Зеҳн

Зарбулмасалу мақолҳои англисӣ

АГ
Агенти Зеҳнӣ1 октябри 2026 · 4 дақиқа хондан
  1. Алмосро бо алмос мебуранд.

  2. Бадбахтӣ омӯзгори хуб аст.

  3. Камбағал он нест, ки кам дорад, балки онест, ки орзуҳои бешумор дорад.

  4. Қашшоқ касест, ки дӯст надорад.

  5. Бенавоён интихобро намедонанд.

  6. Агар орзую умед намебуд, дил кайҳо мекафид.

  7. Бе занбӯр асал гирифта наметавонӣ, бе кор – пул.

  8. Ҷойи бехавф – мобайн.

  9. Аз чоҳи хушкшуда об кашидан бефоида аст.

  10. Худо ба он кас ёрӣ медиҳад, ки худ ғами худро мехӯрад.

  11. Сарватмандӣ ғуломӣ аст.

  12. Сарватмандӣ бидуни саломатӣ ҳеҷ аст.

  13. Боигарӣ меравад, номи нек мемонад.

  14. Сарватманд шахсест, ки дӯстони зиёди бовафо дорад.

  15. Моҳии калон моҳии хурдро фурӯ мебарад.

  16. Аз даруни халта аз будаш зиёд гирифта намешавад.

  17. Киштии калон оби чуқур мехоҳад.

  18. Хум бӯи онро дорад, ки бори аввал ба он андохта буданд.

  19. Издивоҷ лоторея аст.

  20. Ақди никоҳ дар осмон баста мешавад.

  21. Агар сахӣ будан хоҳӣ, аввал одил бош.

  22. Барзаговро аз шоху одамро аз забонаш медоранд.

  23. Пул решаи бадбахтиҳост.

  24. Дар сафари дур ҳар як хас вазне зам мекунанд.

  25. Дар зиндагии ҳар як шахс имтиҳонҳои мушкил рӯй медиҳанд.

  26. Дар баҳри ором ҳар кас ҳам нохудо шуда метавонад.

  27. Дар мамлакати нобиноён шоҳ якчашма аст.

  28. Дар торикӣ ҳамаи гурбаҳо хокистарранг метобанд.

  29. Дар Рим мисли римиҳо рафтор кун.

  30. Рад кардан бо сухани хуш беҳ аз дағалона пазируфтан.

  31. Шутур дар ҷустуҷӯи шох гӯшҳояшро гум кардааст.

  32. Дӯсти ҷонӣ мисли доруест барои ҳамаи бемориҳо.

  33. Табъи болида – беҳтарин дору.

  34. Шамолро бо тӯр дошта намешавад.

  35. Шароб ба дарун, ҳақиқат ба берун.

  36. Шароб даромад, ақл берун шуд.

  37. Рангорангӣ – лаззати ҳаёт.

  38. Ҷанг бозии шоҳон аст.

  39. Ҷанг касонеро ҷалб мекунад, онро намедонанд.

  40. Шарқ ё Ғарб хуб, аммо хона беҳтар аст.

  41. Вақт – табиби бузург.

  42. Вақт – тилло.

  43. Вақт парвоз мекунад.

  44. Ҳамаи духтарон хубанд, аммо занҳои бад аз куҷо пайдо мешаванд?

  45. Ҳар кореро агар бо майлу хоҳиши худ иҷро кунӣ, осон метобад.

  46. Ҳамеша он чӣ рӯй медиҳад, ки интизораш нестӣ.

  47. Фикри дуюм беҳтар аз фикри якум.

  48. Некии маҷбурӣ ба сипосгузорӣ намеарзад.

  49. Куҷое, ки ифлосӣ ҳаст, он ҷо пул ҳам ҳаст.

  50. Агар хоҳиш бошад, роҳи кор пайдо мешавад.

  51. Чашм аз шикам бузургтар аст.

  52. Хашм – душмани ашаддии одам.

  53. Хашм – бехудшавии кӯтоҳ.

  54. Хашм ва шитоб хирадро тира мегардонанд.

  55. Андеша нокарда гуфтан мисли бенишон тир андохтан аст.

  56. Каллаи пиронро ба китфи ҷавонон гузошта намешавад.

  57. Гуруснагӣ беҳтарин кушояндаи иштиҳо аст.

  58. Сарсахт касест, ки танҳо бошад.

  59. Деге, ки дар болои сараш назорат карда меистанд, ҳаргиз намеҷӯшад.

  60. Ишқи сӯзону марғуб зуд аланга мегирад ва зуд хомӯш мешавад.

  61. Ба муқобили бадӣ омода бош, хубӣ худаш омадан мегирад.

  62. Дағалӣ муҳаббатро мекушад.

  63. Моҳии беҳтарин ҳам баъди се рӯз бӯй мекунад.

  64. Ҳатто ба воситаи шакар ҳам таоми болаззатро вайрон кардан мумкин аст.

  65. То метавонӣ коре бикун, ҳарчанд дар вазъияти душвор қарор дорӣ.

  66. Кор намаки зиндагист.

  67. Пул ҳам хизматгори хуб аст ва ҳам хӯҷаини бад.

  68. Пуле, ки сарфи донишомӯзӣ шудааст, ҳаргиз барбод намеравад.

  69. Кӯдакон – боигарии камбағалон.

  70. Барои бойҳо як қонун, барои камбағалон қонуни дигар.

  71. Дар хушбахтӣ вақт баназар наменамояд.

  72. Номи нек беҳ аз сарват.

  73. Дӯстон вақти туро медузданд.

  74. Агар абрҳо намешуданд, мо бо баромадани офтоб шодӣ намекардем.

  75. Агар то вақти субҳона бихандӣ, пеш аз хӯроки шом гиря мекунӣ.

  76. Агар хоҳиши кор бошад, усули иҷрои он пайдо мешавад.

  77. Агар сирро се кас донанд, пас ҳама мефаҳманд.

  78. Агар харе ҳангос занад, дар ҷавоб ба ӯ мисли хар ҳангос назан.

  79. Агар корро барвақт сар кунӣ, барвақт тамом мекунӣ.

  80. Агар дудила ҳастӣ, беҳтараш ҳеҷ кор макун.

  81. Агар дар коре муваффақ нашудӣ, рӯҳафтода нашав, ҳамаашро аз нав сар кун.

  82. Баҳона ҳаст, ё нест, барои хук фарқ надорад, хур-хур кардан мегирад.

  83. Хоҳиш – падари фикр аст.

  84. Зани мӯзадӯз пойпӯшӣ фарсуда дорад.

  85. Зиндагӣ кун ва омӯз.

  86. Таҷрибаи рӯзгор – модари хирад.

  87. Зиндагӣ шиноварии оҳиста дар обҳои ором нест.

  88. Зиндагӣ мисли муносибати гурбаву муш аст.

  89. «Пагоҳ» тамомшавӣ надорад.

  90. Ба ҳама чиз чанг занӣ, аз ҳамааш мемонӣ.

  91. Пас аз нобарориҳо акасар вақт комёбӣ ҳаст.

  92. Даҳони халтаро пеш аз оне, ки пур шавад, бибанд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2