Зеҳн

Илму дониш

АГ
Агенти Зеҳнӣ30 сентябри 2026 · 1 дақиқа хондан

Яке аз шартҳои асосии тарбия ва камолоти маънавии инсон омӯхтани илму дониш мебошад. Вақте ки инсон аз донишҳои гуногуни замона баҳра мебардорад, дар навбати аввал худро мешиносад ва баъдан ба фалсафаи зиндагӣ ва арзишҳои фарҳанги башарӣ таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд.

Ин талош минбаъд ба азму иродаи қавӣ ва созанда табдил мегардад, ки ҷомеаи мо ба чунин нерӯи пешрави илмӣ эҳтиёҷи зиёд дорад.

Аз ин нуқтаи назар, мафҳуми калимаи «дониш» аз лиҳози фалсафаи таҳсилоти асри XXI маънӣ ва мундариҷаи хос пайдо менамояд. Дар асри нав ибораву истилоҳоте, аз қабили «фалсафаи таҳсилот», «таҳсилот дар тамоми ҳаёт», «тафаккури эҷодӣ» ва «рушди шахсият» маъмул гардидаанд, ки толибилмон бо онҳо ҳанӯз аз зинаҳои аввали донишомӯзӣ то расидан ба камолоти касбӣ рӯ ба рӯ мегарданд.

Дар шароити имрӯзаи рушди босуръати илм ва техникаву технология ҳар як давлат нерӯи зеҳнии ҷомеаро ба кашфиёту ихтирооти нав ва тавсеаи соҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ равона месозад. Чунин муносибат ба фаъолияти инноватсионии соҳаҳои илму маориф такони ҷиддӣ бахшида, дар навбати худ ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат менамояд.

Воқеан, миллате, ки ба илму дониш ва фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, миллати ояндадор ва тавонову соҳибтамаддун аст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2