Зеҳн

Тоҷикистон - Ватани азизи ман

АГ
Агенти Зеҳнӣ30 сентябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Силсилакӯҳҳои баланде, ки сарчашмаи бештари дарёҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, дараҳои зебоманзар, водиҳои дорои иқлими муътадил, ки дар онҳо пахтазорҳо, ангурзорҳо ва боғҳои меваҳои шаҳдбор доман паҳн кардаанд, инчунин биёбонҳое, ки сардиву сармои онҳо аз зимистони Сибир камӣ надорад, ҳамагӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардидаанд. Табиати афсунгари кишвар ҳар бинандаро волаву шайдои хеш месозад.

Сабку тарҳҳои меъмории муосир ҳам шаҳрҳои бостонии Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан ва Кӯлоб ва ҳам шаҳрҳои нав, аз қабили Хоруғ, Бӯстон, Норак, Роғун, Сарбанд ва амсоли онҳоро оро додаанд. Шаҳри Душанбе — қалби Ҷумҳурии Тоҷикистон — бузургтарин шаҳри кишвар буда, аҳолии он қариб ним миллион нафарро ташкил медиҳад. Шаҳри Қайроқум бо қолинҳои зебову мунаққаш ва марғуби худ машҳур аст. Шаҳри Норак бо сарбанди об ва нерӯгоҳи барқи обии беназири худ шуҳрат дорад.

Чакан, фалак ва гулбаст, ки аз рамзҳои фарҳангии Кӯлоб мебошанд, имрӯз ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидаанд. Дар ҳар гӯшаи ин сарзамин маҳорати ҳунармандии мардум эҳсос мешавад. Аз ин рӯ, Кӯлобро ба муддати панҷ сол ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб намуданд. Ҳисор бо қалъаи таърихӣ, Роғун бо нерӯгоҳи барқи обии худ ва Панҷакент бо бузургони хеш ба боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон мусоидат кардаанд.

Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои нерӯйи барқи обӣ дар ҷаҳон садрнишин аст. Баъди ба охир расидани сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии Сангтӯда ва Роғун дар дарёи Вахш, Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо эҳтиёҷоти дохилии худро ба нерӯйи барқ қонеъ мегардонад, балки метавонад онро ба бозори ҷаҳонӣ низ барорад. Беш аз бист сол аст, ки нерӯгоҳи барқи обии Норак — ин муъҷизаи нерӯофарин — маҳалҳои аҳолинишини водии Ҳисор, корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе, корхонаи алюминии шаҳри Турсунзода ва маҷмааи истеҳсолии барқу кимиёи Ёвонро бо нерӯйи барқи арзон таъмин мекунад.

Кишвари мо ҳамчун давлати ҷавон имрӯз дар миёни дигар мамлакатҳои ҷаҳон бо мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, маконҳои истироҳатӣ ва ҳунарҳои мардумии хеш шуҳрат пайдо кардааст. Тоҷикон аз азал ҳамчун миллати соҳибтамаддуну фарҳангсолор, ҳунарманду адабиётдӯст дар миёни халқҳои дигар нуфузу мавқеи хосса доштанд. Ин нуфуз ба мо маҳз ба шарофати соҳибқаламон, фарҳангиён, соҳибистеъдодон ва аҳли ҳунар муяссар гардидааст. Рисолати аслии мо ҳифзи он ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани он аст. Гувоҳи ин гуфтаҳо ташрифи шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистони соҳибтамаддун мебошад.

Бо дарназардошти ин ҷанба, солҳои 2019–2021 бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардиданд. Агар як ҳадафи ин иқдом рушду пешрафти деҳаву маҳаллаҳо, ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ва равнақи соҳаи сайёҳӣ бошад, ҳадафи дигари он намоиши ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи ҳунарҳои фаромӯшшуда ва муаррифии бештари ҳунармандони кишвар аст. Ҳар ду ҳадаф ба имкониятҳои табиию фарҳангии Тоҷикистон мувофиқанд. Ба шарофати ин иқдом, маҳсулоти дастии ҳунармандони мо ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёфта, дар он рақобат мекунанд ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон эътирофи бештар пайдо менамоянд.

Мавзеҳое, ки бо ҳунармандони чиррадасти хеш нуфузи Тоҷикистонро дар ақсои олам муаррифӣ менамоянд ин шаҳрҳои бостонии Кӯлоб, Хуҷанд, Ҳисор Хоруғ, Истаравшан, Конибодом, Бохтар ва дигарон аст. Кӯлоб тибқи ҳафриётҳои бостоншиносон дорои таърихи беш аз 2700 сола мебошад, Ҳисор 3000 сола, Истаравшан 2500 сола. Сарнавишти сокинони Тоҷикистон ниҳоят рангин аст ва онҳоро аз қадим чун халқи ҳунарманд эҳтиром менамоянд. Ҳамин ҳунармандии онҳо боис гардида, то дар дохили кишвар маҳаллаҳое ба вуҷуд биёянд, чун Чармгарон, Заргарон, Кулолгарон, Чеварон, Бофандагон, Зардӯзон ва амсоли инҳо. Ин мадорик гувоҳи он аст, ки ҳунармандӣ пешаи аслии тоҷикон буда, он чун василаи асосии рӯзгузаронӣ истеъмол мегардад ва аз насл ба насл омада расида. Дӯзандагону пазандагон, раққосону навозандагон, бофандагону созандагон ва дигар ҳунармандони забардаст, ки шӯҳраташон оламгир гаштааст, сокини Тоҷикистонанд: Бобоҷони Азизу Давлатманди Хол, Ҷӯрабеку Ҷонибок Муродовҳо, Афзалшоҳ Шодиев, Парда Қосимов, Файзалӣ Ҳасанов, Гулчеҳраи Содиқу Зафар Аюбӣ, Сурайё Қосимова ва Шабнаму Фарзона, Нигинаву Зулайхо, Муқаддасу Кароматуллои Қурбону Хосияти Зарафшонӣ ва амсоли ин афрод. Инҳо ҳунрмандони асиланд, ки имрӯз исми муборакашон бо некӣ вирди забони хосу ом аст.

Тоҷикистони ҷавони моро айни ҳол кулли мамолики кишвар ба расмият шинохтаву эътироф намуда. Оҳ, чӣ зебост ватанам!? Ҳамин зебоии мафтункунанда боис гардида, ки ҳар сол теъдоди барзиёди сайёҳн аз он дидан месозанду хотироти некеро бо сокинони ин сарзамин бо худ ба дуриҳои дур мебаранд. Чашмаҳои шифобахшу, гиёҳҳои муолиҷавӣ, ки ҷумагӣ табиианду дархӯри дарди мардум ёфт мешавад маҳз дар Тоҷикистон. Меҳмондории боварнокарданӣ, эҳтироми хосу ом, сухандонии олимонаву шоиронаву адибона, забони ширину фасеҳ, зебоии бемислу монанд, ки ҳамагӣ зебу ороиши тоҷиконанд. Ҳунарманданду адабиётдӯст, сухандонанду соҳибистеъдод. Табиати афсункор тоҷиконро чунон офарида, ки бо вижагиҳои хеш тафовут доранд аз дигар халқиятҳо.

Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Берунӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонову Ҷомӣ, Камолу ҳазорон ҳазорон гузаштагони адабиёти мо бо абёти пандуандарзии хеш замони ҳаёт ҷомеаи ҷаҳониро ба роҳи ростӣ даъват намуданд ва то ҳол ворисони онҳо, яъне тоҷикони асил дар ҳар нафас аз ин мероси бой фаровон истифода мекунандку мекӯшанд то гуфтаҳои ин бузургони калому адабро сармашқи кор қарор созанд. Ҳошим Гадо, Майрам ва Сайрам Исоеваҳо, Қурбони Собир, Муҳаммадҷони Шодӣ, Тоҳири Собир, Лутфуллои Давлат ва ҳазорони дигарро ном гирифтан мумкин аст, ки тавонистанд театру кинои тоҷикро муаррифӣ созанд ва соҳибшӯҳрат гардонанд дар байни хосу ом.

Хуллас, Тоҷикистон арзанда ба ҳама каломи булуғу фасеҳ аст, аммо ҳамакнун дигар ҳоҷат ба муаррифӣ нест, зеро худ муаррифӣ шуда. Месазад гуфт, чашмаи ҳунару истеъдод, малакаву маҳорат ва таҷрибаи ғиноии тоҷикон маншаъ аз гузаштагон гирифта, саршори меҳр асту ихлосу боварӣ ва дар ҷараён ҷониби ояндагон. Бигузор ин чашма ҳаргиз хушк нагардаду чашмаҳои хурди дигар ба он зам шаванд ва он табдил ба баҳри азими ҳунару истеъдод гардида, коми оламиёнро тар ва табъашонро болида гардонад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2