Зеҳн

Зебуннисо (1639 - 1702)

АГ
Агенти Зеҳнӣ30 сентябри 2026 · 21 дақиқа хондан

Духтари шоҳам, валекин рӯ ба фақр овардаам,
Зебу зиннат бас ҳаминам, номи ман Зебуннисост.
Шарҳи ҳол
Зебуннисо дар гӯшаи танҳоӣ нишаста, аз рӯзгор ва нобаробариҳои замон менолид ва ашк мерехт. Ӯ аз он мегирист, ки озод набуд: ба мурғе дар қафас мемонд, ки фарёдрасе надошт:
Сад таъна бар оташ зада дуди нафаси мо,
Эй вой, агар сабр набудӣ қафаси мо.
Гар замзамаи мо шунавад санг, шавад нарм,
Андар дили пурдард садои ҷараси мо.
Кардем басе аз ситаму ҷаври ту фарёд,
Ҷуз гиря нашуд ёд зи фарёдраси мо.
Зебуннисо соли 1639 дар Деҳлӣ таваллуд ёфтааст. Падараш Аврангзеб солҳои 1658–1707 подшоҳи Ҳиндустон буд ва дар байни шоҳони ин сулола бо ҷоҳилию золимии худ шуҳрат дошт. Модари Зебуннисо, Дилрасбону, духтари яке аз саркардагони Эрон — Бадеуззамон — буда, хату саводи хуб дошт. Аз ин рӯ, барои таълими Зебуннисо кӯшиши зиёд карда, ба хонадони худ зани оқилаву фозилаеро бо номи Ҳафиза Марям даъват намуд.
Марям дар муддати кӯтоҳ ба Зебуннисо, ки духтари хушзеҳну закӣ буд, хату савод омӯзонд ва шавқу завқи ӯро ба адабиёту каломи мавзун афзун гардонд. Зебуннисо аз китобхонаи падар, ки дар он осори нодиру камёфти шоирони бузурги гузашта маҳфуз буд, пайваста китоб мехонд ва абёти зиёдеро аз бар мекард. Бо ёрии муаллимаи худ дар маънидоди шеър ва омӯхтани санъати сухан малакаю маҳорат пайдо намуд. Ӯ инчунин забони арабиро омӯхт ва «Қуръон»-ро дар давоми ду солу се моҳ аз бар кард.
Зебуннисо аз синни 13–14-солагӣ ба шеъргӯӣ оғоз намуд. Шеърҳои аввалини ӯ ба устодаш писанд омаданд. Устодаш шеърҳои шогирдонаи ӯро суфтаю равон карда, ба рушду камолоти ҳунарии ӯ мадад мерасонд.
Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихию адабӣ, Зебуннисо дар дарбори падараш китобхонаи калоне ташкил карда буд. Ӯ гоҳ-гоҳ пинҳон аз падар базми шеър меорост ва шоиронеро, ки аз кишварҳои дигар ба Ҳиндустон меомаданд, пуштибонӣ карда, ба онҳо ёрии моддӣ мерасонд.
Аврангзеб намехост, ки духтараш шеър гӯяду шоира шавад. Аз ин рӯ, рафтору кирдори духтараш ба ӯ маъқул набуд ва ӯро зуд-зуд сарзаниш мекард. Зебуннисо дар яке аз ғазалҳояш ба ҳамин маънӣ ишора менамояд: хомӯш бошу дам назан, зеро султон тоқати шунидани суханҳои булбули хушилҳонро надорад. Дар ин байт шоира худро ба булбули хушилҳон монанд кардааст:
Эй булбули хушилҳон, махрӯшу дам фурӯ каш,
Табъи латифи султон тоби сухан надорад.
Вале ин духтари ҷасуру нотарс аз хашму ғазаби падар наҳаросид ва эҷоди ғазалҳои шӯрангези худро идома дод. Зебуннисо кору кирдорҳои ношоиста ва маҷлису базмҳои назарфиребонаи аҳли дарбори падарро дида, дилтанг мешуд ва худро бечораю танҳо ҳис мекард. Ӯ ба зебу зинатҳои шоҳона чандон майл надошт, зеро зебоии инсонро на дар ороиши зоҳирӣ, балки дар ақлу тамиз, донишу камолоти ӯ медид.
Зебуннисо минбаъд низ дониши худро такмил медод. Ӯ илмҳои мантиқ, таърих ва ҳикматро омӯхт, машқи хат кард ва дар навиштани хатҳои настаълиқу насх маҳорат пайдо намуд. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо, шоира аз суҳбатҳои адибони машҳури ҳамзамонаш — Носиралии Сарҳиндӣ, Неъматхони Олӣ ва Мирзо Абдулқодири Бедил — баҳра бурдааст.
Шоҳи мутаассиб Аврангзеб аз шеърҳои духтараш ҳамеша нороҳат мешуд ва Зебуннисоро азоб медод. Шоира худро дар зиндон ҳис мекард ва ҷойи гурез надошт. Ӯ бо ашки чашм ва ғазалҳои шӯрангезаш дарду алами худро андаке сабук месохт:
Зи хуни дида зиндонро бех аз рашки чаман дорам,
Зи доғи ғусса сад гулшан ба зери пираҳан дорам.
Ба сони ғунча гар бастам лаб аз гуфтушунид, аммо
Ба хуни дида оғушта саропои бадан дорам.
Ба сони абри найсонӣ зи ашки дидаи ҳиммат,
Кашида дар раги ҷон сад ҷаҳоне дар сухан дорам.
Зебуннисо аз дӯстону наздиконаш хоҳиш кард, ки дар шаҳри Лоҳур барояш боғе бунёд кунанд. Барои ин боғ худи шоира ниҳолҳои гуногуни мевадиҳандаро интихоб намуд. Ниҳолҳо сарсабз шуда, ба боғи шоира зебу зинат бахшиданд.
Зебуннисо соли 1702, дар синни 63-солагӣ, дар Деҳлӣ вафот кард. Ӯ пеш аз вафот васият карда буд, ки ҷасадашро дар шаҳри Лоҳур, дар боғи худаш, ба хок супоранд. Дӯстони наздикаш васияти ӯро иҷро карданд. Онҳо шоираро дар боғи худаш дафн намуда, дар санги мазораш байти зерини ӯро ҳаккокӣ карданд:
Бар мазори ман, ғарибон, не чароғе, не гуле,
Не пари парвона сӯзад, не садои булбуле.

Мероси адабии Зебуннисо
Девони ашъори Зебуннисо чандон бузург набуда, 4000 байтро дар бар мегирад. Қисми зиёди онро ғазалҳо ташкил медиҳанд. Шоира ба ғайр аз ғазал, 7 қасида, 5 тарҷеъбанд ва як мухаммас низ эҷод кардааст. Дар баъзе сарчашмаҳо омадааст, ки Зебуннисо асаре бо номи «Зеби тафосир» иншо намудааст, аммо ин асар дастрас нест.
Мавзуъҳои ғазалиёти Зебуннисо гуногунанд. Шоира дар ғазалҳои худ зиндагии вазнин ва беҳуқуқии занони мазлуми Шарқро инъикос кардааст. Ӯ тавассути образи қаҳрамони лирикӣ, яъне худи шоира, садои шикояту эътирози занони замонаашро баён намудааст.
Зебуннисо дар ғазали зерин аз бахти баргашта ва ранҷу озорҳои рӯзгор шикоят мекунад. Ӯ нишон медиҳад, ки чунин сарнавишт насиби миллионҳо одамони мазлуму бечора гардидааст. Шоира дар ҳамаи ин «чархи ҷафопеша»-ву «каҷниҳод»-ро гунаҳкор медонад. Ӯ тавассути ин ибораҳо золимон, ҳокимон ва шоҳони замонаашро дар назар дорад. Дар анҷоми ғазал садои эътирози худро баланд карда, ситамгарону золимонро огоҳ месозад, ки аз оҳи дили мазлумону бечорагон ҳазар кунанд, зеро тири оҳи онҳо ҳатто ба санг асар мекунад:
Фиғони булбулон имшаб ба ҳар гулшан асар дорад,
Магар дарду алам оҳе зи дунболи саҳар дорад.
Ба кини ман камар баста магар ин бахти баргашта,
Ки аз рӯзи дигар ҳар рӯз ҷонамро батар дорад?!
Гаҳе парвона месӯзад, гаҳе шамъ аз ҷудоиҳо,
Ба олам ҳар киро бинӣ ту, доғе бар ҷигар дорад...
Ҷафоҷӯё, ситамгоро, ҳазар аз оҳи мазлумон,
Ки тири оҳи мазлумон ниҳон дар санг асар дорад!
Шоира ҳамин маъниро дар ғазали «Дар бағал дорад» равшантар баён намуда, ба золимон таъкид мекунад, ки ба дардмандон ҷабру ситам кардан оқибати хуб надорад. Оҳи мазлумон басо дардноку ҷонкоҳ аст. Ин оҳ ба тири заҳролуде монанд аст, ки пинҳонӣ ба нишон мерасад ва аз он ҷон ба саломат бурдан муҳол мебошад. Ашки дардмандон низ мавҷи туфони даҳшатнокро ба ёд меорад. Аз ин рӯ, шоира золимонро водор месозад, ки андеша кунанд ва оқибати кирдори худро пеши назар оранд:
Ману он сар, ки сад савдо зи ҷонон дар бағал дорад,
Ману он дил, ки сад новак зи мижгон дар бағал дорад.
Ту бераҳму ҷафоҷӯӣ, мани озурда метарсам,
Ки оҳи синаи маҷрӯҳ пайкон дар бағал дорад.
Ду чашмам гиряолуду дилам чун бед меларзад,
Ки ашки дардмандон мавҷи тӯфон дар бағал дорад.
Зи оҳи сарди мазлумон ҳазар, золим, намедорӣ,
Ба заҳр олуда сад пайкони пинҳон дар бағал дорад.
Аз ин порчаҳо равшан мегардад, ки Зебуннисо аз зиндагии пуразоб, қашшоқӣ ва муфлисии мардуми оддии ватанаш хуб огоҳ будааст. Зиндагии талхи мардум дили ӯро ба дард меовардааст. Аз ин рӯ, шоира ашк рехта, садои эътирози худро бар зидди золимон баланд мекунад:
Наштаре дорам ниҳон дар синаи ҳар нолае,
Пас дили аҳли ситам афгор хоҳам карду рафт.
Ба андешаи Зебуннисо, ба ҷойи зулму тааддӣ бояд ба дармондагон некӣ кард, ба мусибатзадагон кумак расонд ва мисли булбулу парвона ҳамдарду ҳамсӯзи онҳо буд:
Гар сари осудагӣ дорӣ, ба ғам ҳамхона бош,
Аз тариқи офият маҷнунсифат бегона бош.
Ҳар куҷо базми мусибат гарм гардад дар ҷаҳон,
Дар такаллум булбулу дар сӯхтан парвона бош.
Дили шоира ба ҳоли дармондагону бечорагон месӯзад. Аз ин рӯ, Зебуннисо онҳоро дилбардорӣ карда, таъкид менамояд, ки ҳаёт тағйир меёбад ва зиндагии онҳо дар оянда беҳтар хоҳад шуд, зеро аз пайи ҳар шом саҳаре меояд:
Навмед набояд шудан аз гардиши айём,
Ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст.
Дар байти дигар низ ҳамин маъниро баён мекунад:
Баст агар, Махфӣ, дари гулшан ба рӯят боғбон,
Бо умеди нашъаи бӯ дар паси девор бош!
Зебуннисо дар поёни умр дид, ки дар дарбори падараш шахсони нолоиқ, хушомадгӯ ва пастфитрат ҷамъ омадаанд. Онҳо барои беҳбудии зиндагии меҳнаткашон чорае намеандешанд, балки бо чоплусию порадиҳӣ соҳиби мансаб мешаванд. Ин ҳол қалби шоираро реш-реш мекард. Ӯ медид, ки аҳли ҳунар хору забунанд ва қадру қимате надоранд. Аз ин рӯ, сабр аз даст дода, ошкоро мегӯяд, ки дар ин рӯзгор ҳатто хари Исо, агар зар дошта бошад, соҳибҳунар ба ҳисоб меравад:
Ба кори кас намеояд ҳунар, Махфӣ, дар ин олам,
Хари Исо ҳунарманд аст, агар дар киса зар дорад.
Ба андешаи шоира, акнун бояд косаи сабрро шикаст ва ба по хест, то ҳақ ба ҳақдор бирасад:
Зи ҷаври аҳли ситам, дӯстон, чӣ чора кунам?
Ба ғайри он ки гиребони сабр пора кунам?

Тараннуми муҳаббати поки инсонӣ дар ғазалиёти Зебуннисо
Мавзуи ишқу муҳаббат дар ғазалиёти Зебуннисо мавқеи асосӣ дорад. Ин бесабаб нест, зеро қаҳрамони лирикии ашъори ӯ, пеш аз ҳама, зан аст. Шоира дарду алам ва ишқу муҳаббати занро амиқ эҳсос мекард. Аз тарафи дигар, худи ӯ дар ишқ ноком буд. Ӯ 63 баҳорро дид, аммо аз гулистони муҳаббат гуле начида, хазон гашт:
Сад баҳор охир шуду ҳар гул ба фарқе ҷо гирифт,
Лолаи доғи дили мо зеби дасторе нашуд.
Ҳар матоеро харидорест дар бозори ҳусн,
Пир шуд Зебуннисо, ӯро харидоре нашуд.
Дар байти дигар мегӯяд:
Рафт ҳангоми баҳору гули боғам нашукуфт,
То кай ин ғунча дар ин парда ниҳон хоҳад буд?
Зебуннисо зани соҳибмаърифат, боандеша ва соҳибҷамол будааст. Ӯ зиндагиро хуб дарк мекард. Духтари шоҳ буд, зару зевар ва молу сарват дошт, вале худро хушбахт намеҳисобид, зеро озод набуд. Барои инсон озодӣ муҳим аст. Шоира наметавонист озодона касеро дӯст дорад ва ба муроди худ бирасад. Ӯ орзу дошт, ки шавҳар, фарзанд ва хонаи мустақил дошта бошад, аммо падари ҷоҳилаш ба доди ӯ нарасид. Аз ин рӯ, Зебуннисо дар ғазали «Вайронае пайдо кунам» дарду алам ва орзуи худро бисёр муъҷаз баён кардааст:
Меравам, то баҳри худ вайронае пайдо кунам,
В-андар он вайрона аз ғам хонае пайдо кунам.
Шуд баҳори умру боғи орзу хуррам нашуд,
Меравам, то гиряи мастонае пайдо кунам.
Раҳ биёбам пеши шамъе аз барои сӯхтан,
Махфиё, бояд пари парвонае пайдо кунам.
Умри шоира ба охир расид, аммо ӯ издивоҷ накард. Аз ин рӯ, дарду аламашро бо сӯзу гудоз баён намуда, аз духтари шоҳ будани худ хиҷил мегардад. Шарму ҳаёро занҷири пойи худ мешуморад. Ӯ худро ба Лайлии дар ишқ ноком, ба булбули чаман ва ба парвона монанд мекунад, ки дар ғами ёр меноладу месӯзад:
Гарчи ман Лайлиасосам, дил чу Маҷнун дар ҳавост,
Сар ба саҳро мезанам, лекин ҳаё занҷири пост.
Булбул аз шогирдиям шуд ҳамнишини гул ба боғ,
Дар муҳаббат комилам, парвона ҳам шогирди мост.
Дар ниҳон хунем, зоҳир гарчи ранги нозанин,
Ранги ман дар ман ниҳон чун ранги сурх андар ҳиност.
Духтари шоҳам, валекин рӯ ба фақр овардаам,
Зебу зинат бас ҳаминам, номи ман Зебуннисост.
Дар ин мавзуъ афкори Зебуннисо, ки тавассути қаҳрамони лирикӣ ифода меёбад, хусусияти умумӣ ва ҷамъбастӣ дорад. Ишқу муҳаббат ва дарду алами ӯ бозгӯйи эҳсосу ранҷи занону духтарони ҷомеаи онрӯза аст. Шоира аз номи онҳо нобаробарӣ ва беадолатиро нисбат ба занон ҳаққонӣ ба қалам додааст.
Ишқи қаҳрамони лирикӣ ҳаётӣ, поку беолоиш аст. Дар ғазалҳои ишқии ӯ муҳаббати байни марду зан инъикос ёфтааст. Шоира ба ҳамин маънӣ ишора карда, дар мақтаи яке аз ғазалҳояш мегӯяд:
Дили марде ба даст овар, агар мардонаӣ, Махфӣ,
Ки дилҳоро ба дилҳо дар ҳақиқат кор меафтад.
Ғазалҳои ишқии шоира дар баробари ҳаётӣ буданашон хусусияти дигари хос низ доранд: дар онҳо дарду сӯз ва эҳсосоти амиқи зан нисбат ба дилдодааш хеле табиӣ тасвир ёфтаанд.
Баъзе андешаҳои ахлоқию тарбиявии шоира
Зебуннисо бо зиндагии мардуми оддӣ ва аҳли ҳунар, ки барои беҳбудии рӯзгори худ ба дарбори шоҳ муроҷиат мекарданд, ошно буд. Зиндагии талх ва ашки чашми бенавоёнро дида, дилаш реш мегашт. Аз ин рӯ, ба худ ва аҳли дарбор хитоб карда мегӯяд, ки набояд танҳо дар ғами худ бошем, балки бояд ба дармондагон низ кумак расонем:
Эй дил, асири доми ҳавою ҳавас мабош,
Ғофил зи ёди ҳамнафасон як нафас мабош.
Зебуннисо дар масъалаи одоби сухан ва интихоби ҳамсуҳбатони шоиста пайрави адибони бузурги гузашта буда, бо сухани худ андешаҳои онҳоро тақвият медиҳад. Масалан, ӯ танҳо дар зиндон зистанро аз ҳамнишинӣ бо ашхоси худписанду бехирад дар гулистон беҳтар медонад:
Дар гулистон доштан суҳбат ба ноҷинсон аз ин,
Назди доно беҳтар аст танҳо ба зиндон зистан.
Шоира ҳангоми суҳбат бо ашхоси гуногун мебинад, ки гурӯҳе аз нокасон танҳо айби дигаронро мегӯянд ва ба одамони дилсоф туҳмат мекунанд. Аз ин рӯ, таъкид менамояд, ки инсон бояд пеш аз ҳама айби худро бинад:
Махфӣ, мабин ба айби касон, дида боз кун!
Бингар ба айби худ, ки ҳунарҳо дар ӯ гум аст.
Дар замони гузашта, махсусан дар асрҳои XVII–XVIII, ҳам дар Ҳиндустон ва ҳам дар Осиёи Миёна хушомадгӯию тамаъкорӣ хеле ривоҷ ёфта буд. Аз ин рӯ, Зебуннисо бар зидди тамаъкорӣ баромада, тамаъкоронро сахт накӯҳиш мекунад. Ӯ таъкид менамояд, ки инсон бояд иззату обрӯйи худро нигоҳ дорад ва чун магас гирди дастархони аҳли ҷоҳу мансаб нагардад:
Хоҳӣ, ки обрӯй нарезад ба зери хок,
Бар суфраи замонаи дун чун магас мабош!
Зебуннисо ба масъалаи дӯстӣ аҳамияти калон додааст. Ин бесабаб набуд: пеш аз ҳама, худи шоира ба дӯсти ҳақиқӣ муҳтоҷ буд. Ӯ мехост дӯсту ҳамсуҳбате дошта бошад, то бо вай дарди дил гӯяд ва таскин ёбад. Аз тарафи дигар, дар он рӯзгор дар Ҳиндустон зиддиятҳои динию мазҳабӣ байни ҳиндуҳо ва мусулмонон хеле тезутунд гардида буданд. Зебуннисо ҳамчун инсони ватандӯсту адолатхоҳ бар зидди ин низоъҳо буд.
Шоира дӯсти ҳақиқиро аз ҳамаи неъматҳои дунё болотар мегузорад. Дар ғазали зерин таъкид мекунад, ки пайғоми дӯст дилро равшан мегардонад. Агар аз дӯст озурдагие дидӣ, наранҷ, зеро дашноми дӯст аз дуои душман беҳтар аст:
Тоза созад гулбуни умедро пайғоми дӯст,
Бишкуфонад ғунчаи дилро насими номи дӯст.
Гар ғубори хотире аз дӯстон бинӣ, маранҷ,
К-аз дуои душманон беҳтар бувад дашноми дӯст.
Не хумор орад, на бадмастию не дарди саре,
Нашъаи оби ҳаёте дар сарам аз ҷоми дӯст.
Ғазалҳои шоира бо маҳорати баланд эҷод шудаанд. Зебуннисо мактаби шеъру шоириро хуб омӯхта, дар ин ҷода соҳибмақом гардидааст. Ғазалҳояш равону сода, тару тоза ва хушоҳанганд:
Меравам имшаб, туро бедор хоҳам карду рафт,
Нақди ҷонро сарфи як дидор хоҳам карду рафт.
Баски гирям дар фироқат ҳамчу абри навбаҳор,
Водии ҳиҷрон гулу гулзор хоҳам карду рафт.
Наштаре дорам ниҳон дар синаи ҳар нолае,
Бас дили аҳли ситам абгор хоҳам карду рафт.
Дин агар ин асту имон ину аҳли қибла ин,
Риштаи тасбеҳро зуннор хоҳам карду рафт.
Ғазали боло бо санъати баланд эҷод шудааст. Ташбеҳҳои мувофиқ ва тасвирҳои табиӣ онро пуробурангу таъсирбахш гардондаанд. Ибораҳои «нақди ҷон» ва «водии ҳиҷрон» ифодаҳои маҷозии ҷолибанд. Ташбеҳи гиря ба абри навбаҳор низ ба таъсирнокии шеър меафзояд. Такрори радифи «хоҳам карду рафт» ва ҷонишини «ин» оҳанг ва таъкиди суханро қавӣ мегардонад.
Зебуннисо кӯшидааст, ки барои мазмун шакли мувофиқ пайдо кунад. Ӯ ягонагии шаклу мазмунро дар асари бадеӣ муҳим мешуморад. Шоира маъниро ба ҷон ва шеърро ба тан монанд мекунад. Агар мазмуну шакл ҳамбастагӣ надошта бошанд, дурри мақсуд ба даст намеояд:
Шеър бувад ҳамчу тан, маънии ӯ — ҷони ӯ,
Гармии бозори ӯ — равнақи дӯкони ӯ.
Дояи ман шуста буд сина ба хуноби дил,
Шир зи хун хӯрдаам аз сари пистони ӯ.
Аҳли сухан нохуне беҳуда бар дил занад,
Марҳами захми дил аст гарди намакдони ӯ.
Дар ғазалҳои Зебуннисо ишқу муҳаббат ва дарду алами занон дар симои қаҳрамони лирикӣ таҷассум ёфтаанд. Андешаҳои ахлоқию тарбиявии ӯ низ бо тарғиби ҳамдардӣ, дӯстӣ, худшиносӣ ва ҳифзи қадру манзалати инсон пайванди наздик доранд.

АЗ ҒАЗАЛИЁТ
Гарчи ман Лайлиасосам, дил чу Маҷнун дар ҳавост,
Сар ба саҳро мезанам, лекин ҳаё занҷири пост.
Булбул аз шогирдиам шуд ҳамнишини гул ба боғ,
Дар муҳаббат комилам, парвона ҳам шогирди мост.
Дар ниҳон хунем, зоҳир гарчи ранги нозанин,
Ранги ман дар ман ниҳон чун ранги сурх андар ҳиност.
Баски бори ғам бурун андохтам бар рӯзгор,
Ҷома нилӣ кард, инак бин, ки пушти мо дутост.
Духтари шоҳам, валекин рӯ ба фақр овардаам,
Зебу зинат бас ҳаминам: номи ман Зебуннисост.
Дур бод аз тан саре, к-ороиши доре нашуд,
Бишканад дасте, ки хам бар гардани ёре нашуд.
Дар қиёмат сар чӣ сон берун кунад аз ҷайби хок
Синаи он кас, ки доғи лоларухсоре нашуд?
Дар назар шоҳид надорӣ, дида аз олам бипӯш,
Кӯр беҳ чашме, ки лаззатгири дидоре нашуд.
Сад баҳор охир шуду ҳар гул ба фарқе ҷо гирифт,
Ғунчаи доғи дили мо зеби дасторе нашуд.
Ҳайф бар аммомаи зоҳид, ба чандин печу тоб
Риштаи тасбеҳ гашту тори зунноре нашуд.
Ҳар матоеро харидорест дар бозори даҳр,
Пир шуд Зебуннисо, ӯро харидоре нашуд.
Биё, ки зулфи каҷу чашми сурмасо ин ҷост,
Нигоҳи гарму адоҳои дилрабо ин ҷост.
Карашма — теғу мижа — ханҷару нигаҳ — алмос,
Шаҳодат ар талабӣ, дашти Карбало ин ҷост.
Агар биҳишт диҳандат, фиреби кас нахӯрӣ,
Қадам зи майкада берун манеҳ, ки ҷо ин ҷост.
Зи пой то ба сараш ҳар куҷо ки менигарам,
Карашма домани дил мекашад, ки ҷо ин ҷост.
Китобхонаи олам варақ-варақ ҷустам,
Хати ту дидаму гуфтам, ки муддао ин ҷост.
Закоти ҳусн агар медиҳӣ барои Худо,
Биё, ки Зебуннисо ҳамчу ман гадо ин ҷост.
НОМИ МАН ЗЕБУННИСОСТ
Гарчи ман Лайлиасосам, дил чу Маҷнун дар ҳавост,
Сар ба саҳро мезанам, лекин ҳаё занҷири пост.
Булбул аз шогирдиам шуд ҳамнишини гул ба боғ,
Дар муҳаббат комилам, парвона ҳам шогирди мост.
Дар ниҳон хунем, зоҳир гарчи ранги нозанин,
Ранги ман дар ман ниҳон чун ранги сурх андар ҳиност.
Баски бори ғам бурун андохтам бар рӯзгор,
Ҷома нилӣ кард, инак бин, ки пушти мо дутост.
Духтари шоҳам, валекин рӯ ба фақр овардаам,
Зебу зинат бас ҳаминам: номи ман Зебуннисост.
ХОКИ ҒУРБАТ
Машқи савдои хунунам боз домангир шуд,
Риштаи доноиям бар пойи ман занҷир шуд.
Қатраи хун буд дил, дар сина оҳам об шуд,
Ҳиммате, ёрон, ки дилро кор аз тадбир шуд.
Муждае, боди сабо, аз мо ба арбоби нишот,
К-аз сиришки мо замини Ҳинд чун Кашмир⁴ шуд.
Шуд чунон кӯтоҳ умри офият дар даври мо,
К-аз фироқи дидани рӯи ҷавон, пир шуд.
Шаб гарав бурдам ба афғон аз дили танги ҷарас⁵,
Ҳар кӣ паҳлуям нишаст, аз нолаам дилгир шуд.
Нест уммеди раҳо, то ба рӯзи растхез,
Хоки ғурбат ҳар киро дар маҳд⁶ домангир шуд.
ҲУШЁРОНРО ЧӢ ШУД?
Дар вафо оину расми дӯстдоронро чӣ шуд?
Ман агар девона гаштам, ҳушёронро чӣ шуд?
Рӯзи навмедӣ намепурсад зи ҳоли ман касе,
Ҳамнишинонам куҷо рафтанду ёронро чӣ шуд?
Зулму бедодӣ дар ин дунёи дун аз ҳад гузашт,
Манҷаниқи⁷ чарху тарзи сангборонро чӣ шуд?
Дар гулистони умедам як гули сероб нест,
Тозакориҳои айёми баҳоронро чӣ шуд?
Нест маҳбубе, ки ёбад равнақи бозори ишқ,
Турраи⁸ шабгуни ҳусни гулузоронро чӣ шуд?
Аз муҳаббат нолаву зорӣ намеояд ба гӯш,
Махфиё, хорошикоф⁹, кӯҳсоронро чӣ шуд?

СИПОҲИ НОЛА
Ситам аз ҳад гузашт, оҳи саҳар афрохтан дорад,
Ба заҳр олуда тири нолае андохтан дорад.
Ситамгорон намедонам киро ғорат кунанд имшаб,
Сипоҳи нолаву оҳам ҳавои тохтан дорад.
Дили афсурдаам то кай даруни синаам бошад?
Чу гул пажмурда шуд, аз дасти худ андохтан дорад.
Агар парвонаро сӯзад пару боле, аҷаб набвад,
Дар ин оташ саропо шамъи он бигдохтан дорад.
Ба рӯи доди аввал, эй фалак, бар ман дағо кард,
Зи баҳри имтиҳон як бори дигар бохтан дорад.
ҒУНЧАИ ЛАБ
Ғунчаи лаъли лабат гар аз тағофул бишкуфад,
Бишкуфам чун булбуле, к-аз дидани гул бишкуфад.
Гар сабо орад шамими пираҳан сӯи чаман,
Ғунчаро дил дар даруни сина чун гул бишкуфад.
Бар димоғат мехӯрад аз бедимоғӣ бӯи гул,
Хотири ошуфтаам аз нашъаи мул¹⁴ бишкуфад.
Ғунчаи табъам намехандад ба шӯристони Ҳинд,
Ҳиммате, ёрон, ки аз гулзори Кобул бишкуфад.
Ё ба домони муҳаббат каш, ки, Махфӣ, оқибат
Дар биёбон лоларо дил аз таҳаммул¹⁶ бишкуфад.
АЗ ПАЙИ ҲАР ШОМ САҲАРЕ ҲАСТ
То боди саборо ба гулистон гузаре ҳаст,
Мурғони чаманро ба раҳи гул назаре ҳаст.
Навмед набояд шудан аз гардиши айём,
Ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст.
Бинишин нафасе, булбули шӯрида, ки имрӯз
Бо нолаи зори дили ман ҳам асаре ҳаст.
Гаҳ шарбати васлат ба лаби ташна надоданд,
Бемори ғами ишқи туро чашми таре ҳаст.
Чашмам ба раҳи қофилаи бӯи висолат,
Дар кӯи ту аз боди сабо то хабаре ҳаст.
Бедод макун ин ҳамаҳо бар дили Махфӣ,
Андеша намо, ғайри ту ҳам додгаре ҳаст.
НАШТАРИ НОЛА
Меравам имшаб, туро бедор хоҳам карду рафт,
Нақди ҷонро сарфи як дидор хоҳам карду рафт.
Баски гирям дар фироқат ҳамчу абри навбаҳор,
Водии ҳиҷрон гулу гулзор хоҳам карду рафт.
Наштаре дорам ниҳон дар синаи ҳар нолае,
Бас дили аҳли ситам афгор хоҳам карду рафт.
Дин агар ин асту имон ину аҳли қибла ин,
Риштаи тасбеҳро зуннор хоҳам карду рафт.
Чанд рӯзе гар диҳад фурсат маро пайки аҷал,
Фикр бар ҳоли дили бемор хоҳам карду рафт.
Боғбон, биншин дар ин гулшан ба коми дил, ки ман
Ҳамчу булбул нолаҳои зор хоҳам карду рафт.
Дарди дилро чун дар ин бозор дармон нест ёфт,
Дарди дил арзон дар ин бозор хоҳам карду рафт.
Кай бурун ояд ба афсун аз сари савдои ишқ,
Сар чу Маҷнун дар сари ин кор хоҳам карду рафт.
То кунам ҳоли дилам равшан зи чашми ашкрез,
Вақти рафтан гиряи бисёр хоҳам карду рафт.
Чун ба осонӣ намегардад муяссар коми дил,
Махфиё, бас тарки ин душвор хоҳам карду рафт.
ГУФТУГӮИ ДӮСТ
Нест меҳробе диламро ҷуз хами абрӯи дӯст,
Ҳар касеро қибла бошад, қиблаи мо рӯи дӯст.
Матлаби дигар надорам з-омаду шуд дар чаман,
Мекунам умри гиромӣ сарфи ҷустуҷӯи дӯст.
Гӯш кун, эй дил, зи ман ҳарфию худ дар гӯш кун,
Қути рӯҳ омад шунидан ҳарфи гуфтугӯи дӯст.
Дар шиканҷи зулф мурғи дил чунон гирад қарор,
Гар насими ғамза гардонад парешон мӯи дӯст.
Гар биранҷад халқи олам аз ту, Махфӣ, бок нест,
Бошадат як ҷав умеди лутф агар аз сӯи дӯст.
ХОТИРИ ҒАМНОК
Гар на дардолудаӣ, ин дидаи намнок чист?
В-ар на дил аз роҳ бурд, ин хотири ғамнок чист?
Гар наменолад даруни сина дил, ин нола чист?
В-ар намесӯзад ҷигар, ин оҳи оташнок чист?
Куштанамро, дилбаро, бо чини абрӯят бас аст,
Ин қадар оташмизоҷӣ бо хасу хошок чист?
Эй дили ғамдида, гар оҳи маро таъсир нест,
Ҳар намози шом бар хун домани афлок чист?
Нест гар он нозанинро, Махфиё, қасди шикор,
Баста чандин сайди дил бо домани фитрок чист?

ПАЙҒОМИ ДӮСТ
Тоза созад гулбуни уммедро пайғоми дӯст,
Бишкуфонад ғунчаи дилро насими номи дӯст.
Гар ғубори хотире аз дӯстон бинӣ, маранҷ,
К-аз дуои душманон беҳтар бувад дашноми дӯст.
Не хумор орад, на бадмастию не дарди саре,
Нашъаи оби ҳаёте дар сарам аз ҷоми дӯст.
Чин агар афканд бар абрӯ ба ман, он бок нест,
Илтифоти маҳз бошад, Махфиё, иброми⁶⁶ дӯст.
ДАВО ДУШМАН ШАВАД
Рӯзи навмедӣ чу ояд, ошно душман шавад,
Ғам ҷудо, шодӣ ҷудо, давлат ҷудо душман шавад.
Ҳар кӣ пеш аз вақт дармонхоҳи дарди худ шавад,
Гар ҳакимаш Буалӣ бошад, даво душман шавад.
Рӯ ба сӯи ҳар кӣ орам, рӯ бигардонад зи ман,
Бахт чун гардад забун, бар тан қабо душман шавад.
Бар муроди мо вазад дар ҳам агар боди мурод,
Дар муҳити офият ҳам нохудо душман шавад.
Нест, Махфӣ, дар дили мо бо касе чун душманӣ,
Ҳар кӣ бо мо душман аст, ӯ бо Худо душман шавад.
ЧӢ МАЗМУН ДОРАД?
Ҳар куҷо мавҷи ғами ишқи ту шабхун дорад,
Пойи худ ақл аз он силсила берун дорад.
Лофи дониш назанӣ, ҳон, ки ғами нодонӣ,
Дил пур аз доғ таҳи хок Фалотун дорад.
Гашт такрор басе номаи ишқи ту, вале
Кас надонист, ки ин нома чӣ мазмун дорад.
Рӯзу шаб даври фалак даст дар оғӯши ман аст,
Улфат ин аст ба ман гардиши гардун дорад.
Мерасад дам задан аз ишқ касеро, ки мудом
Дида аз гиряи мастона чу Ҷайҳун дорад.
Дида аз ашк тиҳӣ з-он нашавад Махфиро,
Ки шабу рӯз назар бар дили пурхун дорад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2