Китоб мӯниси ҷону дил аст
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
Оре, китоб беҳтарин ёру ғамхор, роҳнамо ва мададгори инсон аст. Он яке аз сарчашмаҳои асосии илму дониш ва воситаи такмили маърифату камолоти инсон ба шумор меравад. Агар кас тамоми умр ба мутолиаву омӯзиш машғул бошад, вақти худро беҳуда сарф намекунад. Китоб ба инсон донишҳои тоза мебахшад, асрори зиндагиро ошкор месозад ва барои дарки олами атроф ёрӣ мерасонад.
Китоб ёвару маслиҳатгари инсон буда, ӯро бо паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ ва масъалаҳои нав ба нав шинос мекунад. Маҳз китоб моро аз асрори олами ҳастӣ огоҳ месозад. Бо боз кардани саҳифаи аввалини он дари илму дониш ва хираду фарҳанг ба рӯямон кушода мешавад ва мо ба олами маънӣ қадам мегузорем.
Мутолиаи китоб инсонро бо ҷаҳони пурасроре ошно месозад, ки ба зиндагӣ равшаниву сурур мебахшад. Шахси китобхон ба дарахти пурсамаре монанд аст, ки меваҳои он ба дигарон неруву тавон мебахшанд. Ӯ ҳамчунин парандаеро мемонад, ки бо болҳои донишу хирад ба баландиҳо парвоз мекунад.
Китобро яке аз арзандатарин ва пойдортарин сарчашмаҳои омӯзиши илму адаб мешуморанд. Мутолиаи пайваста на танҳо донишро афзун мекунад, балки ба ташаккули шахсият, густариши ҷаҳонбинӣ ва парвариши фазилатҳои инсонӣ мусоидат менамояд. Инсон бо ақлу фаросат ва заковати худ оламро мешиносад. Барои такмили ин қобилиятҳо омӯзиш, таҷриба ва мутолиаи китоб аҳамияти бузург доранд.
Китоб омӯзгори беминнат ва армуғони арзишмандест, ки инсонро дар тӯли зиндагӣ ҳамроҳӣ мекунад. Мутолиаи он ба мо ёрӣ медиҳад, ки неку бадро фарқ кунем, аз таҷрибаи дигарон баҳра барем ва дар рӯ ба рӯи мушкилоти зиндагӣ роҳи дурустро ҷӯем. Осори бузургоне чун Арасту, Афлотун, Рӯдакӣ, Хайём, Саноӣ ва Саъдӣ то имрӯз барои мо мактаби хираду маърифат аст. Панди «Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй» низ моро ба омӯзиши пайваста даъват мекунад.
Шахси донишманду фарҳангдӯст бо гуфтору рафтори нек ва корҳои судмандаш дар ҷомеа эҳтиром пайдо мекунад. Номи онҳое, ки осори арзишманд ба ёдгор мегузоранд, пас аз марг низ дар хотири мардум зинда мемонад. Чӣ гуна метавон бузургонеро фаромӯш кард, ки чунин ганҷҳои бебаҳо — китобҳоро — ба мо мерос гузоштаанд? Чӣ гуна метавон аз ин сарчашмаи гаронмояи фарҳангу маърифат бебаҳра монд?
Касе, ки китобро ҳамнишини худ месозад ва аз андешаҳои судманди он дар зиндагӣ истифода мебарад, барои пешрафту камолоти худ замина фароҳам меорад. Арзиши мутолиа танҳо дар хондан нест: андешидан, фаҳмидан ва ба кор бурдани дониши андӯхта низ муҳим аст. Китоб сармояи хирад, сарвати бебаҳо ва ганҷинаи маърифат буда, инсонро ба росткорӣ, хирадмандӣ, мардонагӣ ва матонат ҳидоят мекунад.
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза ба ӯ зи гӯшаи танҳоӣ,
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.
Пас, бояд китобҳои арзишмандро пайдо кунем, илму маърифат омӯзем ва дониши худро дар амал истифода барем. Китоб калиди дари илм, чароғи маърифат ва ганҷинаи фарҳанг аст. Ҳамнишинӣ бо он ба мо имкон медиҳад, ки оламро беҳтар бишносем ва дар ободии зиндагии худу дигарон саҳм гузорем.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё