САМАРАНОКИИ ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНҲОИ НАВ ДАР ШАРОИТИ КЎҲСОР ВА КАМЗАМИНӢ
Дар мақола масъалаҳои гузаштан ба заминдории алтернативӣ бо таваҷҷуҳ ба иқтидори захираи табиии кишвар ва то ҳадди ақал коҳиш додани таъсиррасонӣ ба муҳити зист баррасӣ карда шудаанд. Ташкилу инкишофи заминдории алтернативӣ дар Тоҷикистон дар шароити камзаминӣ ва барзиёд будани захираҳои меҳнатӣ метавонад фонди озуқавории ҷумҳуриро ғанӣ гардонад, ҳамчун рақиб дар истеҳсоли маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тозаи мавриди тақозои бозор ва рағбати истеъмолгарон баромад кунад. Инчунин, аҳамияти бузурги истифодаи оқилонаи иқтидори захираҳои табиии кишвар, афзудани даромаднокии хоҷагиҳо ва хоҷагиҳои оилавӣ дар деҳот, истифодаи самарабахши замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар минтақаҳои кўҳию доманакўҳӣ, сершумории шаклҳои моликият ва ташкили низоми нави заминдорӣ таъкид карда шудааст.
Дар шароити рушди муносибатҳои бозоргонӣ соҳаи хоҷагии қишлоқ яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ ба ҳисоб рафта, барои рушду ташаккули дигар соҳаҳо қувваи иловагии ҳаракатдиҳанда ба ҳисоб меравад. Самаранок истифода бурдани замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар минтақаҳои кўҳӣ ва деҳот яке аз самтҳои афзалиятноки рушди хоҷагии халқ арзёбӣ мегардад.
Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки замини каму захираи меҳнатии барзиёд доранд. Имрўз дар назди ҷумҳурии мо чор проблемаи ба ҳам алоқаманди сатҳи давлатӣ истодааст, ки бе ҳалли онҳо барпо кардани иқтисоди миллии устувор имкон надорад. Инҳо амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ, коммуникатсионӣ ва рушди саноаткунонии босубот мебошанд. Танҳо ҳалли ин проблемаҳо метавонад ҷумҳуриро ба қатори кишварҳои мутараққии Шарқ барорад.
Бояд эътироф кард, ки кишвари аз лиҳози иқтисодӣ он кишваре ба шумор меравад, ки на камтар аз 80%-и маҳсулоти озуқавории босифатро аз ҳисоби истеҳсолоти дохилии худаш таъмин мекунад. Ин масъала ба истифодаи оқилонаи ҳар як воҳиди захираи замин вобастагӣ дорад. Роҳи ҳалли он дар рушди шаклу навъҳои заминдории алтернативӣ ва самаранок истифода намудани онҳо дида мешавад. Ин аз ҳама шаклҳои моликияту хоҷагиҳо истифодабарии оқилонаи захираи замин, пеш аз ҳама, заминҳои кишоварзиро дар ҳар як минтақа ва дар тамоми ҷумҳурӣ талаб мекунад. Маълум аст, ки масоҳати замине, ки ба ҳар нафар рост меояд, сол то сол кам шуда истодааст. Чунки суръати афзоиши аҳолӣ аз суръати рушди истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ бештар аст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар соли 2017 маҷмўи маҳсулоти кишоварзӣ 24576,0 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда дар шароити номуайянии иқтисодиёти ҷаҳон нишондиҳандаи муътадил ба ҳисоб меравад. Барои афзоиши чунин нишондиҳандаҳо дар оянда анҷом додани корҳои зиёдеро, аз қабили азхудкунии заминҳои нав ва ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ лозим мешуморем.
Гузариш ба рушди шаклу навъҳои гуногуни истифодабарии заминҳои нав дар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо назардошти гуногунии захираҳои табиӣ ва ҳудудии онҳо, муносибати махсуси аҳолиро ба нигоҳубини заминҳо ва истифодабарии онро барои баландбардории сатҳи зисти аҳолӣ талаб мекунад. Вазъи кунунии замин истифодабарӣ аз лиҳози нигоҳубину рушди сифат ва тарзи ҳаёти аҳолии деҳот ва тамоми аҳолии ҷумҳурӣ тибқи меъёри илман асосноки ғизо қаноатбахш нест.
Барои таҳлили амиқу ояндабинии масоили таъмини амнияту кифояти озуқавории ҷумҳурӣ маълумотро дар бораи талабот ба маҳсулоти ғизоӣ дарҷ мекунем.
Аз гуфтаҳои боло чунин бармеояд, ки хоҷагии қишлоқ ва заминдории алтернативӣ дар таркиби он омили муҳими рушди ҷумҳурӣ мебошад. Хоҷагии қишлоқи муосири ҷаҳон дар вазъияте қарор дорад, ки бинобар сабаби коркарди беисту нодурусти замин ва истифодаи аз ҳад зиёди моддаҳои химиявӣ таъсиррасонии инсон ба замин, об, атмосфера ва организмҳои зинда беҳад зиёд шудааст. Тибқи хулосаи таҳлилгарони ФАО (Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид) дар даҳсолаҳои охирини асри ХХ маълум гашт, ки консепсияҳои рушди хоҷагии қишлоқ бояд аз нигоҳи истифодабарии захираҳои табиат ва ҳам беҳгардонии вазъи иқтисодӣ таҷдиди назар карда шаванд.
Дар чунин вазъият аҳли илму амал бо мақсади коҳиш додани таъсири манфӣ ба табиат ба заминдории алтернативӣ гузаштанро пешниҳод мекунанд, ки ин дар шароити ҷумҳурии мо истифодабарии имконоти заминҳои кўҳӣ, доманакўҳӣ, лалмӣ ва водиро ба фоидаи инсон талаб мекунад. Истифодабарии заминҳои нав яке аз шаклҳои кишоварзии экологӣ ва пешгирикунандаи ифлосии муҳити табиӣ шуда метавонад.
Дар Тоҷикистон, бо назардошти иқтидори захираҳои табиии он, камзаминӣ ва захираи меҳнатии барзиёд, гузариш ба шаклҳои нави заминистифодабарӣ, истифодаи навъу шаклҳои гуногуни ташкили истеҳсолот боиси заминистифодабарии оқилона хоҳад шуд. Барои рушди заминҳои нав ва ба гардиши хоҷагии қишлоқ онҳоро ворид намудан равиши нав, яъне коркарду ғанигардонии сиёсати аграрӣ бо ғояҳои нави самтҳои афзалиятноки рушди комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ барои оянда зарур мебошад.
Солҳои охир дар сохтори КАС-и ҷумҳурӣ шаклҳои гуногуни моликият амал мекунанд, ки ба истифодабарии заминҳои нав ҳам машғул шуда метавонистанд. Таҷрибаи 15 соли охир нишон медиҳад, ки истифодабарии заминҳои нав ҳамчун шакли заминистифодабарӣ на танҳо дар рушди тамоми комплекси агросаноатӣ, балки дар истеҳсоли маҳсулоти мавриди ниёзи бозор ва мароқи истеъмолгарон рақобатпазир буда метавонад. Дараҷаи рақобатпазирии истифодабарии заминҳои нав дар қобилияти ҷалбкунии харидорон ва ташаккул додани ҳусни таваҷҷуҳ аз сўи истеъмолгарон ва ҳам рақибон ифода хоҳад ёфт. Дар ин сурат истифодабарии заминҳои нав ба ҳайси шакли нави соҳибкории кишоварзӣ дар шароити бозор баромад мекунад. Дар назди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон вазифаҳои махсуси банақшагирӣ ва идораи сифати баҳисобгирии хароҷот ҳангоми интихоби варианти мақбули нишондиҳандаи сифати маҳсулоти кишоварзӣ пайдо мешаванд. Ин муаммоҳоро бо ташаккулу рушди кишоварзии алтернативӣ ҳаллу фасл кардан мумкин аст.
Умуман, хусусиятҳои табиату иқлими Тоҷикистон, аз як тараф, ва муаммоҳои ташкили заминдории пурсамар, аз тарафи дигар, далели муҳимтарин барои ташкили истифодабарии заминҳои нав мебошанд, ки қодир аст амнияти озуқавории кишварро таъмин кунад.
Моро зарур аст, ки маркази омўзиши таҷрибаи кишварҳои хориҷа, усули ташкилу истифодабарии захираи обу заминро дар рушди истифодабарии заминҳои нав барпо намоем ва ба таҷрибаи хориҷӣ такя намуда, асосҳои методологии ташаккули заминдории алтернативиро таҳия кунем. Асоси онро хусусиятҳои иқтидори табиию иқлим, гурўҳҳои гуногуни замин ҳамчун заминаи фонди замини ҷумҳурӣ ташкил дода метавонанд. Дар чунин шароити гуногунрангии фонди замин навъҳои минтақавии истифодабарии заминҳои навро бомуваффақият ташкил кардан мумкин аст, хусусан дар заминҳои корхонаҳои саноатӣ, нақлиёт, алоқа, заминҳои мудофиа ва (180,4 ҳазор гектар) заминҳои дорои аҳамияти ҳифзи табиат, заминҳои таъиноти солимгардонӣ, рекреатсионӣ ва таърихиву фарҳангӣ (2649,9 ҳаз. га), заминҳои захираи давлатӣ (2889,1 ҳаз. га).
Дар шароити иқтисоди бозорӣ тамоми ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ якбора дигаргун гашта, ин ба тағйири сохтори омилҳои истеҳсолот, аз ҷумла ба заминҳои таъиноти кишоварзӣ бетаъсир намемонад.
Ба ин васила, истифодабарии заминҳои нав, пеш аз ҳама, ташкили низоми нави заминдориро дар назар дорад, ки ба захираҳои табиӣ, баназаргирии хусусиятҳои табиии наботот, ҳайвонот ва муҳити зист асос меёбад. Мақсади он истеҳсоли маҳсулоти аз лиҳози иқтисодӣ покиза аст, ки бо сертификатҳои бар асоси талаботи Федератсияи байналмилалии кишоварзии органикӣ таҳияшуда тасдиқ гардидаанд.
Қобили қайд аст, ки ташаккулу рушди истифодабарии заминҳои нав дар минтақаҳои иқтисодии гуногуни ҷумҳурӣ, хусусан дар кўҳсор барои таъмини амнияти озуқавории кишвар бо неруи худӣ мусоидат мекунад. Дар ин маврид вазифаҳои зерин иҷро карда мешаванд:
-
дар заминаи тавсеи минтақаи ташкилу рушди истифодабарии заминҳои нав масъалаи баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ба миён меояд, ки онро тавассути истифодаи оқилонаи нуриҳои минералӣ ва дигар воситаҳои саноати химия, бидуни зара ба манфиату саломатии инсон, ҳал кардан мумкин аст. Дар ин шароит бисёре аз хоҷагиҳои фермерӣ ва навъҳои дигари хоҷагиҳо метавонанд нурии менералиро дар шароити хонагӣ ва дар базаҳои хурд ҷамъ карда, ин намуди хурди истифодабарии заминҳои навро ҳам инкишоф диҳанд;
-
дар минтақаҳои кўҳсору доманакўҳ, инчунин водиҳои кишоварзӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ имконоти васеъ барои рушди навъҳои гуногуни биологӣ тавассути таъсиси марказҳои генетикии растанипарварию чорводории хурд, киштгардон дар заминаи таҷрибаи ниёгон пайдо мешаванд;
-
тавсеи соҳаи истифодабарии меҳнати кишоварзӣ дар асоси таъсиси ҷойҳои кории нав, чунки истифодабарии заминҳои нав бештар истифодаи кори дастии аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-ро, ки теъдоди миёнаашон беш аз 7,5 нафар аъзои оила аст, дар назар дорад;
Истифодабарии заминҳои нав барои баланд бардоштани даромаднокии хоҷагиҳо ва оилаҳои деҳот мусоидат мекунад, ки ин дар шароити истиқлолият, захираи меҳнатии барзиёд ва камзаминӣ муҳим мебошад.
Бо таваҷҷуҳ ба хосияти воқеии ташаккулёбии истифодабарии заминҳои нав ҳамчун истеҳсолоти пурсамару муваффақ фаромўш набояд кард, ки ҳеҷ чизе бе одамони мушаххасу суннатҳои миллии онон ривоҷу равнақ ёфта наметавонад. Ташкили истифодабарии заминҳои нав ҳамчун қисми иқтисоди аграрӣ кори бошууронаи тамоми аҳолии кишвар ва минтақаҳои алоҳидаи он аст. Рушди истифодабарии заминҳои нав монанди ҳама тамоюлу падидаи дигари ҳаёти ҷомеа раванди муташаккил мебошад. Ҳама гуна иқтисод бояд раванди фаъол, тавлидкунанда ва такрористеҳсолкунанда бошад. Хоҷагии қишлоқи фаъолро тибқи барномаи қаблан таҳияшуда наметавон сохт, вале ба аҳволи худ гузоштани он ҳам мумкин нест. Иқтисоди кишоварзии ба ҷамъият нигарондашуда бе ташкилу истифодаи бошууронаи иқтидори захираҳои табиии кишвар (замин, об, меҳнат ва ғ.), аз ҷумла минтақаҳои кўҳсори он, вуҷуд дошта наметавонад.
Албатта, як қатор масъалаҳое ҳастанд, ки бе ҳалли онҳо ташкил кардани истифодабарии заминҳои нав дар ҷумҳурӣ аз имкон берун аст. Онҳо, пеш аз ҳама, бо таҳқиқоти амиқ барои муайян кардани масоҳати заминҳои барои истифодабарии заминҳои нав коршоям, коркарду интихоби низоми нави заминистифодабарӣ, ташкили модели миллии рушди истифодабарии заминҳои нав, бо фарогирии масоили нигоҳдорӣ ва эҳёи ҳосилнокии заминҳои таъиноти кишоварзӣ, афзудани донишу маҳорати аҳолии деҳот бо мақсади усули истифодаи захираҳои замин ҳамчун омили нави истеҳсолоти кишоварзӣ алоқаманд мебошанд.
Дар асоси навиштаҳои боло гуфтан мумкин аст, ки ба назар гирифтани омилҳои зикршуда дар ташкили истифодабарии заминҳои нав ҳамчун самти нави назария ва амалияи кишоварзии гуногуншаклу тамоми сол коркунанда барои таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти ғизоӣ дар ҳар мавсими сол мусоидат карда метавонад. Дар ин ҳангом ҳаҷми содироти мол ба бозорҳои ҷаҳон зиёд мегардад. Ташкили заминдории алтернативӣ дар шароити камзаминӣ ва захираи меҳнатии барзиёд фонди озуқавории ҷумҳуриро меафзояд ва самти махсуси рушди устувори иқтисоди аграрии самарабахш мегардад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё