо камтар бошад, ҳамон қадар хавфнокии онҳо зиёдтар аст, яъне имкони талаф ҳангоми ба воситаҳои пулӣ табдил додани дороиҳо ва хавфи барнагардонидани маблағҳои додаи бонк аз эҳтимол дур нест.

Ҳар қадар хавфи маҷмўии дороиҳои бонк баландтар бошад, ҳамон қадар пардохтпазирии бонк пасттар аст. Дараҷаи хавфи дороиҳо ба омилҳои зиёде вобастагӣ дорад, ки барои ҳар як намуди онҳо ҳолати молиявӣ хос аст: барои қарзҳои қарзгиранда - сифати таъминот, ҳаҷми қарз, тартиби додани қарз ва пардохти он, устувории молиявии эмитент ва ғайра; барои сармоягузориҳо бо коғазҳои қиматнок - шартҳои барориш ва гардиш, нархгузорӣ дар биржа ва ғайра.

Хавфи дороиҳои бонк ба даромаднокии онҳо вобаста аст: ҳар қадар дараҷаи хавфи ягон дороӣ баландтар бошад, бонк метавонад, ки ҳамон қадар нархи баланд (меъёри фоизӣ)-ро барои он муқаррар намояд. Даромаднокии дороиҳо чун меъёри сифат қобилияти даромаднокии онҳоро инъикос намуда, ҳамин тавр, барои рушди бонк ва устувории пойгоҳи сармоявии он сарчашма муҳайё месозад. Ҳар қадар ҳиссаи дороиҳои даромаднок зиёдтар бошад, бонк ҳамон қадар дар дигар шароитҳои баробар даромади (фоидаи) бештар ба даст меорад ва бинобар ин, имкони устувор гардонидани пойгоҳи сармоявии худро таъмин карда метавонад. Аммо афзоиши даромаднокӣ қариб ҳамавақт ба зиёдшавии хавф ва коҳиши пардохтпазирӣ вобастагӣ дорад.

Ҳар қадар дороиҳо бештар диверсификатсия шуда бошанд, ҳамон қадар пардохтпазирии бонк аз сатҳи хавф пасттар аст. Омили муҳиме, ки дараҷаи пардохтпазирии бонкро муайян менамояд, сифати маблағҳои ҷалбшуда мебошад, ба монанди қарзи байнибонкӣ, ки он то ҳадди муайян барои пардохтпазирӣ таҳдидовар нест, баръакс, он рафъи норасоии кутоҳмуддати маблағҳои пардохтпазирро имконпазир мегардонад. Агар қарзи байнибонкӣ дар захираҳои ҷалбшуда мавқеи асосӣ дошта бошад, он гоҳ вазъияти номусоид дар бозори байнибонкӣ ба шикасти бонк боис шуда метавонад.

Вобастагии дороиҳо ва қарзҳо (пассивҳо) аз рўи маблағҳо ва муҳлатҳо ба пардохтпазирии бонк таъсири ҷиддӣ мерасонад. Иҷрои уҳдадориҳо аз тарафи бонк дар назди мизоҷ мувофиқаи муҳлатеро пешбинӣ менамояд, ки барои ин муҳлат воситаҳои пулии пешниҳоднамудаи амонатгузорон сармоягузорӣ карда мешаванд. Чунин баробарӣ амалан имкони сар задани буҳрони пардохтпазириро дар бонк барҳам медиҳад. Зеро уҳдадориҳои бонк бо захираҳои мавҷуда таъмин гардида, мутобиқати дороиҳо ва қарзҳо (пассивҳо) аз рўи муҳлат бо иҷрои саривақтии уҳдадориҳо ва бе фурўши зиёновари дороиҳо фароҳам меояд. Ҳар қадар чунин мувофиқат баландтар бошад, ҳамон қадар баробарии сиёсати бонк таъмин гардида, пардохтпазирӣ ва ҳолати молиявии он баландтару устувортар мешавад.

Пардохтпазирӣ ба даромади бонк таъсири бевоситаи худро расонида, сиёсати бехавфро интихоб карда, дороиҳои худро зиёд карда, дар асоси он пардохтпазирии худро беҳтар мекунад.

Дар аксари кишварҳо, барои таҳлили устувории молиявии бонкҳо, системаи CAMELS ё системаи коэффисиентҳои миллии таҳлилии дар асоси он таҳияшуда истифода мешаванд. Системаи CAMELS 6 категорияи устувории бонкро дар бар мегирад: C - кифоятии сармоя; A - сифати дороиҳо; M - эътимоднокии назорат; E - фоида, L - пардохтпазирӣ, S - ҳассосият ба хавфи бозор.

Муайян кардани мушкилии боло бурдани пардохтпазирии бонкҳои тиҷоратӣ аз тарафи Е.Л.Золотарева истифода кардани модели хавфи амалиётӣ бо истифода аз усули (Bayesianapproach) барои баҳодиҳии талафи эҳтимолии бонк дар ҳолати норасоии маълумотҳои оморӣ пешниҳод карда шудааст.

П.Ю.Малишев қайд мекунад, ки пардохтпазирии ҳар як бонк асосан аз рўи тамоюлҳое, ки дар идоракунии захираҳои асъории бонкҳо ташаккул ёфтаанд, муайян карда мешавад. Дар байни онҳо: диверсификатсия аз рўи навъи воситаҳо ва портфелҳои дорои сатҳҳои гуногуни даромад ва хавфи сармоягузорӣ; кам шудани ҳиссаи дороиҳои доллар бинобар ноустувории онҳо; баланд бардоштани шаффофияти иттилооти Бонки марказӣ дар бораи захираҳои асъорӣ ҷойгиранд.

Таҳлили макропруденсиалӣ нишондиҳандаҳои устувории молиявӣ дар мақолаи С.Ю.Хасянова тавсифи вазъи макроиқтисодии бахши бонкии иқтисодиёт ва шартҳои фаъолияти онро дар бар мегирад. Таҳлили микропруденсиалӣ барои омўхтани вазъи молиявии ташкилоти қарзии алоҳида, аз ҷумла дар муқоиса бо гурўҳи ташкилотҳои монанд истифода мешавад ва имкон медиҳад, ки фарқияти назаррасро дар арзишҳои нишондиҳандаҳо муайян намоянд. Ба омилҳои дохилие, ки дараҷаи пардохтпазирии бонк ба онҳо вобаста аст, менеҷмент дахл дорад, яъне системаи идораи фаъолияти бонк, дар маҷмўъ, ва пардохтпазирӣ дар алоҳидагӣ. Сифати идораи бонк бо талаботи зерин муайян мегардад: мазмуни сиёсати бонк; сохтори дурусти ташкилӣ, ки ҳалли масъалаҳои стратегӣ ва ҷориро имконпазир мегардонад; механизми идораи дороиҳо ва қарзҳои (пассивҳои) бонк; муназзамии расмиёт, аз ҷумла расмиёте, ки ба қабули қарорҳои муҳим дахл дорад.

Сатҳи баланди менеҷмент мавҷудияти мутахассисони соҳибихтисос, ташкили пойгоҳи зарурии иттилоотӣ ва аз ҳама асосӣ, аз тарафи роҳбарияти бонк дарк гардидани муҳимияти ташкили системаи илмии идораи фаъолияти бонкро пешбинӣ менамояд. Ба қатори омилҳое, ки ба таъмини пардохтпазирии бонк вобастаанд, имиҷи он низ дохил мешавад. Имиҷи мусбати бонк дар назди бонкҳои дигар ҷиҳати ҷалби захираҳо ба он афзалият бахшида, ҳамин тавр, зуд бартараф намудани норасоиҳоро дар маблағҳои пардохтпазир имконпазир мегардонад. Бонки некном устувории пойгоҳи амонатии худро ба осонӣ таъмин менамояд. Он имкон медиҳад, ки бо мизоҷони аз ҷиҳати молиявӣ устувор ҳамкорӣ ба роҳ монда шавад, яъне сифати баландтари дороиҳо таъмин карда мешавад. Имиҷи аввалиндараҷаи бонк тақвияти робитаҳоро бо шарикони хориҷӣ имконпазир гардонида, ба устувории ҳолати молиявӣ ва пардохтпазирии бонк мусоидат менамояд. Ташкили имиҷи мусбати бонк раванди мураккаб буда, инҳоро фаро мегирад: интихоби дурусти стратегияи рушд; баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон; тақвияти тадқиқоти маркетингӣ; ташкили рекламаи муътамаду мунтазам ва густурда, ба роҳ мондани робита бо ҷомеа; таъмини дастрасии маълумот дар бораи фаъолияти худ, аз ҷумла тавассути нашри ҳисоботҳо ва ғайра.

Бонке, ки дар вазъиятҳои буҳронӣ пардохтпазирии худро зуд ва осон барқарор намудан мехоҳад, бояд фаъолона ва мақсаднок ба ташкили имиҷи мусбати худ машғул шавад, ки он дар шароити кунунӣ яке аз роҳҳои асосӣ барои расидан ба фаъолияти пурсамари бонк мебошад.

Он барои рушди амалиётҳои бонкӣ ва фаъолияти муваффақи системаи бонкӣ замина фароҳам оварда, устувории асосҳои иқтисодии фаъолияти бонкҳоро таъмин намуда, эътимоди сармоягузорони ватанӣ ва хориҷиро ба бонкҳо тақвият мебахшад. Бонкҳо бе шартҳои зикршуда барои ташкили пойгоҳи устувори амонатӣ, таъмини даромаднокии амалиётҳо, инкишофи воситаҳо, баланд бардоштани дороиҳо ва такмили системаи идора қудрат надоранд. Рушди бозори коғазҳои қиматнок таъмини варианти мувофиқи ташкили воситаҳои пардохтпазирро бе талафи фоида имконпазир мегардонад. Зеро роҳи аз ҳама зуд ва осони ба воситаҳои пулӣ табдил додани дороиҳои бонк дар бисёр кишварҳои хориҷӣ ба фаъолияти бозори фондӣ вобаста аст.

Барои муайян кардани сатҳи пардохтпазирии ҷорӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тавассути меъёрҳои муайяншуда танзим карда мешавад.

Бо мақсади назорати вазъи пардохтпазирии ҷории ташкилоти қарзӣ меъёри пардохтпазирии ҷорӣ муқаррар карда мешавад.

Меъёри пардохтпазирии ҷорӣ (К2-1) ҳамчун ҷамъи пули нақд, ҳисобҳои мукотибавӣ ва дороиҳои пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ то 30 рўзи наздик нисбат ба амонатҳои дархостшаванда, таҳвили пулӣ, уҳдадориҳои муҳлаташон то 30 рўзи наздик муқаррар карда мешавад:

К2 - 1 = (ДП / УК) x 100%

ки дар ин ҷо: ДП - дороиҳои пардохтпазир, яъне ҷамъи ҳисобҳои тавозунӣ.

УК - амонатҳои дархостшаванда ва уҳдадориҳои кутоҳмуддат, яъне ҷамъи ҳисобҳои тавозунӣ.

Меъёри пардохтпазирӣ (К2-1) ба андозаи на камтар аз 30% муқаррар карда мешавад.

Бо мақсади беҳтар кардани сатҳи пардохтпазирии бонкҳо зарурат пеш омад, ки ҳисобаробаркуниҳои ғайринақдӣ зиёд шавад то аз ҷониби аҳолӣ талабот ба пули нақдро кам карда, бо ин васила, ҳаҷми пули зиёдатии дар муомилотбуда гирифта шавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ба аҳолии кишвар фароҳам овардани имконият барои ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани ҳаққи хизматрасониҳои корхонаҳои давлатӣ, пардохтҳои андоз, ҷарима, боҷу хироҷ ва дигар пардохтҳои давлатӣ бо истифодаи воситаҳои муосири пардохтҳои электронӣ давра ба давра чораҳои заруриро андешида истодаанд.

Бо мақсади дастрасии аҳолӣ бо пули нақд ва бо ин васила, зиёд намудани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ ба ҳолати 31 декабри соли 2018 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ дар ҷумҳурӣ мувофиқан 678 адад ва 4499 ададро ташкил намуда, дар муқоиса ба соли қаблӣ шумораи банкоматҳо 7 адад кам ва шумораи терминалҳои электронӣ 1174 адад зиёд шуданд. Шумораи терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ 55 фоиз афзоиш ёфта, 3014 ададро ташкил намуд.

Шумораи умумии суратҳисобҳои бонкии барои муштариён дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ кушодашуда бошанд, дар соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 8,9 фоиз афзоиш ёфта, зиёда аз 3,5 млн. ададро ташкил намуд, ки ин аз беҳтар гардидани фарогирии аҳолӣ бо хизматрасониҳои бонкӣ шаҳодат медиҳад.

Пардохтпазирӣ муҳимтарин тавсифи сифати фаъолияти бонк буда, аз эътимоднокӣ ва устувории он дарак медиҳад. Аммо бо сабабҳои мушкилоти сатҳи макроиқтисодӣ ҳифзи пардохтпазирӣ барои бонкҳои тиҷоратӣ хеле душвор мегардад. То ин ки бонки тиҷоратӣ дар шароитҳои тағирёбанда устуворона ва самаранок фаъолият намояд, роҳбарияти бонкро зарур аст, ки ба таҳлили нишондиҳандаҳои фаъолияти бонк ва амалиётҳои иҷрошаванда бештар диққат диҳад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2