Зеҳн

Садриддин Айнӣ - шеърҳо қисми 3

АГ
Агенти Зеҳнӣ1 октябри 2026 · 21 дақиқа хондан

САМАРҚАНДУ БУХОРО
Ҳаббазо, шаҳри Самарқанди биҳиштитимсол,
Ҷуз биҳишташ ба тароват натавон ёфт мисол.
Зарнисор аст заминаш чу кафи аҳли карам,
Файзбор аст ҳавояш чу дили аҳли камол.
Сабзазорест, ба ҳар сабза аён ранги тараб,
Чашмасорест, зи ҳар чашма равон оби зулол.
Мерасад накҳати кайфияти асҳоби ямин,
Гар вазад боди шамол аз тарафи Боғи Шамол...
Ин Самарқанд ҳамон аст, Улуғбек-мирзо
Зад аз ин хитта ба дониш алами истиқлол.
Ин Самарқанд ҳамон аст, ки Бӯлайси фақеҳ
Кард сийти шарафаш то Арабистон эсол.
Ғамзудояст Самарқанду тарабафзо, лек
Назудояд ғами ҳиҷрони Бухоро зи хаёл.
Гар ба фирдавс барандам, наравад аз хотир
Ёди дарвозаи Қаршию ҳавои вагзол.
Ин ҳамон мулки Бухорост, зи ҷаҳди аҳлаш
Манбаи илм ба ислом шуда чандин сол.
Ин ҳамон мулки Бухорост, Бухорои бузург
Зад аз ин хитта ба ақтори ҷаҳон кӯси камол.
Ин ҳамон мулки Бухорост, Алӣ Синоро
Рутбае дод, ки нодида касе то ин ҳол.
Ин ҳамон мулки Бухорост, ки Сомониён
Баҳри тазйинаш ба амсор намуданд ҷидол...
Гарчи он иззату он шавкату он дониш нест,
Ҳаст он фитрату он обу ҳаво бар як ҳол.
Метавон рафт ба он мартаба бо кӯшишу саъй,
Метавон раст аз ин муҳлика бо касби камол.
Гарчи анвои ситам дида, аз ин ҷо рафтем,
Ба вилояш, ки ба дил нест ҳеҷ ранҷу малол...
Барраи хаста набояд, ки бихобад бари гург,
Мурғи бечора бибояд, ки гурезад зи шағол.
Одамизодаи бечора ба якрӯза ҳаёт
Бо бани навъи худ омодаи майдони қитол.
Меҳру шафқат ба замон нест, агар ҳаст — риё,
Одамият ба ҷаҳон нест, агар ҳаст — хаёл.
Мил бар дида гузоранду бигӯянд: «Хамӯш!»
Тир бар сина халонанду бигӯянд: «Манол!»
Ёрмандӣ ба бани навъ бидонанд ҳаром,
Хуни ислом ба ислом бидонанд ҳалол.
Ҳокими шаръ мутеъ аст ба амри авбош,
Муфтии шаръ асир аст ба дасти арзол.
Ҳукми такфири мусулмон биситонанд ба зӯр,
Амри татҳир зи исён бифурӯшанд ба мол.
ЁДИ МОЗӢ
Ёд бод он дам, ба ғафлат истироҳат доштам,
Не ғами ислому не парвои миллат доштам.
Шод будам, то зи аҳли илм будам бехабар,
Бо ҷаҳолатпешагони даҳр улфат доштам.
Баҳри фаҳми хутбаву дебоча мекардам ҷадал,
Бо касе гар филмасал аз илм суҳбат доштам.
Аз макотиб бо сияҳчоҳе ризомандим буд,
Аз мадорис бо хароботе қаноат доштам.
Хештанро аз ҳама масъуд мекардам гумон,
Танбалу отил ба кунҷе истиқомат доштам.
Нафъи халқуллоҳ кай мекард бар ёдам гузар,
Баҳри нафъи хеш бо ёрон хусумат доштам.
Тарки кори дину дунё саҳл мепиндоштам,
То ба лаъби тахтаи шатранҷ одат доштам.
Ғофил аз таърихи исломию аҳволи умам,
Аз ҳикоятҳои «Зулобӣ» ҳикоят доштам.
Гаҳ ба айёрию доғулӣ ба ҳайрат мешудам,
Гаҳ зи меҳри ёди ялдо иститоат доштам.
Буд ҷойи рӯзнома «Замчинома» бар кафам,
Бо камоли шавқ «Абӯмуслим» қироат доштам.
Рӯзгор охир зи хоби ғафлатам бедор кард,
Чун ба худ дидам, зи ҳоли худ хиҷолат доштам.
«Тарҷумон»ӣ кард «Аҳволи замон» аз ҳоли ман,
«Вақт»-ро дар пеши худ миръоти ибрат доштам.
Дар ҷароидномаи аъмоли худ дидам аён,
Нек санҷидам, ки як олам қабоҳат доштам.
Эй монда қадам ба роҳи мактаб,
Олист мақому ҷоҳи мактаб.
Мактаб сабаби ҳаёт бошад,
Мактаб сабаби наҷот бошад.
Мактаб ба ту ақлу ҳуш бахшад,
Мактаб ба ту шаҳду нӯш бахшад.
Мактаб ба ту дод илму одоб,
Мактаб ба ту дод дурри ноёб...
Бархез, гузор хоби худро!
Баргир ба каф китоби худро!
Рав аз ҳама пештар ба мактаб,
Шавқ аст туро агар ба мактаб.
Саъйе бинамову илму одоб
Беҳтар зи шарики хеш дарёб.
То дар ду ҷаҳон азиз бошӣ,
Бодонишу ботамиз бошӣ.

ҚИССАИ ПАРВОНА ВА КИРМАК
Аз «Аз ҳар даҳан сухане»-и Маҳмуди Тарзӣ ба назм оварда шуд.
Фасли баҳорон, ки чаман сабз буд,
Сумбулу шамшоду суман сабз буд.
Сояи беду лаби ҷӯ пеши кишт
Дошт нишон аз лаби ҷӯйи биҳишт.
Манзараи сабзи равонбахш буд,
Бӯйи шукуфа ҳама ҷонбахш буд.
Бод вазида зи сари бедмушк,
Мушк фишонда ба димоғони хушк.
Абри баҳор об зада марғзор,
Бурда зи рӯйи гулу сабза ғубор.
Дашт зи хосияти фасли рабеъ
Ҷилва намуда ба ҷамоли бадеъ.
Замзамаи фохтаю андалеб
Бурда зи ҷону дили ёрон шикеб.
Кирмаке, алқисса, дар ин марғзор
Буд ниҳон дар таки як бутта хор.
Не бару не қомати раъно дар ӯ,
Не сару не сурати зебо дар ӯ.
Ҳам яке парвонаи густох буд,
Гоҳ ба ин, гоҳ ба он шох буд.
Маст ба ҳар сӯйи чаман мечамид,
Гоҳ ба гул, гаҳ ба суман мечамид.
Ҳайъаташ аз ғояти озодагӣ
Зеб ба гулҳои чаман додагӣ.
Тобиши хуршед фитад бар параш,
Чун пари товус шавад ҳар параш.
Оби тароват чакад аз ҳайъаташ,
Бӯйи латофат расад аз ҳайъаташ.
Гоҳ нишасташ зи сари ноз буд,
Гоҳ далерона ба парвоз буд.
Баски зи парвоз худаш маст буд,
Сарви баландаш ба назар паст буд.
Кирмаки бечора, ки парвона дид,
Зиндагии хеш фақирона дид.
Оҳ кашид аз сари аҷзу ниёз,
Аз ғаму андуҳ фиғон кард соз.
Гуфт: «Ниҳодаст Худои алим
Бар ману парвона чӣ фарқе азим!
Ман кию парвонаи мағрур кӣ?
Зарраи беқадр кию ҳур кӣ?
Ман ба ҳама зиштию афтодагӣ,
Ӯ ба ҳама хубию озодагӣ.
Ман натавонам шудан аз хок пок,
Ӯ зи сафо карда дили пок чок.
Маскани ман ҳаст ба лойи замин,
Ӯ ба фалак рафта ба ҷойи замин.
Ҳар кӣ маро дид, нуфур оварад,
Ӯ ба ҳама нозу ғурур оварад.
Ҷонваронем зи як обу хок,
Ӯ ҳама бедардию ман дарднок...»
Кирмаки бечора ба ин ҳасби ҳол
Буд, ки бархост яке қилу қол.
Дид, ки ҷамъияти атфол буд,
Ҳар як аз ин ҷамъ ба як ҳол буд.
Он яке аз ғояти шодию шавқ
Ёфта ҳар ҷойи чаман ҷойи завқ.
В-он дигар аз завқу сафо медавид,
Ҳамчу ғизолон ба чаман мечамид.
Фирқае машғули тамошои гул,
Фирқае гил хоста бар ҷойи гул.
Тифле аз ин ҷамъ чу парвона дид,
Сурати ӯ дилкашу ҷонона дид.
Шавқи гирифтан ба дилаш кард ҷӯш,
Ҷониби атфол яке зад хурӯш:
«Ҳон, бидавед, ин чӣ бало дилкаш аст!
Зуд бигирем, ба бозӣ хуш аст...»
Ҷумла давиданд ба шавқу сурур
Аз пайи парвонаи соҳибғурур.
Ҳар қадар ин ҷонвар аз ҷон шитофт,
Аз кафи атфол халосӣ наёфт.
Кӯшишу шавқи талабу саъйи том
Сайди маонӣ бидарорад ба дом.
Аз талаби ҷиддии гирандагон
Чун раҳад ин ҷонвари нотавон?
Оқибат афтод ба чанголашон,
Шод аз ин сайд шуд аҳволашон.
Он яке аз бол кашид аз аҷаб,
В-он дигар аз пой ба шавқу тараб.
Оқибат ин ҷонвари номурод
Мурду парешон шуду ҳар сӯ фитод.
Кирмаки бечора, ки ин ҳол дид,
Ҳолати худ муҷиби иқбол дид.
Гуфт, ки: «Сад шукр, ки зебо наям,
Худсару мағруру худоро наям.
В-арна маро низ чунин буд ҳол,
Мешудам афтода ба ранҷу малол.
Ибратам ин бас, бисарою бисанҷ:
Кибру ғурур аст зи асбоби ранҷ.
Он, ки дар ин маърака худрой шуд,
Худсару худбину худорой шуд,
Оқибаташ ҳол бад-ин сон шавад,
Маъракаи бозии тифлон шавад...»
Хомаи Айнӣ, ки ба ибрат сиришт,
Қиссаи парвонаву кирмак навишт.
Ҳар кас, ки назарбаланд бошад,
Фархундаву арҷманд бошад.
Ҳар кас, ки ба чизи кас назар дӯхт,
Худ иззати нафси хеш бифрӯхт.
Хоҳӣ, ки шавӣ азиз, эй ҷон,
Бахшою бидеҳ, магиру мастон.
Бахшой на бар тариқи исроф,
Мақсуд савоб дор, не лоф.

СУРУДИ МАКТАБ
(Саҳаргоҳон)
Саҳаргоҳон, ки булбул дар наво шуд,
Гул аз шодӣ шукуфту ғунча во шуд.
Шумо, эй булбулони боғи мактаб,
Саҳаргоҳон чаро хобед ҳар шаб?
Шумо ҳам дар наво оед бояд,
Ки то аз боғи маънӣ гул кушояд.
Саҳаргоҳон гулистони дабистон
Тароватбахш бошад чун гулистон.
Чаро аз ин гулистон гул начинед?
Чаро дар кунҷи бекорӣ нишинед?..
Биёед, эй шарикон, дарс хонем,
Ба бекорию нодонӣ намонем.
Ба олам ҳар касе бекор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад...
Биёед, эй рафиқони маонӣ,
Ба ҳам гардем ҷӯёни маонӣ.
Зи илму маърифат гар баҳра ёбем,
Тавон бозуи нодонӣ битобем.
Вагарна ҷаҳл бар мо ҳамла орад,
Димор аз рӯзгори мо барорад.
ПАНД
Эй қуввати ҷисму қути ҷонам,
Осоиши ҷони нотавонам!
Бишнав зи ман ин хуҷистагуфтор:
Мафрӯш замини хеш зинҳор!
Мафрӯш замин, ки гавҳар аст ин,
Гавҳар чӣ, шафиқа модар аст ин.
Ин хоки сияҳ, ки мушкбез аст,
Мафрӯш, ки модари азиз аст.
Чун модари меҳрубони ҷонӣ
Парварда туро ба меҳрубонӣ.
Кас модари меҳрубон фурӯшад?!
Аблаҳ бошад, ки он фурӯшад.
Ин хоки сияҳ бад-ин сиёҳӣ
Бахшад ба ту неъмати илоҳӣ...
Мафрӯш замин, ки хор гардӣ,
Берӯзию беқарор гардӣ.
Як парча замин, ки киштзор аст,
Бар тарзи маишатат мадор аст.
На ош хӯрад, на нон, на мева,
Бахшад ба ту ошу нону мева.
Ҳар тухм ба киштзор корӣ,
Даҳ мерӯяд ба лутфи Борӣ.
Боғи ту, ки пур зи ангубин аст,
Хуррам ҷоясту дилнишин аст.
Ҳам себ туро диҳад, ҳам олу,
Шафтолую ноку олболу.
Ангур, ки ин қадар азиз аст,
Аз боғи ту муфт раста чиз аст.
Боғ аз чӣ сабаб ба зар фурӯшӣ?
Зар муфт равад, агар фурӯшӣ.
Ҳам боғ равад зи дасту ҳам зар,
Монӣ ба ҷаҳон харобу абтар.
Зар ҷамъ намо, замин ба даст ор,
Мекор замин, ки зар диҳад бор.
Бо зар ту гар эҳтиёҷ дорӣ,
Гандум мекор, то зар орӣ.
Зинҳор замину боғ мафрӯш!
Ин панди наку бигир дар гӯш!
БОМДОДИ БАҲОРОН
Айёми баҳору бомдодӣ,
Вақти фараҳ асту гоҳи шодӣ.
Бар ҷониби марғзор бинӣ,
Ҳар сӯ гулу лолазор бинӣ.
Ҳаст оби равон, равон ба ҳар сӯ,
Сабз аст зи сабзаҳо лаби ҷӯ.
Аз бӯйи гулу гиёҳи навхез
Боди саҳарист анбаромез.
Гул хурраму барги ток хуррам,
Аз сабза тамоми хок хуррам.
Бархоста сарв, гул шукуфта,
Наргис лекин ҳанӯз хуфта.
З-ин коҳилӣ асту бешуурӣ,
Машҳур шудаст ӯ ба кӯрӣ.
Занбӯри асал кашад зи ҳар сӯ
Шира зи шукуфаҳои хушбӯ.
Гунҷишк ба саъйи хеш дона
Аз дашт барад ба сӯйи хона.
Хоҳ мӯр асту хоҳ мор аст,
Ғарқи амал аст, маҳви кор аст.
Айб аст, ки одамӣ дар ин ҳол
Бекор ба гӯшае бихобад.
Дунё гардидааст фаъол,
Ӯ бар коре набаршитобад.
МАРШИ ҲУРРИЯТ
Эй ситамдидагон, эй асирон!
Вақти озодии мо расид.
Муждагонӣ диҳед, эй фақирон!
Дар ҷаҳон субҳи шодӣ дамид.
То ба кай ғусса хӯрдан ба ҳасрат?
Баъд аз ин шодмонӣ намо!
Бас ҷафо, бас ситам!.. Эй адолат!
Дар ҷаҳон ҳукмронӣ намо!
Интиқом! Интиқом! Эй рафиқон!
Эй ҷафодидагон! Эй шафиқон!
Баъд аз ин дар ҷаҳон ҳукмрон бод
Ранҷбар, барзгар бо тифоқ!
Хуни мо шуд ҳадар рӯзгорон
Бар муроди ду-се нобакор.
Бар муроди дили дӯстдорон
Ҷони ин нобакорон барор!
Дар ҷаҳон зулми золим намонад,
Ҳам ҷафо, ҳам ситам, ҳам нифоқ.
Дар ҳама шаҳди шодӣ чашонад
Ранҷбар, барзгар бо тифоқ!
Интиқом! Интиқом! Эй рафиқон!
Эй ҷафодидагон! Эй шафиқон!
Баъд аз ин дар ҷаҳон ҳукмрон бод
Ранҷбар, барзгар бо тифоқ!
Ҳар ситамгори дун хурраму шод
Солҳо ҷоми ишрат чашид.
Дар шаби тираи ҷавру бедод
Ҳар ситамдида меҳнат кашид.
Оқибат офтоби адолат
Бар сари бенавоён битофт.
Аз ҷаҳон нест шуд зулму зулмат,
Мустабид дар ҷаҳаннам шитофт.
Интиқом! Интиқом! Эй рафиқон!
Эй ҷафодидагон! Эй шафиқон!
Баъд аз ин дар ҷаҳон ҳукмрон бод
Ранҷбар, барзгар бо тифоқ!
БА ШАРАФИ ИНҚИЛОБИ ОКТЯБР
Эй машъали рахшони адолат, зи куҷоӣ?
К-имрӯз ба моӣ!
Торикии бедод зи гетӣ бизудоӣ!
Моно, ки зиёӣ?!
Онҳо, ки ба болои раоёи ситамкаш
Буданд чу оташ,
Хокистарашон аз ту шуд имрӯз ҳавоӣ,
Ту рӯзи ҷазоӣ!
Дунёи куҳан аз қадамат зеру забар шуд,
Дунёи дигар шуд;
Онҳо, ки задандӣ ҳама дам лофи худоӣ,
Карданд гадоӣ.
Ин қудрату ин сарвату ин шавкату ин шон
Кас дид ба кайҳон?!
Не, не! Ту ба шафқат дили моро бирабоӣ,
Маҳбубаи моӣ.
Меҳнаткаши бечора пас аз дидани сад ҷабр,
Эй воқеаи Октябр!
Аз марҳаматат ёфт зи андуҳ раҳоӣ,
Ту мурғи ҳумоӣ!
Аз теғи ҷафо хуни басе бегунаҳон рехт,
Чун оби равон рехт,
То чеҳраи гулгунаи таҳқиқ намоӣ
Дар даҳри риёӣ.
Баҳри дили ёрони ситамдидаи мазлум,
Меҳнаткаши маъсум,
Дар даҳр абадуддаҳр кунӣ ҳукмравоӣ,
Ҳам дер бипоӣ.
МАРСИЯ
(Дар кушта шудани бародарам Ҳоҷӣ Сироҷ дар зиндони амир)
I
Дӯстон! Фоҷиаи сахт биёмад ба сарам,
Рафт аз ин фоҷиа рӯҳ аз тану нур аз басарам.
Хабаре омаду рафт аз дилу ҷон тоқату ҳуш,
Баъд аз ин кай шавад аз ҳушу дилу ҷон хабарам?!
Хабар ин аст, ки бо теғи ситам кушта шудаст
Додарам — қуввати рӯҳу дилу қути ҷигарам.
Аз ҳуҷуми аламам қуввати фарёд намонд,
То чунин дашнаи бедод фалак зад ба сарам.
Ҷигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам,
Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам!
Эй ҷафопеша фалак, нолаву фарёд аз ту!
Нест ҷое зи ту ободу диле шод аз ту!
Ҳар ниҳоле, ки дар ин боғ барӯманд шуда,
Канда гардида ба бедод зи бунёд аз ту!
Бод, эй модари айём, насиби ту ҳалок!
Ки ҳама меҳнату андуҳу алам зод аз ту!
Дилу ҷону сару ҳушу хирадам рафт ба бод,
Хӯрдаам сахт чунон дашнаи бедод аз ту!
Ҷигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам,
Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам!
II
Баъд аз ин тоқату ором мапурсед зи ман!
Баъд аз ин шодии айём мапурсед зи ман!
Субҳи шодӣ абадӣ дур шуд аз ман, пас аз ин
Ғайри шоми аламанҷом мапурсед зи ман!
Рӯзам аз шаб накунад фарқу сабоҳам аз шом,
Шабу рӯзу саҳару шом мапурсед зи ман!
Реза шуд пайкарам аз шиддати андуҳу алам,
Асари шиддати олом мапурсед зи ман!
Ҷигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам,
Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам!
III
Ҷамъ гардида ба як ҷой ситамгоре чанд
Ба кушишхона чунон ки саги хунхоре чанд.
Даври як золими мурдори ситамгори сафеҳ
Гирд гардида ситампешаи мурдоре чанд.
Гӯсфандвор ба ханҷар зада сар инсонро,
Бикашиданд зи хун соғари саршоре чанд.
Ҷон супурданд ба анвои ҷафову зорӣ
Чанд озурдадил аз дасти дилозоре чанд.
Ҳам дар он маслахи аҳрор ҷигаргӯшаи ман
Кушта гардида ба фармудаи ашроре чанд.
Ҷигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам,
Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам!
IV
Ин шунидам, ки ду-се золими хунхори дурушт
Дасти он хастаи мазлум бубастанд ба пушт.
Раҳм н-оварда ба бечорагию бегунаҳеш,
Мезадандаш ҳама дам гаҳ ба лагад, гоҳ ба мушт.
Ин ҳама зулм, ки он хукниҳодон карданд,
На ба оини маҷус асту на кеши Зардушт.
Ҳеҷ гаҳ мо нашунидем, ки инсонеро
Бабр ё хирс ва ё хук бад-ин ваҳшат кушт.
Ҷигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам,
Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам!
Хоҳам он хонаи бедоду ситам вайрон бод!
Хоҳам он маҳкамаи ҷавр мазористон бод!
Хоҳам он тахт, ки шуд боиси бадбахтии мо,
Реза-реза шуда бо хоки сияҳ яксон бод!
Хоҳам он тоҷ, ки зеби сари хунхоре шуд,
Бо сари соҳиби худ зебдеҳи зиндон бод!
Хоҳам он қаср, ки ишратгаҳи ҷаллодон аст,
Пора-пора шуда дар зери замин пинҳон бод!
Хоҳам он зумра, ки имрӯз таҳаккум дорад,
Дастбаста ба дари маҳкамаҳо ҳайрон бод!
Хоҳам он муфтию он қозию он шоҳу вазир
Сарнагун гашта ба хуни худашон ғалтон бод!
К-ин ҳама зулм ба даврон, ки бад-ин ваҳшат рафт,
Баҳри омодагии ишрати ин ҳазрат рафт.
ИНҚИЛОБ
(Ба журнали «Шуълаи инқилоб»)
Инқилоб офтобро монад,
Ё ки тӯфони обро монад.
Нашри анвор мекунад ба ҷаҳон,
Инқилоб офтобро монад...
Пеши тӯфони инқилоб ҷаҳон
Пеши тӯфон ҳубобро монад.
Мавсими инқилоб рӯйи замин
Ҳолати изтиробро монад.
Аҳли бедод мерасад ба ҷазо,
Арасоти ҳисобро монад.
Оқибат Шарқ мешавад бедор,
Гарчи ин фикр хобро монад.
Орзӯе, ки дошт шоҳи Фаранг,
Ба назарҳо саробро монад.
Шарарафшонии найи килкам
Шуълаи инқилобро монад.
АХГАРИ ИНҚИЛОБ
Аз ахгари инқилоби мо сӯхт
Дунёи ситамгарон чу хошок.
Афсӯс махӯр, ки сӯхт олам,
Баргӯй, ки: «Хас каму ҷаҳон пок».
ОВОЗИ ТОҶИК
Ба парда то ба чандин рози тоҷик?
Биё биншин, шунав овози тоҷик.
Чу қумрӣ месароям нағма, чунки
Гирифторам ба сарви нози тоҷик.
Ба зеҳни софу истеъдоди фитрӣ
Набошад дар ҷаҳон анбози тоҷик.
Суханро чун арӯсон зеб дода
Забони маърифатпардози тоҷик.
Ҳунарҳо, пешаҳо эҷод карда
Ба дунё қувваи ҷонбози тоҷик.
Яқин донӣ, ки анҷомаш ба хайр аст,
Ба ёд орӣ агар оғози тоҷик.
Ҷаҳонро сар ба сар санҷида дида
Ба аҳди рафта чашми бози тоҷик.
Фақат бемактабӣ дар аҳди ҳозир
Каме монеъ шуд аз парвози тоҷик.
Пас аз чанде ба хомӯшӣ ғунудан,
Баромад оқибат «Овози тоҷик».
ПАЙРАВ ЗИ МИЁН РАФТ
Пайрав, ки яке шоири шӯроии мо буд,
Сад ҳайф, ки дар айни ҷавонӣ зи ҷаҳон рафт.
Дар даҳр баҳор асту хазон аст, валекин
Афсӯс тавон хӯрд бар он гул, ки ҷавон рафт.
Аз маҳфили аҳбоб дар ин мотами ҷонсӯз
То абри сияҳ дудсифат оҳу фиғон рафт.
Лекин насазад нола, ки аз гулшани шӯро
Сад гул расад он рӯз, ки як гул ба хазон рафт.
Сад пайрави комил ивази ин бирасонем,
Як Пайрави наврастаи мо гар зи миён рафт.
БА ПУШКИН
Вақте ки халқи Русия дар изтироб буд,
Ҷон дар азоб, тан дар ситам, дил кабоб буд.
Беилму безабон буду бенону бенаво,
Дар зулму дар шиканҷаву дар печутоб буд.
Сартосар ин замини пур аз сарвати фарох
Аз дастбурди зумраи ҳоким хароб буд.
Ҷамъияте ба тахти ҳукумат нишаста буд,
Дарро ба рӯйи донишу идрок баста буд.
Кибру ғуруру ҷаҳлу ҳамоқат шиори ӯ,
Таҳқири марду таънаи зан буд кори ӯ.
Тороҷу қатлу нафй мукофоти ҳуш буд,
То аҳли ҳуш пай набаранд аз ҳамоқаташ.
Милу қири ҷафо силаи чашму гӯш дошт,
Гуфту шунуд то накунанд аз вақоҳаташ.
Дар он замони тираи пурзулму пурзулом
Пушкин намуд рӯй чу моҳ аз таги ғиём.
Тобанда буд моҳи даҳо аз даруни ӯ,
Рахшанда буд меҳри сафо аз буруни ӯ.
Ӯ аз сафою ҳилму муҳаббат сиришта буд,
Дилро зи гарди кину ҳасад пок шуста буд.
То соҳиби саводу мидоду қалам шуд ӯ,
Дар шоирӣ ба мардуми олам алам шуд ӯ.
Дар он муҳити тира қаламро чу шамъ кард,
Дар гирди шамъ оммаи халқ ҷамъ кард.
Тасвир кард лавҳи табиат ба обу ранг,
Бо санъате аҷиб, ки рассом шуд гаранг.
Тасвир кард ҳоли фаҷеъи замони худ,
Гуфт аз забони ҳоли замон бо забони худ.
Тасвир кард зиндагии аҳмақонаи
Аъёни он замон ба тарзи фасонае...
Афсонаҳои халқ ба силки баён кашид,
Дурдонаҳои титшуда бар ресмон кашид.
Аз саъю санъаташ адабиёт ҷон гирифт,
Бо ӯ забони Русия рӯйи ҷаҳон гирифт.
Лекин гурӯҳи сифлаи олимакони рус
Дидан нахост ин шарафи дудамони рус.
Дидан нахост зоғ сароянда андалеб,
Дидан нахост афъӣ товуси дилфиреб.
Набвад аҷаб рамидани девонасаг зи об
Ё ваҳму тарси шабпара аз нури офтоб.
Оре, кареҳрӯй набинад бар оина,
То шакли шуми хеш набинад дар оина.
Ӯро бадарға кард ба дашту ба кӯҳҳо,
Бар ӯ расонд зулму азобу сутӯҳҳо.
Дунболи ӯ гурӯҳи фурӯмоягон гумошт,
Ӯро асирвор ба таъқиби сахт дошт.
Сензури сахт монду нашуд чоп гуфтааш,
Бар халқ гашт гавҳари ноёб гуфтааш.
Аммо кӣ дида боди ба банд истодаро?!
Ё накҳати ба қайди касе сар ниҳодаро?!
Сензур агар ба гуфтаи ӯ хат ҳамекашид,
Он гуфтааш даҳан ба даҳан халқ мешунид.
Имкон наёфт душман бандад забони ӯ,
Ӯ зиндаасту қулф занад бар даҳони ӯ.
Тарсид, лек фош гар ӯро талаф кунад,
Бар тири халқ синаи худро ҳадаф кунад...
Ночор рӯбасон раҳи тазвирро гирифт,
Дар доми сахти хештан он шерро гирифт.
Дар пеши тахти шоҳ, ки буд маҷмаи фасод,
Ӯро даруни як қафаси оҳанин ниҳод.
Бузинагони боргоҳи шоҳу шахси шоҳ
Бар ӯ ҳуҷум карданд он сон ки саг ба моҳ...
Аммо кӣ дида ё ки шунидааст наррашер
Гардад ба рӯбабозии бузинагон асир?
Пушкин ба зиллату ба асорат надод тан,
Кӯшид шерсон ба халосии хештан.
Зад хешро ба панҷараи оҳанинқафас,
То бишканад қафас, кашад озодваш нафас,
Ё ҷон диҳад ба маъракаи разм мардвор,
Озодвор то раҳад аз он разилазор...
Охир дар он муборизаи сахт хаста шуд,
Бо теғи зулм тори ҳаёташ гусаста шуд.
Он зумрае, ки қотили беобрӯйи ӯ
Буданд, баъди қатл давиданд сӯйи ӯ.
Пинҳон зи халқ мурдаи ӯро ба сӯйи гӯр
Бурданд дуздвор шабона зи шаҳр дур.
Бурданд, гӯр карданд пинҳон зи чашми халқ,
То вораҳида бошанд аз кину хашми халқ.
Оре, кадом дузд ва ё ҷонии лаин
Мақтули худ ба халқ намояд, ки: «Ҳон! Бубин!»
Рӯзи вафоти шоири зуқадру зуфунун
Оташ фишонд халқ зи оҳу зи гиря хун.
Оташ фишонд, лек ҳамесӯхт дар ниҳон,
Хун мегирист, лек на бо шевану фиғон.
Зеро ба заҷр кӯраи пурлахча баста буд,
Зеро ба ҷабр тори фиғонҳо гусаста буд...
Лек аз забони омма Лермонтови далер
Ғуррид бар муқобили он зумра мисли шер.
Дар қатли ҳар разила, ки сар зад зи сӯяшон,
Беваҳму тарс наъракунон зад ба рӯяшон...
Ӯ мурду тухми санъати шеъри навин бикошт,
Ӯ мурду як бадеаи номурданӣ гузошт.
Ӯ мурду як хазинаи пурсарвати забон
Бо номи шеъри рус монд дар ҷаҳон.
Ӯ мурду ёди ӯ ба дили халқ зинда монд,
Дилҳо ба шавқи шеъру сурудаш тапанда монд.
Дар асри хеш гарчи басе захму неш дид,
Сад сол баъд қадри сазовори хеш дид.
Тақдир ёфт қадри баландаш ба аҳди мо,
Дар аҳди болшевикии иқболмаҳди мо...
Дар ин тариқа аҳди советии пуршараф
Пушкин бидид ҳурмати шоён зи ҳар тараф.
Халқи бузурги яксаду ҳафтодмиллионӣ
Номаш баранд ҷумла ба некию аҳсанӣ.
Дар шаст миллате, ки аз ин пеш бештар
Буданд бехату қаламу ҳарфу бесавод,
Имрӯз бо забони худу ҳарфи хештан
Пушкиншинос гаштанд! Ӯро кунанд ёд!..
Ин гуна ҳурмати адабиёту аҳли он
Танҳо ба хоки советист ҳукмрон!

БА МАЯКОВСКИЙ
Сию ду сол пеш аз ин рӯзе —
Шеърҳои туро шунидам ман,
З-он ба қонуни синаам сӯзе
Зад забона,
Шарора чидам ман.
З-он шарора баромад овозе,
Буд ин марш —
Марши озодӣ.
Халқи тоҷик суруд бо шодӣ,
Гаҳ ба овозу гоҳ бо созе.
Шеърат аз дур — аз лаби Нева
То ба Ҷайҳун фиканд ҷӯшу хурӯш.
Халқи ҳар як забону ҳар шева,
Теғ дар дастҳо, туфанг ба дӯш,
Ҷонсипорона кард ҷангу масоф
Зидди шоҳу амиру бою вазир,
Зидди он золимони ноинсоф,
Баҳри ташйиди Инқилоби Кабир...
Шеърҳои ту асрҳои дароз
Нурпошандаанд чун Парвин.
Маяковский — ин чӣ ном аст? — Ин,
Шуълаи инқилоби хасмгудоз!
МУХАММАС БАР ҒАЗАЛИ ҲОЗИҚ
Чӣ маҳҷурам зи васли он бути дилдори бебоке,
Чӣ маъюсам зи бӯси он кафи пойи ҳинопоке,
Чӣ ушшоқам, ки доим синаи ман гашта ғамноке,
«Чӣ сайдам ман, ки на бисмил шудам, на зеби фитроке,
На аз хунам замин олуда шуд, на домани чоке?»
Маро ҷуз дидани рӯйи бутон чизе намебояд,
Ба ғайр аз васли ҷонон ҳеҷ дар хотир намеояд,
Дил аз бетоқатӣ ҳар дам чунин фарёд меорад:
«Нигоҳамро тамошои гулу гулшан намебояд,
Ману дар кунҷи узлат ёди рухсори арақноке».
Зи ҳиҷрони ту, ҷоно, чашми ман чун рӯди Ҷайҳун шуд,
Чӣ нолам ман зи ғамҳоят, насиб аз меҳри гардун шуд,
Тамоми шаҳду лаззатҳо ба номи сифлии дун шуд,
«Дилам аз бетамизиҳои абнои замон хун шуд,
Набудӣ, кош, лавҳи хотирамро нақши идроке».
Қалам аз баҳри таҳрири фироқаш хам намегардад,
Забон аз баҳри таҳрираш даме ҳамдам намегардад,
Зи бераҳмӣ дили ӯ як сари мӯ ҳам намегардад,
«Маро шӯри ҷунун аз панди носеҳ кам намегардад,
Чӣ имкон аст роҳи шуъла бандад мушти хошоке?»
Маро набвад ба вақти интизорӣ ҳеҷ осонтар
Зи додан ҷон ба ҷонону ба болинаш ниҳодан сар.
Аҷоиб шиквае дорам зи он дилдори симинбар:
«Набошад ҳеҷ доғ аз доғи ҳаҷри дӯст сӯзонтар,
Ба васли шамъ кай парвонаро з-оташ бувад боке?»
Тамоми олам аз тафтиши ман холӣ нашуд гӯё,
Ки шояд як диле ёбам, шавад ҳамдам ба ин расво.
Чӣ мумкин бо мани Сифлӣ касе ҳамдам шавад, асло!
«Надидам дар баҳори зиндагӣ, Ҳозиқ, дар ин саҳро
Ба ранги лола ҷуз доғи дилею синаи чоке».

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2