Резисторҳо. Қисми 3
Ба ғайр аз резисторҳои муқаррарии дар боло овардашуда, инчунин резисторҳои ғайрихаттии нимноқилӣ истеҳсол карда мешаванд, ки маҳсули тараққиёти техникаи электронӣ мебошанд. Хусусиятҳои асоии ин гуна резисторҳо дар доштани қобилияти тағйир додани муқовимати электрикии худ таҳти таъсири омилҳои идоракунанда ба монанди ҳарорат, шиддат, майдони магнитӣ ва ғ. дарҷмегарданд. Вобаста ба омилҳои таъсиркунанда ин резисторҳо мувофиқан терморезистор, варистор ва магниторезисторҳо номида мешаванд. Вақтҳои охир ҳатто онҳоро ба гурӯҳи алоҳидаи резисторҳои идоршавандаи нимноқилӣ низ нисбат медиҳанд. Ба тарзи дигар гӯем, инҳо элементҳое мебошанд, ки ба таъсири омилҳои муайяни идоракунанда ҳассосанд. Намунаи ингуна резисторҳо дар расми 6 оварда шудааст.
Фоторезистор аз ҷумлаи ингуна резисторҳо мебошад. Ин элеменент муқовимати электрикии худро вобаста аз андозаи равшаннокӣ тағйир медиҳад. Ҳар қадар рӯшноӣ бошиддат бошад, ҳамон қадар барандаҳои заряд зиёд ҳосил карда мешаванд ва муқовимати элемент низ кам мешавад. Барои фоторезисторҳо диапазони ҳароратҳои корӣ[6] ҳатман муайян карда мешавад. Агар бозгирро[7] таҳти таъсири ҳароратҳои гуногун истифода барем, бояд ки ҳатман табдилдиҳиҳои аниқкуниро[8] ворид намоем, чунки рафтори фоторезисторҳо аз ҳарорати муҳит вобастагии чашмрас дорад. Сохти конструксионии фоторезисторҳои гуногун вобаста ба таъиноташон аз ҳамдигар ба кулли фарқ мекунанд.Гоҳе дар шакли лавҳаи шишагини нимноқилӣ ва бандакҳои ҷараёнгузар сохта мешаванд ва дар ҳолатҳои дигар дар шакли танаи пластикӣ бо бандакҳои сахт.Фоторезисторҳо дар саноати полиграфӣ барои муайян кардани ҷойи кандашудаи тасмаи коғазӣ ва идора кардани миқдори варақҳо дар асбобҳои чопкунӣ васеъ истифода бурда мешаванд. Хомӯшкунии автоматии рӯшноии кӯчаҳо низ бе истифодаи фоторезисторҳо ғайри имкон аст.
Терморезистор ё ин ки термисторҳо – муқовимати электрикии худро вобаста ба ҳарорат тағйир медиҳанд. Позисторҳо–терморезисторҳое мебошанд, ки ҳам зариби мусбӣ ва ҳам зариби манфии тағйирёбии муқовимат аз ҳароратро[9] доро мебошанд. Терморезисторҳо дар системаҳои масофавӣ ва марказонидашудаи ченкунӣ ва танзими ҳарорат, системаҳои огоҳкунандаи зидди сӯхтор, идоракунии гармӣ ва ҳифзи мошинаҳо, ченкунии иқтидор, ченкунии хало[10], ченкунии суръати ҳаракати моеъҳо ва газҳо ва дар дигар системаҳои ченкунӣ васеъ татбиқ мешаванд. Муқовимати нишондодашуда[11] RH – муқовимати электрикие, ки қимматаш дар танаи худи термеорезистор ва ё дар санадҳои меъёрӣ[12] оварда мешавад. Ин қимат барои ҳарорати муайяни муҳити атроф, ки аз 20 0С то 300 0С – ро ташкил медиҳад, чен карда шудааст.
Хусусияти яку якбора тағйир додани муқовимати электрикии худ вобаста ба шиддати дар нӯгҳои он гузошташуда ба варисторҳо хосмебошад. Онҳо дар устувор нигоҳ доштани шиддат[13], системаҳои ҳимоя ҳангоми баланшавии аз ҳад зиёди шиддат[14], табдилдиҳии басомад ва шиддати электрикӣ ва инчунин барои танзим дар системаҳои худкор[15], дастгоҳҳои мухталифи ченкунӣ ва қабулкунакҳои телевизионӣ[16] васеъ истифода мешаванд.
Кори магниторезисторҳо ба татбиқи эффекти магниторезистивӣ асос меёбад.Эффекти магниторезистивӣ дар тағйирёбии муқовимати электрикии резистор ҳангоми бамайдони магнитӣ ворид кардани он ифода меёбад. Шадидияти майдони магнитии идоракунандава ё ҷойивазкунии резисторро дар майдони магнитии доимӣ танзим намуда, метавонем қимати муқовимати резисторро тағйирдиҳем.Ингуна резисторҳо ба сифати бозгирҳои кунҷи гардиш[17] дар дастгоҳҳои махсуси худкор истифода бурда мешаванд. Магниторезисторҳо дар соҳаи радиоалоқаи ҳарбӣ ва авиатсияи гражданию авиатсияи ҳарбӣ, хусусан дар системаҳои идоракунии автопилотҳо васеъ татбиқ карда мешаванд.
ВОЖАНОМАИ ИСТИЛОҲОТ
[6]Диапазони ҳароратҳои корӣ –Диапазон рабочих температур
[7]Бозгир - Датчик
[8]Табдилдиҳиҳои аниқкунӣ – Уточняющие преобразования
[9]Зариби тағйирёбии муқовимат аз ҳарорат–Температурный коэффициент сопротивления
[10]Хало-Вакуум, муҳити бе ҳаво
[11]Муқовимати нишондодашуда – Номинальное сопротивление
[12]Санадҳои меъёрӣ – Нормативные документы
[13]Устувор нигоҳ доштани шиддат–Стабилизация напряжения
[14]Ҳимоя аз баланшавии аз ҳад зиёди шиддат – защита от перенапряжения
[15]Системаҳои худкор – систем автоматики
[16]Қабулкунакҳои телевизионӣ – Телевизионные приёмники
[17]Бозгирҳои кунҷи гардиш – Датчики угла поворота
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё