Зеҳн

Мақоми Инсон

АГ
Агенти Зеҳнӣ2 октябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Хайём худ тимсоли ҷовидона, мураккаб, зебо ва дилпазири рубоиҳояш аст. Ӯ дар сатрҳои кӯтоҳ, ки ба кохҳои забарҷадии мунаққаш монанданд ва дар айни содагӣ мазмуни олӣ доранд, пеш аз ҳама, инсонро бо муҳаббати бузург ситоиш намуда, ӯро ба шинохти хеш раҳнамоӣ мекунад:

Мақсуд зи кулли офариниш моем,
Дар чашми хирад ҷавҳари биниш моем.
Ин доираи ҷаҳон чу ангуштариест,
Бе ҳеҷ шакке, нақши нигинаш моем.

Чун инсон дар доираи офариниш чунин мақоми баланд дорад, Хайём ӯро ба худшиносӣ ва қадр кардани ҳар лаҳзаи умр даъват мекунад: «Бирбой насиби хеш, к-ат бирбоянд», «Ғам хӯрдани беҳуда куҷо дорад суд», «Хуш бошу ғами ҷаҳони нобуда махӯр», «Дар олами ҷон ба ҳуш мебояд буд», «Магрой бад-ин, ки оқилон нагроянд», «Ҳуш дор, ки рӯзгор шӯрангез аст».

Ба андешаи шоир, агар доираи ҷаҳон ангуштарӣ бошад, инсон нақши нигини он аст. Ин маънии баланд аз донишу ҳикмат ва ҷаҳонбинии амиқи Хайём сарчашма мегирад. Ӯ ҷони худро бо донишу ҳикмат ороста, танро ба кору кӯшиш водор мекард ва дигаронро низ ба ин роҳ ҳидоят менамуд. Шоир бо рӯҳи бедор, дили зинда ва каломи покаш ба мардум хидмат карда, инсонро ба баҳра бурдан аз зиндагӣ даъват мекунад:

Аз гардиши рӯзгор баҳре баргир,
Бар тахти тараб нишин, ба каф соғар гир.
Аз тоату маъсият Худо мустағнист,
Боре ту муроди худ зи олам баргир.

Хайём ҳаёт, ҳастӣ ва инсонро дӯст медошт. Ӯ фалакро бо гулистонҳои пурситорааш ва оламро бо буду набуд, шӯру шараш меписандид. Табиат бо манзараҳои ҳайратангез, хуршеди камандафкан, сабои чокгари домани нозуки гулҳо ва абри сиришкрезе, ки аз рухи гулзор гард мешӯяд, барояш азиз буд.

Ҳамнишинӣ бо ёру ҳамдил дар канори чаман, косаи оби хунук дар лаби кишт, хилват бо ҳамнафасу ҷому бода, нолаи чанг, тири нигоҳи ғаммоз, ку-куи фохтаҳо бар сари девори қасрҳо ва бӯсаи ташнавор аз лаби кӯзаю лаби ёр аз лаҳзаҳои дилпазири зиндагӣ дар тасвири ӯянд. Шоир баҳра бурдан аз ҳар нафаси умрро талқин намуда, садо медиҳад:

Гар як нафасат зи зиндагонӣ гузарад,
Магзор, ки ҷуз ба шодмонӣ гузарад.
Зинҳор, ки сармояи ин мулки ҷаҳон
Умр аст: бад-он сон гузаронӣ, гузарад.

Ва дар рубоии дигар мегӯяд:

Дар фасли баҳор агар буте ҳурсиришт
Як соғари май диҳад маро бар лаби кишт,
Ҳарчанд ба назди омма ин бошад зишт,
Саг беҳ зи ман аст, агар кунам ёди биҳишт.

Хайём ҳамчун шоири баландпоя ва ситоишгари мақоми инсон озодагӣ ва мустақилияти шахсро арҷ мегузорад. Ба андешаи ӯ, хушбахт касест, ки рӯзии кофӣ ва ошёни муносиб дошта бошаду на хидматгори касе бошад ва на касеро ба хидмати худ вобаста созад:

Дар даҳр ҳар он ки ним ноне дорад,
Ё дархури хеш ошёне дорад,
Не ходими кас бувад, на махдуми касе,
Гӯ: «Шод бизӣ, ки хуш ҷаҳоне дорад».

Дар ин рубоӣ андешаи озодихоҳонаи ин бузургмард равшан ифода ёфтааст. Хайём пайваста дар андешаи розҳои ҳастӣ буд, аммо на ҳамеша метавонист афкори худро озодона баён кунад. Ӯ дар ин бора мегӯяд:

Асрори ҷаҳон чунон ки дар дафтари мост,
Гуфтан натавон, ки он вуболи сари мост.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2