Зодрӯзнома - Табрикот
Имдоди Худоӣ бод ёрат,
Иқболи замона дар канорат.
Чашме нарасад ба эътиборат,
Ҳифзи Яздон бувад паноҳат.
Намехоҳам сарат хамгашта бошад,
Намехоҳам дилат ғамгашта бошад.
Фақат хоҳам дар ин дунёи равшан,
Дилат шоду лабат пурханда бошад.
Хоҳамат ишқ — ишқи яктое,
Ки ба дарё туро биёмӯзад.
Хоҳамат бахт — бахти яктое,
Ки дили зиндагӣ барафрӯзад.
Забони ҳақшиори безабон бош,
Нишони ворисони бенишон бош.
Аламбардори рӯҳи сарбадорон,
Бақоҷӯйи дуои модарон бош,
Азизи мо, азизи сад ҷаҳон бош.
Орзумандем, ки шоҳбайти ғазал бошӣ,
Ба хони зиндагонӣ беҳтар аз қанду асал бошӣ.
Ё Раб, камоли офиятат бардавом бод,
Иқболу давлату шарафат мустадом бод.
Солу моҳат мубораку рӯзу шабат ба хайр,
Бахтат баланду давлати дунё ба ком бод.
Осоиши умри мо шумоед,
Бар риштаи меҳри мо вафоед.
Дар ҳар нафасе шумо бо моед,
Дар дидаву дил ҳамеша ҷоед.
Таманно мекунем бо қалби саршор:
Шуморо бод бахти хуш мададгор!
Дар синаат базми тарабу сур бошад,
Ҷонат зи ғаму ранҷу бало дур бошад.
Орзуву дуои мо бароят ин аст:
Наврӯзи умрат шукуфтаву пурнур бошад.
Мавлуди хуҷастаат баҳор асту баҳор,
Давлат ба барат бошаду иқбол ба канор.
Дар рӯзи таваллудат таманно дорем:
Дилдор яку умр саду шодӣ ҳазор!
Шукри оби чашмасорон мекунам,
Шукри дашту кӯҳсорон мекунам.
Шукри нону хок мегӯям мудом,
Шукри номи поки Яздон мекунам.
То ҷаҳон бошад, ҳамеша шод бош,
Бош дилшоду зи ғам озод бош.
Ҳастии ту хуррамӣ бахшад ба мо,
Мо дуо дорем: чун шаҳ обод бош!
Муборак бод шуморо ҷашни зодрӯз,
Шумо зеботаред аз ҳарвақта дар ин рӯз.
Гули нозеду моҳи нозу шоҳи ноз,
Илоҳо, то абад бошед сарафроз!
Зодрӯзи ту бӯйи баҳор оварда,
Пайғоми фараҳ ба рӯзгор оварда.
Хоҳем, ки туро ҳамеша хандон бинем,
Дар хонаи ту файзи фаровон бинем.
Бар ҳар чӣ умед дар дилат дорӣ, расӣ,
Мо шодию бахти хеш дар он бинем.
Мавлуди накӯи умр бодо табрик,
Ин як зи ҳазори умр бодо табрик.
Дар авҷу барор бахту толеи ту бод,
Ин авҷу барори умр бодо табрик.
Ҷуз дуоят нагӯем, ки Рӯдакӣ гуфтааст:
«Сад сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ!»
Қади сарват, илоҳо, хам нагардад,
Дили шодат гирифтори ғам нагардад.
Дуои мо ҳамин бошад шабу рӯз,
Ки як мӯй аз сари ту кам нагардад.
Тамоми ҳастии дунё бароят бод, мегӯем,
Ҳамеша сарбаланду хонаат обод, мегӯем.
Бубинӣ умр то яксаду ҳаштод, мегӯем,
Туро бо зодрӯзат мо муборакбод мегӯем.
То ту бошӣ, рӯнамои бахти ман рӯйи ту бод,
Сарҳисоби зиндагиям бар сари кӯйи ту бод.
Дилкашоли тустам дар ҳар мақому ҳар замон,
То аҷал чашмам напӯшад, чашми ман сӯйи ту бод.
Аё зебо, ситора дар замин ҳастӣ,
Аё доно, ту моҳи дилнишин ҳастӣ.
Камоли ту ба дилҳо равшании тозае бахшад,
Аё хуршеди якто, ту нури нозанин ҳастӣ.
Лабонат доимо пурханда бошад,
Ғами дунё зи ту дилканда бошад.
Ҳама рӯзу ҳама моҳу ҳама сол,
Бароят ин ҷаҳон арзанда бошад.
Сӣ баҳори пурсафоро дар задӣ,
Ту гули садбарги тар бар сар задӣ.
Зинда бош, эй шуълаи хуршеди мо,
Зинда бош, эй хонаи умеди мо!
Шавед садсолаю дарде набинед,
Зи умри хушгузар гарде набинед.
Зи умри хушгузар, эй гул ба домон,
Ба сад соли дигар гарде набинед.
Қади сарват, илоҳо, хам набинад,
Дили шодат, илоҳо, ғам набинад.
Илоҳо, бошию садсола бошӣ,
Ба болои сари мо соя бошӣ.
Сар сабзу бадан саломату чеҳра ба нур,
Иқбол ба каф, ба сина шодиву сурур.
Ёрон ба канору зодрӯзат хушрӯз,
Бо лутфи Худо, чашми бад аз рӯйи ту дур!
Ба маҳфил моҳи тобон, дар гулистон рангу бӯ бошӣ,
Илоҳо, ҳар куҷо бошӣ, баҳори орзу бошӣ!
Аё зебо, илоҳо, бахт ёрат бод,
Илоҳо, то абад ёрат канорат бод.
Илоҳо, ҳар ду хушбахти замину осмон бошед,
Ҳар он чӣ дар ҷаҳон хуб асту зебост, ҳамон бошед.
Табибон посбони бахти инсонанд,
Табибон роздони дардмандонанд.
Зи ту миннатдор ҳастем, шифокор,
Ба дарди мо даво бахшо, шифокор.
Илоҳо, сарбаланд бошӣ ҳамеша,
Наҷотбахшу давобахшо, шифокор!
Муборак ҷашни иқболат,
Туро чилу панҷумин солат!
Расидан то ба садсолагӣ
Бидидем дар хати фолат.
Хоҳам аз даргоҳи Ҳақ баҳри ту умри безавол,
Шуҳрати Фирдавсию ширинии шеъри Камол.
Илоҳо, мисли маҳ тобанда бошӣ,
Чу ғунча бо лаби пурханда бошӣ.
Ҳамеша мо дуогӯйи ту бошем,
Ки дар олам каси арзанда бошӣ.
Ниҳоли қоматат пурбор гардад,
Туро умри накӯ ҳам ёр гардад.
Дар ин дунё бизӣ сад соли дигар,
Ки дунё аз паят гулзор гардад.
Туро ҷашни мавлудат муборак,
Ҳамон рухсори хушнудат муборак!
Тамоми хонавода бар ту гӯянд:
«Туро рӯзи мавлудат муборак!»
Ту гули шукуфтарӯйӣ, ҳамеша гулфишон бимонӣ,
Ту баҳори бехазонӣ, ҳамеша бехазон бимонӣ.
Ҳама дам кунем дуоят, ки чунин ҷавон бимонӣ.
Кунад хуршеди бахтат нурфишонӣ,
Ба коми дил бирас дар зиндагонӣ.
Бигӯянд дӯстон бо меҳрубонӣ:
«Умеди моӣ, хушбахт бимонӣ!»
Борони бахт резад, эй кош, бар сари ту,
Хезад навои шодӣ аз бому аз дари ту.
Эй кош, […] ту умр бинӣ дар даҳр,
Бошад ҳамеша Худованд ёри туву ёвари ту.
Гули зебандаи айёми Наврӯз,
Муборак бодат ин мавлуду ин рӯз!
Набинӣ дар ду олам дарду ғамро,
Саодат хоҳамат, ҳам бахти фирӯз.
Имдоди Худоӣ бод ёрат,
Иқболи замона дар канорат.
Чашме нарасад ба эътиборат,
Ҳифзи азалӣ бувад нисорат.
Ҳамеша шодкому шодмон бош,
Ҳамеша рӯҳбахши дӯстон бош.
Ба маҳфилҳо гули рӯйи сабад бош,
Ҳамеша дил бидеҳу дилситон бош.
Хонаат аз кӯдакони хандабарлаб пур бод,
Худ миёни он ҳама гулғунчаҳо хандон бош.
Зиндагӣ бо рангҳояш чун асал дар коми ту бод,
Офтоби бахт доим бар сарат нурафшон бод.
Ҳамеша бахтёру шод бошед,
Зи дарду ранҷу ғам озод бошед.
Зи гулзори муҳаббат гул бичинед,
Рухи зарди ҷудоиро набинед.
Худо доим нигаҳдори ту бошад,
Ба ҳар мушкил мададгори ту бошад.
Ба дунё омадӣ, шодӣ биёрӣ,
Каси хушбахттарин ёри ту бошад.
Гули себарга пояндози поят,
Ҳама хушбахтиҳои дунё бароят.
Бихоҳам бар ту умри Саъдиёна,
Бихоҳам ҷону дилро шодиёна.
Рухат хуршедсон пурнур бодо,
Ғаму ғусса зи ҷонат дур бодо!
Туро ҳусни накӯву дилнишин бод,
Хушиву некрӯзиҳо қарин бод.
Зи қалбат ғуссаву ғам дур гардад,
Ҳаётат мисли номат нозанин бод.
Эй баландахтар, Худоят умри ҷовидон диҳад,
Он чӣ пирӯзию беҳрӯзӣ дар он аст, он диҳад.
Хоҳем мисли Саъдӣ сад сол умр бинӣ,
Аз домани умедат гулдастаҳо бичинӣ.
Туро орзу дорем давлату ганҷ,
Бинӣ сад сол умр, бе дарду бе ранҷ.
Аз бахт хандонат бинам,
Чун лаъл рахшонат бинам.
Дар ҳар баҳори умри худ
Доим гулафшонат бинам.
Эй чашмаи ишқи ман, хурӯшон бошӣ,
Эй моҳи муҳаббатам, дурахшон бошӣ.
Дар рӯзи таваллудат дуое дорам:
Эй боғи саодатам, гулафшон бошӣ!
Эзоҳ: баъзе мисраъҳои носаҳеҳ барои равонии маъно бознависӣ шуданд. Ҷойи калимаҳои гумшуда бо […] нишон дода шуд. Ду мисраи охири банди «Эй баландахтар…» аз сабаби норавшании маъно оварда нашуданд.
Ту бахти модарӣ, ту бахтёрӣ,
Падарро такягоҳ дар рӯзгорӣ.
Зи ту доранд ҳама умедворӣ,
Чу номат дар ҷаҳон шодӣ биёрӣ.
Маҳи осмон бошад раҳнамоят,
Замину осмон гӯянд саноят.
Ҳамеша гул бирезад зери поят,
Калиди бахт бошад даркушоят.
Эй ҳусни баҳор, зодрӯзат табрик,
Бо бахт ҳазор зодрӯзат табрик!
Хушбахту саодатманду солим бошӣ,
Бо авҷу барор зодрӯзат табрик!
Ҳамеша шодмону хушнаво бош,
Барои дӯстон обу ҳаво бош.
Бихоҳем сарбаландӣ байни ёрон,
Ба умри сад ба мо ҳамчун даво бош.
Шуморо нозанин гӯем, хато нест,
Ба дунё беҳтарин гӯем, хато нест.
Ба боғи ҳусн лабҳои таратонро
Чу барги ёсамин гӯем, хато нест.
Ҳар кӣ бошӣ, одами арзанда бош,
Гул барин бо чеҳраи пурханда бош.
Ҳар кӣ гирад домани покат ба даст,
Бахт шав, иқбол шав, поянда бош.
Фурӯғи дидагонат кам нагардад,
Ғаме бар шодии ту зам нагардад.
Ниҳоли умри худро сабз бинӣ,
Ниҳоли орзуят хам нагардад.
Ҳар чӣ мақсуди дилат бошад, диҳад Парвардигор,
Гар яке хоҳӣ, Худо бидиҳад садҳо ҳазор.
Хоҳамат ишқ — ишқи яктое,
Ки ба дарё чунин омӯзад.
Хоҳамат бахт — бахти яктое,
Ки дили зиндагӣ барафрӯзад.
Ба рӯят осмон дар ханда бошад,
Ҷамолатро ҳама гул банда бошад.
Ба ин айёми неки зодрӯзат
Ҷаҳон дар пеши ту сарканда бошад.
Бар чил, ки расидаӣ, гулафшон бошӣ,
Дар кишвари меҳр моҳи даврон бошӣ.
Қадат гул, чеҳра гул, пироҳанат гул,
Лабат гул, остин гул, доманат гул.
Ба ин гулҳо, ки дорӣ дар сару по,
Кӣ парварда ба рӯзи зоданат гул?
Алифбо барои сухан гуфтан нест,
Барои навиштани номи туст.
Ададҳо пеш аз таваллуди ту ба саф истодаанд,
То рози зодрӯзи туро бидонанд.
Таваллудат муборак!
Садои як парвоз,
Фуруди як фаришта,
Оғози як меъроҷ
Ва шурӯи як зиндагӣ.
Таваллудат муборак!
Ин ҳадяи осмони чашмонат,
Дилбаста ба шамъдони чашмонат.
Эй ишқ, таваллудат муборак! Қалбам
Тақдим ба меҳрубонии чашмонат.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё