Транзити молҳои Тоҷикистон тариқи Узбекистон соддатар мешавад
Транзити бор тавассути нақлиёти боркаш аз ҳудуди ду давлат бидуни варақаҳои муҷавиз сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев қарор дар бораи тағйиру иловаҳо ба созишнома бо Тоҷикистон дар бораи соддагардонии транзити ҳамлу нақли бор тавассути қаламравҳои ду кишвар бидуни муҷаввизро, ба имзо расонд.
Матни санади дахлдор, дар сомонаи пойгоҳи қонунгузории миллии ин кишвар нашр шудааст.
"Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байни Ҳукумати Узбекистон ва Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, ки 9 марти соли 2018 ба имзо расида буд, тасдиқ карда шавад", — гуфта мешавад дар қарор.
Протокол 18 апрели соли 2024 дар Душанбе дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Узбекистон ба Тоҷикистон ба имзо расида буд.
Тибқи протокол, убури транзити нақлиёти боркаш аз қаламрави ҳарду давлат бидуни муҷавиз ё иҷозатнома сурат мегирад.
Шавкат Мирзиёев ба Вазорати корҳои хориҷии кишвар дастур додааст, ки дар бораи иҷрои расмиёти дохилии давлатие, ки барои эътибор пайдо кардани ин созишномаи байналмилалӣ зарур буд, ба ҷониби Тоҷикистон огоҳинома ирсол намоянд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Душанбе миёни Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикаэронавигатсия" ва Корхонаи воҳиди давлатии "Узаэронавигатсия" Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ҳуҷҷати ҳамкорӣ ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсия ва аэронавигатсия, табодули таҷриба ва таъмини бехатарии парвозҳо тавассути ҳарими ҳавоии ду кишвар мусоидат хоҳад кард.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё