Рози сипеҳр
Рози сипеҳр мавзӯи доманадор, мураккаб ва пурмаъноест, ки дарку шарҳи он осон нест. Дар бораи ин мавзӯъ ҳар ҷо сухане ба чашм мехӯрад, вале муаммои он ҳамоно ҳалнашуда боқӣ мондааст. Мо низ ҳалли онро бар дӯш намегирем, зеро ҳар кас дар ин бора пиндору гумони худро дорад.
Ба андешаи мо, сипеҳр ба муроди инсонҳои асилу заҳматкаш, бахусус муздурону ҳунармандон, рӯзидиҳандагону созандагон ва рӯшандилону озодандешон нагардидааст. Гӯё он дар дурии дур қарор дорад ва аз ранҷу ормонҳои одамӣ бехабар аст. Дасти инсон ба домонаш намерасад. Сипеҳр ба маънои неруи сарнавиштсоз дар ин тасаввур симои хаёлист: гӯё «ҳаст», вале дастнорас мемонад. Чунон ки бузургон гуфтаанд:
Ба чашми ниҳон дид бояд ҷаҳон,
Ки чашми аёнат набинад ниҳон.
— Рӯдакӣ
Хирад ҷӯяд оганда рози ҷаҳон,
Ки чашми сари мо набинад ниҳон.
— Фирдавсӣ
Асрори бузург хому нопухта бимонд,
В-ин гавҳари бас шариф носуфта бимонд.
Ҳар кас ба далели ақл чизе мегуфт,
Он нукта, ки асл буд, ногуфта бимонд.
— Хайём
Сухани Хайём ҳамчун садои гӯшнавоз, нақши ҷовид дар лавҳи дил, панди давобахш ва насиҳати уқдакушо боқӣ мемонад. Андешаҳои ӯ инсонро ба ҷустуҷӯи «нуктаҳои асл» раҳнамоӣ мекунанд ва ҳамзамон маҳдудияти дониши ӯро ёдрас мешаванд. Ин маъно, бахусус, дар мисраи «Асрори ҷаҳонро на ту дониву на ман...» равшан ифода ёфтааст.
Ҳамзамони Хайём, Муҳаммади Ғазолӣ, дар «Насиҳат-ул-мулук» андешаҳоеро баён кардааст, ки онҳоро метавон бо пиндорҳои Хайём дар бораи рози ҷаҳон ҳамоҳанг донист. Ғазолӣ ақлро «сари ҳама саодатҳо» номида, барои шарҳи «ҷодуии дунё» мисолҳои ҷолиб меорад. Ӯ бо нақли сухане, ки ба Расул (с) нисбат медиҳад, менависад:
«Бипарҳезед аз дунё, ки вай аз Ҳорут ва Морут ҷодутар аст. Ва аввал ҷодуи ӯ он аст, ки хештан ба ту намояд, чунонки ту пиндорӣ, ки вай сокин аст ва бо ту қарор гирифтааст. Ва чун дар вай нигарӣ, аз худ ҷунбон аст ва аз ту гурезон аст аладдавом. Валекин ба тадриҷ, зарра-зарра, нафас-нафас ҳаракат мекунад. Ва мисоли дунё чун сояест, ки дар вай нигарӣ, сокин намояд ва худ бардавом меравад. Ва умри одамӣ ҳамчунин бардавом меравад ва ба тадриҷ ҳар лаҳзае камтар мешавад, монанди дунё, ки аз ту мегурезад ва туро видоъ мекунад ва ту аз он ғофилу бехабар».
Ғазолӣ дар идомаи андешааш меафзояд:
«Дигар сеҳри вай он аст, ки хештанро ба дӯстӣ ба ту намояд, то туро ошиқ кунад ва фаро ту намояд, ки бо ту сохта хоҳад будан. Он гоҳ ногоҳ ба душмани ту шавад. Ва масали ӯ чун занест нобакор ва муфсида ва балоя, ки мардонро ба хештан ғарра мекунад, то ошиқ кунад, он гоҳ ба хона бараду ҳалок кунад».
Дар ин ҷо «муфсида» ба маънои табаҳкор ва «балоя» ба маънои балоангез омадааст. Сипас муаллиф ҳикояти рамзии зеринро меорад:
«Ва Исо (алайҳиссалом) дунёро дар мукошафати хеш дид ба сурати пиразане. Гуфт:
— Чанд шавҳар доштӣ?
Гуфт:
— Дар адад наояд аз бисёрӣ.
Гуфт:
— Бимурданд ё талоқат доданд?
Гуфт:
— На, ки ман ҳамаро бикуштам.
Гуфт:
— Пас аҷаб аз ин аҳмақони дигар, ки мебинанд, ки бо дигарон чӣ мекунӣ ва дар ту рағбат мекунанд ва ибрат намегиранд».
Дар ин ҳикоят «мукошафа» ба маънои кашфу мушоҳидаи ботинӣ омадааст. Тасвири дунё дар сурати пиразан низ рамзест барои нишон додани фиребандагӣ ва бебақоии он.
Ғазолӣ боз як ҷиҳати ин фиребандагиро чунин баён мекунад:
«Дигар сеҳри ӯ он аст, ки зоҳири хеш ороста дорад ва ҳар чӣ ки бало ва меҳнат аст, пӯшида дорад, то ҷоҳил ба зоҳири вай нигарад ва ғарра шавад».
Ин мисолҳо андешаи муаллифро дар бораи нопойдории дунё ва фирефта нашудан ба зоҳири он равшан мекунанд. Ба таъбири маъруф, «он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест».
Дар «Маҷмаъ-ул-фусаҳо»-и Ризоқулихони Ҳидоят низ байти зерин ба чашм мерасад, ки дигаргунӣ ва носозгории фалакро ифода мекунад:
Чист ин божгуна табъи фалак?
Гоҳ дев аст зишту гоҳ малак...
Дар баҳси «рози сипеҳр» андешаҳои зерини Ҳаким Хайём ҷолиби таваҷҷуҳанд. Ӯ ҳамчун меъмори сухан муаммоҳои ҳастиро бо тасвирҳои рамзӣ баён мекунад:
Ин косагаре, ки косаи сарҳо кард,
Дар косагарӣ санъати худ пайдо кард.
Бар хони вуҷуди мо нагун коса ниҳод,
В-он косаи сарнагун пур аз савдо кард.
Дар рубоии дигар инсонро ба лӯхтак ва фалакро ба лӯхтакбоз монанд мекунад:
Мо лӯъбатаконему фалак лӯъбатбоз,
Аз рӯйи ҳақиқат, на ки аз рӯйи маҷоз.
Бозича ҳаме кунем бар натъи вуҷуд,
Афтем ба сандуқи адам як-як боз.
Шоир дар бораи оғозу анҷоми ҳастӣ ва омадану рафтани инсон мепурсад:
Давре, ки дар ӯ омадану рафтани мост,
Онро на ниҳоят, на бидоят пайдост.
Кас ҳеҷ нагуфтааст з-ин маъно рост,
К-ин омадан аз куҷову рафтан ба куҷост.
Ӯ дастнорас будани розҳои азалро чунин баён мекунад:
Асрори азалро на ту дониву на ман,
В-ин ҳарфи муаммо на ту хониву на ман...
Гоҳе низ бо лаҳни кинояомез аз хатари ошкор гуфтани андешаҳои худ сухан меронад:
Асрори ҷаҳон, чунонки дар дафтари мост,
Гуфтан натавон, ки он вуболи сари мост...
Дар ҷойи дигар масъалаи талоши инсон ва созгор набудани гардиши рӯзгор бо хоҳиши ӯро матраҳ мекунад:
Чун кор на бар муроди мо хоҳад рафт,
Андешаву ҷаҳди мо куҷо хоҳад рафт?
Ва боз мегӯяд:
Дар пардаи асрор касеро раҳ нест,
З-ин таъбия ҷони ҳеҷ кас огаҳ нест.
Ҷуз дар дили хоки тира манзилгаҳ нест,
Май хӯр, ки чунин фасонаҳо кӯтаҳ нест.
Оре, муаммоҳои ин сипеҳри бемурувват, ин базми бозмонда аз «сад Ҷамшед» ва ин қасри такягоҳи «сад Баҳром» бисёранд. Инсон барои дарки ҳатто як нуктаи онҳо андешаи фаровон мекунад.
Мутолиаи байтҳои зер нишон медиҳад, ки суханварони асил дар ҷустуҷӯи маънии ҳастӣ ва баёни муаммоҳои рӯзгор бо ҳам пайванди фикрӣ доранд. Ҳофиз мегӯяд:
То бесару по бошад, авзои фалак ин аст,
Дар сар ҳаваси соқӣ, дар даст шароб авло.
Дар байти дигар аз фирефта шудан ба зоҳири фалак ҳушдор медиҳад:
Биёвар май, ки натвон шуд зи макри осмон эмин,
Ба лаъби Зуҳра чангову ба Миррих силаҳшӯраш.
Ёдоварии сарнавишти шоҳони гузашта низ инсонро ба андеша водор мекунад:
Бияфшон ҷуръае бар хоку ҳоли аҳли шавкат пурс,
Ки аз Ҷамшеду Кайхусрав фаровон достон дорад.
Ҳофиз дастнорасии рози даҳрро чунин баён мекунад:
Ҳадис аз мутрибу май гӯву рози даҳр камтар ҷӯ,
Ки кас накшуду накшояд ба ҳикмат ин муамморо.
Ва дар бораи муаммои вуҷуди инсон мегӯяд:
Вуҷуди мо муаммоест, Ҳофиз,
Ки таҳқиқаш фусун асту фасона.
Мирзо Бедил низ бо баёни рамзӣ ва маънии баланд гуфтааст:
Ҷаҳон базмест, нафрину ситоиш нағмаи созаш,
Саропо гӯш бояд буд, дунё гуфтугӯ дорад.
Чунон ки аз ин намунаҳо бармеояд, рози ҷаҳон ва Ҷаҳонофарин, ё ба таъбири Бедил, «гуфтугӯи дунё», муаммои мураккабест. Хайём барои дарки паҳлуҳои гуногуни он неруи ақлу андешаи худро ба кор гирифтааст. Бо вуҷуди ин, дар рубоиёти ӯ рози сипеҳр ҳамоно пурра кушода намешавад. Шоир маҳдудияти дониши инсонро дар баробари асрори ҳастӣ чунин ифода мекунад:
Ҳаргиз дили ман зи илм маҳрум нашуд,
Кам монд зи асрор, ки мафҳум нашуд.
Ҳафтоду ду сол фикр кардам шабу рӯз,
Маълумам шуд, ки ҳеҷ маълум нашуд.
Дар рубоии дигар низ гуногунии пиндорҳо ва душвории расидан ба ҳақиқат таъкид мешавад:
Ин баҳри вуҷуд омада берун зи нуҳуфт,
Кас нест, ки ин гавҳари таҳқиқ бисуфт.
Ҳар кас сухане аз сари савдо гуфтанд,
З-он рӯй, ки ҳаст, кас намедонад гуфт.
Ҷолибии ин муаммо низ дар ҳамин аст: ҳар суханвар ба қадри донишу ҳиммати худ барои кушодани он кӯшида, андешае афзуда ва сухани тозае гуфтааст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё