Зеҳн

Мероси адабии Мирзо Турсунзода

АГ
Агенти Зеҳнӣ2 октябри 2026 · 13 дақиқа хондан

Ҳар як эҷодкор бо рӯзгори хеш пайванди ногусастанӣ дорад. Ӯ, пеш аз ҳама, фарзанди замони худ буда, дар осораш ҳодисаву воқеаҳои рӯзгорро инъикос менамояд. Чигунагии тасвир ва баррасии ин воқеаҳо ба афкор, ҷаҳонбинӣ, ҳунар ва истеъдоди фитрии ӯ вобаста аст.

Мирзо Турсунзода низ фарзанди замони худ буд. Ӯ солҳои сиюм ба майдони адабиёти тоҷик қадам ниҳод. Шоир истеъдоди фитрӣ дошт, вале таҷрибаи эҷодиаш ҳанӯз кам буд. Аз ин рӯ, асарҳои дар он солҳо эҷодкардааш хусусияти навмашқона ва мазмуни умумӣ доштанд. Ӯ дар солҳои баъдӣ ба асарҳои ин давраи худ бо назари танқидӣ нигариста, чунин гуфтааст:

«Як вақтҳо шеър навиштан барои ман осон буд, имрӯз бошад, он шеърҳои кӯҳнаамро иштиёқи хондан надорам. Чаро чунин ҳолат ба миён омадааст? Барои он ки бисёр шеърҳои пешинаи ман самимона навишта шуда бошанд ҳам, лекин ман дар онҳо таҷрибаи аз ҳаёт андӯхтаи худро ошкор насохтаам. Ҳаёти ҳақиқиро нишон надода, танҳо тасаввуроти умумиро дар бораи он ба қалам додаам».

Ин суханони Мирзо Турсунзода ба маҷмӯаи нахустини ӯ — «Байроқи зафар» — тааллуқ доранд. Дар ин маҷмӯа шеърҳо, достонҳо, ҳикояҳо ва очеркҳое гирд оварда шудаанд, ки нависанда дар солҳои аввали фаъолияти эҷодиаш офаридааст.

Бо вуҷуди навмашқона будани асарҳои маҷмӯа, дар онҳо рӯҳи замон ва масъалаҳои муҳими ҳаёти халқу кишвар, аз ҷумла барқарорсозии хоҷагии қишлоқ, озодии занон, рушди мактабу маориф ва тасвири зебоиҳои Ватан инъикос ёфтаанд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳанӯз аз ҳамон давра мавзӯи Ватан ва ватандӯстӣ дар эҷодиёти шоир мавқеи муҳим дошт. Таваҷҷуҳи ӯ ба ин мавзӯъ аз худшиносӣ ва ҳисси ифтихори миллиаш дарак медод. Ин мазмун дар шеъри «Чаманистон» самимона ва бо обуранги шоирона ба қалам дода шудааст:

Қурбони ту, эй диёри ишқам,
Боғу чаману баҳори ишқам.
Фазлу ҳунарам, Ватан, туӣ, ту!
Созу зафарам, Ватан, туӣ, ту!
Эй хурраму сабз боғу бӯстон,
Эй машъали Шарқ — Тоҷикистон!

Дар ин пора шоир Тоҷикистони хурраму сарсабзро ба боғу бӯстон ва машъали рахшони Шарқ монанд карда, аз он ифтихор менамояд. Аз ин абёти рангини шоири ҷавон ояндаи умедбахши эҷодии ӯ эҳсос мешуд.

Мирзо Турсунзода дар ин айём ҳамчун рӯзноманигор ба шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ сафар мекард, бо кору зиндагии деҳқонону сохтмончиён аз наздик шинос мешуд ва ҳамзамон ҳунари шоирии худро сайқал медод. Осори адибони бузурги форсу тоҷик барои ӯ мактаби омӯзиш буд. Шоир баъдтар он рӯзҳоро ба ёд оварда, чунин ибрози назар кардааст:

«Дар болои сухан меҳнат кардан кори хеле мураккаб аст. Дар ин маврид ба нависанда омӯхтани забони зиндаи халқ ва асарҳои классикони мо кӯмаки зиёд мерасонанд. Танҳо эҷодкорона омӯхтан манфиатбахш аст, на нусхабардории кӯркӯрона. Образу фикрҳои дигаронро аз худ накарда, сухандонӣ ва сухансанҷии ҳайратангез, бойгарӣ ва зебоии забон, образҳои равшану дурахшон ва талаботи эстетикиро, ки ҳама хоси классиконанд, бояд эҷодкорона омӯзем».

Дар ин суханони устод, илова бар аҳамияти омӯзиши адабиёти классикӣ, масъалаи муҳими дигар низ таъкид шудааст: донистани забони зиндаи халқ. Шоир омӯзиши онро барои ҳар эҷодкор зарур мешуморад ва худ низ пайваста аз ин сарчашма баҳра мебарад.

Омӯзиши ин ду сарчашма барои шоир самар дод: қаламаш бурро ва андешааш расо гардид. Хонанда ин дигаргуниро дар осори солҳои Ҷанги Бузурги Ватании ӯ равшан эҳсос мекунад. Аммо нишонаҳои аввалини он ҳанӯз дар достонҳои нахустини шоир — «Офтоби мамлакат» ва «Хазон ва баҳор» — ба назар мерасанд. Ҳар ду асар ба масъалаҳои рӯзмарра: кору зиндагӣ, талошу ҷоннисории деҳқонону пахтакорон ва бунёди ҷомеаи нав бахшида шудаанд.

Достони «Хазон ва баҳор» дар шакли маснавӣ ва дар вазни достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомӣ навишта шудааст. Санъатҳои тазод ва муқобала асоси бадеии асарро ташкил медиҳанд. Шоир бо муқобил гузоштани ду сохти иҷтимоӣ ва ду замон ҳаёти вазнини камбағалон, асорат ва беҳуқуқии занонро нишон медиҳад. Дар анҷоми достон амир ва саркардагонаш мағлуб мешаванд ва қаҳрамони асосӣ — Саттор — пирӯз мегардад. Адиб мубориза барои зиндагии саодатмандона ва ишқи поки ду ҷавон — Раъно ва Сатторро — ҷолиб тасвир кардааст.

Бо оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ бисёре аз адибони тоҷик барои ҳимояи Ватан ба майдони набард рафтанд. Гурӯҳи дигар қаламро шамшер намуда, бар зидди душман ба мубориза бархостанд. Мирзо Турсунзода низ аз ҷумлаи онҳо буд.

Рӯзгори халқ ноором ва кишвар дар хатар буд; оташи ҷанги хонумонсӯз аланга мезад. Мақсади мардум ҳарчи зудтар шикаст додани фашизм ва аз душман озод намудани Ватан буд. Мирзо Турсунзода низ тамоми неруи эҷодии худро ба ин мақсад равона кард. Васфи Ватан-модар ва ҳимояи он аз душман мавзӯи асосии ашъори ӯ гардид.

Замон аз адибон офаридани симоҳои барҷастаи муборизон, ватандӯстон ва инсонҳои ҷоннисору вафодорро тақозо мекард. Мирзо Турсунзода ин масъулиятро хуб дарк намуда, дар ин давра асарҳои баландғоя офарид. Шеърҳои «Хайр, модари азиз», «Хотираи капитан», «Баҳодури тоҷик», «Ҳамшираҳо», «Фарзанди ту меояд», «Ҳаргиз» ва достони «Писари Ватан» аз беҳтарин намунаҳои адабиёти тоҷики давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба шумор мераванд.

Шоир шеъри «Хайр, модари азиз»-ро дар рӯзҳои аввали ҷанг эҷод кардааст. Ӯ тавассути гуфтугӯи модару фарзанд эҳсос ва мақсаду мароми садҳо модару фарзанди тоҷикро ифода менамояд. Модарон ба писарони худ дуои нек дода, онҳоро ба ҳимояи Ватан гусел мекунанд:

Модар аз чеҳраи гулгуни писар
Нарм бӯсиду гирифташ дар бар,
Гуфт: «Рав, ҷанги далерона бикун!
Ҷанг бо лашкари бегона бикун!
Бош фарзанди сазовори падар,
Лоиқи ин Ватан, ин хонаву дар!»

Мавзӯи дигари ашъори ин давраи шоир ситоиши қаҳрамонӣ, ҷоннисорӣ ва шуҷоату далерии ҷанговарони майдони набард аст. Акнун дар ин гуна шеърҳо на симоҳои қаҳрамонони хаёлӣ, балки кору амалиёт, далерию мар-донагии фардҳои мушаххас, воқеӣ мавриди ситоиши Мирзо Турсунзода қарор ёфтаанд. Намунаи барҷастаи ин «Баҳодури тоҷик» шуда метавонад. Дар ин манзума шоир корнамоии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Тешабой Одиловро ба қалам додааст, ки ин фарзанди фарзонаи тоҷик барои муҳофизати шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) шуҷоату далерии бемисл нишон дод. Як пораи Ватанро аз душманон ба ивази ҷони азизаш муҳофизат намуд. Шоир бо як ҳиссиёти баланд ҷаҳони ботинӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ ва меҳанпарастии ҷанговарони тоҷикро дар симои Тешабой Одилов инъикос намудааст, ки чунин асарҳо дар он рӯзгор ва имрӯз ҳам аҳамияти бузурги тарбиявӣ доранд. Устод Мирзо Турсунзода дар шеъри «Ҳамшираҳо» корнамоии садҳо духтарону занони тоҷикро, ки дар қатори мардҳо ба фронт рафта, дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок доштанд ва қаҳрамонӣ нишон дода буданд, ба ёд оварда, ситоиш намудааст. Махсусан кору рафтори хоҳарони шафқатро, ки дар майдони набард садҳо ҷанговарони маҷрӯҳро аз марг наҷот дода буданд, бо камоли маҳорат дар шеъри мазкур тасвир намудааст. Агар бо сухонони шоир гӯем, ҳамшираҳои шафқат «дар таги борони тирҳо аз садои тӯпи фашистони беҳаё» наҳаросида ба ҷисми ҷанговарон ҷон мебахшиданд. Барои ҳамин қаҳрамони лирикӣ аз номи ҳазорҳо-ҳазор ҷанговарони шифоёфта хоҳарони шафқатро « ҷон Шумо» мегӯяд:

Бар рӯи тирхӯрда даме ки назар кунед, Ҳуши зи сар паридаи ӯро ба сар кунед. Уммеди зиндагӣ ба дилаш шӯълавар кунед, Гӯё ба ҷисми мурда ҳаёт аз дигар кунед. Беҳуда нест ин ки бигӯянд: «Ҷон Шумо!».

Ғазали «Ҳаргиз» эҷоди ҳамин давраи шоир буда, бисёр самими ва бо як ҳиссиёти баланд суруда шудааст. Барои шоир вожаҳои Ватан, Халқ ва Модар басо азизу мӯътабаранд. Оре, касе, ки Ватанашро дӯст намедорад, бегумон Модару халқашро низ дӯст намедорад. Ин калимаҳо барои ҳар як фард муқаддасанд ва бо ҳам пайванди ногусастанӣ доранд. Шоир таъкид менамояд, ки барои Ватан, Халқ ва Модар агар ҷон лозим бошад, мо бояд ҳаргиз «не», нагӯем. Ана ҳамин мазмун бо тавсифхои шоирона дар ғазали «Ҳаргиз» ифода ёфтааст, ки салосату балоғат ва ҷанбаҳои драматикии асарро бисёр қавӣ гардондааст:

Ту зинда бош Ватан-хонаи умеди халқ. Ки бе ту нест дилу ҷон шодмон ҳаргиз! Чӣ медиҳӣ ба Ватан?! Ҳар касе, ки пурсидам, Ҷавоб дод: «Надорам дареғ ҷон ҳаргиз!» Миёни халқу Ватан сахт аҳду паймон аст, Набуду нест ҷудоӣ дар ин миён ҳаргиз! Намекунем фаромӯш то ҷаҳон боқист, Тамоми ин ҳама кирдори хоинон ҳаргиз!

Асари калонтарине, ки устод дар замони Ҷанги Бузургии Ватанӣ иншо кардааст, «Писари Ватан» мебошад. Мавзӯи асосии достон талошу муборизаҳои фарзандони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанист. Қаҳрамонони асар барои ҳаёти осоишта мубориза бурданд. Шоир дар симои нақшҳои асосии достон Қодир, Микола, Саодату Марина қаҳрамонию далерӣ ва фидокорию ҷоннисории ҷанговарони содиқи Ватанро нишон додааст. Инчунин шоир ба воситаи амалиёти Қодиру Микола таъкид менамояд, ки дӯстии халқҳо муваффақият ва ғалабаи моро таъмии кард. Достон асосан асари эпикист. Майдони ҷанг, ҳарбу зарб, корнамоиҳои бемисли ҷанговарон рукни асосии достон мебошанд. Вале дар асар лаҳзахои лирикӣ кам нестанд. Адиб дар асари худ ишқу муҳаббати Қодиру Саодат ва Миколаю Маринаро низ тасвир намудааст. Аз мутолиаи достон хонанда хеле хуб эҳсос мекунад, ки адиб хеле пеш рафтааст. Ин пешравӣ ҳам дар ҳаллу фасли мавзӯъхои асосӣ ва ҳам дар забону тарзи баён ба назар мерасад. Сабки нигориш ва баёни воқеот пай дар пай мушаххас буда, барои ифодаи фикр аз зарбулмасалу мақолҳои халқӣ ва санъатҳои бадеӣ устокорона, мӯҷазу бамаврид истифода мебарад. Шоир барои мардумро алайҳи душман ба по, ба мубориза хезондан роҳу воси-таҳои мухталиф, усулҳои гуногуни адабиро истифода бурдааст. Масалан, ба воситаи санъати саволу ҷавоб, нидои риторикона ва ташхисонидани ашёи беҷон-хок, мавҷи дарё, замину осмон ва ғайра пиру барноро ба мубориза ба муқобили фашизм даъват менамояд:

Ба одам гуфт хоки кишвари бахт, Ки: «Гар ту дӯст медорӣ маро сахт, Агар хоҳӣ, ки бо ман зинда бошӣ, Ҷавонбахту чу гул дар ханда бошӣ, Силоҳи ҷанг бар каф гиру бархез! Бидон инро фақат тадбиру бархез! Ба одам гуфт мавҷи оби дарё, Ки: «Эй дар меҳнатӣ аз ман ту боло, Агар ки ту нахоҳӣ ташна монӣ, Замин хушконию худ гушна монӣ, Силоҳи ҷанг бар каф гиру бархез! Бидон инро фақат тадбиру бархез!»

Такрор шудани байт фикру андешаи шоирро қувват дода, аз тарафи дигар, ташбеҳу тавсиф, истиораю маҷозҳои шоирона ҳусни асарро афзун гардондаанд, ки чунин тасвирҳо дар достон хеле зиёданд ва хонанда аз онҳо як ҷаҳон лаззат мебарад. Чунон ки дар боло ишорат рафт, шоир ҳангоми эҷоди достони хеш дар тасвири ҳолатхои рӯҳӣ ва ҷаҳони ботинии қаҳрамонҳои асараш аз достонҳои Низомии Ганҷавӣ баҳра бардоштааст. Масалан, дар тавсифи Раъно чунин мегӯяд:

Ду рухсораш зи лола сурхтар буд, Лаби ёқут лабрези шакар буд. Ду гесӯяш мисоли хирмани гул, Хабар додӣ зи рангу бӯи сунбул. Ба соли шонздаҳ синнаш расида, Вале субҳи умедаш нодамида, Агарчи гул барин рухсори он буд, Вале олудаи гарди хазон буд.

Мирзо Турсунзода бидуни ин дар тӯли чандин сол эҷодиёти даҳанакии халқро хамроҳи нависанда Алихуш ва шарқшиноси рус А. Н. Болдирев ҷамъ намуда, соли 1939 бо номи «Фолклори тоҷик» маҷмӯаи эҷодиёти даҳанакии халқро аз чоп бароварданд. Дар он беҳтарин чакидаҳои мардумӣ-рубоию дубайтӣ, суруду тарона, бадеҳаю ғазал ва дигар асарҳои халқӣ гирд оварда шуда буданд. Омӯзиш ва ҳифз намудани намунаҳои беҳтарини эҷодиёти шифоҳӣ ба шоир илҳом бахшид, гуфторашро содаю шево гардонид, ки ин тагйиротро дар асарҳои минбаъдаи Мирзо Турсунзода ба хубӣ мушоҳида карда метавонем. Устод Мирзо Турсунзода то лаҳзаҳои охири рӯзгораш қаламро ба замин нагузошт, асарҳои ҷовидона офарид. Махсусан лирикаи устод дар ҳадди салосату балоғат буда, дунёи ботинии инсонро бисёр зебою рангин, шоирона ба қалам додааст, ки дар поён дар ин мавзӯъ алоҳида меистем. Аз байни асарҳои калонҳаҷми устод достони «Чароғи абадӣ» ва «Ҷони ширин»-ро метавон ёд кард. Мирзо Турсунзода баҳори соли 1957 достони «Чароғи абадӣ»-ро навишта ба охир расонд, ки он ба устод Айнӣ бахшида шудааст. Соли 1953 чашни 75-солагии устод Айнӣ баргузор гардид ва ба ин муносибат М. Турсунзода чунин гуфта буд: «Дар зиндагӣ хеле кам воқеъ мегардад, ки тарҷумаи ҳоли як одам бо тарҷумаи ҳоли халқи ӯ мувофиқ ояд-Ҳаёти Айнй рамзи роҳи тайкардаи халқи мо шудааст».
Воқеан сухани адиб ҳақиқат аст ва рӯзгори дардомезу талхи устод Айнӣ саргузашту сарнавишти таърихи халқи тоҷик низ мебошад. С. Айнӣ дар достон на танҳо як адиби мумтоз, шахси мубориз, балки фарзанди бовафою содиқи Шарқ тасвир ёфтааст. М. Турсунзода ҳамеша, дар ҳар як ҷамъомад муқаддимаи суханашро ба устод мебахшид. Ӯ дар хусуси таъсири сухани устод доир ба бедории миллию сиёсии одамон, зинда гардонидани таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик, намояндагони пешқадами он, бо забони содаю оммафаҳм эҷод гардидани асарҳои адибон бо меҳру муҳаббати бепоён ҳарф мезад. Ин ақидаҳои неки шоир дар достони «Чароғи абадӣ» ба таври боварибахш ба қалам дода шудаанд. Шоир қисми якуми достонро ба тавлиди фарзанд ва интизории худаш бахшидааст. Ӯ дар мавриди интизорӣ тангдил гашта, беист қадам мезанад, мешинаду мехезад ва дар хусуси қисмати бади саргузашти Айнӣ, қисмати таърихи халқаш фикру мулоҳиза меронад. Инак, насли нав ба дунё омад. Акнун нангу номуси халқу миллат ба зиммаи ӯст. Воқеаҳо дар тӯли як шабонарӯз рӯй дода бошанд ҳам, тафаккуру ҳиссиёти қаҳрамони лирикӣ ду давраи таърихиро бо ҳам мепайвандад. Воқеаҳо пайи ҳам мураккаб шудан мегиранд, ки мазмуни фалсафии достонро пурқувват гардонидааст. Дар қисми аввали достон шоир тифли навзодашро интизор аст. Ӯ ба дунё меояд. Адиб аз ин шоду масрур аст. Зеро фарзанд давоми умр-номгузору номбардори миллат аст. Шоир умед дорад, ки рӯзе мерасад, ки ин тифл бузург мешаваду мисли устод Айнӣ фарзанди азизи халқ, фарзанди Осиёи бовафо мегардад:

Садое, ки ба ҳар як тифл хос аст, Ба модар з-аввалин соат шинос аст. Ба модар нури чашмон аст фарзанд, Даванда реша дар ҷон аст фарзанд. Сано гуфтам ба занҳое, ки имрӯз Ба кори мамлакат ҳастанд дилсӯз, Ту ҳам фарзанди Шарқӣ, Осиёӣ, Валекин Осиёи пурсафоӣ... Мулоқоти наве бо пирамарде, Адиби озмуда ҳар набарде. Кӯҳансоле, ки дида ду замонро, Ғаму андӯҳу шодии ҷаҳонро. Кӯҳансоле, ки донад Осиёро, Ба гӯшоянда аз ҳар дил садоро.

«Чароги абадӣ» чароғи шӯълабори Айнӣ, чароғи абадияти ӯст, ки ба асарҳои бузургаш дилу дидаи халқро бедор, рӯҳи ӯро зинда гардонидааст ва мардумро барои аз худ намудани илму дониш, ба сӯи ҳақиқат, адолат, ростгӯию ҷавонмардӣ ҳидоят месозад. Шоир достонро бо мисраъҳои зерин анҷом додааст:

Муяссар шуд маро дар як саҳаргоҳ, Ки бинам рӯи ду инсони дилхоҳ. Яке фарзанди ман, навзоди ман буд, Дигар панди ману устоди ман буд.

Дар достони «Ҷони ширин» бисёр масъалаи муҳими замон-дӯстию ҳамраъйии халқҳо, сулҳу салоҳ, зан ва мақоми вай дар ҷомеа, рӯзгори бофароғати халқи тоҷик, урфу одат, анъанаи миллии тоҷикон пайгирона, шоирона бо сабку услуби хос тарҳрезӣ шудаанд. Шоир бо камоли ифтихор дар бораи Ватан сухан мегӯяд. Хонандаро ба худшиносӣ ҳидоят менамояд. Қаҳрамони лирикӣ аз он шод аст, ки ними умраш дар сафар бигзашт. Ин сафарҳо ба хотири сулҳу салоҳи байни халқҳои Сайёра аст. Умраш зоеъ нагузаштааст. Ӯ мунодии сулҳ мебошад. Шоир аз ин ифтихор дорад ва мақсади зиндагиашро дар ҳамин медонад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2