Сулҳ пойдори мо
Сулҳ баҳорест, баҳор оварад,
Равнақи шодиву барор оварад.
Сулҳ диҳад шаршараи ҷӯи об,
Сулҳ диҳад ҳусни пур аз обутоб.
Оре, сулҳ мафҳуми бузургу пурмаъноест, ки амният, осоиштагӣ ва зиндагии ороми мардумро ифода мекунад. Он заминаи ободии давлату миллат ва таҷассумгари шодиву нишот, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстист. Тавре шоири сулҳпарвар Мирзо Турсунзода гуфтааст:
Сулҳ дар гул-гул шукуфтанҳои ҷонон кишвар аст,
Дар шуои офтоби толеи баҳру бар аст.
Дар суруди аллаву бедорчашмии модарон,
Хоби орому табассумҳои хуррами кӯдакон.
Сулҳ дар тасвири шоир асоси ободии кишвар ва сарчашмаи хушбахтии мардум аст. Самараи он на танҳо дар пешрафти давлату миллат, балки дар рӯзгори ҳар хонавода, хандаи кӯдакон ва шукуфоии боғу бӯстон эҳсос мешавад. Сулҳ ба офтоби рахшон ва баҳори пуробуранг монанд аст, ки ба зиндагӣ гармиву тароват мебахшад.
Ҳақиқатан, сулҳ заминаи амнияту оромист. Чунонки модар аз хоби ороми тифлаш осуда мегардад, мардум низ дар фазои сулҳ бе тарсу изтироб зиндагӣ мекунанд. Дар чунин шароит давлат рушд меёбад ва инсонҳо барои ободии Ватан, таҳсилу меҳнат ва амалӣ кардани орзуҳои худ имконият пайдо мекунанд.
Аммо сулҳу осоиштагӣ худ аз худ ва ба осонӣ ба даст намеояд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми мо дар муҳорибаҳои шадиду хунин иштирок карда, барои озодии Ватан ҷоннисорӣ намуданд. Онҳо аз фарзандону ҳамсарони худ дур монда, гуруснагӣ ва душвориҳои зиёдеро паси сар карданд. Ҷасорату фидокории ин фарзандони бонангу номус дар хотираи наслҳо боқӣ мемонад ва моро ба қадрдонии зиндагии осоишта водор месозад.
Мо хушбахтем, ки дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ мекунем, таҳсил менамоем ва барои оянда нақша мекашем. Ҳифзи ин неъмати бузург аз ҳар яки мо масъулият, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми якдигарро талаб мекунад. Бо талошҳои роҳбарияти кишвар ва дастгирии мардум робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон густариш ёфтаанд. Ин муносибатҳо барои таҳкими сулҳ ва пешрафти мамлакат аҳамияти калон доранд.
Мардуми тоҷикзабонро даҳр бишносад кунун,
З-он ки бошанд ҳар нафас ваҳдатгарои манзилам.
Толиби сулҳанд доим мардуми тоҷикзабон,
Такя бар онҳо намояд қавми соҳибманзилам.
Дар ҳаёти мардуми тоҷик мафҳуми сулҳ бо ваҳдати миллӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Ваҳдат маънои сарҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориро дорад. Дар Тоҷикистони азизамон 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Мардум ин рӯзро рамзи оштӣ, ҳамбастагӣ ва зиндагии осоишта медонанд.
Сулҳу ваҳдат — ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи онҳоро намояд решаи ҷону дилам.
Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,
Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.
Сулҳ армуғон ва дастоварди бузургест, ки арзиши онро бо молу сарват наметавон баробар кард. Ҳеҷ дороӣ ҷойи оромии дил, амнияти хонавода ва осоиштагии Ватанро гирифта наметавонад. Ин неъмати бебаҳо ба миллат сарбаландӣ ва ба давлат имкони рушду ободӣ мебахшад. Аз ин рӯ, ҳифзи сулҳу ваҳдат вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст аст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё