Зеҳн

Китоб – раҳнамои беминнат

АГ
Агенти Зеҳнӣ30 сентябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Дар замони ҷаҳонишавӣ ҳар яки мо худро бе истифода аз шабакаи ҷаҳонии интернет тасаввур карда наметавонем, ҳамин тавр не? Пас, агар чунин бошад, чаро боре нишаста андеша намекунем, ки қабл аз интернет аз кадом манбаъҳо истифода мебурдем? Маҳз китоб буд, ки бидуни харҷи зиёдатӣ чун роҳнамои беминнат маънаван хизмат мекард ва ба камолрасии мо ҷавонон аз ҷиҳати нерӯи зеҳнӣ ва рушди тафаккури фитрӣ мусоидат менамуд.

Аз ин ҷост, ки донишмандон дар фазли китоб мегӯянд: китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳон, хоса оинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст.

Бояд гуфт, ки замони муосир бо ҳама дастрасиҳову осониҳояш натавонист фазилати китоб ва китобхониро махсусан барои насли калонсол коста гардонад. Чун зиёдтар таваҷҷуҳи афроди солдида ба китобхонӣ равона шудаасту маҳз онҳо бештари ҷавононро ба китобхонӣ «маҷбур» месозанд.

Аммо, таассуфовар аст, ки насли ҷавон ба китобхонӣ аҳамияти камтар дода, боз сар мехалонад ба дунёи маҷозӣ. Кош онро самаранок истифода баранд ва дар оянда ба ҳаёташон лозим шаваду пешпо нахӯранд. Чун аҳён - аҳён нафароне пайдо мешаванд, ки интернетро ба фоидаи корӣ рӯзмарраашон истифода мебаранд, зеро талаботи кориашон онро тақозо мекунад.

Ҳоло байни насли ҷавон, хусусан донишҷӯён амале маъмул шудааст, ки аз рӯйи коҳилӣ ва ё беҳавсалагӣ бо гирифтани супориш аз тарафи муаллим, монанди навиштани реферат дар мавзӯе ба назди интернет мешитобанд. Номи мавзӯъро навишта дар муддати кӯтоҳ иттилои лозимаро пайдо мекунад ва ба устодаш месупорад. Ба қавле ҷони худро халос менамояд.

Гоҳо чунин амал барои аксарият мақбул менамояд ва асоснок карданӣ мешаванд, ки аз уҳдаи ин кор на ҳама мебарояд.

Бо вуҷуди ин, як чизро дарк намекунанд, ки дар ин маврид толибилм ҳам худ ва ҳам муаллимро фиреб медиҳад. Агар барои иҷрои супориши устодаш китобро варақгардон мекард ва “реферат”-ро аз дониши гирифтааш менавишт, манфиатовар мешуд. Лекин бо ин ҳама гуфтанӣ нестам, ки интернет бад аст. Чун ҳар як ҷавон бояд ҳамқадами замон бошад, вале истифодабарии он ҳам меъёр дорад ва онро риоя намудан ва оқилона истифода бурдан ҳамтмист.

Тавре дар боло зикр намудем, ҷавононе, ки фарҳанги хуби истифодабарии интернетро доранд барои онҳо вақташон барабас намеравад, вале нафароне намедонанд, вақташон беҳуда зоеъ мешавад. Ҷойи пӯшида нест, ки аксарияти онҳо барои истифодаи оқилонаи он не, балки барои тамошои манзараҳои ғайриахлоқӣ ворид мешаванд. Дар ин маврид интернет барои ҷавонон хатаровар аст.

Гуфтан ҷоиз аст, ки дар замони ҷаҳонишавӣ дар баробари истифодаи шабакаи Интернет ҷавононро мебояд бештар ба китоб рӯй оварда донишу малакаашонро тақвият бахшанд. Аз китобхонаҳо ва мағозаҳои китобфурӯшӣ дидан намуда, бештар вақти худро барои китобхонӣ сарф намоянд. Чун, китоб сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳо буда, инсонро камоли маънавӣ мебахшад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2