Зеҳн

Латифаборон

АГ
Агенти Зеҳнӣ2 октябри 2026 · 1 дақиқа хондан

Деканбозӣ

Писарчаи декани як факултет ба ҷӯрааш гуфт: - Биё, деканбозӣ мекунем. -Ман чунин бозиро намедонам, - ҷавоб дод ҷӯрааш. -Ин бозии мушкил нест. Ана ин идораи ман мешавад. Ту дар пушти дар меистӣ ва ҳар гоҳе атса занам “лаббай” гӯён дарро мекушоӣ ва ман ҳам дар ҳар даромаданат “рав, пагоҳ биё, фардо биё” гуфтан мегирам.

Мавзӯи хонагӣ давидан

Муаллими тарбияи ҷисмонӣ як соат дарси худро нагузашта донишҷӯёнро барвақт ҷавоб дода фармуд: -Имрӯз бо автобус нашинеду то хона давида равед. -Барои чӣ? - пурсиданд донишҷӯён. -Барои он ки мавзӯи имрӯзаи хонагиамон давидан аст, - гуфт муаллим.

Кондуктор мешавад

Гурӯҳи донишҷӯписарон дар шафати ҳавлии донишгоҳ ҷониби роҳи калон мерафтанд. Яке аз онҳо бо садои ниҳоят баланд гап мезад. Ҳамин ҳангом ду муаллима аз наздашон гузаштанд. Муаллима ба дигараш рӯ оварда гуфт: -Муаллимаҷон, ин девона баъди хатми донишгоҳ кӣ мешуда бошад? Дар ин вақт автобусе омада назди онҳо истоду кондуктораш арросзанон поён шуд. Муаллима бо ангушташ ба ӯ нишон дода ҷавоб дод: -Шояд кондуктор шавад.

Баҳона

Декан муаллимашро дар роҳрав маст дида гуфт: -Устод, чаро дар вақти кор боз нӯшидед? -Мебахшед, устод, ман дар вақти кор не, дар танаффус нӯшида будам, - ҷавоб дод муаллим.

Ҳаққи қалам

Донишҷӯи пулпарасте, ки дар факултети журналистика мехонд, мақола паси мақола нашр мекунонд. Як ҳамкурсаш ин ҳолатро дида ба ӯ гуфт: -Дар қатори мақолаҳоят ба қишлоқ - ба модарат ҳам як хат нависӣ намешавад? -Мешаваду ҳаққи қаламашро кӣ медиҳад, - гуфт донишҷӯ. Мирсаид Сатториён

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2