Садриддин Айнӣ - шеърҳо қисми 1
ДАР ТАТАББӮЪ ВА ТАЗМИНИ САЪДӢ
Ёри ман ширинадоӣ мекунад,
Ҳар замон сад дилрабоӣ мекунад.
Мекунад бо дӯстон бегонагӣ,
Душманонро ошноӣ мекунад.
Дар вафояш умр шуд, он шӯх низ
Ҳамчу умрам бевафоӣ мекунад.
Гарчи шоми ҳаҷри абролудро
Моҳи рӯяш камнамоӣ мекунад.
Кулбаи эҳзони торики маро
Ёди рӯяш рӯшноӣ мекунад.
Ёри ман аз ман ҷудо шуд, дӯстон,
Ҷони ман аз ман ҷудоӣ мекунад.
Қомати он ҳурзод аз ҷилвае
Чун қиёмат фитназоӣ мекунад.
Дардам аз белутфии ёр асту бас,
Хоҳад аз лутфе давое мекунад.
Айнии мискин ба ҳасби ҳоли худ
Байте аз Саъдӣ гадоӣ мекунад:
«Ёри ман авбошу каллош асту ринд,
Бар ман аммо порсоӣ мекунад».
Э, ҳама ширинлабон афтода дар банди шумо,
Яъне аз ҷон бандаи лаъли шакарханди шумо.
Аз хироме дӯш дар даъвои раъноӣ ба бо мо,
Банд карда найшакарро қомати қанди шумо.
Э, қаду рухсору зулфу чашму абрӯ раҳмате!
Як дили мискин чӣ хоҳад кард бо чанди шумо?!
Гарчи рафт аз ёдатон ёди дили ғамгини мо,
Дур бод аз ғам, илоҳӣ, табъи хурсанди шумо.
Кори сад хирвор мушку сад чаман сунбул кунад
Торе аз зулфи сиёҳи мушкоганди шумо.
Сарви озод аз чӣ рӯ ҳаргиз намеҷунбад зи ҷо?
Метавон фаҳмид, гардидаст побанди шумо.
Кай бувад аз лутфатон бар орзӯи дил расад,
Айнии бечора, яъне орзӯманди шумо.
Аз файзи яздон хон аст мактаб,
Бар лаъли ирфон кон аст мактаб..
Беҷон ҷасадро қадре набошад,
Ҷисм аст инсон, ҷон аст мактаб.
Аз мактаб ояд осоиши дил,
Марғуби дилҳо з-он аст мактаб.
Бемактабонро набвад ҳаёте,
Об аст мактаб, нон аст мактаб,
Саъд аст мактаб, хайр аст мактаб,
Иззаст мактаб, шон аст мактаб.
Дар чашми биниш нур аст дониш,
Дар ҷисми дониш ҷон аст мактаб.
Дар моҳии ҷон об аст ирфон,
Дар мурғи ирфон дон аст мактаб.
Рӯи иродат матоб аз дари мактаб,
То ки шавӣ комёб аз дари мактаб...
Хонаи ахлоқи мо хароб шуда, ҷӯй
Тасфияи ин хароб аз дари мактаб.
Хастагии мо чунон ки ҳаст, надонад,
Он ки нахонда китоб аз дари мактаб.
Ташналабӣ то ба кай ба водии ғафлат,
Хез, биё, нӯш об аз дари мактаб!
Чанд нишинӣ ба эҳтиёҷу зарурат?
Гавҳари ноёб ёб аз дари мактаб.
То ки нагардӣ залил бар дили мардум,
Рӯи талаб барматоб аз дари мактаб.
Баччаи одам чаро зи илм гурезад?
Хон, накунӣ иҷтиноб аз дари мактаб.
Хоса дар ин асри мо, ки бачаи ҳайвон
Ёфт ба илм интисоб аз дари мактаб.
Аз раҳи ибрат нигар: шуданд ҳунарвар
Хайли вуҳушу давоб аз дари мактаб.
Бо амали кимиёю фанни саноат
Хок шавад мушки ноб аз дари мактаб.
Гашт сияҳ рӯзи мо з-абри ҷаҳолат,
Бӯ, ки расад офтоб аз дари мактаб.
Дӯстон арзи умедам бар нигори ман баред,
Раҳмате бар хотири уммедвори ман баред.
Ё ба ман аз хоки пояш сурмаворе оваред,
Ё маро дар раҳгузори шаҳсавори ман баред.
3-ин диёру шаҳр тангам, шаҳриёри ман куҷост?
Лутф ореду маро дар шаҳриёри ман баред.
Ман қатили ғамзаи навхатнигоре гаштаам,
Пай ба д-ин маънӣ зи райҳони мазори ман баред.
Сабзаи хатташ бубинеду мапурсед аз ғамам,
Бар хазони ман қиёс аз навбаҳори ман баред.
Гар ҳамехоҳед ҷон, осон диҳам ҳангоми назъ,
Ҷои такбиру тиловат номи ёри ман баред.
Дар парешонрӯзгорӣ гар равад Айнӣ зи даҳр,
Ҷамъ биншинеду ёд аз рӯзгори ман баред.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам,
Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам.
Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон,
Гар зи васли як парирӯ марҳаме медоштам.
Меҳнати гетӣ ба талхӣ кай рабудӣ ҷони ман.
Бӯсае гар аз лаби исодаме медоштам.
Менашуд як лаҳза фориғ ёр аз ғамхориям,
Булҳавасосо на гар тоби ғаме медоштам.
Аз тамошои гули сурх аз чӣ мемондам ҷудо,
Гар ба каф, чун аҳли олам, дирҳаме медоштам!
Ин қадар дар изтироб афтодаам аз фикри худ,
Мешуд оромам, агар аз худ раме медоштам.
Чун тарозу кай шудӣ саргаштагӣ бо ман насиб,
Айнӣ, ар фикре на аз бешу каме медоштам.
Э, ки аз ғайри ту дар ҳар ду ҷаҳон ёр надорам,
Ғайри варзидани ишқи ту дигар кор надорам,
Гар ту дилдори манӣ, фикри дилу ҷон нанамоям,
Гар ту ёрӣ, ҳазар аз таънаи ағёр надорам.
Гар ғами хеш бигӯям ба ту, бояд ки маранҷӣ,
Ба кӣ гӯям ғами худ, ғайри ту ғамхор надорам.
Худ магар лутф кунӣ аз сари эҳсону мурувват,
В-арна аз матлаби худ ҷуръати гуфтор надорам,
Бе гули рӯи ту мушкил, ки шавад шод дили ман,
Рӯзи ҳиҷрон ҳаваси рафтани гулзор надорам.
Оҳ, ту аз раҳи шӯхӣ сари бемор надорӣ,
Ҳайф, ман аз ғами ту ҷуз дили бемор надорам.
Гар ту дорӣ сари ёрию вафодории Айнӣ
Ба вафои ту, ки дар неку бадат кор надорам
Мавсими барфу фасли зимистон,
Боғи дигар шуд саҳни дабистон.
Илму маориф — сурию савсан,
Толиби ирфон — булбули дастон.
Хома ба ҷавлон — сарви хиромон,
Сафҳаи коғаз — саҳнаи бӯстон.
Ранги сиёҳӣ — дофеи зулмат,
Хориқае бас булъаҷаб аст он.
Зарфи мураккаб—ҳавзи мусаффо,
Ҷадвали дафтар — ҷӯи гулистон.
Машъали ирфон — меҳри дурахшон.
Партави дониш — шамъи шабистон.
Парчаи коғаз, ё суман аст ин?
Сафҳаи дафтар, ё чаман аст он?
Гӯши итоат сӯи муаллим
Ғунчаи дониш дардеҳу бистон.
Замзамаи мо нағмаи мактаб,
Бадрақаи мо илмпарастон.
Гуфтаи Айнӣ гар напазирӣ,
Хезу равон шав сӯи дабистон.
Бод имшаб мушкбор ояд ҳаме,
Гӯӣ аз кӯи нигор ояд ҳаме.
Вақти он омад, кушояд дил зи ғам,
К-аз чаман бӯи баҳор ояд ҳаме.
Лола чун лаъли лаби ҷонон ба чашм
Оташину обдор ояд ҳаме.
Мушковар боди амбарбӯ шамол
Аз ямину аз ясор ояд ҳаме.
Хуш бувад хоро канори обшор,
Ёр ҳам гар дар канор ояд ҳаме.
Сояи беду шамоли Шоҳрӯд
Табъи касро созгор ояд ҳаме.
Реги Ҷӯгихонаро абр об зад,
Бар дил аз вай кай ғубор ояд ҳаме.
Оби ҷӯи Қаллуқону Тавсанак
3-оби кавсар хушгувор ояд ҳаме.
Дар ғамам имсол, Айнӣ, з-ин ғазал
Ёди шодиҳои пор ояд ҳаме.
Кист он кас, ки шири софу лазиз
Ба шумо аз ҷигар расонду чашонд
Баҳри осоиши шумо аз хоб
Хист, гаҳвораи шумо ҷунбонд,
Шустушӯ карда дасту пои шумо,
Аз муҳаббат ба ҷои пок нишонд?
(Ҷавоб: волидаи меҳрубон)
Кист он кас рӯз то бегаҳ давид
Ошу нон баҳри шумо тайёр кард,
То шумо дар мактаб омӯзед илм,
Ҷумла кори хонаву бозор кард,
То шумо доно шаведу бо тамиз,
Аз насиҳат гӯшатон пурбор кард?
(Ҷавоб: падари бузургвор)
Афзал, ки он шамъи шабистони сухан,
Ки аз ӯ буд маҳофил пурнур,
Буд аз ӯ базми адаб боравнақ,
Буд аз ӯ анҷумани фан басурур.
Буд аз ӯ мамлакати фазл обод,
Буд аз ӯ кишвари дониш маъмур.
Дар фазоил ба қабоил маъруф,
Дар камолот ба олам машҳур.
Сарф кард аз паи таҳсили камол,
Кӯшишу ҳиммату ҷаҳди мавфур.
Кард ақсоми ҳунарро ҳосил,
Дод анвои фунунро ба зуҳур.
Охир аз хоҳиши тақдири азал
Рафту бигзошт ҷаҳонро маҳҷур.
3-ин мусибат ҳама дилҳо пурдоғ,
3-ин алам зумраи ҷонҳо пуршӯр.
Чора сабр аст, агарчи набвад
Тоқати сабр ба ин ғам мақдур.
Баҳри таърихи вафоташ
Айнӣ Гуфт: девони ғазал рафт ба гӯр.
«Зи сӯзи сина кабобам, зи сели дида харобам,
Ту шамъи базми касонию ман дар оташу обам».
Биё ба ҳуҷра, ки пайдост ҷому бодаи беғаш,
Кушой чеҳраю бо мо даме нишину қадаҳ каш.
Ба оташам манишону макун зи рашк мушавваш,
«Ба дигарон манишину ба ҷони ман мазан оташ.
Маро масӯз, ки ман худ дар оташи ту кабобам».
Чу масти бода расидию ҳуш гашт харобат,
Саманд тез марон ин қадар, зи чист шитобат?
Нисор мекунам инак сар аз вафо ба рикобат,
«Агар барои ҳалоки ман аст нозу итобат.
Биёву қатл кун эдун, ки мустаҳиққи итобам».
Ғубори ғам ба талаттуф зи синаам бизудудӣ
Шавам чу маст ,диҳам бӯса, гуфта ваъда намудӣ,
Ба ҳуҷра дӯш, ки ман будаму шаробу ту будӣ,
Суоли бӯса намудам, вале ту лаб накушудӣ,
Сухан ба арз расиду дар интизори ҷавобам».
Ман он наям, ки бувад ошиқем лофию бодӣ,
Нагардам аз туву гардам туро, ки ҳурнажодӣ,
Маро агарчи ба паҳлӯи хеш бор надодӣ,
«Ба гирди рӯи ту парвонаам, ки шамъи муродӣ,
Агар ту рӯй битобӣ, ман аз ту рӯй натобам».
Ба сад муросала Айнӣ ки як ҷавоб нагирад,
Чаро ба раҳ нафитад, роҳи изтироб нагирад.
Маро зи хок гар он шӯх аз савоб нагирад,
«Ба қадри хоки раҳ аз ман касе ҳисоб нагирад.
Ба кӯи дӯст, Ҳилолӣ, бубин, ки дар чӣ ҳисобам?»
Рафтам ба ҷустуҷӯяш дар кӯчаҳо давида,
Ҳам чома чок карда, ҳам пираҳан дарида,
Дар кӯи ӯ фитодам дар хоку хун тапида,
«Он маҳлиқо баромад аз хона май кашида,
Моил ба уфтодан чун меваи расида».
Гесӯи мушкбӯро тоби каманд дода,
Анворбахш рӯро хуршедсон кушода,
Дар ошиқ орзӯро карда басе зиёда,
«Нози баҳонаҷӯро дар як тараф ниҳода,
Шарми ситезахӯро дар хоку хун кашида».
Рӯи чу маҳ гирифта андар паноҳи соид,
Бар маҳ фурӯғ дода аз тоби моҳи соид,
Бар қатли ишқбозон бикшода роҳи соид,
«Молида остинро то бӯсагоҳи соид,
То ноф пираҳанро чун субҳдам дарида».
Бурқаъ зи рӯ кушода боғи ирам намуда,
Пайвастаабрӯвонро теғи дудам намуда,
Дилҳо ба дом баста зулфон чу хам намуда,
«Барқе зи абр ҷаста ҳар ҷо карам намуда,
Сарве зи хок раста ҳар ҷо, ки орамида».
Қад — нахлаи назокат, тан — пайкари латофат,
Лаб — чашмаи ҳаловат, рӯ — матлаи саодат,
Айнӣ чу дида он маҳ боре ба ин қиёфат
«Дигар надида худро то домани қиёмат,
Соиб касе, ки ӯро масту хароб дида»
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё