МАХСУСИЯТИ НИЗОМИ ҚАРЗДИҲИИ БОНКӢ ВА МУАММОҲОИ ОН ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Аз давраи ҷамоаи ибтидоӣ сар карда, то замони мо дар қатори беҳтарин кашфиётҳои дар ҷамъият аз тарафи инсон бавуҷудомада ин пул ва қарз мебошанд. Ба вуҷуд омадани пул ҳамчун кашфиёт имконияти пайвастагии доимии истеҳсолот, муомилот ва истеъмолот, ки яке аз шартҳои асосии самаранокии иқтисодиёт мебошад, таъмин карда мешуд. Асоси пайдоиши талабот ба қарзро дар соҳаҳои асосии истеҳсолоту савдо ва хизматрасонӣ вобаста ба талаботи замон ҷустан зарур аст. Дар мақолаи мазкур асосҳои назариявӣ ва методологии алоқамандии фаъолияти соҳаи хоҷагии қишлоқ бо қарзҳои бонкӣ дида баромада шудааст.
Ғайр аз ин, дар пешрафти соҳаи кишоварзӣ, аз он ҷумла соҳаи хоҷагии қишлоқ, қарзҳои бонкӣ нақши хоса дорад. Инчунин, дар мақолаи мазкур нишониҳандаҳои рушди бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ мавриди омўзиш ва корбарӣ қарор дода шудаанд.
Аз мушоҳидаҳои имрўза чунин натиҷа баровардан мумкин аст, ки нақши қарзҳои бонкӣ дар таъмини талаботи мавсимии хоҷагиҳои деҳқонӣ, истеҳсолкунандагони маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, ташкили захираҳои молӣ дар соҳаи савдо, хариди ашёи хом, техникаю технологияи наву пўшонидани хароҷоти дигари истеҳсолӣ дар соҳаи истеҳсолот ва васеъ кардани истеҳсолот дар ҳамаи соҳаҳо хеле баланд аст. Илова бар ин, дар мақолаи мазкур нишондиҳандаҳои қарзҳои бонкӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии қишлоқи мамлакат мавриди омўзиш ва тадқиқот қарор дода шудаанд.
Тоҷикистон мамлакати агросаноатӣ буда, дорои иқтидори бузург барои рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад, лекин бо вуҷуди қабул ва татбиқи як қатор барномаҳои давлатӣ, аз он ҷумла таъмини дастрасии захираҳои қарзӣ барои истеҳсолкунандагони соҳаи кишоварзӣ, солҳои охир тамоюли суст шудани суръати истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ идома дорад. Имрўз, мутаассифона, маҳсулоти дар ин соҳа истеҳсолшаванда дар муқоиса бо ҳамтоёни хориҷӣ, рақобатпазир нест, сатҳи ҳосилнокии меҳнат ва заминаи моддию техникии корхонаҳо аксар вақт ба талаботи муосир ҷавобгў нест, ки ин зарурати беҳтар кардани шароити қарз ва рушди инфрасохтори бозори қарзиро талаб мекунад.
Айни ҳол барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ гирифтани қарз аз бонкҳои тиҷоратӣ мушкил аст, чунки фаъолияти ин бонкҳо ба қарзгирандагон, ки қодиранд пардохти қарзиро бо фоизи баланд дар муддати кўтоҳ таъмин кунанд, равона шудааст. Захираи бозори қарзӣ дар соҳаи кишоварзӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии алоҳида хусусияти монополистӣ дорад, аммо молистеҳсолкунандагони деҳот фаъол нестанд.
Боиси зикр аст, ки дар ҳама шароит соҳаи хоҷагии қишлоқ яке аз соҳаҳои асосӣ ва афзалиятнок дар самти таъминоти аҳолии кишвар бо ғизои хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза маҳсуб меёбад. Бо сабаби муҳиммият ва дарки масоили муҳимтарини соҳаи хоҷагии қишлоқ дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то солҳои 2030 дар самти таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат 13 ҳадафи назаррас ҳамчун мақсади асосии ҳалталаб пешбинӣ гардидаанд, ки амалӣ намудани онҳо вазифаи аввалиндараҷаи тамоми сохторҳое, ки имконияти дар сатҳи самаранок пеш бурдани онро доранд, мебошад. Қобили зикр аст, ки дар пиёда сохтани аксар мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи хоҷагии қишлоқ махсус дар шароити имрўза мавқеи бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ зиёд мебошад.
Дар пиёда сохтани мушкилот ва амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии рушди соҳаи хоҷагии қишлоқ, аз он ҷумла хавфҳои дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пешбинигардида саҳми қарзҳои бонкӣ ва таъсири бевоситаи онҳо ба рушди соҳа хело зарурӣ мебошад. Дар алоқамандӣ ва робита ба ин тадқиқоти назариявӣ, методологӣ ва амалии раванди қарздиҳии бонкҳои тиҷоратӣ ба соҳаи хоҷагии қишлоқ, роҳҳои самаранок ва беҳтаргардонии соҳаи хоҷагидорӣ тавассути қарзҳои бонкӣ, бо назардошти мушкилоти дар соҳаи бонкию хоҷагидорӣ ҷойдошта ба суботи ҷомеаи Тоҷикистон ва рушди иқтисодиёту сатҳи некуаҳволии мардум муҳиммияти зиёд дорад.
Ба ин хотир тамоми ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки раванди қарзиро дар самти фаъолияти доманадори хоҷагии қишлоқ васеъ намуда, бештар дар самти коркард ва истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ тавассути хариди техникаю технологияи муосир қарз диҳанд.
Дар шароити имрўзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилот ва муаммоҳо дутарафа мебошанд. Яъне, аз як тараф, мушкилот дар фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ ба монанди: надоштани захираи пулии кофӣ, кам будани воситаҳои худӣ, ба муҳлати кўтоҳ зиёд ҷалб намудани маблағҳои муваққатан озоди шахсони ҳуқуқию воқеӣ, ба муҳлати зиёд дода натавонистани қарз, бо фоизи баланд қабул намудани амонату пасандозҳо, баланд будани меъёри фоизи қарз ва ғайра.
Бо ақидаи мо, қарз ин як рукни низоми муносибатҳои иқтисодӣ буда, субъектҳои қарзиро дар самти пешниҳод ва пардохти қарз дар муҳлатҳои гуногун бо додани иловапулӣ муттаҳид менамояд. Мо моҳияти ин тафсирро батафсил аз рўи назарияҳои мухталиф ошкор хоҳем кард.
Хусусияти муҳим ва фарқкунандаи ин консепсия дар он зоҳир мегардад, ки хусусияти ҷараёни баргардонидан ва музднокии объекти қарз замонҳои гуногунро дар бар мегирад. Ин хусусияти асосии қарз мебошад, амалиётҳои қарзии хариду фурўшро аз амалиёте, ки мубодилаи неъматҳо дар як вақт сурат мегирад, фарқ мекунад.
Аниқ кардани шартҳои объективии пешакии иштироки қарз дар гардиши сармояи гардони корхонаҳои соҳаи кишоварзӣ ва қарздиҳӣ ба талаботи дарозмуддат хеле муҳим аст, аммо фаҳмидани натиҷаи ин иштирок, таъсири он ба омўзиши нақши қарз вобастагӣ дорад, муҳим аст.
Ба ақидаи мо, нақши қарзро бояд ҳам дар сатҳи назариявӣ ва ҳам гурўҳӣ (категориявӣ) таҳқиқ намуда, таъсири механизмҳои ҳавасмандкунандаи қарзро дар сатҳи макро ва микро, инчунин, дар сатҳи корхонаҳои соҳаи кишоварзӣ муайян карда, нақши қарзро ҳамчун ҳисса дар рушди истеҳсолоти кишоварзӣ тавассути қарздиҳии муассисаҳо аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ арзёбӣ кунем.
Дар баробари ин, ҳангоми омўзиши нақши қарз, пеш аз ҳама, фаҳмидани таъсири он ба истеҳсолот дар соҳаи кишоварзӣ, бо маънои пуррааш, ҳамчун категорияи объективии иқтисодӣ ба раванди такрористеҳсолкунӣ ва таъмини доимияти бозор зарур аст; ва ба маънои маъдуд, таъсири онро тавассути ташкилотҳои қарзӣ - бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзии ғайрбонкӣ дар раванди қарздиҳӣ арзёбӣ намоем. Ба ибораи дигар, ҳангоми омўзиши нақши қарз мо аз ҷанбаҳои гурўҳӣ (категориявӣ) ва ниҳодӣ (институтсионалӣ) бархўрдор мешавем. Ҳамзамон, мо боварӣ дорем, ки нақши қарз хулосаи (синтези) мафҳумҳои назариявӣ ва саҳми мушаххаси он дар рушди истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ зарурӣ мебошад.
То имрўз муносибати ягонаи ошкор кардани нақши қарз дар такрористеҳсолкунӣ мушаххас ва ба таври конкретӣ ифода нашудааст. Баъзе олимон, ба таври анъанавӣ ва дар доираи дониш ва таҷрибаи худ, нақши қарзро тавассути вазифа ва усули (категорияи) иқтисодӣ баррасӣ мекунанд. Аз ҷумла, Ю.Е. Шенгер нақши қарзро муайян карда, «натиҷаҳои объективӣ (воқеӣ), ки рушди ҳамаи вазифаҳои қарз дар ин низоми иқтисодиёт ба он оварда мерасонад», дар назар дошт.
Ин мулоҳизаро мутобиқ ба сохти иқтисодии сотсиалистӣ тақвият дода, Ю.Е. Шенгер як қатор нуқтаҳои муҳимро, ки нақши қарзро муайян мекунанд, қайд намуд. Сатҳи фоизи иловагӣ вобаста ба мавҷудияти хатари барнагаштани қарз, дараҷаи тахмини қарз, сатҳи боварӣ ба пардохтпазирии қарзгиранда ва омилҳои дигар муайян карда мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби кам будани захираҳои пулии ташкилотҳои қарзӣ ва зиёд будани ҳаҷми маблағҳои ҷалбшуда аз воситаҳои худии бонкҳо мизони появии ҳама ташкилотҳои қарзӣ баланд мебошад. Баланд будани мизони появии бонкӣ таваҷҷуҳи субъектҳои қарзгирандаро кам намуда, дар натиҷа самаранокии истеҳсолотро, аз он ҷумла истеҳсолкунандагони маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқро кам мекунад.
Мушкилоте, ки ба самаранокии тамоми самтҳои иқтисодӣ таъсир мерасонад ва ҳавасмандии субъектҳои иқтисодиро кам мекунад, ин баланд будани меъёри фоизи қарз мебошад. Бо сабаби баланд будани меъёри фоизҳои дигари амалиётӣ ба меъёри фоизи қарзҳои бонкӣ таъсиррасонанда имкон намедиҳад, ки бонкҳои тиҷоратӣ ба қадри кофӣ меъёри фоизи қарзро ба субъектҳои хоҷагидорӣ кам кунад. Баланд будани меъёри фоизи қарзҳои бонкӣ яке аз проблемаҳои асосӣ дар хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Албатта, ба роҳ мондани фаъолияти ҳаматарафаи самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ. ба монанди: фаъолияти соҳибкорӣ, фаъолияти тиҷоратӣ, фаъолияти истеҳсолӣ ва ниҳоят, фаъолияти хоҷагидорӣ бе дастгирии ҳаматарафаи давлату ташкилотҳои қарзӣ ва дигар созмону институтҳои молиявӣ ғайриимкон аст. Фаъолияти ҳаматарафаи самтҳои афзалиятноки иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баъд аз ба даст овардани истиқлолияти комил бе соҳаи ҳозиразамони дастгирии молиявии давлату ташкилотҳои қарзӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ташкилотҳои қарзӣ, давлат ва институтҳои молиявии хориҷӣ звенои асосии сармоягузории соҳаҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ ба ҳисоб мераванд. Имкониятҳои васеи табиию экологии маҳсулоти хоҷагии қишлоқ як имконияти васеи ҷалби таваҷҷуҳи сармоягузорони дохилию хориҷӣ мебошанд. Бояд тазаккур дод, ки дар баробари андешидани чораҳои зарурӣ ва қабул намудани як қатор барномаҳои дахлдори соҳавӣ ташаккули заминаҳои асосии ҷалби сармояи қарзӣ шарти асосист.
Дар фаъолияти доманадори хоҷагиҳои деҳконию хонаводагӣ як қатор мауммоҳои табиию экологӣ мавҷуданд, ки ба фаъолияти истеҳсолию тиҷоратии онҳо як қатор монеаҳоро эҷод намуда, ба партохтпазирии истеҳсолкунандагон, ки асоси фаъолияти онҳо дар асоси қарзҳои бонкӣ ба роҳ монда шудааст, монеа эҷод мекунад. Татбиқи фаъолнокии хоҷагии қишлоқ аз омилҳои гуногун вобаста аст. Аз ин лиҳоз, ҷараёни дарки масъалаҳои манфӣ ва мусбӣ вазифаи аввалиндараҷаи истеҳсолкунандагони маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ мебошад.
Дар соҳаи хоҷагии қишлоқ ва раванди қарзии бонкҳои тиҷоратӣ як қатор муаммоҳо мавҷуданд:
- номувофиқ омадани муҳлати қарзу раванди истеҳсолот;
- баланд будани меъёри фоизи қарз;
- номувофиқ омадани шароити боду ҳаво;
- надоштани стратегияи муайяни истеҳсолот ва коркардку киштгардони замин;
- мавҷуд набудани қарзҳои дарозмуддати лизингӣ ва ғайра.
Бояд қайд намуд, ки дар иқтисодиёти имрўзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ, соҳаи хоҷагии қишлоқ ва бонкдорӣ дар рушди он ва беҳтарсозии сатҳи зиндагии аҳолӣ мавқеи махсус доранд. Аз ин лиҳоз, барои такмил ва рушди ин соҳаҳои муҳими иқтисодӣ андешидани чораҳои зерин ба мақсад мувофиқ аст:
- додани қарзҳои дарозмуддат ба соҳаҳои мухталифи хоҷагии қишлоқ;
- паст кардани меъёри фоизи қарзҳои пешниҳодшаванда;
- тартиб додани стратегияи муайяни самти фаъолияти хоҷагии қишлоқ (аз истеҳсолот то фурўши мол);
- пешниҳоди қарзҳои дарозмуддати лизингӣ ба соҳаи истеҳсолкунандагони хоҷагии қишлоқ;
- якҷоя бо истеҳсолкунанда дар истеҳсолот иштирок кардани қарздиҳанда.
Васеъ кардани иқтисодиёт, истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, хариди таҷҳизоти пешбурди фаъолияти истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва ғайра аз ҳисоби қарз имкон медиҳад, ки талаботи доимо афзояндаи ҷамъият қонеъ гардонида шуда, он ба кишварҳои ҳамсоя содирот шавад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё