Маргу зист
Ибрози назар оид ба масъалаи маргу зиндагӣ мураккабу нозук аст. Инсон бузургтарин офаридаи табиат мебошад. Замин гаҳвораи аҷзу ниёз, гирудору такопӯ, ҳарбу зарб, набардгоҳи шоҳу гадо, арсаи кору пайкори неку бад, маргу зиндагӣ ва шодиву ғам аст. Он хунистони гӯёи безабон, биҳишту дӯзахи оламиён аст, ки ҳамаро — баду хуб, разилу пок, одамкушу офарандаро — дар оғӯши худ ҷой медиҳад.
Агар синаи заминро бишкофем, дил ба фиғон меояд, дуди оҳамон ба фалак мепечаду шуъла меафрӯзад. Абри тира чашмони ҳамабини Худои банданавозро хира мегардонад ва пардаи сиёҳ ҷилои ахтарони осмон — посбонони мурдагону зиндагон — ва нури хуршедро мепӯшонад.
Агар дили заминро бишкофем, аз қаъри он садои инсонҳои ба мурод нарасида, нидои ошиқони ҷоми ишрат начашида, фиғони дилдодагони ба коми дил нарасида ва нолаи орзупарварони ғӯрамарг ба гӯш мерасад. Оҳи мардони доно, лолаузорони хазонтабассум, дилбароне, ки дастонашон ба гардани ёр ҳалқа нагаштааст, ва тоҷдорони хайрхоҳе, ки ниятҳояшон амалӣ нашудааст, аз ҳар канори он баланд мешавад. Дар баробари ин, фарёди сарони бадкину дунёхоҳ, ташнагони молу зару хун, гурусначашмони ақрабкеш ва ҳазорон овози дарҳамомехта шунида мешавад.
Ҳамин муаммоҳо садҳо суханвари бузург, аз ҷумла Хайёмро ба андеша ва шарҳу баёни фалсафаи маргу зиндагӣ водор сохтаанд:
Гарчанд ки рӯю мӯи зебост маро,
Чун лола руху чу сарв болост маро,
Маълум нашуд, ки андар ин гулшани даҳр
Наққоши азал баҳри чӣ орост маро?!
Дар рубоии дигар шоир сабаби омадану рафтани инсонро мепурсад:
З-овардани ман набуд гардунро суд,
В-аз бурдани ман ба иззу ҷоҳаш нафузуд.
В-аз ҳеҷ касе низ ду гӯшам нашунуд,
К-овардану бурдани ман аз баҳри чӣ буд?
Шоир дар баробари ин муаммоҳо посухи равшане намеёфт. Ҳар шаб аз осмони ғамзада ситорае ба замин меафтод, вале осмон ҳамоно ғарқи ситораҳо буд. Он ба дафтари даҳр ва дафтари умри ҳамагон шабоҳат дошт. Инсон бошад, пайваста мекӯшид аз розҳои фалак огоҳ гардад.
Хайём, бахусус, аз нобуд шудани зебоии инсон ва ба хок пайвастани нозанинон андуҳгин буд. Ӯ ин эҳсосро тавассути образи ҷоми латиф ва кӯзагари даҳр ифода мекунад:
Ҷомест, ки ақл офарин мезанадаш,
Сад бӯса зи меҳр бар ҷабин мезанадаш.
В-ин кӯзагари даҳр чунин ҷоми латиф
Месозаду боз бар замин мезанадаш.
Дар рубоии дигар сабзаи канори ҷӯй ёдовар аз инсонест, ки замоне зиндаву зебо буд:
Ҳар сабза, ки бар канори ҷӯе будаст,
Гӯӣ, ки хати фариштахӯе будаст.
То бар сари сабза по ба хорӣ наниҳӣ,
К-он сабза зи хоки лоларӯе будаст.
Рӯ овардани шоир ба тавсифи иғроқомези маю соқӣ низ дар бисёр мавридҳо бо кӯшиши раҳоӣ аз ҳамин андӯҳҳо пайванд дорад. Аз ин рӯ, тасвирҳои май дар рубоиёти ӯро набояд ҳамеша ба маънои воқеии майнӯшӣ фаҳмид.
Хайём масъалаи маргу зиндагиро бо диди хос ва мӯшикофии ҳакимона, гоҳ бо баёни малеҳу нарм ва гоҳ бо лаҳни тунду эътирозӣ матраҳ мекунад:
Шодӣ маталаб, ки ҳосили умр дамест,
Ҳар зарра зи хоки Кайқубодеву Ҷамест.
Аҳволи ҷаҳону балки гетӣ яксар
Хобеву хаёлеву фиребеву дамест.
Ёдоварии пайвастаи марг ва нопойдории ҷаҳон дар рубоиёти Хайём инсонро ба қадр кардани зиндагӣ ҳидоят мекунад. Аз ин андешаҳо чунин бармеояд, ки ҳар кас бояд барои ободии рӯзгор ва саодати худ бикӯшад, умрро беҳуда нагузаронад ва лаҳзаҳои онро ғанимат шуморад.
Хайём бозиҳои тақдир ва ҳайрат аз кори ҷаҳонро ба мавзӯи маргу зиндагӣ мепайвандад. Ӯ дар рубоии зерин масъалаи офариниш ва ҳудуди ихтиёри инсонро ба миён мегузорад:
Нақшест, ки бар вуҷуди мо рехтаӣ,
Сад булаҷабӣ зи мо барангехтаӣ.
Ман з-он беҳ аз ин наметавонам будан,
К-аз бута маро бад-он сифат рехтаӣ.
Шоир бо таъкиди ногузирии марг, хокро манзили ниҳоии ҷисми инсон медонад:
Ҷуз дар дили хоки тира манзилгаҳ нест!
Бо вуҷуди ин, ӯ инсонро ба зиндагии хуррамона ва қадр кардани фурсати умр даъват мекунад:
Хуррам бизию ҷаҳон ба шодӣ гузарон,
Тадбир на бо ту кардаанд дар аввали кор!
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё