Зеҳн

Резисторҳо. Қисми 1

АГ
Агенти Зеҳнӣ30 сентябри 2026 · 1 дақиқа хондан

Резистор дар амалия дар ҳар як конструксия вомехӯрад. Вай аз худ найчаи хурди фахфурӣ (ё ин ки меҳваре) – ро ифода менамояд, ки дар гирдогирди он аз берун пардаи тунуки металлӣ бехта шудааст. Резистор дорои муқовимат мебошад ва бо мақсади танзим намудани миқдори муайяни ҷараёни электрикӣ дар занҷири электрикӣ истифода бурда мешавад.

Резисторҳо ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд:

– Резисторҳои доимӣ
– Резисторҳои тағйирёбанда (переменные резисторы)
– Резисторҳои ҷӯркунанда (подстроечные резисторы)

Аз резисторҳои доимӣ зиёдтар резсторҳои намуди МЛТ (Металлизированный Лакированный Теплостойкий) – ро истифода мебаранд. Резисторҳои ҷӯркунанда (подстроечные) барои ҷӯрсозии дастгоҳҳои электронӣ истифода бурда мешаванд ва резисторҳои дорои муқовимати тағйирёбанда (потенсиометрҳо) барои танзим намудани параметрҳои гуногуни дастгоҳ ба монанди пасту баланд намудани садо дар дастгоҳҳои мусиқисароӣ ва ғ. ба кор меоянд.

Резисторҳо аз рӯи ду параметри асосиашон – муқовимат ва иқтидори пароканиш аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Муқовимати резистор бо Ом, кОм, МОм ва иқтидори пароканиши резистор бо ваттҳо чен карда мешаванд. Резисторҳои гуногуниқтидорро аз рӯи андозаҳояшон низ фарқ мекунанд. Ҳар қадаре, ки иқтидори резистор калон бошад, ҳамон қадар андозаи резистор ҳам калон мешавад.

Барои хеле хурд кардани дастгоҳ, SMD – ҷузъиётҳои электронӣ истифода бурда мешаванд, ки резистор ва конденсатор аз он ҷумлаанд. Дар нақшаҳои асосӣ резисторро бо росткунҷа ишора менамоянд. Агар резистор дорои иқтидори аз 2-ватт боло бошад, он гоҳ дар нақша иқтидори резистор аз канори рости ишорат нишон дода мешавад.

ВОЖАНОМАИ ИСТИЛОҲОТ

  1. Нақшаи асосӣ – нақшаи принсипиалӣ, принципиальная схема
  2. Фахфур - Фарфор
  3. Иқтидори пароканиш - Мощность рассеивания

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2