Эй даҳр...
Умари Хайём маҳсули афкори иҷтимоӣ ва фалсафии асри XI ва XII мебошад. Аз ин ҷост, ки дар оинаи ақли хеш замони хешро аксандозӣ мекунад. Азбаски дар он замон на ҳар гуна суханро метавонист ошкоро бигӯяд, бо сохтани ибораҳои халосгар "эй даҳр", "эй чарх", "фалак", "давр", "лайлу наҳор", "қавм", "доранда" ва ғайра ақидаҳои пешқадам ва фошгари худро ба силки назм мекашад:
Эй даҳр, ба зулмҳои худ мӯътарифӣ,
Дар хонақаҳи ҷабру ситам мӯътакифӣ.
Неъмат ба хасон диҳиву нақмат ба касон,
3- ин ҳар ду бурун нест, харӣ ё ҳарифӣ?!!
Ва:
Эй чарх, зи гардиши ту хурсанд наям,
Озод кунам, ки лоиқи банд наям...
Хайём бар он ақида аст, ки майли замонааш "бо бехираду ноаҳл аст". Ӯ ҳамчун ринди ҳаётдӯст, ҳамнафаси хосу ом, ғамхору ғамзудои аҳли меҳнату ҳунар алайҳи беадолатиҳо кӯшида, илоҷи рафъ, несту нобуд кардани нокомиҳо, зулму асорат, макру фиреб, ғорату хунрезӣ, ҷангу ҷидолро наёфта, бар зидди "фалак" исён эълон мекунад, бар зидди фалаки ҳазор бор бечоратар аз инсон (Ҳамаи гуноҳҳо дар замин сар мезананду ба осмон ҳавола мекунем. Аҷиб "кашфиёте"):
Гар бар фалакам даст даст будӣ чун Яздон,
Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.
В- аз нав фалаки дигар чунон сохтаме,
К- озода ба коми дил расидӣ осон!
Хайём дар як рубоиаш чунин ақидаеро пеш овардааст: инсон бояд дар ҷаҳони ҳастӣ "насиби хеш бирбояд", вагарна насиби ӯ бирбоянд дигарон, амсоли оне, ки "тоҷирони" навбаромади аз паскӯчаҳои тиҷорат нагузаштаи аҳди мо (бахусус Тоҷикистон) ҳаққи қариб ҳамаи аҳли меҳнат, беваву бечора мерабоянд. Хайём ақидаҳои фавқашро густариш дода, савол медиҳад, ки чаро ин чархи кӯри нилӣ боре ба муроди мо намегардад:
Чун чарх ба коми як хирадманд нагашт,
Ту хоҳ фалак ҳафт шумар, хоҳӣ ҳашт.
Чун бояд мурду орзӯҳо ҳама ҳишт,
Чи мӯр хӯрад ба гӯр, чи гург ба дашт.
Чунин андеша, яъне ба коми инсон ва ҳатто "як хирадманд нагаштани" фалакро дар дигар рубоиҳои Хайём низ метавон пайдо кард:
Чун кор на бар муроди мо хоҳад буд,
Андешаву ҷаҳли мо куҷо хоҳад буд?
Ба назарам рӯҳи бешикасти ӯ, ки фармуда: Эй чарх, зи гардиши ту хурсанд наям, Озодам кун, ки лоиқи банд наям. Ба ақидаи мо ибораи "лоиқи банд наям", танзест алайҳи "чарх" ва пешсаф ва пешдаст будани Хайём дар аҳди хеш Агар гӯем: рӯзе, ки ду чашми Хайём аз баҳри рафъи ғами халоиқ гиря намекард, дар шаҳр ягон осиё намегашт, агар он андаке бошад ҳам бо рубоиёташ ба муроди мардум намерасид, гардун ба муроди инсонҳо намерасид, саҳв нест. Аҷиб сарнавиште доштааст Хайём. Хубӣ кардаву аз нотавонбинон бадӣ медида. Борҳо бар зидди ин ҷаҳонбини ҳақ маъракаҳои зиддихайёмӣ ташкил шуда. Соли 1095 ҷаҳолатпарастони мутаассиб - рӯҳониёни ислом бо баҳонаи "мубориза бар зидди шаккокони дину Яздон" дар Нишобур қатли ом ташкил мекунанд. Хайём бо мақсади аз балои қатл наҷот ёфтан ва ҳимояи худ ба зиёрати Макка рафт ва баъди баргаштан ба хулосае омада, ки: "Бутхонаву Каъба хонаи бандагӣ аст". Хайём ҷоми бодаи ғам нӯшида мегӯяд:
Афлок, ки ҷуз гам нафизоянд дигар, Бинҳанд яке, то бирабоянд дигар. Ноомадагон агар бидонанд, ки мо Аз даҳр чӣ мекашем, н-оянд дигар.
Хайём розкушои даҳр, "парчами озофикрӣ дар тамоми таърихи асрҳои миёна" (Холиқ Мирзозода), ифодагари шодкомиҳои заминӣ, ашъораш "филизи асили ҷарангосӣ" (Фитсҷералд), сарнавиштсарой, чакидаҳои хомааш ченаки ақлу тамиз, садои абадият буда сармояҷӯёни ҳаромхораи хуни мардумошомро сахт маҳкум карда, ки орзуи ширини ҷамеи инсонҳои поксириштро пеш меорад:
Гар даст ба лавҳаи қазо доштаме,
Бар майлу муроди хеш бингоштаме.
Ғамро зи ҷаҳон яксара бардоштаме
В- аз шодӣ сар ба чарх афроштаме.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё